АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақш ва ҷойгоҳи дипломатияи варзишӣ ва варзишгарони тоҷик

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

 (дар ҳошияи иштироки фаъоли тими футболи Тоҷикиситон дар Ҷоми Осиё-2023)

Дар низоми муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ варзиш ҷойгоҳи хосса дошта, дар таҳкими равобити дӯстона миёни кишварҳо нақши муҳим мебозад. Аз ин ҷост, ки он дар забони дипломатия маънии қосиди сулҳу дӯстиро дорад. Зеро кишварҳо дар роҳи талош ба ҳадафҳои хоси худ ба як навъ ҳамгироиву ҳамбастагӣ ниёз доранд. Бино бар ин, дар кишварҳои ҷаҳон пайваста мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд, ки нақши созандаи худро дар муаррифии кишвар ва ҷомеаи худ мегузоранд.

Варзиш дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тарғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели 2012 №825 «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва танзим менамояд. Дар давоми 20 соли истиқлол варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд ёфт. Соли 1992 Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад. Истиқлолият ба варзишгарони Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки онҳо фаъолона дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок намоянд.

Дипломатияи варзишӣ дар таҳкими сулҳ ва муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Дар тӯли таърих, он ҳамчун воситаи баланд бардоштани дарки ҷаҳонии миллат ва таҳкими робитаҳои беҳтар байни кишварҳо хизмат мекунад. Дар ин зимн, олимпиадаи Юнони Қадим яке аз намунаҳои аввалини дипломатияи варзишӣ буд, ки варзишгарони давлатҳои гуногуни инсонҳову шаҳрҳоро муттаҳид мекард ва ягонагиро таҳким мебахшид.

Дар замони муосир, дипломатияи варзишӣ барои бартараф кардани ихтилофҳо бештар кӯмак намуда, ба муколамаи байни миллатҳо мусоидат менамояд. Ҳамин тариқ, намунаи беҳтарини онро байни Иёлоти Муттаҳида ва Чин дар солҳои 1970 метавон мушоҳида кард. Зеро дар сафари тими тенниси рӯи миз ба Чин ба коҳиши танишҳо мусоидат кард.

Дар моҳи октябри соли 2023 тими крикети Покистонро дар Аҳмадобод истиқболи гарм намуда, пешвоз гирифтанд. Дар ин зимн, моҳи феврали 2024 капитани тими Ҳиндустон, ки дар даври плей-офф дар Ҷоми ҷаҳонии Дэвис дар гурӯҳи 1-ум бо Покистон қувваозмоӣ намуд, аз истиқболи хеле гарм ва меҳмоннавозии ин кишвари ҳамсоя қадрдонӣ ва ташаккурӣ намуда чунин изҳор кард: «Пеш аз омадан ба ин ҷо нигарониҳои муайян вуҷуд доштанд, аммо аз лаҳзаи фуруд омадан мо дар Покистон бо меҳмоннавозӣ ва истиқболи самимӣ рӯбарӯ омадем. Аз лаҳзаи омадан ба мо хеле хуб ғамхорӣ карда шуд”. Ҳамин тариқ, тими духатарони ҳендболи Тоҷикистон дар солҳои 2022 бо тими Ӯзбекистон мусобиқа намуда ҷойи дуюм ва дертар соли 2023 дар мусобиқаи Челенҷ трофи дар шаҳри Файсалобод-и Покистон ҷойи 3-юмро ишғол карда, соҳиби медал гаштанд, ки шаҳодат аз заминаҳои хуби иқтидори дипломатияи варзишӣ ва дӯстӣ миёни кишварҳо медиҳад.

Ин ҳамаи мисолу масалҳои тавоноии варзишро дар рафъи монеаҳо ва оғози муколамаи дипломатӣ ба таври дуруст нишон медиҳад. Илова аз он, дипломатияи варзишӣ як қувваи муҳим дар муносибатҳои байналмилалӣ буда, муколамаро ривоҷ дода, робитаҳоро истеҳком мебахшад.

Ҳамин тариқ, дипломатияи варзишӣ роҳро дар таҳкими муносибатҳо ва ҳамкориҳо ҳамвор карда, дар коҳиш додани муноқишаҳо нақш мебозад.

Дар даврони ҳозир дипломатияи варзишӣ ҳам дар соҳаҳои амалӣ ва ҳам дар соҳаи таълимӣ таваҷҷуҳи бештар пайдо кардааст. Он инчунин иқтидори варзишу варзишгарҳоро дар гузаштан аз марзҳои сиёсӣ ва ба ҳам овардани одамон таҷассум намуда, чун воситаи муҳим дар муносибатҳои байналмилалӣ нақшу симои миллатҳоро ташаккул дода, дӯстиро таҳким медиҳад.

Хулоса, кишварҳо бо барномаҳои хубу созандаи ҷомеаи солим, ба монанди созмон додани ниҳодҳои варзишӣ, тарбияву таълими варзишгарон, одоби варзишгариву мухлисӣ дар эҷоди шаҳрвандони сулҳпарвар нақши муҳим мебозад. Рушди ҳамаи намуди варзиш ва нақши мураббиёни болаёқат дар ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ созанда хоҳад буд.

Зери сарпарастии Кумитаи олимпии Тоҷикистон дар даврони истиқлол якчанд ҷамъиятҳои варзишӣ аз ҷумла Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Федератсияи шиноварии Тоҷикистон, Федератсияи бокси Тоҷикистон, Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон, Федератсияи гуштии Тоҷикистон, Федератсияи гандболи Тоҷикистон Федератсияи бадминтони Тоҷикистон, Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, Федератсияи тирандозии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон (АМНЗВТ) ва Федератсияи тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон барои рушди ҷомеаи солиму созанда фаъолият мекунанд.

Дар ин зимн, Федератсияи футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии варзишиест, ки футболи Тоҷикистонро идора ва назорат мекунад. Ҳамин тариқ, он дар рушди дипломатияи варзишӣ нақши муҳим бозида, тими миллӣ, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон, дастаи мунтахаби миллии олимпӣ ва футзалу футболи занонаи Тоҷикистонро ташкил намуда, сарпарастӣ карда, иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ таъмин менамояд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки соли 1936 ба сифати як шуъбаи футбол дар сохтори кумитаи варзиши ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, соли 1994 ФФТ ҳамчун ташкилоти варзишӣ дубора эҳё гардид ва худи ҳамон сол ба ҳайати Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) пазируфта шуд.

Дар ин зимн, дар даврони истиқтиқлолияти кишвар аввалин маротиба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Доҳа-и Қатар фаъолона иштирок кард. Дар маҷмуъ мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ вохӯрӣ анҷом дод. Тими Тоҷикистон бар Лубнон пирӯз шуда, бо Чин мусовӣ намуд ва аз дастаи Қатар шикаст хӯрд. Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин баромади худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба қатори ҳаштгонаи беҳтарини қитъа ворид шуд. Ин чорабании варзишӣ қобилияти варзишгаронро барои муаррифгарии Тоҷикистон ва пешрафти сулҳу суботу созандагӣ нишон дод.

Дипломатияи варзишӣ ба ғайр аз рамзҳо ба ҳамкории мустақим мусоидат мекунад ва дар байни шахсони алоҳида аз миллатҳои гуногун ҳамгирову ҳамдигарфаҳмиро инкишоф медиҳад. Ин шакли робита дар дипломатия ҷойгоҳи назаррасе дошта, робитаҳоро осон мекунад, ки дипломатияи анъанавӣ аксар вақт барои ноил шудан ба он талошу муборизаҳо менамояд.

Хулоса, дипломатияи варзишӣ ҳамчун як нерӯи тавоно нақши фаъол, аз қабили созмонҳои варзишӣ, варзишу варзишдӯстон муҳим арзёбӣ шуда, имкон медиҳад, ки робитаҳо бо одамони тамоми қишрҳои ҳаёт таҳкиму тавсеа ёбанд.

 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ