АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Мушкилоти умдаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз нигоҳи таҳлилгарон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

    Чолишҳои мазҳабӣ, қавмгароӣ ва тазоҳурот дар хиёбонҳо, бозиҳои сиёсӣ дар интихобот, иваз шудани роҳбарон, дар ҷойе рушди иқтисодиёт ва ҷойи дигар таназзули он аз мушкилиҳои умдаи соли 2017 дар минтақаи Осиё ба ҳисоб мерафт. Дар ин асно, ҳодисаҳои табиӣ, ба монанди селобҳои табоҳнкунанда дар Осиёи Ҷанубӣ, ки сабаби талафоти садҳо ҷон шуда, миллионҳо бехонаву дар монданд, тақозо ба кўмак ва дастгирӣ  доранд. Ҳамзамон, дар ин кишварҳо умедҳои тоза ва тағйирот дар Тайланд ва зиёдшавии занроҳбарон дар Непал дида мешавад, ки ба тамоми минтақа таъсир хоҳад расонд.

    Бо ин ҳама тағйирёбиҳо аз донишмандон ва коршиносони Бунёди Осиё оид ба таваққуот ва интизориҳояшон дар соли 2018 пурсида шуд, ки назару таҳлилҳояшонро ба масоили аслии ин манотиқ ба таври зайл хулосабандӣ кардаанд:

Афғонистон

    Талошу муборизаҳои Афғонистон дар соли 2018 низ идома меёбад, ки шомили гуфтушуниди сулҳ бо Толибон, интихоботи парлумонӣ, ислоҳоти амниятӣ ва рушди иқтисодиро дар бар мегирад. Ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳанӯз омодагии куллии худро оид ба интихоботи парлумонии 2018 иброз надоштааст. Барои давлати қонунӣ, интихоботи парлумонӣ қабл аз интихоботи президентӣ ҳатмӣ аст. Баргузории интихоботи парлумонии соли 2018 низ  зарурат ба ҳамкорӣ ва эътимоди шарикони дохилӣ ва хориҷӣ дорад, то ба таври озод ва демократӣ сурат гирад, - гуфтааст Абдулло Аҳмадзай.

Бангладеш

    Дар соли 2018 дар Бангладеш интихоботи шаҳрӣ ва парлумонӣ ба нақша гирифта шудааст. Мардум, ҳукумат ва роҳбарони сиёсии он ба ин интихобот чӣ аксуламал нишон хоҳанд дод, саволест бояд ҷавоб пайдо кунад. Фақат мушкили интихобот нест, инҷо бӯҳрон ва фоҷеаи муҳоҷирони кишвари Мянма (Бирма)  аст, ки ҳукумат бо ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳалли онро дар  муддати кутоҳ  бояд пайдо кунад, - гуфтааст Сара Тайлор.

Камбоҷа

     Камбоҷа дар нимаи аввали соли 2018 ба роҳи номаълум дучор хоҳад шуд. Баста шудани ҳаракати наҷоти миллии Камбоҷа дар соли 2017, кишварро дар вазъияти нобасомон овард. Ва ҳукумати тасмим гирифт, ки дар моҳи июл  интихобот гузаронад, аммо  мушаххас нест, ки дар он киҳо иштирок хоҳанд кард. Рушди иқтисодии он 7 фоиз зиёд шудааст, аммо нобасомониҳои кишвар сабаби кам шудани сармоягузорон гаштааст. Мушкили асоси Камбоҷа дар соли 2018 ин тасмими қатъии ҳукумат, тавозун дар рушди иқтисодӣ бо назардошти адолати давлатдории кишвар аст, - гуфтааст Мелоней Линдберг.

Чин

     Дар гузориши котиби генералии Ҳизби Конгресси Хитой дар моҳи октябри соли 2017 чунин омадааст: “мо дар даврае қарор дорем, ки тавонистем барои рушди инсоният саҳми калон дошта бошем ва Чинро дар зинаҳои марказӣ қарор бидиҳем”. Нақшаи кори лоиҳаи Камарбанд ва Оғози Роҳ (Роҳи Абрешим) ки соли 2013 барномарезӣ шуда буд, ҳоло дар листи имтиёзҳои  барномаи кории Конгресс сабт шудаст. Интизорӣ меравад, ки дар соли 2018 Чин дақиқан чӣ иқдом мекунад ва дар рушди иқтисоди ҷаҳон, равандҳои глобалӣ ва пешрафтҳои иҷтимоӣ чи саҳм хоҳад гузошт, - гуфтааст Ҷи Ҳонгбо.

Ҳиндустон

    Дар оғози соли 2018 мардуми Ҳиндустон ба интихоботи умумии соли 2019 таваҷҷуҳи хос доранд. То расидан ба интихоботи 2019 онҷо ҳашт интихоботи дигари давлатӣ ҳаст, ки ҳукумати Модӣ маҷбур аст, то барои интихоботи дубора ба ислоҳоти иқтисодӣ мубориза барад. Пешаравӣ ва перспективаҳои рушду нумуи Ҳиндустон то замони тозашавии гарду ғубори 2019 интизорӣ мекашанд, - гуфтааст Сақар Прасай.

Индонезия

     Минтақаи Ҷава ки 50 фоизи индонезиягиҳоро ташкил медиҳад, дар соли 2018 дар интихоботҳои митнақавии қисматҳои ғарбӣ, марказӣ ва шарқии он дар раъс қарор хоҳад дошт. Мухолифатҳо дар ин ҷазира, масъалаи сиёсии кишвар дар муқадамоти интихоботи 2019 муҳим мебошанд, ки раиси ҷумҳур Ҷоко Видодо барои даври дуввум ва ниҳоии худ мубориза мебарад. Раиси кишвар ҳам барои нигоҳдоштани неруҳои атрофи худ ва барқарори тавозун бо дигар неруҳои сиёсӣ талош меварзад. Бо дарназардошти натоиҷи паёмадҳои соли 2018 интихобкунандагон метавонанд сухани ниҳоии худро дар соли 2019 оид ба Индонезия дар панҷ соли баъд баён намоянд, - гуфтааст Сандра Ҳамид.

Корея

     Нобасомониҳо ва ҷанҷоломезиҳои соли 2017  сабаби бартараф шудани Раиси ҷумҳур Порк Ҷеун шуд ва ноустувориҳои сиёсии Корея баъди гузашти замони тулонӣ ҳукумати муҳофизакор ба як давлати нави либерал ва озодихоҳ зери сарпарастии Мун Ҷаи талош барои рушди иқтисод ва ислоҳот дар бахши андоз хоҳад дошт. Мизбонии бозиҳои зимистонии Олимпиадаи 2018 ва рушди иқтисодии Корея, моҷароҳои тезутунд бо Кореяи Шимолӣ оид ба барномаи ҳастаи он ва ҳамкори байни кишварҳои минтақа масоили умдаи барномаи кории Мун дар соли 2018 мебошанд, - гуфтааст Дайлан Давис.

Лаос

    Оё кишвари Лаос сиёсати нави “нури офтобӣ”-ро мепазирад? Идораи зидди коррупсияи давлатӣ аз мансабдорон талаб дорад, то даромади ғайриқонунии худро ихтиёрона ба хазина давлат супоранд. Идораи Сарвазир ва порлумони кишвар маркази дастгирии арзу шикояти шаҳрвандонро ташкил карда, масоили умдаи давлат ва мардумро баррасӣ мекунанд. Дар соли 2018 аксари корхонаву идораҳои давлатӣ масоили мардумро тавассути шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" баррасӣ ва ба хадамот мерасонанд. Шаҳрвандон қавонини кишварро тавассути рӯзномаи интернетӣ хонда, назари худро баён мекунанд. Ин ва дигар масоил аз коркардҳои кишвари Лаос буда, талош доранд, то соли 2020 ба як мамлакати қонунсолорӣ табдил ёбанд, - гуфтааст Нанси Ким.

Малайзия

    Интихоботи миллии Малайзия дар августи 2018 як паёмади бузург дар ин сол хоҳад буд. Ҳизби мухолиф таҳти сарпарастии сарвазири собиқ Маҳотир Муҳаммад барои мубориза омодагӣ мебинад. Оё онҳо дар интихобот пирӯз мешаванд ё на, падидае наве барои мардуми ин кишвар хоҳад буд. Муҳимтар аз ҳама тағйирёбии сиёсии он бо амн ва истиқрор сурат мегирад ё на муаммои соли 2018 аст. Оё ҷаноби сарвазир Наҷиб пирӯзиашро кафолат медиҳад ё маҷлиси наверо, ки мардум мехоҳанд ташкил медиҳад? Оё мардуми инҷо барои истиқрори сиёсии кишвар овоз медиҳанд ё тағйироте мехоҳанд, ки дар собиқ надоштанд? Ин саволҳоест, ки сиёсати ояндаи кишвари Малайзияро дар 2018  таъйин месозад, - гуфтааст Ҳеризал Ҳазрӣ.

Муғулистон

    Баъди солҳои зиёди таназулли иқтисодӣ, дар соли 2018 Муғулистон ру ба тараққӣ дорад. Ин поёнравии иктисодӣ  бо сабабҳои доштани муҳити сиёсии норӯшан буд, ки дар моҳи октябр тавассути Ҳизби Мардуми Муғулистон шаклашро иваз кард. Масоили умдаи бахши маориф ба таври олӣ дар соли 2017 баррасӣ шуда, тазоҳуроти муаллимон оид ба маоши нокофӣ ва аксуламал роҷеъ ба коррупсия низ натиҷагирӣ шуд. Олудагии ҳаво  дар минтақаи Уланбатар яке аз мушкилтарин масъалаҳост, асароти манфӣ болои кудакон, занони ҳомиладор ва натиҷагирии корӣ аз дигар масъалаҳо аст, ки дар омӯзиши ҷадид дида мешавад. Талошҳо барои ҳалли ин масоил маҳдуд буда, монеаҳо аз тарафи ҷомеа зиёдшуда истодааст ва дар соли нав ба нуқтаи дилхоҳ хоҳанд расид, - гуфтаанд Эдвард Андерсан ва Дияна Фернандез.

Миянмар

    Хонаи орзуҳо барои озодии демократӣ дар 2017 замоне, ки Анг Сан Суи Лигаи Миллиро барои Демократия роҳнамои карда, пирӯзӣ ба даст овард ва тағйирёбии сиёсӣ дар инҷо ҳанӯз норӯшан аст. Нотавониҳои давлат дар расидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ва талошҳо барои раванди сулҳ дар соли 2017 ва бӯҳронҳои мардуми Роҳанҷо аз мушкилоти дигаре мебошанд. Барои Миянмори ҷадид як савол то ҳол боқӣ мондааст, мансуб будан чӣ маъно дорад ва ки бояд тасмим бигирад? , - гуфтааст Ким Нинҳ.

Непал

    Баъд аз аввалҳои соли 1990 пирӯзиҳо дар интихоботи маҳаллӣ, вилоятӣ ва марказӣ дар соли 2017 хело чашмрас ва натиҷадор буданд. Талошу рағбатҳо барои чигунагии тақсими қудрат ва  идоракунии он баъди гузашти  бадбахтиҳои сиёсии кишвар мавҷуд аст. Ба ҳар ҳол барои воқеан бардоштани маҳсули подоши кишвар дар соли 2018, роҳбаронро зарур аст, то зудтар муборизаро болои коррупсия, ноадолатӣ ва камсудии иқтисодӣ тақвият бахшанд, - гуфтааст ГеоргиВаругис.

Покистон

    Барои омодагӣ ва наздик шудан ба интихоботи умумӣ дар моҳи июл, тазоҳуроти диндорон ва сиёсатмадорон дар Покистон изофа мешавад. Гарчӣ устувории рушди иқтисодӣ зери сармоягузории лоиҳаи Чин-Покистон Роҳ ё Коридори Иқтисодӣ идома дорад, аммо вазъи сиёсӣ ва амниятии кишвар пойдор ба назар намерасад. Таъмин кор барои ҷавонон, бехатарии об ва таъмини баробарии аҳолии кишвар аз масоили муҳими ҳалталаб дар соли 2018 барои Покистон боқӣ мемонад, - гуфтааст София Шакил.

Филлипин

    Мардуми Филлипин дар соли 2018  бо чанд бозиҳои сиёсии бузург  рӯбарӯ хоҳанд шуд. Тавофуқҳо болои ислоҳот дар Конститутсия барои тағйироти системаи федералии давлат ва барқарории мушорикати миллӣ ва қавмӣ дар идорот, ки аз замони истиқлол барҷост, масоили умдаи он мебошанд. Амалкард бо тавофуқномаи 2014 оид ба Созишномаи Сулҳи Бангсаморо дар ҷануби кишвар ва роҳи мубориза бо маводи мухаддир бидуни қатл аз мушкилоти дигар ин минтақа ба шумор мераванд. Имкони ба даст овардани рушди иқтисодӣ ё  комёб шудан дар ислоҳоти системаи андоз, ки авохири 2017 қабул гашт, муаммои муҳими дигарест барои идораи ҳукумат, ки аксари мардуми кишвари натиҷаи онро интизоранд, - гуфтааст Сам Читтик.

Шриланка

    Пешравӣ ва хурсандиҳои мои январи соли 2015 паси сар шуданд дар ҳоле, ки Шриланка омодагӣ барои интихоботи ҳукумати маҳҳалиро ки кайҳо бояд мегузашт, дар моҳи феврал ба анҷом мерасонад. Ташкили ҳукумати муштарак ва афзоиши эътимоди мардум ҳукуматро водор ба ислоҳот кард. Бо вуҷуди ин тавақуот ва умедвориҳо ислоҳоти вазири нави молия, касро ба суи қадами нек дар соли нав бо бардоштҳои нав ба суи пеш мебарад, ки ҳама дар интизорашанд, - гуфтааст Динеша.

Тайланд

    Кишвари Тайланд дар вазъияти интиқолӣ қарор дорад. Ояндаи раванди сиёсии онро ду масоили муҳими сарнавиштсоз муайн месозанд, аз нобаробарии ҷомеа ва камшавии рақобатҳои иқтисодӣ иборат аст. Ҳукумати феълӣ дар ҳалли онҳо талош карда, дар барномаҳои маориф, лоиҳаҳои инфраструктурӣ ва иқдомоти нав барои рушди минтақаи тараққинаёфтаи ҷануби кишвар саҳм мегузорад. Оё 2018 соли кашфиёт аст ё на? Бо дар назардошти интихобот дар моҳи ноябр, кас тағйироти наверо метавонад интизор шавад, - гуфтааст Томас Поркс.

Tимори Шарқӣ

    Бо имзои созишномаи таърихӣ миёни Австралия ва Тимори Шарқӣ дар ташкили сарҳади доимии баҳрӣ дар соли 2017, ҳама мутаваҷҷеҳи онанд, ки оё ягон тавофуқнома оид ба истифодаи лоиҳаи марбут ба соҳаи газ зери унвони “Гретер Санрайз”, ки 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, анҷом мешавад ё на. Илова аз ин кишвар интизори пешрафти нави сиёсиро дорад. Боқӣ мондани ҳукумати феълї, ташкили давлати нав тавассути ваҳдати аққалиятҳои кишвар ё интихоботи нав ва тағйир дар низоми иқтисодӣ барои коҳиши фақр аз масоили асосии дар пешбудаи ин сарзамин мебошанд, - гуфтааст Тод Васел.

Ветнам

    Бо рушди иқтисоди кўмакҳои берунаи Ветнам коҳиш ёфтанд. Давлат ҳоло вобастагии амиқ  аз андоз, қарз  ва секторҳои хусусӣ дорад, то ба ҳадафҳои рушди иқтисодиаш бирасад. Дар соли 2018 низ ин кишвар  зарурат ба ин кўмак дорад ва агар коррупсия, фиреб ва қаллобӣ назорат нашаванд дар натиҷа эътимоди мардум ба ҳукумат камтар шуда, дар натиҷа давлат қарздор хоҳад шуд, - гуфтааст Михаил Р.

Хулоса

    Муаммо ва масъалаҳои умдаи минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқро дар соли 2018 метавон омӯхта, дар ин асно аз ислоҳоти иқтисодӣ ва равандҳои қонунии кишварҳои Осиёи Миёна, хусусан субот ва амнияти ин мантақаҳо чун дастоварди бузург  барои соли 2018 натиҷагирӣ кард. Тақвияти суботи минтақа, ҳамгироии иқтисодии он ва истифода аз  ҳукумати элекронӣ барои расидан ба арзу шикояти мардум ва фароҳамсозии нукўаҳволии он аз авлавиятҳои Паёми солонаи 2018-и Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба манфиати минтақа ва ҷаҳон аст.

 Таҳияи

М. Раҳмонов,

ходими илмии

ИОМДОА

Сарчашма: https://asiafoundation.org/2018/01/03/asias-biggest-issues-2018-experts-weigh/

БОЗГАШТ