АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақд ва таҳлили тасвири истиорӣ дар ашъори арабии Саъдӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Фишурда
                                                                                                                   
Саъдӣ аз ҷумлаи суханвароне аст, ки илова бар забони форсӣ, ашъоре низ дар қолабҳои мухталиф ба забони арабӣ суруда, ки нишондиҳандаи камоли маҳорат ва тасаллути вай бар ин забон аст. Дар ин пажӯҳиш, истиора, ки муҳиммтарин мабҳас дар балоғат ба шумор меравад, дар ашъори арабии Саъдӣ баррасӣ ва нақд ва таҳлил шудааст. Бояд гуфт суханвари Шерозӣ дар маҷмӯъ 109 бор аз тасвири истиорӣ баҳра бурда, ки аз ин миён , 25 маврид ба сурати (мусарраҳа ё масраҳа) ва 84 маврид ба сурати  (муканния) ба кор рафтааст. Вай дар корбурди истиора бештарин таваҷҷуҳро ба ташхис дошта, ба гунае, ки дар 82 маврид, тасвири истиории худро аз ин тариқ ироа кардааст. Ин шеваи  корбурди истиора, сабаби ғиноии тасовир, пӯёӣ, таҳаррук ва ҳаёти инсонӣ дар ашъори арабии Саъдӣ шудааст. Муҳимтарин вижагии тасвири истиориро дар ин ашъор бояд содагӣ ва равшании онҳо донист, ки ба дӯр аз ҳар гуна ибҳом ва эҷоди тазоҳумӣ, дар хидмати интиқоли андешаҳо ва мазомини мавриди назари гуяннда будаанд.
 
1-Муқаддима
Барои баёни як мазмун ва мафҳуми воҳид дар забони адабӣ, шеваҳои мутафовите вуҷуд дорад. Яке аз ин шеваҳо, истиора аст, ки дар ҳақиқат сурати фишурдатар ва хулосаи ташбеҳ аст. Зеро дар истиора, яке аз ду тарафи ташбеҳ, яъне «мушаббаҳ» ё «мушбаҳун биҳи» ҳазф мешавад. Аз ин рӯ, ҳадафи истиора, ҳамчун ташбеҳ, баёни хулосатар ва кутоҳтари як тасвири адабӣ аст. «Истиора муҳимтарин мабҳаси балоғат аст. Бузургтарин кашфи ҳунарманд ва бартарин имконот дар ҳайати забони ҳунарӣ аст ва дигар аз он пештар метавон рафт. Истиора коромадтарин абзори тахайюл ва ба истилоҳ, наққошӣ дар калом аст» [23,352] дар таърифи истиора, аз дер боз дар миёни орои соҳибназарон тавофуқи чандоне ба назар намерасад. Абдулқоҳир Љурҷонӣ дар ин замина
мегӯяд:
«Огоҳ бош, ки истиора филҷумла ин аст вожае дар ҳангоми вазъи луғати аслӣ шинохта шуда бошад ва шавоҳиде далолат кунад, ки ҳангоми вазъ бад он маънӣ итлоқ мешуда, сипас шоир ё ғайри шоир ин вожаро дар ғайри он маънии аслӣ ба кор гирад ва ин маъниро ба он лафз мунтақил созад. Интиқоле, ки  нахуст лозим набуд ва ба мусобаи орият аст» [6,21].
Асоси ҳамаи назарияҳое, ки дар бораи истиора ироа шуда, бо вуҷуди ихтилоф дар алфоз ва таъобир, бар ин асл устувор аст, ки дар истиора, вожа дар маънои ғайр ончи барои он вазъ шуда,
ба кор меравад. Албатта байни вожаҳо ва маънои тоза, робитаи шабоҳат барқарор аст. Аз назари арзиши хаёлангезӣ, истиора дар байни сувари хаёл, дар волотарин ҷойгоҳ қарор дорад, ба далели онки зеҳни хонанда дар ин гуна аз тасвир фаъолтар аст ва бояд бо талоши бештари зеҳн ва нерӯи тахайюли худ, қисмати маҳзуфи ташбеҳро дарк кунад. Тасвири истиорӣ, вузуҳ (равшан шудани амр) ва рушании камтаре аз дигар сувари хаёл дорад ва ба ҳамин далел, ибҳом ва печидагии он бештар аст. Дар истиора, гӯё қисмате аз маъно ва мафҳум мавриди назари гуянда дар ҳолатҳое аз ибҳом қарор дорад, ки хонанда бойяд бо диққат ва тамаркузи бештаре рӯи нишонаҳо ва алоими (аломатҳо) мавҷуд дар тасвир, ба ваҷуди иртибот байн ду сӯи истиора пай бибарад. Ин талоши зеҳнӣ ва дар натиҷа, расидан ба кашфи тоза, ӯро ба авҷи лаззати ҳунарӣ мерасонад. Дар ҳақиқат ба кор бурдани вожа дар маънои ғайр аз маънои вазъшуда ва ошноии зеҳни хонанда аст, навъе ошноизудоӣ аз мафҳуми калишаҳои (такрории) вожа аст. Суханвар бад-ин васила аз марзҳои ниҳодинашудаи вожа фаротар рафта, дар ниҳоят, сабаби шигифтӣ ва ғофилгирии хонандаи вожа мешавад. Вақте вожа дар маънои тоза ба кор меравад ҳайсият ва арзиши тозае низ касб мекунад. Ин гуна аст, ки суханвар метавонад ҳамвора қаламрави адабиётро ба василаи фазои  маҷозии истиора густариш диҳад ва мафоҳим ва мазомини тозаеро ба кумаки тасовири тоза ба мухотабони худ мунтақил кунад:
«Ба ёрии истиора ҷимодотро зинда ва забондор ва безабонро фасеҳ ва суханвар, ва чизҳои сомит ва гунгро хатиб ва сухангӯ ва базморо меёбӣ. Дар ин арса пуршукӯҳ аст, ки маонии кӯтоҳ ва норасо равшангар ва пуртаҷаллӣ шудаанд ва истиъораро дар миёни миқёсҳои сухан, миқёси балиғ ва ёрикунанда меёбӣ, ки пурбаҳотар аз он ҳеҷ нест» [6,31].
Дар ин пажӯҳиш истиора ба унвони муҳимтарин мабҳаси балоғӣ, дар ашъори арабии Саъдӣ баррасӣ ва таҳлил шудааст. Марҷаъи тарҷумаи ашъор, тарҷумаи Ҷаъфар Муайяди Шерозӣ буда, аммо аз онҷо, ки матни Муайяди Шерозӣ фақат қасоиди арабии Саъдиро дар бар мегирад, дар мавориди лузум, ба тарҷумаҳои мӯътабари дигар низ муроҷиа шудааст.

2- Ашъори арабии Саъдӣ

Саъдӣ афзӯн бар осори фаровоне, ки ба забони форсӣ аз худ бар ҷой гузошта, ашъоре низ ба забони арабӣ дар қолабҳои қасида, ғазал, қитъа ва муфрад сурудааст. Бештари ин ашъор дар қолаби
қасидааст. Абёте низ ба сурати пароканда дар лобалои сатрҳои китоби “Гулистон” ба забони арабӣ ба кор бурдааст. Муҳиммтарини шеъри арабии Саъдӣ қасидаи «Сӯги Бағдод» аст, ки бо 92 байт, бештарин теъдоди истиораро низ бо 16 маврид дар худ ҷой додааст. Аз лиҳози арзишҳои кайфии ин ашъор назариёти мутафовит ва гоҳ мутаноқиз аз сӯи мунтақидон ироа шудааст. Эҳсон Аббос мунтақиди номдори араб, дар бораи арзиши ашъори арабии Саъдӣ мӯътақид аст:
«Ҳатто агар Саъдиро асаре ҷуз қасидаи роияаш дар вайронии Бағдод ба дасти муғулон намебуд, танҳо ҳамон як қасида метавонист баёнгари арзиши фаровони ин маҷмӯа бошад, то чӣ расад ба инки илова бар он қасида, шеърҳои баланд ва кӯтоҳи дигаре низ, ки дар табиати худ ягона ҳастанд, дар маҷмӯъа вуҷуд дорад» [9,87].

3- Пажӯҳишҳои пешина

Бар хилофи осори форсии Саъдӣ, ки ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи пажӯҳишгарон ва муҳаққиқон будааст, дар бораи ашъори арабии ӯ ба ҷуз чанд маврид тарҷумаи форсӣ, аз манзари балоғӣ то кунун пажӯҳиши чандоне анҷом нашудааст. Дар собиқаи ин пажӯҳишҳои андак, бояд ба поённомаи коршиноси аршад Аҳмади Дӯстӣ ишора кард, ки бо унвони «Орояҳои адабӣ дар қасоиди арабии Саъдӣ» навишта шудааст. Ҳамчунин, бояд аз мақолаи «Таҳлилии балоғии ашъори арабии Саъдӣ бо нигоҳ ба ташбеҳ» таълифи Илҳом Зореъ ва Мустафо Камолҷӯ ном бурд, ки дар маҷаллаи “Нақди адабӣ ва балоғат” чоп шудааст. Аз ин рӯ, дар ин пажӯҳиш, муҳиммтарин мабҳас балоғат, яъне истиора, ба гунаи дақиқ бо мулоҳизаи тактаки абёти арабии Саъдӣ дар куллиёти осори ӯ баррасӣ ва нақд ва таҳлил шудааст.

4- Баҳс ва баррасӣ
Ҳамон гунае, ки гуфта шуд «Истиора, истеъмоли лафз аст дар маънои маҷозӣ, ба воситаи мушобиҳат бо маънои ҳақиқӣ. Пас асоси истиора, мубтанӣ бар ташбеҳ аст» [21,181]. Бинобар ин, аз ин лиҳоз, ки кадом як аз ду тараф ташбеҳ дар истиора зикр шуда бошад, кайфияти ироаи тасвир мутафовит аст. Бар ин асос, истиора ба ду гуна мусарраҳа ва муканная тақсим мешавад.

5- Истиораи мусарраҳа
«Ин истиораро алал машҳури мусарраҳа, муҳаққақа ва таҳқиқия, ҳар се хонанд ва иборат аст аз онки мушабаҳун биҳро бигӯянд ва мушаббаҳро ҳазф кунанд» [21,184]. Истиъораи мусарраҳа аз ин манзар, ки қароин ва мулоимот кадом як аз ду тараф ташбеҳ дар истиъора зикр шавад, ба се навъ «муҷаррада», «мурашшаҳа» ва «муталлақа» тақсим кардаанд.
 
6- Истиораи мусарраҳаи муҷаррада
Дар ин навъ истиора «мушаббаҳун биҳи» ҳамроҳи яке аз мулоимоти (мувофиқаҳои) «мушаббаҳ» зикр мешавад. Ин мулоим мувофиқа) (сабаб мешавад то мушаббаҳ сароҳат ва равшании бештаре дошта бошад ва хонанда зудтар битавонад ба мушаббаҳун биҳи  маҳзуф пай бубарад. Аз онҷо, ки дар ин гуна аз истиора, зеҳн талоши камтаре барои расидан ба мушаббаҳи маҳзуф мекунад, аз назари балоғӣ арзиши камтаре дорад. Дар воқеъ қаринаҳое, ки аз мушаббаҳ зикр мешавад, «Истиораро аз он пурмояагӣ ва парвардагӣ, ки мебояд дошта бошад, мепирояд ва бо ошкор доштани маънои ҳунарӣ, аз арзиши ҳунарӣ ва пиндоршинохтии истиора мекоҳад. Зеро бо баркашидани маънои ҳунарӣ дар истиора, ин турфаанд шоирон ончунон, ки мебошад, коройӣ нахоҳад дошт» [5,103].
 Дар ашъори арабии Саъдӣ аз миёни 25 маврид истиораи мусарраҳа, 8 маврид ба ҳамин сурат бакор рафтааст. Аз ҷумла дар мисоли  зер, ки «мадомеъ » дар маънои «ҷойи ашк ва маҷрои он» ба
унвони мулоими (мувофиқи) мушаббаҳ, сабаб шуда то зеҳни хонанда ба маънои маҷозӣ мушаббаҳун биҳа, яъне «туфони Нӯҳ» , ки «ашки зиёд» аст, пай бибарад [14,771]:
«تَركْتِ مَدامعي طوفَانَ نوحٍ    و نارَ جوَانِحِي ذَاتَ الْوَقُودِ»
Яъне: «Чашмонамро ба тӯфони Нӯҳ супурдӣ ва оташи синаамро шӯълавар раҳо кардӣ ва рафтӣ» [9,53].

Ҳамчунин, дар байти зер, ки «будур» ҷамъ «бадр» ва истиораи мусарраҳа аз «маъшуқ» аст ва «акилла» ба маънои «чодар ва хайма», ки аз мулоими мушаббаҳи маҳзуф аст, зеҳнро ба мафҳуми маъшуқ ҳидоят мекунд ва бояд гуфт, шоир бо овардани «акилла», тарҷеҳи маҳбубро бар моҳ қувват бахшидааст[14,773]:
« مَتَي طَلَع البَدرُ اِشتَعَلْتُ صَبَابَهُ         بِما فِي فؤَادِي بُدُورِ اَكلّه»
Яъне: «Ҳаргоҳ моҳ бидамад, дар оташи ишқе, ки аз моҳҳои хаймагӣ ба дил дорам, месӯзам» [9,36].
 
7- Истиораи мусарраҳи мурашшаҳ
«Ин қисм муқобили муҷаррада аст. Яъне зикри мулоими мустаорун минҳу ва тарки ишора ба мушаббаҳ мӯҷиби қувват ва фузунӣ дар ташбеҳ мегардад, ки муқтазои истиора аст ва эътибори иттиҳоди мушабаҳ бо мушабаҳун биҳиро  қавитар месозад ва аз ҳамин рӯ, овардани авсоф ва мулоимоти мустаорун минҳуро дар истиора, таршеҳ ва истиораро мурашшаҳа номидаанд» [12,303].
Аз манзари балоғати тасвир, истиораи мусарраҳаи мурашшаҳа бештарин таъкидро дар иттиҳод ва яксони мушаббаҳ ва мушабаҳун биҳӣ дорад. Дар ин гуна аз истиора, мулоиме, ки зикр мешавад, аз вижагиҳо ва хусусиёти мушаббаҳун биҳӣ аст. Бинобарин, маънои истиорӣ дар мушаббаҳун биҳӣ тақвият мешавад. Ин шева
сабаб мешавад, ки зеҳни хонанда талоши бештаре барои ёфтани мушаббаҳи маҳзуф анҷом диҳад. Дар китобҳои балоғӣ, таршеҳро аз лиҳози иттиҳод мушаббаҳ ва мушаббаҳун биҳӣ, бар ду навъи дигари истиора бартарӣ додаанд.
«Ва бидон, ки таршеҳ аблағ аз ғайри он аст. Барои инки бо ба фаромӯшӣ супурдани ташбеҳ ва иддаои инки мустаорун лаҳу ҳамон мустаорун минҳу аст, на чизи шабеҳи он, муболиға таҳаққуқ пайдо мекунад ва ба гунае мешавад, ки гӯё истиора аслан дар кор нест» [20,182].
Аз назари оморӣ, ба назар мерасад, ки дар байни анвоъи мухталифи истиораи мусарраҳа, камёбтарин навъ, мурашшаҳа бошад [23,172]. Бояд гуфт дар ашъори арабии Саъдӣ ҳам ин камёбӣ мисдоқ (маврид) дорад.
Чароки аз маҷмӯъ 25 маврид истиораи мусарраҳа, танҳо дар 2 маврид аз ин навъ истиора истифода карда, ки ду мавриди он дар байти зер ба кор рафтааст [14,776]:
« أُ يُتلِفُنِي نَبْلٌ ولم ادْرِ مَن رَمى         أُ يَقْتُلُنِي سَيْفٌ و لَم أُرَ ضَارِبِي»
Яъне: «Ин инсоф аст, ки аз хаданги тирандозӣ нобуд шавам , ки ӯро намешиносам ва шамшери зорибе ҳалокам кунад, ки ӯро набинам»[9,25].
Дар мисраи нахуст, нигоҳи маъшуқ ба « نَبْلٌ: тир ташбеҳ» шудааст. «Тир» истиораи мусарраҳа аз «нигоҳи маъшуқ» аст. Ќаринаи истиора  дар ин аст, ки дар ҳарду мисраъ, шоир ба таҷоҳул-ул-ъориф[1] иддао карда, ки тирандозро намешиносад ва зорибро ҳам намебинад, дар ҳоле, ки ҳар ду нафар ҳам яке ҳастанд. Ончи маънои истиории «набл»-ро мепарварад, вожаи «рамая» аст, ки мулоими он аст. Мавриди дуюми ҳамин байт аст [14,767]:
«ضَفَادعُ حَولَ المَاءِ تَلعَبُ فَرْحَة              أصبِرُ عَلي هَذَا ويُونُسُ فِي القَعْرِ؟ »
Яъне: «Инро чигуна бартавон ёфт, ки ғукон бар каронаи об, шодмона ба бозӣ пардозанд ва Юнус дар қаъри дарё бошад?» [9,71]
Дар мисраи дуюм «Юнус» истиораи мурашшаҳа аз «халифаи Бағдод» мебошад, ки шоир бо қайди «фил қаър» бар таршеҳи  истиора афзудааст.
 
 
[1] Дар бадеъ, изҳори нодонии шоир ё мутакаллим аз як чизи маълум ва ошкор, барои муболиға дар ташбеҳ, изҳори ҳайрат ва шигифтӣ ва таҳқири мухотаб, исботи матлаб барои муддаӣ ва мункир ё зарофат ва ороиши калом, монанди ин шеър:
                    Ё Раб он рӯй аст ё барги суман
                    Ё Раб он мӯй аст ё мушки хутан?

Ва ё ин байт:
                    Гуле ё савсане ё сару ё моҳӣ намедонам,
                    Аз ин ошуфтаи бедил чӣ мехоҳӣ, намедонам. 

(идома дорад)

Қаландарзода С.
докторанти (PhD),
(Баргардон аз хатти форсӣ)
 


БОЗГАШТ