АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муштаракоти таърихиву фарҳангии Тоҷикистону Чин дар масири таърих

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Халқ ва миллатҳои тоҷику чинро муштаракоти таърихиву фарҳангии дерина ба ҳам мепайванданд, ки давоми садсолаи ахир аз назарҳо дур мондаанд ва танҳо ба шарофати даврони истиқлолият имкон пайдо шуд, ки дар бораи рушди онҳо нақшаҳо кашанд. Албатта, ҳоло равобити иқтисодиву тиҷоратии мо бо Чин дар сатҳи нисбатан баланд ба роҳ монда шудааст, вале бешубҳа имкониятҳои то ҳанӯз истифоданашуда бисёранд. Ин пеш аз ҳама ба истихроҷ, истифода ва сохтани маҳсулот ва маснуот аз санг, ки дар Тоҷикистон хеле фаровон аст, истифода аз неруҳои заминиву кайҳонӣ (нурҳои кайҳонӣ, ултрабунафш, ки дар давраи шӯравӣ дар Мурғоб ба роҳ монда шуда буд), омӯзиш, нигоҳдошту ҳифз ва истифодаи амалӣ аз гуногунии биологӣ ва ғайра тааллуқ дорад. Раванди ҷаҳонишавӣ бо вуҷуди афзалиятҳои бебаҳсаш, дар баробари ин зарбаи нобахшидание ба гуногунрангии биологӣ (чӣ дар сатҳи растанӣ ва чӣ дар сатҳи ҳайвонот) расонида истодааст. Ин раванд ба гуногунии халқияту миллатҳо, боигарии фарҳангии онҳо низ бетаъсир намондааст. Ҳоло падидаҳои манфии ҷаҳонишавӣ дар шакли яклухтсозии фарҳангҳо, сохторҳои сиёсиву фарҳангӣ, паҳншавии ВИЧ-спид, вируси эбола, саратон ва ғайра, ки ба инсон хатари онтологӣ ва мудҳиш расонида метавонанд, таҳдид мекунанд. Ҳамаи ин хатарҳо амали дастаҷамъонаи қавму миллатҳои ҳамҳудудро талаб мекунанд.    Махсусан, Чин, ки дар соҳаи тиббу сиҳҳати омма, технологияи неруи офтобӣ, бодӣ ва нанотехнология (неруҳои микрозарравӣ) хеле пеш рафтааст, зарур аст, ки як зумра корхонаҳои тавлиди неруи барқи барқароршавандаро дар сарзамини тоҷик дар ҳамкорӣ бо Чин ба роҳ монда шавад. Бунёди чунин корхонаҳои нимсаноативу саноатӣ-техноложии баланд ва дар айни замон ҳатман аз нигоҳи экологӣ тоза ва аз нигоҳи генетикӣ безарар метавонад барои ба вуҷуд овардани тавлидоти ватанӣ, баромадан аз вобастагиҳои яктарафа аз кишварҳои бегонаи гирду атроф, таъмини бештари мардум бо ҷои кор, паст кардани шиддати бекорӣ, таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ – рушд додани адолати иҷтимоӣ ва ниҳоят аз байн бурдани хатари радикализми диниву мазҳабӣ ба таври мусбӣ мусоидат бикунад.
   Равобити ҳасанаи Тоҷикистону Чин метавонад намунаи беҳтарини равобитҳои деринаи миллату давлатҳои ҳамсоя гардад, ки нисбат ба ҳам ягон ғаразҳои марзӣ, мазҳабӣ, идеологӣ ва сиёсӣ надоранд. Тоҷикистон дар оянда метавонад дар Осиёи Марказӣ (ва Ҷанубӣ) мақоми Швесарияро бигирад, ки аз тариқи омилҳои инсонӣ, тамаддунӣ ва илмиву технологӣ, бунёди банкҳо ва бозори умумӣ (ба мисли Дубай) равобити Шарқу Ғарбро дар сатҳи олӣ таъмин гардонад.
   Агар сухан аз соҳаи фарҳангу маънавиёт, равобити ҳасана бо Чин равад, бояд зикр намуд, ки маҳз мамлакатҳои Чину Ҳиндустон ҳастанд, ки осори тоисломии миллати тоҷику эрониро дар шакли қадимаи он ба тозагӣ нигоҳдорӣ намудаанд ва онро метавон чун бахши муҳими фарҳанги миллӣ (дар муқобили радикализми мазҳабӣ) рушд намуд. Дар бораи аҳамияти осори ведоӣ барои тамаддуни тоҷикии қадим дар ҷои дигар метавон сухан гуфт. Вале ҳоло сухан дар бораи омӯхтани сарчашмаҳои чинӣ, бойгониҳои хаттии чиниву ғайричинӣ, ки дар ин кишвар маҳфузанд (алалхусус, матнҳои суғдиву хутанӣ, ҳафриётҳои давраи ориё ва мансуб ба мазмунҳои достонҳои Шоҳнома ва ғайра) ва намунаҳои кашфиётҳои бостонӣ барои инъикоси беҳтар ва бештари таърихи тамаддуни тоисломии мардуми тоҷику эронӣ ба шакли барҷаста мусоидат карда метавонад. Ин пеш аз ҳама ба омӯзиши беҳтари осори хаттии дину фалсафии халқи тоҷику эронӣ, аз қабили осори забони суғдӣ, бохтарӣ ва махсусан, омӯзиши амиқтари таълимоти маздопарастӣ ва дину оини монавия, ки дар бойгониҳо ва ҳафриётҳои Чин боқӣ мондаанд ва онҳо имрӯз бунёд (фонд) - и тиллои осори фарҳангии тоисломии миллат ва то ҳатто коди фарҳангии моро ташкил медиҳанд, тааллуқ дорад. Миллат бояд бегуфтугу аз фарҳанги асолатдори миллии худ, ки солҳо ба он дастрасӣ надошт, вале он ба шакли аёну ноаён тору пуд ва ҷавҳари ҳуввияти бостонии онро ташкил медиҳад, бештар бархурдор бошад. Сухан дар бораи осори даврони то авестоӣ ва давраи офариниши Авесто, фарҳанги давраи паҳлавӣ ва осори оғози ислом меравад, ки дар Осиёи Марказӣ бо сабабҳои гуногун (шояд фанатизми арабӣ, зиёдахоҳиҳои мазҳабии мусулмонон ва ғайра) аз байн бардошта шудааст, вале дар бойгониҳо ва дар ҳафриётҳои минбаъдаи кишвари ба мо дӯст ва ҳамсояи Чин вуҷуд доранд. Ҳафриёти охири бостоншиносони Чин дар қисмати ғарбии ин мамлакат, аниқтараш дар Помири он тарафи сарҳад собит сохт, ки зардуштия аввал аз ҳамин ҷо (дар кӯҳҳои баланд ва саргаҳи обҳои бузурги Осиё (Вахш ё Омӯ) зуҳур кардааст ва баъдан дар шаҳри Балх ба шакли дини давлатӣ пазируфта шудааст.
   Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистону Чин масири Роҳи бузурги Абрешим қарор доранд. Имрӯзҳо баъзе аз муҳаққиқон Тоҷикистону дигар миллатҳои дар масири ин роҳ қарордодаро бо экспансияи иқтисодии Чин метарсонанд ва иброз медоранд, ки миллатҳои хурди ин минтақа дар ин раванд ҳуввияти худро аз даст дода махлут ё ассимилятсия мешаванд, тавлидоти худиро комилан аз даст медиҳанд. Асли мақсади таҳти шуури ин таҳдидҳо ин вобастагии суннатии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ба маркази суннатии то замони истиқлол (дар масири роҳи Москва-Ташкент) мебошад. Шояд ин мардуми ноогоҳ намедонанд, ки ин гуна роҳҳо аз қадим вуҷуд доштанд ва ин халкҳои собиқаи деринаи ҳамкориҳод дошта буданд. Имрӯз бояд чунин ҳақиқатро пазируфт, ки истилоҳи Роҳи Бузурги Абрешим танҳо дар асри нӯздаҳӯм аз тарафи олими олмонӣ Фердинант фон Рихтофен (Ferdinand von Richthofen, ниг.Ferdinand von Richthofen) пешниҳод шуда буд, ки бо мақсади омӯхтани равобити Шарқу Ғарб (бештар Аврупо ва Чин) худ солҳои 1868-1872 ба Чин зиёда аз ҳафт экспедиция ташкил намуд. Он вақт ин истилоҳ камарзиш буд ва ҳанӯз аз тарафи аксари олимон, доираҳои илмӣ қабул нашуда буд.
   Ҳафриётҳои давраи ахири бостоншиносон дар қисмати ҷануби Русия ва Қазоқистон (тамаддуни антронӣ ва ғайра), маълумоти Ҳеродот (дар бораи паҳлавонҳои Аримаспи, дар Гиперборея шимоли Скифия), достонҳои бешумори ҳиндуаврупоии мардумӣ (дар води Тарим ва Турфон сабтшуда) шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар ҳазораи 4-3 пеш аз мелод, яъне хеле пештар аз пайдо шудани Роҳи Бузурги Абрешим (аз Чин ба Аврупо!) роҳҳои бузурги тиҷоратие аз ғарби АвруОсиё, аз шимоли кишвари Скифия (кӯҳҳои Карпат ва Урал, ҷануби Руссия, соҳилҳои баҳри Сиёҳ) бо парвариш ва фуруши асп ва асбобҳои ороишӣ аз тиллокорӣ (звериныйстыл) машҳур буданд. Имрӯз олимон дарк карданд, ки Ҳеродот ба хато рафта гумон кардааст, ки калимаи Аримаспи аз ду бахш-«ари»- яъне «як» ва «чашм» гирифташуда. Дар аслArimaspi аз забони қадими эронӣ (скифию сарматӣ), аз ду қисм–яке «Ариама» (ишқ) ва«Асп» иборат аст (combines Ariama (love) and Aspa horses). Мазмуни ин калима дур нест, ки аз «мардумони дӯстдори асп» ё шояд аз «мардуми ориёии асппарвар» дар Эрони таърихӣ (Хуросону Хутан) баромада бошад. Ин мазмунро аз достонҳои «Шоҳнома»-и беназир пайдо намудан мумкин аст. Барои ин басанда аст ба хотир овардани номи қаҳрамонҳои Шоҳнома дар Турон (Эрони таърихӣ), ки аксар бо номи «асп» тамом мешаванд: Сиёваш (Сиёвуш)-савори аспи сиёҳ, Афросиёб ва ғайра.
   Аввалин иртиботи бевоситаи эрониён (дар симои тоҷикони Турон), ё аниқтар ҳиндуаврупоиёнро бо Чин тохариҳои Балх (юичжи), қавми эроние ки дар ҳазораи аввали солшумории то мелод дар водии Гуанжоуи Чини ҳозира зиндагӣ мекарданд ва муаррихони чинӣ дар бораи онҳо маълумоти фаровоне додаанд. Онҳо ба водии дарёи Или (минтақае дар шарқи Қазоқистон ва сарҳади Чин) ҳаракат карда дар муқобилият ва иртибот бо дигар қавмҳои дигар ориёии ин минтақа дар асри саввуми п.а.м. давлати Юниву Бохтариро шикаст дода империяи Кушонро аз водии Тарим (ҳоло дар Чин) то дарёи Ганг дар Ҳинд дар ҷануб ва Суғду Бохтар дар шимол ба вуҷуд оварданд. Кушониён дар таърих аз аввалинҳо буданд, ки дини буддоиро барои мардуми Чин муаррифӣ намуданд. Дар маъхазҳои давраи охири чинӣ қавмҳои Кушон тамоми Бохтар, аз ҷумла вилоятҳои: Вахону Зебок, Бадахшони ду соҳилҳои Омӯ, Шуғнон, тамоми Балх (бо Хатлон) ва водии Тирмиз ва ғ. идора мекарданд. Барои аксарият муҳакқикон маълум аст, ки забони тохарӣ яке аз забонҳои тоҷикӣ-эронии шарқӣ ба шумор мерафт, ки ба оилаи забонҳои шарқии эронӣ, ки ҳоло дар Помири Чин, Помири Тоҷикистону Афғонистон ва шимоли Покистон (вилоятҳои Хунза ва Нагар) паҳн шудаанд, дохил мешуд.
   Аз масъалаҳои дигар ин парвариш ва тиҷорати асп дар Сӯғду Бохтар аст. Дар ин давраи таърих (пеш аз ислом) аз Суғду Бохтар ба Чин ҷавшан ва аспи ҷангӣ барои фуруш мебурданд. Бисёр олимон бар он назаранд, ки чиниҳо аввалин бор ҷавшан ва аспи ҷангиро аз минтақаи мо (аз Хатлон ва аспи хатлӣ) омӯхтанд ва дар урдуи худ ба кор бурданд. То ҳатто дар қадим чиниҳо ва дар асрҳои миёна муғулҳо аз Суғд асп талаб мекарданд (ва ин яке аз сабабҳои чанг шуда буд). Парвариши асп ва тиҷорати он дар Суғду Бохтар бо ба рох мондани парвариши намудҳои беҳтарини он ва фуруши онҳо, сохтани асбобҳои ҳунармандӣ аз тилловорӣ (шеваи тасвири ҳайвонот), сохтан ва ба тиҷорат баровардани асбобҳои мусиқӣ ва ҳунари театр, тиҷорати маҳсулоти мевагӣ ва ғайра аз ғарби Авруосиё ва Осиёи Миёна (Суғду Бохтар ё Тоҷикистони таърихӣ) ва тиҷорат ба тарафи шарқи Осиё – Чин вуҷуд доштааст.
   Оид ба ин мавзӯъ нигаред: (Herodotus, "Father of History" - Histories iii.116.1) Достонҳои Ҳеродотро ба таври хато Страбон ва Плиний дастгирӣ кардаанд. Дар бораи равобити театри мардумии тоҷик бо Чин ниг.: Низом Нурҷонов. Таджикский народный театр. Душанбе. 2002.
   Масъалаи дигар ва муҳим он аст, ки дар ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод Роҳи тиҷорати Нефрит (яшма) вуҷуд дошт, ки маҳсулоти сангҳои қиматбаҳоро аз Ёрканд ва Хутан(ба эътирофи олимон –аз ҷумла Станишевский –водии Тарим ва Хутан зодбуми тамаддуни мардумони ориёасл,ки ин тамаддун аз ин ҷо ба Ғарб ҳаракат кардааст) ба Чин тиҷорат мекарданд. Вале аз ин пештар аз конҳои ба Ёрканд ва Хутан ва он ба наздики кӯҳҳои Помир мебошанд, лаълу лоҷварди Бадахшон ба Шарқу Ғарб (то ба Мисру Юнону Рум) бо роҳи тиҷорат бурда мешуданд. Аз ин рӯ Роҳи Абрешим хеле дертар аз Роҳҳои Лаълу Ёқут ё Роҳи Тиҷоратии Лоҷувард (аз Помиру Бадахшони Тоҷикистону Афғонистони имрӯза) мақом пайдо кард. Беуҳда нест, ки ҳоло дар кишвари ба мо дӯсту бародар ва ҳамсоя Афғонистон бештар дар бораи Роҳи Лоҷвард сӯҳбат мекунанд, на дар бораи Роҳи Абрешим, ки гӯё онро чиниҳо ихтироъ карда бошанд. Яъне Роҳи Лоҷвард роҳи аҷдодии мо, ки мансуб ба гузаштагони мо будааст, ки бо ин санги ороишӣ (ки қимат ва муодили тиллоро дошт) ба шарқу ғарб савдо мекарданд ва дар ин роҳ дастболо будаанд.
   Дар ибтидои таърих, яъне то ҳазораи аввали пеш аз мелод минтақаи Турфон (ё ба уйғурӣ-Тюрпон), ки ҳоло мансуб ба давлати Чин аст, дорои тамаддуни шаҳр-давлатҳо (системаи полис) ва маскани мардумони дорои забони тохарӣ буд. Хотирнишон бояд намуд, ки мардумони дигари эрониасл, яъне суғдиҳои ин қисмати ҷаҳон дар давоми таърих сохтори шаҳр-давлат (ба мисли юнониҳо шаҳр-полис) доштанд, яъне ба истилоҳ (ба мисли Форсҳо) давлати марказӣ надоштанд, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз ва ҳассос ҳуввият ва мансубияти қавмии онҳоро дифоъ намояд. Мутаассифона иқрор бояд шуд, ки дар ниҳояти кор ин яке аз сабабҳои шикасти таърихии онҳо ва дар охир аз байн рафтани тамаддуни суғдӣ гардид! Ин дар ҳоле буд, ки сӯғдиҳо дар давоми тамоми таърих дар тиҷорат бо Чину Мочин ва Авруосиё (Эрону Аврупо) дар мақоми аввал буданд. Бо омехтан бо туркҳо онҳо ин мақомро аз даст ва ба туркҳои уйғурӣ доданд. Барои маълумоти бештар дар ин мавзӯъ ва дар бораи мумиёҳо (мурдаҳои мумиёшуда)и суғдӣ хонанда метавонад ба навиштаи Елизабет Вейленд Барбер муроҷиа намояд.
   Манбаъ: Elizabeth Wayland Barber (2000). Mummies of Ürümchi. W. W. Norton, Incorporated. pp. 166. ISBN 978-0-393-32019-0.
   Маълум аст, ки минтақаи Турфон дар с.107 пеш аз мелод аз тарафи сулолаи Хан, императори Чин ишғол шуд. Дар давраи баъди ҳукмронии чиниҳои Хан дар ин водӣ чандин суғдиҳо бо мардумони хани Чин, махсусан дар водии Турфон дар ҳоли сулҳу оштӣ зиндагӣ ба сар мебурданд ва ором ором тиҷорат мекарданд. Дар замони сулолаи Тан (асри 7 солшумории мо), ҳангоме ки ин сулола бо қабилаҳои турк ва Тибет барои ба даст овардани ин водӣ дар ҳоли ҷанг қарор доштанд, суғдиҳо дар водии Тарим бо мардуми Чин дар ҳоли муносибати танготанги тиҷоратӣ қарор доштанд ва дар тамоми Чин ба сохтани шаҳракҳои тиҷоратии сӯғдӣ машғул буданд. Бояд гуфт, ки суғдиҳо ва мардумони дигари ин водӣ он замон бештар маздопараст буданд, ки то зуҳур кардани дини зардуштӣ ва буддоӣ (ки он ҳам дини ориёӣ буд) оини аслии мардумони ориёӣ ба шумор мерафт. Соли 639-и солшумории нав дар оромгоҳи «Астана»-и Турфон дар роҳи Абрешим як зумра ҳуҷҷатҳое пайдо шуданд, ки аз шиддати бесобиқаи тиҷорати суғдиҳо бо мардуми Чин, фуруши шутур, матои шоҳӣ (абрешимӣ) ва фуруши ғуломон ва канизакон дар байни суғдиҳо, шаҳодатномаи ақди никоҳ хабар медоданд. Ин матнҳои суғдӣ дар коғазҳои истифодашуда барои печонидани мурдаҳо пайдо шудаанд. Барои ба даст овардани маълумоти бештар хонандаи имрӯза метавонад, ки ба навиштаи Валерия Ҳансен муроҷиа бикунад.
   Манбаъ: HANSEN,Valerie. "The Impact of the Silk Road Tradeona Local Community: TheTurfanOasis, 500-800" (PDF). Yale University Press. Archived from the original (PDF) on 18 April 2009. Retrieved 14 July2010.
   Дар замони ҳукмронии уйғурҳо дар Турфон матнҳои монавӣ ва ҳуҷҷатҳо ба хати суғдӣ, форсии нав ва ҳатто паҳлавӣ мансуб ба фарҳанги соҳилҳои дарёи Омӯ (Панҷ), Бохтар ва Форс пайдо шудаанд, ки омӯхтани онҳо барои равшанӣ андохтан ба таърихи ин давраи тоҷикон аҳамияти муҳим дорад.
   Барои шарҳи бештар ба манбаъ: 1). Li Tang; Dietmar W. Winkler (2013). From the Oxus River to the Chinese Shores: Studies on East Syriac Christianity in China and Central Asia. LIT Verlag Münster.pp. 365. ISBN 978-3-643-90329-7.2) Ludwig Paul (January 2003). Persian Origins--: Early Judaeo-Persian and the Emergence of New Persian : Collected Papers of the Symposium, Göttingen 1999. Otto Harrassowitz Verlag. pp. 1–.
   Саҳми мардумони Осиёи Марказӣ (аз ҷумла тоҷикон) дар рушд ва густариши фарҳанги буддоӣ низ хеле калон аст. Ба иттифоқи орои як зумра аз олимони фарҳангшинос дини буддуоӣ маҳз аз Осиёми Миёна (Хуросон – Бухорову Балх) ба кишвари Чин паҳн гаштааст. Шаҳри Балх яке аз марказҳои бузурги фарҳанги буддоӣ муаррифӣ мешуд ва ба иттифоқи оро онро «Шамбала» («таҷалли нури хершедӣ»), ба иборае «шамъи Балх» меномиданд. Маънои лафзии Бухоро ва Фархор ҳам аз решаи вихара (ибодатгоҳи буддоӣ) об мехӯранд. Дар асрҳои 6-7 аз роҳи Тоҷикистон (Помир, Долони Вахон) як рӯҳонии буддоӣ аз Ҳинд чандин уштур китобҳои пурборро ба Чин мебурд. Дар мавзеъи Вранги водии Вахони Тоҷикистон низ то ҳанӯз осори ибодатгоҳҳои буддоӣ вуҷуд доранд (ки ҳоло аз тарафи «бостоншиносони сиёх» дуздӣ шудааст. Дар Аҷинатеппаи вилояти Хатлон бузургтарин осори буддоӣ дар Осиёи Марказӣ (Буддо дар ҳоли нирвана) пайдо шудааст, ки он ҳоло зеби Осорҳонаи милии Тоҷикистон гардидааст. Бояд гуфт, ки баъди аз тарафи толибон шикаста шудани ёдгориҳои буддоӣ дар Бомиёни Афғонистон ин ягона ҳайкали пурра ва калони буддоӣ дар ин минтақа мебошад.
   Дар давраи ҳуҷуми арабҳо ба Эрону Осиёи Марказӣ охирин шоҳаншоҳи Эрон Яздигурди Саввум дар Балх паноҳ ёфта буд. Баъди шикасти пур аз моҷарои шоҳи Форс, писари ӯ Фируз ба Чин паноҳ бурд ва чандин бор кӯшиш намуд, ки давлати Эрони бостониро барқарор намояд. Бо кӯмаки чиниҳо ӯ тавонист, ки дар як минтақаи Афғонистони ҳозира як такягоҳи ҳарбиву сиёсӣ бисозад, вале бо сабаби набудани дастгирии хуби омма, ӯ маҷбур шуд, ки боз ба Чин паноҳ ёбад. Хотирнишон месозем, ки Фирӯз, писари Яздигурди III бо мадади императори Чин губернатори қисмати ғарбӣ ва баъдан яке аз сарлашкаркашони Чин гардид. Ин ҳам як ҳусни нияти хуби мардум ва давлати Чин ба мардуми тоҷику эрониро дар раванди таърих ифода мекунад, ки дар муборизаи онҳо бар зидди арабҳо ба амал омадааст.
   Бояд зикр намуд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои мусулмон дар замони ислом ҳам ба омӯхтани фарҳанги мардумони сокини Чин ва фарҳанги мардумони ҳамҷувори он, мавзӯоти муштараки таърихиву фарҳангии мардумони ду минтақа мароқи калон зоҳир мекардаанд. Аз рӯи баъзе маълумот ҳунари минётураро наққошони мусулмони кишвари Форс аввалин бор аз Чин ба даст овардаанд ва онро дар давраи Камолиддини Беҳзод ба дарачаи баланд равнақ додаанд. Ибораи машҳури «Монии Чин» дар адабиёт на танҳо аз густариши оини монавия дар Чин, балки аз таъсири наққошони чинӣ (шояд тохариёну суғдиёну чинӣ) хабар медиҳад. Соли 1420, Ғиёсиддин Наққош, элчии дарбори Мирзо Шоҳрухи Темуриён дар сафари худ ба Пекин аз Турфон гузашта қайд намудааст, ки бештари мардуми Турфон салибпараст (масеҳӣ) мебошанд. Албатта ин замон сухан дар бораи пайравии уйғурҳо ва дигар халқҳои ин минтақа аз масеҳияти насторӣ мебошад, ки то ислом яке аз маркази умдаи он дар маҳалли Ургути Самарканд буд, ки то омадани темуриҳои комилан тоҷикнишин буд.
   Ҳоло мо бояд дар бораи густариши минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмии байни ду миллат ва мамлакат бештар фикр кунем ва нақшаҳо бикашем. Яке аз ин нақшаҳо шояд бунёди Донишгоҳи Роҳи Абрешим ё Роҳи Лоҷувард дар Душанбе бошад. Барои барқарор намудани адолати таърихӣ, яъне ёдоварӣ аз муштаракоти деринаи фарҳангии халқҳоямон муҳим аст, ки дар Уезди Мухтори Тоҷикӣ-Тошқургони Чин як Донишгоҳи муштарики тоҷикӣ-чинӣ бунёд гардад. Инчунин, ба мақсад мувофиқ аст, агар барои мактабҳои миёнаи Уезди Тошқурғон маводи таълимии тоҷики (форсӣ) тайёр карда шавад ва таълими ин забон ба мисли давраи собиқа (гузашта) ба роҳ монда шавад, то онҳо ба мероси фарҳангии худ бегона нагарданд. Ин коре аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон маркази Конфуций ба амал оварда истодааст. Риштаи дигари ҳамкорӣ дар самти омӯзиши дастхатҳои арабиву форсӣ хоҳад буд, ки ба шаҳодати муҳаққиқи тоҷик, муаррих Саидов (аз Институти таърихи АИ) дар ин минтақа аз ҳад зиёд маҳфуз мебошанд.
   Ҳамин тариқ, тоҷикону дигар миллатҳои эроннажод тайёранд, ки ин расолати таърихии худ ва дар давраи нав из ин бештарро минбаъд ҳам давом диҳанд. Барои собит сохтани ин қазия дар бораи мақоми пештари тоҷикон муроҷиа шавад ба корҳои илмии Варвик Бол ва дигарон.
   Манбаъ: Warwick Ball (2016), Rome in the East: Transformation of an Empire, 2nd edition, London & New York: Routledge, ISBN 978-0-415-72078-6, p. 156 Sunatullo Jonboboev. Sharofat Mamadambarova.Silk Road:Tajikistan- http://www.chakhma.narod.ru/eng/silkroad/silkroad.htm Таджикистан на Великом Шелковом пути Великий Шелковый путь в Таджикистане :https://tajikistan.orexca.com/rus/silk_road.shtml

Сунатулло ҶОНБОБОЕВ,
корманди Маркази синошиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи АИ ҶТ

БОЗГАШТ