АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақш ва арзёбии геополитикаи соли 2021аз ҷониби муҳаққиқон ва сиёсатшиносони аврупоӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Нақши олимону адибон, шоирону нависандагон, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, китобу мақолаҳо ва институтҳову марказҳои тадқиқотиву таҳлилӣ  дар  баррасии ин ё он масъалҳо ва кашфи мубрамияти онҳо хело муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамин тавр, коршиносон ва сиёсатшиноси  хориҷиву  ватанӣ аз ҷумла муҳаққиқон ва коршиносони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Абдуғанӣ Мамадазимов, Шамсиддин Каримов дар бораи нақш ва мафҳуми геополитика китобҳо ва мақолаҳои тадқиқотӣ таълиф дода, муҳимияти стратегии онро баён кардаанд.  
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо чун  муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ ташкил  шуд ва аз марказҳои илмиест, ки ба омўзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, кишваршиносиву минтақашиносӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Осиё, Африко, Аврупо ва Америка бо  муҳаққиқону коршиносони соҳа фаъолиятҳои илмиву тадқиқотиро амалӣ месозад.
Ҳамин тавр, Институти мазкур низ бо роҳнамоиҳову ҳидоятҳои Директори он ва мудирону ходимони илмии худ дар шинохти геополитика ва масоили мубрами он нақшачорабиниҳои худро барои дӯстдорони илму маърифат пешниҳод мекунад, ки заминаи хубест дар дарку фаҳми илми сиёсатшиносии тоҷик дар даврони истиқлолият.
Мавриди зикр аст, ки дар китобҳои луғат аз ҷумла, Википедиа— донишномаи озод мафҳуми геополитика чунин зикр гардидааст: геополитика  ё  сиёсати ҷуғрофиёӣ (географическая политика)  аз забони юнонӣ гирифта шуда, гео ба маънои— замин, политика ба маънои идоракунии умури давлатӣ ё ҷамъиятӣ) омадааст. Тибқи маълумот он  яке аз шохаҳои асосии илмҳои сиёсӣ, бунёдии сиёсатшинохтӣ ва назарияи муносибатҳои байналмилалӣ маҳсуб шуда,  дар бораи мақом ва шаклҳои мушаххасу таърихии таъсиррасонии хусусиятҳои ҳудудию фазогии ҳолати кишварҳо ба равандҳои умумиҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ баҳсу мунозира мекунад.[1]
 
Ҳамин тариқ, метавон  қайд кард, ки дар замони муосир кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз он масоили гуногунро шарҳу тавзеҳ дода, сиёсатро мудирият мекунанд. Дар ин ҷо мо бештар нақши яке аз институтҳои тадқиқотии ҷаҳонро ба маълумоти хонандагону  донишомӯзони соҳа мерасонем, ки  идораи дар бозгушоии масоили геополикии ҷаҳон ва минтақа нақш мебозад.
Маркази мазкур  зери номи Институти Байналмилалии омӯзиш ва таҳқиқоти стратегӣ (International Institute for Strategic Studies)  ҳамчун идорати мустақил барои  омӯзиши масоили минтақа ва ҷаҳон  дар Англия ба қайд гирифта шуда, то имрӯз  фаъолият мекунад. Идора мувофиқи қонуну қоидаҳо, дастурҳо ва таҷрибаи пешқадами олимону коршиносон корҳои тадқиқотиашро барои хонандагону донишомӯзон пешниҳод мекунад.
Дар тӯли 60 сол, Институти Байналмилалии Таҳқиқоти Стратегӣ (IISS) дар ташаккул ва рушди масоили  стратегӣ барои ҳукуматҳо, соҳибкорон, ВАО ва коршиносон дар саросари ҷаҳон кӯмак кардааст. Муассиса даромади худро аз фурӯши пойгоҳи додаҳо, нашрияҳо, дастгирии мизбон барои конфронсҳо, сарпарастони корпоративӣ, корҳои тадқиқотӣ, машваратӣ ва хайрияҳову фондҳо ба даст меорад. Мақсаду ҳадафи марказ бозгушоӣ ва инкишоф додани сиёсатест, ки сулҳу амонии тамоми чаҳонро  бештар таъмин намуда, мусоидат намояд.
Институти Байналмилалии Тадқиқотҳои Стратегӣ (IISS)  дар шаҳрҳои  Вошингтон, Баҳрайн, Берлин, Лондон ва Сингапур намояндагиҳои худро дошта, ҳамарӯза масоили мубрами минтақаҳои Осиё, Аврупо, ИМА ва Ховари Миёнаро омӯхта, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Бояд қайд кард, ки тадқиқоти стратегӣ, арзёбии солонаи геополитика, таҳлилҳои объективӣ ва амиқ аз ҷониби коршиносони Институт бо инъикоси рӯйдодҳо, фаъолон ва неруҳое, ки муносибатҳои байналмилалиро пеш мебаранд, пешниҳод мекунад. Ин ҳама барои коршиносону муҳаққиқони соҳа чун роҳнамо ва  дастури ҳатмӣ барои рушди илми сиёсатшиносӣ, роҳбарӣ тиҷорат, таҳлил кӯмак намуда,  тамоюлҳои геополитикӣ ва геоиқтисодиро бо дарку ҳӯшмандии олӣ бозгӯшоӣ менамояд. Ахиран Инстититути мазкур маълумоти махсус оиди масоили гуногуни ҷаҳон бо нашри  рӯзномаи ҷаҳонии соли 2022 ва дурнамои  он таҳия кард, ки дар он мушкилот ва муаммаҳои  ҷаҳонӣ дар солҳои 2020-21 мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд.
Дар ҳамин гӯзориш рушди ҳама минтақаҳо, инчунин масъалаҳо ва тамоюлҳои мавҷуда, ки ҳанӯз тамоми ҷаҳонро  фаро мегирад, низ мавриди баррасиву таҳлили коршиносон гардидааст.
Бозигарони  тағйироти стратегӣ барои давлатҳои бузург, маълумоти тасдиқшуда ва муқоисашаванда дар бораи қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ки дастури ғанӣ ва равшанро барои  таҳаввулоти геополитикӣ фароҳам меоранд, низ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Дар ниҳоят, бояд қайд кард, ки Институт масоили мубрами соли 2021-ро мавриди омӯзиши хос қарор дода, дар гузориши солонаи худ зери унвони  “Strategic Survey 2021: The Annual Assessment of Geopolitics”[2]  дар шакли хос ва доираи  васеъ масъалаҳоро бо мавзӯъҳои асосӣ аз ҷумла, муаммоҳо ва дипломатияи ваксина, муноқишаи рақамӣ, стратегияҳои Аврупо дар Осиё ва Уқёнуси Ором, афзоиши карбонҳо дар фазо ва мушкилоти экологӣ, дурнамои барномаи ҳастаии Эрон,  ояндаи исломи сиёсӣ мавриди баррасии махсуси марказ ва муҳаққиқони он  қарор гирифтанд.
 
 
 
 
 
 
  Сарчашмаҳо:
  1. Сомонаи расмии Институти Байналмилалии омӯзиш ва таҳқиқоти стратегӣ https://www.iiss.org/
  2. Сомонаи расмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/1319-nazari-ta-lilie-ba-na-shi-akademiyai-millii-ilm-oi-to-ikiston-dar-rushdi-ilmu-ma-rifat
  3. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
  4. Strategic Survey 2021: The Annual Assessment of Geopolitics,October 2021,Volume: 2021,Publisher: IISS
 
Мирсаид Раҳмонов
ходими калони илмии Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 
 
 
 
 
[1]https://tg.wikipedia.org/wiki/Сиёсати_ҷуғрофиёӣ
[2] Strategic Survey 2021: The Annual Assessment of Geopolitics,October 2021,Volume: 2021,Publisher: IISS
 

БОЗГАШТ