АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақш ва ҳуқуқи зан дар ҷомеа

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Зан – Модар яке аз бузургтарин офаридаи Офаридгор ба ҳисоб меравад. Заҳматҳои шабонарӯзии ӯро наметавон бо ганҷе баркашид. Ба қавли бузургон модар бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад ва ба гуфти пайғамбар биҳишт зери қудуми модарон аст. Чуноне, ки шоири шинохта Озар мегӯянд:
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Модар дар баробари тавлиду тарбияи фарзанд боз бисёр вазифаҳоро ба дӯш доранд. Занҳо дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ кору фаъолият намуда, дар қатори мардон ба оила мададгор мешаванд.
Инчунин бояд қайд намуд, ки зан дар ҷомеа баробари мардон баробарҳуқуқ аст, ки ин ҳуқуқҳо ба занҳо имконият медиҳад, ки минбаъд дар қатори мардҳо таҳсил намуда, соҳибмаълумот гарданд, аз ӯҳдаи вазифаҳои баландмартаба низ барояд.
Имрӯзҳо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- сарвари дурандешу ғамхори миллати тоҷик дар самти баргузории барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа барои занони тоҷик дастгирии беандоза шуда истодааст. 
Чуноне, ки дар доираи амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидан ба мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатӣ оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул шудааст.
«Яке аз санадҳои тақдирсоз оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 пешниход шудааст, «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад. Инчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001 дар бораи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» ва аз 01 ноябри соли 2006 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз 29 майи соли 2010, Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» ва ғайра ба тавсиб расида қабул гардиданд, то нақши зан-модарро дар ҷомеа баланд бардоранд.» [1,1]
Мақсад аз қонунҳои қабулшуда ин таҳияи барномаҳо ва нишон додани масъалаи маърифатнокии занон дар ҷомеа дар ҷои аввал меистад ва ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад.
Тибқи таъкиди Пешвои миллат имрӯз дар ду соҳаи муҳими ҷомеа – маориф ва тандурустӣ шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтаастли.
Боиси ёдоварист, ки  солҳои соҳибистиқлоли дар баробарҳуқуқии занону мардон дар соҳаҳои муносибати гендерӣ пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. «Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аз чониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар занону духтаронро дастгири менамоянд, ки дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд.
«Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд. Инчунин бойд қайд намуд, ки дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад. Барои боз хам баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб карда шаванд. » [2,2]
Занон кафили рушди ҷомеа дар роҳи ба даст овардани истиқлолият дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Бевосита, ин ҳама бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ, мавқеъ ва нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа торафт баланд гаштааст.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои тараққиёфта ба шумор меравад.
 
 
Истифода аз манбаи интернетӣ:  
  1. http://www.gst.tj/tj/navidho/item/u-u-va-mav-ei-zan-az-nigo-i-onun-dar-um-urii-to-ikiston.html санаи муроҷиат 03.2021
  2. https://mfa.tj/tg/main/view/5441/pajomi-prezidenti-jumhurii-tojikiston-peshvoi-millat-muhtaram-emomali-rahmon-ba-majlisi-oli- санаи муроҷиат  03.2021
 
 
 
ходими хурди илми
шуъбаи Аврупо ва Амрико
 
Юсуфӣ Ф.Ш.
 

БОЗГАШТ