АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақши илм дар пешбурди сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

Нақши илм дар пешбурди сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(дар ҳошияи Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

 “Олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд”.

Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 30-юми майи соли ҷорӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар мулоқот намуданд. Ҳадаф аз баргузор намудани вохӯрӣ ин рушди илму маориф барои пешбурди сиёсати давлатӣ ва ноил шудан ба муваффақиятҳои илмӣ буд. Дар воқеъ, солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илм махсусан ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст, зеро донишмандону олимон захираҳои бузурги зеҳнӣ ба шумор рафта, дар пешрафти ҷомеа ва рушди давлатдорӣ нақши калидӣ мебозанд. Инчунин, метавон гуфт, ки яке аз заминаҳои тараққиёти давлату миллат  маҳз олимону донишмандон мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки ҷавонон нерӯи бузурги кишвар ба шумор меравад, аз ин рӯ бояд тамоми муассисаҳои миллӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд, то ин ки ҷавонон донишҳои заруриро аз худ намоянд. Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи илм ва баланд бардоштани сатҳи сифати таҳқиқотҳои илмӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси кормандони илмӣ аз ҳисоби олимони ҷавони муассисаҳои илмӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати кишвар гардида, бо мақсади беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм тамоми имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд”. Мавриди зикр аст, ки мақсади асосии стратегияи миллии рушд то соли 2030 рушди иқтисод ва саноати кишвар мебошад, ки ба ноил гардидани манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.

Инчунин қайд гардид, ки ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию кострукторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ камбудиҳои махсуси ин самтҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба олимону донишмандон супориш дода шуд, ки барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта тамоми талошҳои худро равона созанд ва сатҳу сифати корҳои илмӣ- таҳқиқотиро ба талаботҳои ҷавобгӯ  ба меъёрҳои байналмилалӣ омода намоянд. Ҳифзи илми тоҷик ва густариши он дар арсаи байналмилалӣ ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошад, ки ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.

Бояд қайд намуд, ки норасоиҳо дар бисёре аз самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кадрҳои соҳавӣ ба назар мерасад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ чунин таъкид намуданд, ки “Дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест”. Ҳамзамон қайд гардид, ки илми тоҷик ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне ҷомеашиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорад.

Масъалаи дигаре, ки дар ин вохурӣ баррасӣ гардид, ин ҷалби ҷавонон дар соҳаи илм, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ аз ҳисоби ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи олимону донишмандони соҳибтаҷриба мебошад, зеро солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илм ва таҳқиқотҳои илмӣ коста гардида истодааст. Бо назардошти чунин вазъият ва мушкилотҳои ҷойдошта ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат яке аз вазифаҳои асосӣ ва зарурӣ ба шумор меравад.

Таваҷҷуҳ намудан ба фанҳои дақиқ, махсусан табиатшиносӣ ва риёзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки илми муосири тоҷик ба шумор меравад. Бо мақсади бештар таваҷҷуҳ намудани ҷавонон ба ин фанҳо Ҳукумати кишвар солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуда, дар ин замина чор санади махсус қабул намуданд. Дар ин замина аз ҷониби вазорату идораҳои масъул як қатор тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки ба болоравии тафаккури техникии ҷавонон, ҷалби ҷомеа ба омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки корҳо доир ба татбиқи самарабахши санадҳои зикргардида бояд ба таври ҷиддӣ вусъат бахшида шавад. Ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи омӯзиш ва густариши фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм азнавсозии муҳити таълимӣ, илмиву таҳқиқотӣ дар соҳаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ ва риёзӣ давом дорад.  Бинобар ин, иҷрои стратегияи мазкур ба талабот ҷавобгӯ набуда, як қатор тадбирҳои муҳим, аз ҷумла коркарди заминаҳои меъёрии хуқуқӣ, ҷиҳати таъсис ва рушди зерсохтори инноватсионӣ дар соҳаи илм ва маориф ташкили сохторҳои идоракунии соҳа ва омода кардани насли нави кадрҳо бо тахассуси олӣ аз фанҳои табиӣ ва риёзӣ қонеъкунанда нест.

Дар ин росто, ба Вазорати маориф ва илм ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Онҳоро зарураст, ки сабабҳои иҷро нагардидани корҳои банақшагирифташударо муайян намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва татбиқи босифату саривақтии Қарорҳои Ҳукумати кишвар дар ин самт чораҳои мушаххас андешанд. Барои боз ҳам ҳавасманд гардонидани ҷавонону наврасон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ, Ҳукумати кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”-ро таъсис дод, то ин ки ҳамасола наврасону ҷавонони зиёде дар он иштирок карда ғолиби озмун гарданд. Инчунин, метавон гуфт, ки тавассути озмуни мазкур аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ метавон ҷавонону наврасони лаёқатманд ва боистеъдодо дарёфт намуда, таваҷҷуҳи онҳоро ба илми муосири тоҷик равона сохт.  Инчунин, зикр гардид, ки мактаби устоду шогир дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вусъат гардад, то ин ки ҷавонон тавонанд дар ҳама гуна соҳаҳо рисолаҳои номзадиву доктории худро ҳимоя намоянд.  

Ҳамин тариқ, дар мулоқоти мазкур як қатор масъалаҳои мубрам ва мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи илму маорифи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин, як қатор дастуру супоришҳои мушаххас ба Вазорати маориф ва илм ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супорида шуд. Мақсади аосии ин гуна супоришҳо  баланд бардоштани сатҳу сифати илми тоҷик ва ба арсаи байналмилалӣ мутобиқ намудани низоми маориф ва илми кишвар мебошад. Ҳадафи дигари ин мулоқот баланд бардоштани донишу малакаҳои зеҳнии ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба илми муосири тоҷик дар ҳама гуна соҳаҳо мебошад. Самтҳои афзалиятноки пешниҳодгардидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин омода сохтани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон мебошад.

Файзуллаева Нигора,

ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ