АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақш ва мақоми Васоити ахбори омма дар ҷомеа

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Васоити ахбори омма (минбаъд ВАО) яке аз ниҳодҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ буда, аз бисёр органҳо ва ҷузъҳо иборат мебошад, ки ба воситаи онҳо аҳолӣ дар бораи ҳаёти сиёсии ҷаҳон иттилоот мегиранд. Воситаҳои ахбори оммаро баъдан дар қатори ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ ҳамчун ҳокимияти «чорум» меноманд. Мақоми ВАО пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ҳамчун ташкилоти мустақил ба воситаи иттилооти сиёсӣ афкори умумро ташаккул дода, ба тамоми раванди ҳаёти сиёсӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи маълумотгирии сиёсии аҳолиро баланд мебардоранд.  
Рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию хизматрасонӣ, ба амал омадани инқилоби иттилоотӣ ва ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири амиқи худро расонида истодааст. Инчунин, ба рафтори одамон, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва шарту шароити кору фаъолиятро ба куллӣ тағйир дод. Дар ин раванд ҳаёти сиёсии ҷомеа низ дар канор намонда, зери таъсири таҳаввули технологию иттилоотӣ қарор гирифта, шакл ва мазмуни худро тағйир медиҳад. Пеш аз ҳама, дар раванди идоракунии давлатӣ истифода гардидани технологияҳои иттилоотию хизматрасонӣ сиёсати давлатиро ба дигаргунии ҷиддӣ рӯ ба рӯ намуда, дар назди он вазифаҳои навро мегузорад. Ташаккули ҳукумати электронӣ, ба амал омадани ҳузури ҳукумат дар шабакаи интернет, сохта ва ба истифода додани низомҳои иттилоотии соҳавӣ, таъмин намудани хизматрасониҳои давлатӣ дар заминаи низомҳои иттилоотӣ ва ғайра тағйироте мебошанд, ки сиёсати иттилоотии давлатро мазмуни нав мебахшад.                                                                                                                       
Аз солҳои 50-уми асри XX инҷониб масъалаи ҷомеаи иттилоотӣ аз ҷониби олимони соҳаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Ба омӯзиши ин масъала олимони  Ғарб таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар таҳқиқи паҳлӯҳои гуногуни он саҳми арзанда гузоштаанд. Пеш аз ҳама, дар ин самт олимони америкоӣ Дэниел Белл, Элвин Тоффлер  ва олими испаниягӣ Мануэл Кастелс таҳқиқоти арзишманд анҷом додаанд. Асарҳои олимони мазкур аввалин иқдоми илман асоснок намудани ҷомеаи навин буд, ки дар шакли ҷомеаи иттилоотӣ зоҳир гардидааст. Инчунин, дар самти омӯзиши хусусиятҳои бевоситаи ҷомеаи иттилоотӣ олими рус Владислав Иноземсев низ саҳми арзанда гузоштааст. Дар Шарқ бори аввал ба омӯзиши ҷомеаи иттилоотӣ олимони машҳури Япония Й.Масуда ва Ю.Хаяши шуруъ кардаанд.             
Тӯли се даҳсолаи охир як қатор олимону муҳаққиқон бевосита ба омӯзиши ҷомеаи иттилоотӣ машғул гардида, дар таҳқиқоти онҳо ин масъала ба сифати объекти таҳқиқот қарор дода шудааст. Оғози асри XXI дар ҷаҳон инфрасохтори ҷаҳонии иттилоотӣ фаъолият мекунад. Низоми ниҳодҳои миллӣ ва байналмилалии иҷтимоӣ дастрасӣ ба иттилоотро барои давлат ва ҷомеа таъмин мекунанд. Шаклҳои намоиши иттилоот, имкониятҳои техникии ҷамъоварӣ ва паҳнкунии он доимо такмил меёбанд. Бо мураккаб шудани сохтори ҷомеа, менеҷмент ва маориф, ки ҳамчун муҳофизони хотираи оммавӣ инкишофи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани самаранокии онро иҷро мекунанд. Албатта, эътимоднокӣ ва самарабахшии инфрасохтори иттилоот ҷомеаро аз таҳрифи маълумоти иттилоотӣ ҳифз карда наметавонад. Аммо, бо чунин ҳолати иҷтимоӣ ғояҳои бузургро ба ҷомеа фароҳам меорад. Инчунин робитаи байни мақомот ва аксарияти аҳолиро ҳифз намуда ба таҳаввулоти тартиботи нави ҷаҳонӣ хидмат мекунад.                                                                              
Дар баробари чопи оммавӣ, воситаҳои алоқа дар асоси истифодаи нерӯи барқ пайдо шуда, инкишоф ёфтанд, аз ҷумла - телеграф, телефон, радио, телевизион, иртиботи факс, интернет ва ғайра. Ин намуди воқеан ба ҳаёти ҷомеаи муосир ворид шуда, дар соҳаи хизматрасони оммавӣ таҳаввулро ба вуҷуд оварданд. Бояд қайд кард, ки тағйироти сифатӣ дар соҳаи иттилоот аксар вақт бо тағйироти куллии сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар кишварҳои алоҳида ва дар маҷмӯъ дар чаҳони муосир мувофиқат мекунад. Фаъолияти ВАО ба ҳаёти ҷомеа, хусусияти иҷтимоиву равонӣ ва маънавии ҳар як узви ҷомеъа таъсири бениҳоят калон дорад. Зеро ҳама гуна иттилооти наве, ки тавассути ВАО ворид мешаванд, дуруст ба назар гирифта шуда, самтҳо ва арзишҳои сиёсиро такрор мекунад, ки дар тафаккури одамон собит шудаанд.  Дар ҷаҳони муосир аҳамияти ВАО на танҳо ҳамчун сарчашмаи ахбор афзудааст, балки ҳамчун ниҳод ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт, махсусан ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мегузорад. Дар ҳар ҷамъият ВАО фазое мебошад, ки хизматрасонии оммавӣ онро идора мекунад. Маҳз ВАО, пеш аз ҳама мавзӯи рӯзро, яъне мавзӯи муҳимми иҷтимоиро, ки шаҳрвандон баҳсу муҳокима менамоянд, муайян менамояд. Бо ибораи дигар, хизматрасонии оммавӣ метавонад ба воқеият, афкори умум ва шуури одамон таъсир расонида, масъалагузории мавқеи одамонро муайян намояд.                                                                                               
Дар аксари давлатҳо ВАО-ро айбдор менамоянд, ки вай дар ҷомеа на танҳо тухми некӣ, адолат, ахлоқи ҳамида, масъулиятнокӣ, балкӣ бадӣ, бадахлоқӣ, рафтори зишт ва ғайраро низ паҳн менамояд. Масъалаи мазкур то андозае ҷой дорад. Озодии ВАО барои рушди ҷомеа ҳамон вақт арзишнок  аст, ки бо масъулиятшиносӣ ҳамоҳанг бошад. Дар шароити рушди фаъоли технологияҳои иттилоотӣ, имкониятҳои ВАО барои паҳн кардани ақидаҳои иҷтимоиву сиёсӣ мусоидат менамояд. Ин раванд тавассути ҳуқуқу озодиҳои инсон ба озодии фикр ва баён  тавассути ВАО мусоидат мекунад. Матбуоти муосир на танҳо барандаи иттилоот дар сатҳи байналмилалӣ, балки мавзӯи мустақили низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. ВАО як ниҳоди мураккабест, ки аз мақомот ва унсурҳои зиёде иборат буда, барои инъикоси ҳодиса ва зуҳуроти дар ҳар як кишвар, минтақа ва ҷаҳон   равона карда шудааст.                                               
Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба хотири таъмини амнияти иттилотии миллӣ, дарки воқеии сиёсати дохилӣ ва хориҷии он, муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳо дар сатҳи байналмилалӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Бояд зикр намоем, ки дар шароити густариш нақши иттилоот таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаҳои марбут ба он яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир гардидааст. Дар шароити Тоҷикистон фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 14 декабри соли 1990 ва иловаҳо аз 10 майи соли 2002 танзим карда шуд. Нақши ВАО на фақат дар низоми муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бориз аст, балки барои устувории арзишҳои миллӣ, аз ҷумла «Ваҳдати миллӣ» низ нақши муҳимро мебозад.                                     
Чи гунае Абдураҳими Абдуқаҳҳор, мутахассиси Шуъбаи котиботи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мақолаи худ зери унвони «Нақшу мақоми васоити ахбори омма дар тарғиби Ваҳдати миллӣ» қайд намудааст: «Маҳз ВАО буд, ки моҳияту аҳамияти Ваҳдати миллиро  ба мардум расонид ва мардум хуб дарк  карданд, ки танҳо Ваҳдату ягонагӣ метавонад моро ҳаёти орому осуда бахшида, кишварамонро ба қуллаҳои баланди  пешравию шукуфоӣ бурда расонад.                                                        Аввалин маротиба ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар давлатҳои Аврупо, Америка, Канада, Россия ва Япония ба амал омадааст. Давлатҳои мазкур рушду инкишоф ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии мамлакати худро маҳз дар заминаи технологияҳои иттилоотию хизматрасонӣ таъмин намудаанд. Зеро дар шароити муосир ҷомеаи иттилоотӣ, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ технологияҳои иттилоотию хизматрасонӣ ба таври васеъ истифода гардида, дар соҳаи сиёсати ҳукумати электронӣ муносибатҳои иттилоотиро ба вуҷуд меоранд.   В.В. Фокина функсияҳои ВАО-ро ҳамчун як мавзӯи сиёсати ҷаҳонӣ номбар мекунад. Ӯ қайд менамояд, ки: хабардор кардани ҷомеаи дохилӣ ва хориҷӣ: қаллобӣ ва боварии шаҳрвандон; ҷалби тамошобинон, парешонии аҳолӣ аз муносибатҳои байни мақомоти ҳокимият ва ҷомеа  назорат аз болои ҳукумат, қарорҳо ва амали он; фаъолгардонии аҳолӣ барои ҳалли масъалаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим; пешгӯии амалҳои низоъҳои сиёсӣ ва ғайра.    Бо технологияҳои пешрафта таъмин кардани ВАО нишонаи муҳимми ҷомеаи демократӣ мебошад. Аммо ба ақидаи олимон, технологияҳои нав ва тағйирот дар низоми сиёсӣ муҳити ҳамкории байни ВАО ва кишварҳоро тағйир медиҳад. Агар дар солҳои 90-ум чунин ба назар мерасид, ки бо вуҷуди марзҳои мавҷудаи давлатӣ рушд ба самти озодии номаҳдуди иттилоот меравад, пас дар ибтидои асри XXI маълум шуд, ки ҷаҳон ҷое нест, ки паҳн кардани иттилоот аз ҳама маҳдудиятҳо озод бошад.          ВАО барои низоми сиёсӣ вазифаҳои асосиро иҷро мекунад. Ин ба хусус барои давлатҳои демократӣ дуруст аст. Мақсад он аст, ки онҳо шаҳрвандонро таълим диҳанд, дар ташаккули афкори онҳо тавассути танқид ва муҳокима саҳмгузор бошанд. Ба ин васила иштироки фаъоли онҳоро дар ҷомеа таъмин кунанд. ВАО ҳам миёнарав ва ҳам омили муоширати оммавӣ буда, барои ташаккули афкори мухталиф пешбинӣ шудааст.                                                                                                
Инчунин, як баҳси танқидӣ дар бораи он, ки оё ВАО тасаввуроти дақиқ ва боэътимоди воқеиятро пешниҳод мекунад?; ақидаи ҷомеаро ба таври кофӣ инъикос мекунанд?. Дар ин бобат шубҳа вуҷуд дорад, ки интихоби иттилоот тибқи хусусиятҳои рӯйдоди ҳаяҷоновар ё омилҳои дигар анҷом мегирад. Афзалият додан ба низоъҳо, хисорот ва садамаҳо, яъне рӯйдодҳои манфӣ, махсусан мушкил аст. Инчунин, расонаҳо ба дахолатҳои сиёсӣ ва нуқтаи назари манфӣ айбдор карда мешаванд. Онҳо ба бегонагӣ байни шаҳрвандон ва низоми сиёсӣ мусоидат мекунанд. Инчунин, эътимодро ба салоҳияти субъектҳои сиёсӣ заиф мекунанд.                             
Дар охири асри ХХ ба усулҳои анъанавии дипломатия тағйироти назаррас ворид гадидааст. Ин ба он вобаста аст, ки нақши ташаккули технологияҳои иттилоотӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ оғоз ёфтааст. Имрӯз ВАО сатҳи нави робитаҳои кишварҳои ҷаҳонро ташаккул дода, инфрасохтори ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Ҷаҳони муосир таҳти як қоидаи навишташуда қарор мегирад: воқеа танҳо вақте муҳим аст, ки ВАО дар ин бора ба ҷомеа иттилоъ диҳад.                                                          Гарчанде ки дипломатия як соҳаи нисбатан ҳифзкунанда ҳисобида мешавад, аммо чунин таҳаввули ҷиддӣ наметавонад онро бартараф намояд. Ба ақидаи коршиносон, агар кишваре дар шароити муосир ба низоми ҷаҳонии иттилоот ва хизматрасонии алоқа ҳамчун як бозингари мустақил ворид  шуда натавонад, пас он маҷбур мешавад, ки як қисми истиқлолияти худро ба дигар давлатҳои пешрафта пешкаш кунад. Табдил додани ВАО ба низоме, ки бо рақибон дар хориҷа самаранок рақобат карда метавонад ин на танҳо амнияти иттилооти кишварро фароҳам меорад, балки боз як воситаи муҳимми ҳифзи манфиатҳои сиёсати хориҷиро низ дар бар мегирад. Дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, кишварҳо бояд дастгирии иттилоотиро барои манфиат дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон таъмин намуда, симои обективии иттилоотии кишвари худро тавассути шабакаи сохторҳои ВАО, ки барои ин махсус сохта шудаанд, эҷод кунанд. Низоми муносибатҳои байналмилалӣ кайҳо боз дар ҳаёти ҳар як давлат, ҷамъият ва фард нақши муҳимро бозӣ мекард. Имрӯз аҳамияти ВАО боз ҳам афзуда истодааст, вақте ки ҳамаи кишварҳо ба шабакаи зич ва васеи ҳамкориҳои гуногун, ки ба ҳаҷм ва табиати истеҳсолот, намудҳои молҳои истеҳсолшаванда ва нархи онҳо, ба одамон таъсир мекунанд пайванданд. Матбуоти иттилоотӣ дар муносибатҳои байналмилалии муосир аҳамияти афзалиятнок касб мекунад, ки барои таснифи иттилоот ба дараҷаи омилҳое, ки тағйироти бунёдии иҷтимоии ҷаҳонро дар охири асри ХХ – ибтидои асри ХХI муайян мекунад, асос гузошта мешавад.                                                       
Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки оғози асри XXI ҷаҳони муосирро таззодҳои гуногуне фаро гирифтанд, ки ба ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ таъсири худро гузоштаанд. Таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир ба шумор рафта, рӯз то рӯз аҳамияти бештарро ба худ ҷалб менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намудааст, ки технологияҳои иттилоотию хизматрасонӣ бештар ба як василаи сиёсӣ табдил ёфта истодааст.                                        Таҳдид ва хавфу хатарҳое, ки дар ин самт пайдо гардидаанд, дар сатҳи байнидавлатӣ коркарди қарорҳо ва гурӯҳҳои зудамали муштаракро тақозо менамоянд. Амалҳои сиёсати хориҷии давлатҳо аз табиати фазои  байналмилалӣ,  инчунин, аз рафтори дигар унсурҳои тартибӣ, ки аксаран аксуламали  ҳодисаҳои  рӯйдиҳанда мебошанд, сарчашма мегирад. Аз ин рӯ,  айни замон усули шарҳи ин рӯйдодҳо ва ё ташаккули онҳо аҳамияти зиёд дорад. ВАО метавонад ҳам сабабгори ҳолатҳои низоъӣ ва ҳам барои тасвири объективонаи ҳодиса, маълумоти саривақтӣ ва бо салоҳияти ҷонибҳо оид ба нақшаҳо барои барқарор намудани муносибатҳо байни давлатҳо мусоидат кунад. Дар ниҳояти кор ҳарду ба қабули қарорҳои калидӣ таъсир мерасонад. ВАО аз сохторе, ки танҳо ходими сиёсат буд, ба сохторе, ки қариб ташкилдиҳандаи он аст, табдил ёфтааст. Ҳоло воқеияти замон чунин аст, ки дар ҷанг на ҳамоне, ки ғолибиятро ба даст меорад, бурд кардаст, балки ҳамоне, ки  аз ҷониби ВАО ғолиб эътироф карда шавад, бурд мекунад.
 
Ахмедова Нилуфар Ҳусенбековна,
магистранти соли дуюми
Институти ом
ӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 
 
 
 
 
 
                                    
 

БОЗГАШТ