АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МУСОҲИБАИ КАРЛСОН БО ПРЕЗИДЕНТ ПУТИН: ОҚИБАТ ОФТОБИ АДОЛАТ ХОҲАД БИТОФТ?

Муаллиф: Шамсиддин Каримов

Расм

Шоми 9 феврали соли равон дар фазои иттилоотии ШМА (ва ҷаҳон) мусоҳибаи яке аз журналистони номдори Амрико бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин танинандоз хоҳад шуд. Мусоҳибаи мазкур рӯзи 7 феврал дар Кохи Кремли Маскав сурат гирифтааст ва анқариб ду соатро дар бар мегирад. Ин хабарро сарчашмаҳои муътамади Ҳукумати Россия тасдиқ кардаанд[i]. Тибқи расонаҳои иттилоотӣ, танҳо анонси мусоҳибаро дар давоми 14 соати аввал бештар аз 62 миллион нафар мутолиа кардаанд, ки аз мубрамият ва боиси иштиёқи доираи васеи тамошобинон будани он ба таври равшан гувоҳӣ медиҳад. Ба таъкиди худи Карлсон, ин мусоҳиба бидуни таҳрир дар шабакаи Tucker Carlson Network ва баъдтар дар торномаи васоити ахбори иҷтимоии X, ки Карлсон дар он беш аз 11 миллион ҷонибдор дорад, пахш мешавад. Инак, ин мусоҳиба чаро ин қадар тарафи таваҷҷуҳи махсуси ҳамагон дар саросари ҷаҳон қарор гирифтааст?

Саволи аввал ин аст, чаро Президент Путин маҳз ба Такер Карлсон мусоҳиб шудааст? Аслан, Такер Карлсон яке аз журналистони овозадори солҳои ахири Амрикост, ки дар асари фаъолияти пурҷӯшу хурӯш ва ғайрианъанавии худ дар фазои иттилоотии на фақат Амрико, балки тамоми ҷаҳони англосаксҳо шуҳрати беандоза ба даст овардааст. Махсусан намоишҳои телевизионии Такер Карлсони 54-сола дар солҳои 2010-ум таҳти унвони Tucker Carlson Tonight дар канали консервативии Fox News, ки ҳамарӯза аз се то панҷ миллион нафар тамошобинро ба худ ҷалб мекард, ба ин журналист шуҳрати оламгир овард. Карлсон дар ҳақиқат ба афзоиши тамошобинони Fox News ба сатҳи рекордӣ мусоидат кард ва умуман ба як шахсияти намоён дар сиёсати консервативии ҷумҳуриявӣ мубаддал гардид. Вай Доналд Трамп ва ҷанбаҳои асосии сиёсати дохилии ӯ - муборизаи қатъӣ бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳуқуқи бо худ доштани силоҳро дастгирӣ мекард (ва то ҳанӯз дастгирӣ мекунад). Карлсон ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, ҷунбиши сиёҳпӯстон Black Lives Matter, идеологияи гендерӣ ва дигар ғояҳои либералии чап чандон бовар надорад. Ба ақидаи бархе аз рӯзноманигорони амрикоӣ, маҳз ҳамин мавқеъгириҳо ва изҳороти ба ҳукумати расмӣ номатлуб сабри молики Fox News, медиамагнат Руперт Мердокро лабрез кард: 24 апрели соли 2023 Карлсон аз телевизион барканор шуд, ҳарчанд сабабаш расман гуфта нашудааст.

Аммо Карлсон худро аз даст надод, руҳафтода нашуд, баръакс, дарҳол бренди медиаи худро таҳти унвони Tucker Carlson Network оғоз кард ва имрӯзҳо барномаҳояш дар шабакаи иҷтимоии X мустақиман пахш мешаванд. Дар доираи шабакаи нави худ Карлсон аллакай мусоҳибаҳои баҳсангезе бо шахсиятҳои маъруфи сиёсии замони муосир, аз қабили Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан, Президенти нави Аргентина Хавьер Майлӣ ва, албатта, худи Доналд Трамп анҷом додааст.

Карлсон аввалин журналисти хориҷист, ки дар чанд соли ахир, махсусан баъд аз 24 феврали соли 2022 муваффақ ба мусоҳиба бо Президент Путин гаштааст. Аслан журналистони алоҳида ва шабакаҳои иттилоотии маъруф, аз қабили БиБиСи чандин дафъа барои мусоҳиба бо Путин муроҷиат кардаанд, вале ҳамеша ҷавоби рад гирифтаанд. Сабаби асосияш ин аст, ки онҳо ба ҳодисаҳои замони муосир ва мақоми Россия дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ бо чашми кам назар меандозанд. Карлсон бошад, эълон кард, ки вай ба Маскав барои мусоҳиба "на аз рӯи муҳаббат ба Владимир Путин, балки ба нисбати садоқат ва муҳаббаташ ба Штатҳои Муттаҳида" сафар хоҳад кард. Ба ақидаи ӯ, амрикоиҳо бояд маълумоти дақиқ ва воқеӣ роҷеъ ба масъалаҳои мавриди назар дошта бошанд, донанд, ки арзиши ин ҳама пуштибониҳо аз Украина чӣ паёмадҳое ба бор хоҳад овард. Чунин ақидаро котиби матбуотии Президенти Россия Дмитрий Песков низ таъкид кардааст: «Ӯ (Такер Карлсон) мавқеъе дорад, ки аз дигар расонаҳои ғарбӣ фарқ мекунад. Он ба ҳеҷ ваҷҳ тарафдори Россия нест, тарафдори Украина ҳам нест, балки бештар тарафдори Амрико аст, аммо ҳадди аққал бо мавқеъи расонаҳои анъанавии англосаксонӣ мухолиф аст.”[ii]

Саволи дигар ин аст, ки чунин мусоҳиба дар фазои иттилоотии ҷаҳон чӣ паёмадҳое метавонад ба бор оварад? Ба ақидаи гурӯҳе аз коршиносон, мусоҳибаи мазкур бомбаеро мемонад, ки фазои иттилоотии ҷаҳонро ба ларзиш хоҳад овард. Ва ин табиист. То имрӯз сиёсати Маскав ва роҳбари он Владимир Путин дар ҷаҳони Ғарб яктарафа ва ҳамчун истилогару таҷовузкор муаррифӣ шудааст. Ҳатто дар худи ШМА, ки фазои иттилоотии озод дорад, пахши ахборе, ки аз сиёстаи Россия пуштибонӣ мекарда бошад, қобили қабул нест. Ва инак, мусоҳибаи журналисти амрикоӣ Карлсон дар фазои иттилоотии ҷаҳон пахш мегардад. Мусоҳибаи Карлсон ҳадди ақал ба ду сабаб мароқангез ва ғайричашмдошт хоҳад буд. Аввал, ба сабаби он ки Такер Карлсон борҳо дар бораи Владимир Путин ба таври мусбат изҳори назар кардааст. Ба ақидаҳои сиёсии ӯ дар ин бобат бисёре аз амрикоиҳои муҳофизакор, ки аз пуштибонии чандмиллиарддолларии Амрико ба Украина норозӣ ҳастанд, муштараканд ва ӯро пайравӣ мекунанд. Дуюм, аз он сабаб, ки Карлсон ҳаргиз муносибати сарди худро дар бобати Президенти Украина Зеленский пинҳон накардааст ва ӯро ҳамеша дурӯғгӯ ва диктатор номидааст. Дар ҳамин замина интизор меравад, ки тамошобинони кишварҳои Ғарб ва Амрико бори нахуст ба иттилооте даст хоҳанд ёфт ва аз воқеияте бохабар хоҳанд шуд, ки то имрӯз ба онҳо дастрасӣ надоштанд. Мусоҳибаи мазкур, бешубҳа, фазои сиёсии Аврупо ва махсусан Амрикоро такон хоҳад дод, дар шуур ва мафкураи одамон паёми тозаеро ҷой хоҳад дод ва шояд ба танзими нобасомониҳои ҷаҳони имрӯз ва махсусан қатъи ҳарчи зудтари низоъи Украина ва тасвиби сулҳу суботи деринтизор мусоидат намояд.

 

Каримов Ш.Т.,

сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канада

  

[i] Песков подтвердил, что Такер Карлсон взял интервью у Путина // https://tass.ru/politika/19920843

[ii] Кто такой Такер Карлсон и почему Путин выбрал его для интервью?// https://www.bbc.com/russian/articles/c035kg0w5y4o

БОЗГАШТ