АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақши давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар танзими захираҳои зеҳнии ҷомеаи муосири тоҷик устувор аст

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Нақши давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар танзими захираҳои зеҳнии ҷомеаи муосири тоҷик устувор аст

Метавон иброз намуд, ки сарчашмаи зеҳнӣ манбаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сутуни ташаккулу рушди иҷтимоию сиёсӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Дар ҷаҳони имрӯз захираи зеҳнӣ асос ва манбаи бозсозии сохтори иқтисодӣ ва навсозӣ гардидааст. Аз ин рӯ тадбирҳои андешидаи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба равандҳои ташаккул ва истифодаи захираҳои зеҳнӣ омили пешрафти ҷомеа мебошад. Чунин изҳор доштааст ходими пешбари илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сафаргул Давлиёрова  дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат, ки 30 май доир гардид.

— Аз мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат бармеояд, ки ҷомеа ба рушди илми муосир бештар ниёз дорад, то амалҳои мураккаб ва баъзан пурасрорро шарҳ диҳад. Илми муосир ҷаҳонбинии инсонро ташаккул дода, бо пешрафти техникаву технологияи замонавӣ алоқамандӣ дорад. Илм ба таҳияи пешгӯиҳои рушди ҷомеа, таҳияи барномаҳо ва ҳалли мушкилоте, ки дар назди инсоният истодаанд, мусоидат мекунад. Илм дар тараққиёти мамлакат нақши ҳалкунанда дошта, барои навоварӣ, шукуфоии иқтисодӣ ва рушди устувори давлат муҳим аст. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарафманду соҳибтамаддуни тоҷик  неъмати бебаҳо аст. Маҳз истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад.

Захираи зеҳнии мамлакат олимони соҳаҳои мухталифи илм ба шумор мераванд. Бинобар ин илм мебояд бо истеҳсолот дар раванди замона созгор бошад. Олимони тоҷик бояд дар таълиму тарбияи насли наврасу олимони ҷавон донишу малакаи ғании худро дареғ надоранд. Барои рушди ҳамаҷонибаи давлату ҳукумат, саҳми арзанда гузоштан дар рушди илми муосири тоҷик бояд ҷонфидо бошанд. Чунки захираи зеҳнӣ такони рушди сохторҳои миллӣ, дохилимиллӣ ва ҷаҳониро дар бар мегирад. Захираи зеҳнӣ таснифи сарвати миллӣ мебошад. Олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳм гузоранд.

Баръало мушоҳида мешавад, ки  нақши давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар танзими захираҳои зеҳнии ҷомеаи муосири тоҷик устувор аст. Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудааст.

Ҳамзамон ҷавонони тоҷику тоҷикистонӣ дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат аз онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол бо меҳнату заҳмати ҳалол дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Боварӣ дорем, ки ҷавонони сарбаланду лоиқи давру замонамон ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ягон қувваи бадандеш бо нияти нопоки худ оромию осудагии мардуми сарзамини азизамонро халалдор созанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони ба даст овардани соҳибистиқлолӣ то имрӯз дар тамоми вохӯрию паёмҳояшон ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам дар хориҷ нақши боризи ҷавононро дар ташаккулу рушди ҷомеаи муосири тоҷик мусбат арзёбӣ менамоянд.

Ҷавонон дар ҷомеа нақши муҳим доранд. Онҳо насли нави ҷомеаи тоҷик буда, дар рушди иқтисод ва илми тоҷик саҳм мегузоранд ва афкори ҷамъиятиро ташаккул медиҳанд. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.

Бояд гуфт, ки ҷавонони асри 21 дар саросари ҷаҳон ба неруи пешбарандаи расидан ба сулҳу субот ва шукуфоӣ табдил ёфтаанд. Дарвоқеъ ҷавонони тоҷик худшиносу худогоҳ буда, дарки волои тарғибу ташвиқи арзишҳои миллиро аз манфиатҳои худ  авлотар медонанд. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки чунин вохӯриҳои судманд бо аҳли зиё, ҷавонон ва шаҳрвандон дар таҳкиму густариши маърифату фарҳанг, илмдӯстию донишмандӣ, соҳибҳунарии аҳли ҷомеа ва ватандӯстию худшиносии миллӣ заминаи муфид мегузоранд.

Бознашр:

https://khovar.tj/2024/06/na-shi-davlat-va-ukumati-to-ikiston-dar-tanzimi-zahira-oi-ze-nii-omeai-muosiri-to-ik-ustuvor-ast/

БОЗГАШТ