АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақши хонадони Бармакӣ дар рушди давлатдории Хилофати Араб

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Солҳои аввали ба сари ҳокимият омадани сулолаи Аббосиён вазъи давлат беҳтар нашуд, балки назар ба давраи Умавиҳо боз бадтар гардид. Вазъи иқтисодии давлат бисёр хароб буд. Даромади замини иҷора бештар ба шакли молӣ буд. Аз заминҳои лалмӣ нисфи ҳосил ва аз заминҳои обёришаванда аз чаҳоряк то сеяки он ба фоидаи давлат ситонида мешуд. Баъзан аз рост наомадани тақвими қамарии мусулмонон бо тақвими шамсии зироат истифода намуда, дар як сол ҳукуматдорон ду мартаба хироҷ мегирифтанд. [2, с. 368]
  Дар натиҷаи қувват гирифтани ҷараёни инкишофи муносибати феодалӣ замин, ки исман моликияти халифа ҳисоб ёфта, вале амалан ҳиссаи умдаи он дар дасти ашрофи заминдори маҳаллӣ буд, ба қитъаҳои хурд ҷудо карда, ба тариқи иҷора ба барзгарони бечора дода шуд. Ба ин васила аҳди озоди ҷамоат соҳибихтиёрии худро аз даст дода, дар қатори ғуломони озодшуда ва ё ғуломони ба заминҳо ҷо додашуда ба ашхоси вобаста мубаддал гардиданд.
  Ҳамаи инҳо боиси афзудани эътирози халқ мегардид. Яке аз бузургтарин шӯрише, ки ба амал омад дар он замон - шӯриши Сумбоди Муғ буд. Сумбод аз пайравони наздики Абӯмуслим (сарлашкари форснажоди араб, ки Аббосиёнро ба сари қудрат овард ва дар натиҷа аз тарафи онҳо ба қатл расонида шуд) ҳисоб мешуд. Вай дар соли 755 бо шиори «барои хуни Абӯмуслим бояд қасос гирем» сар бардошта, ба атрофи худ аз ҳар табақаи аҳолӣ тарафдорони бисёре ҷамъ карда тавонист. Инчунин, гурӯҳҳои зардуштиён ва хуррамиҳо (пайравони таълимоти Зардушт ва Маздак) ба ӯ ҳамроҳ шуданд. «Одамони сурхалам» яъне ононе, ки дар таҳти байрақи сурх гирд омада буданд, низ номи хуррамиҳоро доштанд. Шӯриш ноҳияҳои бузург, аз ҷумла, Хуросон ва Табаристонро фаро гирифт. Аббосиён ин шӯришро бо машаққати зиёде пахш намуданд. Дар натиҷа Сумбод шикаст хӯрда, дар Рай қатл гардид ва зану фарзандони ӯ ба ғуломӣ фурӯхта шуданд. Пас аз мағлубияти Сумбод пайравони ӯ ба таври пинҳонӣ фаъолияти худро давом медоданд. Онҳо ваъз мекарданд, ки Абӯмуслим боз хоҳад омад, то «дар ҷаҳон одилона ҳукмронӣ кунад».[3, с. 135]
  Ҳанӯз қушунҳои араб шӯриши Сумбодро тамоман фуру нанишонда, дар гирду атрофи Ҳирот шӯриши дигар ба вуҷуд омад, ки ба ин шӯриш ҳазорҳо кас ҳамроҳ шуда буданд. Ин шӯришро Муқаннаъ роҳбарӣ мекард. Муқаннаъ аслан аз Марв буда, мувофиқи баъзе сарчашмаҳо яке сарлашкарони Абӯмуслим буд, ки мехост қасоси ӯро аз халифа ситонад. Ӯ дар муддати кӯтоҳ тарафдорони зиёдеро ҷамъ намуда, солҳои 775-785 дар Мовароуннаҳр ҷунбиши бузургеро ба вуҷуд овард. Дар натиҷа соли 780 қалъае, ки дар он Муқаннаъ иқомат мекард аз ҷониби арабҳо забт шуд ва худи ӯ таслим нашуда, худкушӣ кард. Ҳатто баъди марги Муқаннаъ дар зарфи чандин сол шӯришҳои ҷудогонаи пайравонаш дар маҳалҳои мухталифи Осиёи Марказӣ идома меёфтанд.[9, с. 44]
  Аббосиён, ки дар мавҷи рӯҳияи зидди Умавиён ва зиддиараб ба тахт нишастанд, ба ҳаёти сиёсӣ ва мадании давлат шарикони худро - намояндагони аҳолии ғайриараби Хилофат ( пеш аз ҳама эрониён) ҷалб намуданд. Ин ба тамоми соҳаҳои хаёти давлати Аббосиҳо таъсири чиддӣ расонид.
  Форсҳо дар низоми бюрократияи (расмияти) давлати Аббосиён нақши муҳим бозиданд. Онҳо дар дарбор вазифаи «аҳли калам»-ро ишғол намуда, дар мансабҳои котибон, хазинадор ва ҳатто вазирон фаъолият мекарданд. Дар ин низом мавқеъро ишғол намуда, усулҳои идоракунӣ ва урфу одатҳои дарбориро, ки дар замони Сосониён ташаккул ёфтаанд, ба он ҷо меоранд. Бисёре аз уламо дуруст иддао мекунанд, ки худи низоми дарбори Аббосиёнро ходимони эрониашон офаридаанд.
  Яке аз ин ходимон, хонадони машҳури тоҷик –Бармакиёни Балх буд, ки дар ташаккули давлатдорӣ ва пешрафти илму фарҳанги давлати Аббосиён мусоидат намуданд. Ин хонавода ҳанӯз дар замони давлатдории Сосониён машҳур гашта буданд. Саркардаи ин хонадон Бармак аз илми фалсафа ва нуҷум бохабар буда, дар дарбори Ардашери Бобакон хизмат намудааст. Ҳамзамон онҳо дар маъбади буддоии Балх - Навбаҳор вазифаи саркоҳиниро иҷро мекарданд.[5, с.127]
  Бармакиҳо баъди аз байн рафтани давлати Сосониён ва хароб намудани Балх аз ҷониби арабҳо ба хизмати онҳо мегузаранд. Дар мавриди ислом овардани Бармак ихтилофҳо зиёд аст, аммо насли ӯ ба ислом рӯ оварда, дар густариши дини Ислом нақши назаррас доранд.
  Ин хонадон дар замони давлатдории халифа Мансур нуфӯз пайдо намуданд. Вақте арабҳо ба қароре омаданд, ки Балхро дубора барқарор мекунанд, ба писари Бармак Холид муроҷиат намуданд. Дар ҷараёни бозсозии Марв Холид ба хулосае омад, ки минбаъд бо арабҳо ҳамкорӣ кунад ва бо ҳамин мақсад ба Марв меравад. Дар Марв Холид бо донишманди барҷаста Навбахт Аҳвозии ал- Форисӣ вомехӯрад ва ӯ боис мешавад, ки Холид бо Халифа Мансур ҳамкорӣ намояд.[7, с. 144] Ҳамчунин муҳаққиқи эронӣ Зарринкӯб дар китоби худ қайд мекунад, ки Холид дар Марв бо Навбахт ҳамроҳ нақшаи бинои шаҳри Бағдодро тарҳрезӣ мекунанд.[14, с. 442]
  Ба сифати мушовири халифа Мансур бори нахуст аз Холид, дар қиссаҳои таъсиси Бағдод (146 ҳ./763-64 м.) ва даст кашидани вориси тахт Исо ибни Мусо (147 ҳ./764-65 м.) ёдрас шудааст. Ба ҷуз аз чанд бино дар Бағдод, (дар замони волӣ буданаш) ҳамчунин бунёди шаҳри Мансураи Табаристонро ба ӯ нисбат медиҳанд. Халифа Мансур хизматҳояшро ба инобат гирифта ӯро волии Мавсил ва писараш Яҳёро волии Озарбойҷон таъин кард. Сокинони Мавсил ба ҳеҷ волӣ мисли Холид эҳтироме надоштанд ва ӯ маҷбур набуд, ки онҳоро бо муҷозоти сангин тарсонад. Халқ ӯро дӯст медошт ва ҳар коре, ки ӯ мекард ба манфиати мардум буд. Аз ҷумла, вақте ки коргузории мулки Форсро бар дӯш гирифт, хироҷи мардумро як дараҷа кам намуда, аҳволи мардумро беҳтар намуд. [4, с. 671]
  Писари Холид- Яҳё, ки ҳанӯз дар замони халифа Маҳдӣ соҳибнуфӯз буд, дар давраи ҳукумати Ҳорунаррашид вазифаи мушовири асосиро гирифт. Баъди марги халифа Маҳдӣ писари ҳабдаҳсолаи ӯ Ҳорунаррашид ба тахт мешинад, ки ҳанӯз ҷавон буду аз ӯҳдаи идораи давлат намебаромад. Ӯ ба Яҳё, ки устодаш буд, корҳои идоракуниро бовар кард. Пешвоёни Ҳорун низ аз маволӣ ёварон меоварданд, аммо касе дар аҳди Аббосиён дар давлати Яҳё қудрат надошт. Яҳё муҳри шахсии халифаро нигоҳ дошта, шикояткунандагонро қабул мекард ва дар ҳамаи таъиноти мансабдорони баландпоя, то амирони вилоят, овози ҳалкунанда дошт.
  Дар давоми ҳабдаҳ соли аввали ҳукмронии Ҳорунаррашид Бармакиён тамоми корҳои давлати паҳновари аббосиро таҳти назорат гирифтанд ва тамоми шукуфоӣ ва пешрафти хилофат ба онҳо нисбат дода мешуд. Ҳорунаррашид нисбати Яҳё эҳтироми зиёд дошт ва тибқи гуфтаи муаррихи араб - Ибни Халдун (1332-1406) ӯро “Падар” хитоб мекард.[1, с. 116]
  Яҳё, бешак, дорои истеъдоди барҷастаи давлатдорӣ буд, аммо маҳз бо пуштибонии модари халифа Ҳорунаррашид -Ҳайзурон, ки ӯро дар ҳама корҳо ёвари арзишманд медонист, мавқеи тавоно дошт. Писарони Яҳё низ мансабҳои баланд доштанд. Онҳо дар баробари мураббии писарони Ҳорун (Фазл –Амин, Ҷаъфар – Маъмун) буданашон борҳо ҳокими вилоятҳо таъйин шудаанд.
  Фазл писари Яҳё дар ноҳияҳои наздисарҳадии Эрони Ғарбӣ ҳукмронӣ карда, дар як вақт дар Хуросон (792—796) роҳбарӣ мекард ва дар он ҷо ба барқарор намудани тартибот ва ташкили сохтмони обёрӣ муяссар гардид, ки ин ба шукуфоии вилоят мусоидат намуд. Ӯ баъдан волии Ироқ, Эрони Марказӣ, Табаристон, Озарбойҷон ва Арманистон (796—802) буд. Дар замони ӯ дар Мовароуннаҳр иқтидори давлати мусулмонон мустаҳкам гардид. Ба баланд шудани мартабаи ӯ далели бародари ширии худи Ҳорунаррашид буданаш мусоидат кард. Тибқи иттилои муаррихон шуҳрати Фазл ба мартаба буд, ки чиҳил ҳазор тифли навзодро аз Хуросон ба номи “Фазл ” номгузорӣ намуданд.[15]
  Ҷаъфар, писари дигари Яҳё, ки баъдан ба ривояти мардумӣ маъқул шуда, бо хатти зебояш, фасоҳат ва дониши ситорашиносиаш ӯро ситоиш мекарданд. Ӯ бо халифа Ҳорун дӯстӣ дошт, ки ин ба падараш писанд набуд. Ба ҷуз як сафари кӯтоҳе дар солҳои 180 ҳ./796-97 м. ба Сурия дар муддати чор сол барои барқарор намудани оромӣ дар байни қабилаҳои араб, ки бо ҳам меҷангиданд, зоҳиран ҳеҷ гоҳ аз Халифа ҷудо намешуд ва ҳатто дар ин муддати кӯтоҳ аз ҷудоӣ, хабар медиҳад, ки ӯ ғамгинӣ ва орзуи мулоқоти навро бо ибораҳои муболиға баён кардааст.[3, с. 676]  
  Ҳорунаррашид ба ҷомеаи Ҷаъфар, заковат, савод ва рафтори ӯ баҳо дода, зуд-зуд ӯро ба сарой даъват мекард ва ҳамсуҳбат ва ҳамсафари худ мекард. Сарпарасти шоҳонааш ӯро борҳо ноиби музофотҳои калон таъйин кард, аммо дар ин вилоятҳо ҳамеша ёварони ӯ ҳукмронӣ мекарданд. Аз сарчашмаҳо маълум нест, ки ӯ боре ба ҳайси вазир корҳоро роҳбарӣ карда, ягон сохтмон ё дигар корҳоро анҷом дода бошад, танҳо зикри номи ӯ дар тангаҳои халифа аз нуфӯзи ӯ гувоҳӣ медиҳад.
  Сиёсатмадорони хирадманд ва ботаҷриба, Бармакиён тамоми кори аз дасташон меомадаро карданд, то дар ҷомеаи мусулмонӣ як иттиҳоди муайяне ба даст оранд, то аз пошхӯрии эҳтимолии давлат пешгирӣ кунанд. Мавзӯи нигаронии хоси онҳо вазъи минтақаҳои шарқии хилофат, инчунин мушкилоти равобити сулолаи ҳукмрон бо алавиҳо буд, ки ҳатто дар он мавридҳое, ки ошкоро мухолифат нишон медоданд, кӯшиш менамуданд, ки ба онҳо ҳадди аксар муросо нишон диҳанд.[15]  
  Бармакиён ба минтақаҳои эронии империя таваҷҷуҳи хоса медоданд. Эҳтимол аз эҳёи ҳисси миллӣ дар Хуросон ва дигар манотиқи шарқӣ аз рӯи асли хеш ҳамдардӣ дошта, дар бораи беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони ин вилоятҳо нигарон буданд. Баъзан ин норозигии Ҳорунро ба вучуд меовард, ки вай ба ҷараёнҳои шӯриши миллӣ дар музофотҳои эроннишини хилофат бо шубҳа менигарист.[8, с.49]
  Саҳми барҷастаи Бармакиён ба тамаддуни ҷаҳонӣ дар тарҷумаи осори Юнони қадим буд. Халифа Мансур барои чандин тарҷумаҳо маблағ пардохт карда буд, аммо манфиатҳои ӯ аксаран дар доираи ситорашиносӣ буд. Агар Бармакиён бо ин кор машғул намешуданд, Ҳорунаррашид метавонист кори оғозкардаашро идома диҳад. Дар тӯли чанд аср, ин оила ҳамчун миёнарави фарҳангӣ байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ амал мекард. Дар баробари дигар марказҳои Суғд ва Хуросон, ҷамъияти диндорон дар Навбаҳор марказе доштанд, ки матнҳои буддоиро аз Ҳиндустон тарҷума ва таҳрир намуда, баъдан ба Шарқ - Чин интиқол дода мешуданд.[11, с. 33]  Акнун Бармакиён ин анъанаро идома медоданд, аммо аллакай ҳамчун мусулмон, пайвандгари таълимоти Шарқ ва Бағдод буданд. Маҳз Яҳё ибни Бармак тарҷумаи осори ҳиндӣ оид ба тибро роҳбарӣ мекард ва баъдан дар Бағдод ҳамчун ҳомии илмҳои тиб баромад кардааст.
  Таҷрибаи Бармакиён ниҳоят онҳоро ба космополитҳои (космополит - шахсе, ки нисбат ба ҳама миллат ё қавмият назари мусовӣ дорад) устувор табдил дод. Онҳо ҳамчун буддоиёни Осиёи Марказӣ шубҳа надоштанд, ки дастовардҳои фарҳангҳои дигар, ба хусус фарҳанги Ҳинд метавонад аз фарҳангҳои худ хеле бартарӣ дошта бошад ва мардуми маҳаллӣ аз назари васеътар ба ҷаҳон баҳра хоҳанд бурд. Албатта, онҳо оид ба тарҷумаҳои аз санскрит, бобулӣ ва юнонӣ, ки дар Марв анчом дода мешуданд ва чӣ тавр ҳаёти хамзамонони худро ганӣ мегардонанд, огоҳ буданд. [10, с.142] Онҳо ҳангоми дар Бағдод буданашон фаҳмиданд, ки форсҳои сосонӣ дар давоми асрҳои зиёд барои комёбиҳои халқҳои дигар низ ҳамин гуна усулро истифода намудаанд. Онҳо фаҳмиданд, ки дар асри III Сосониён барои тарҷума ва омӯзиши матнҳои қадимӣ, асосан аз юнонӣ ва сурёнӣ дар Гундишопур марказ таъсис доданд.
  Азбаски вазифаи ин тарҷумонҳо тарҷумаи матнҳои классикии юнонӣ ва суриёии бостонӣ ба паҳлавӣ, забони дарбори форсӣ буд, онҳо намунаи космополитизме буданд, ки Бармакиён ба он пайравӣ мекарданд. Инчунин, таваҷҷуҳ дар Гундишопур ба тиб ҷалб шуда буд, ки махсусан бармакиён ба он диққат медоданд. Ба таври таъҷилӣ аввалин тарҷумонҳои беруна ба Бағдод омада, дар назди ин оилаи бонуфӯз кор мекарданд.
  Бармакиҳо инчунин барои тарҷума аз санскрит пардохт мекарданд. Қариб ҳамаи тарҷумаҳо аз забони санскритӣ дар замони равшанфикрӣ бо ташаббуси ҳамин хонаводаи собиқи буддоиёни Балх, бахусус, Яҳё сурат гирифтаанд. Дар рӯйхати асарҳои тарҷумашуда якчанд маълумотномаҳои оид ба ситорашиносӣ, матнҳои тиббие, ки дар беморхонаи Бармакиён истифода мешуданд, дохил карда шудаанд. Тавассути Осиёи Марказӣ осори умдаи тафаккури Ҳинд ҳамзамон бо классикони юнонӣ вориди ҷаҳони ислом шуданд.[12, с. 83]
  Чунин суоле ба миён меояд ки оё ин тарҷумаҳое, ки аз ҷониби бармакиҳо пардохт мешуданд, ҳадафи динӣ доштанд? Гарчанде дар аксари сарчашмаҳо оид ба мақсади интишори дин ва анъанаҳои аҷдодӣ доштани бармакиҳо ҳарф мезананд, аммо ба гуфтаи муҳаққиқи амрикоӣ, Ф. Старр, Бармакиён ва дарбори Бағдод барои тарҷума асосан китобҳои тиб ва фалсафаро интихоб мекарданд. [6, с. 150] Аз ин рӯ, мақсади динӣ доштани ин тарҷумаҳо хатост.
  Ҳамин тариқ соли 790 модари халифа - Ҳайзурон, ки бармакиёнро сарпарастӣ мекард, вафот кард ва Ҳорун дар идораи кишвар озодии бештар пайдо кард. Азбаски, тарбияи ворисони тахт ба писарони Яҳё, Фазл ва Ҷаъфар вогузор шуда буд, зоҳиран Ҳорун метарсид, ки пас аз маргаш онҳо сиёсати давлатиро пеш баранд ва дар фикри аз байн бурдани ин хонадон шуд.
  Ин буд, ки бо амри Ҳорунаррашид 29 – уми январи соли 803 Ҷаъфари Бармакӣ қатл гардида, ҷасадашро пора-пора када, дар пули дарёи Даҷла овезон карданд. Яҳё ва писаронаш Фазл, ва Мӯсо дар шаҳри Рақиқа зиндонӣ карда шуданд, ки дар он ҷо вафот карданд. Набераҳои вазир дар озодӣ монданд. Ба Муҳаммад ибни Холид (бародари Яхё) ва аҳли оилааш ҳеҷ зараре нарасониданд. [4, с. 673] Шубҳае нест, ки Ҳорун ин амалиётро муддати тӯлонӣ омода кардааст ва ин танҳо ба назари одамоне, ки дар дарбор маълумоти кам доштанд, ғайричашмдошт менамуд. Куштори вахшиёнаи Бармакиён, ки замони муосирро хеле ба ваҷд овард, натиҷаи муноқишаи чандинсола буд.
  Аз набераҳои вазир, зоҳиран, танҳо Имрон ибни Мӯсо пеш рафт. Дар солҳои 196ҳ./811-12м. ҳамчун ҳимоятгари шаҳри бостонии Сосониён - Мадоин бар зидди лашкари Маъмун, дар соли 216/831 - ёвари волии вилояти Синд зикр шудааст.[3, с. 1105]
  Ҳамчунин яке аз вазирони охирини давлати Сомониён бо номи Абулқосим Аббос ибни Муҳаммади Бармакӣ зикр шудааст. Аммо маълумот дар мавриди аз хонадони бармакӣ буданаш дақиқ нест. [5, с. 278]
  Сабабҳои суқути хонадони Бармакӣ аз ҷониби муаррихон бо далелҳои гуногун баён шудааст. Муаррихи дигари араб - Бағдодӣ (1002-1071) сабаби аз байн рафтани ин хонадони бонуфӯзро чунин шарҳ медиҳад: “Онҳо маҷусоне буданд дар либоси ислом, ки мехостанд оини ширкомези худро ба ислом ворид кунанд ва ба думболи бозгардонии дини худ буданд” [13, с. 285]. Аммо ба ин ақида мо пурра розӣ шуда наметавонем, чунки Бармакиён барои интишори ислом хизматҳои бузург намудаанд. Фазл дар Бухоро масҷиди намози ҷумъа бино кард, ки он дар Мовароуннаҳру Хуросон калонтарин ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин бо фармони ӯ аввалин бор дар моҳи Рамазон дар масҷидҳо чароғҳо фурӯзон мекарданд.[6, с. 48]
  Муаррихи дигар, Ибни Ҳалдун дар муқаддимаи худ чунин менависад: “Ҳорунаррашид Яҳё ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абитолиб (ъ), ки бар зидди ӯ хуруҷ карда буд, ба Ҷаъфар месупорад ва муқаррар мекунад, ки дар хонааш зиндонӣ бошад, Ҷаъфар муддате ӯро маҳбус кард, он гоҳ ҷасорат ӯро бар он дошт, ки роҳи вайро бозгузорад ва бандро аз вай бигушояд, бад-ин гумон аз рехтани хуни узве аз хонадони паёмбар (с) даст боз дорад. Чун ин қазияро аз роҳи суханчинӣ ба Рашид бозгуфтанд, Рашид аз Ҷаъфар дар бораи Яҳё пурсид. Ҷаъфар ба фиросат дарёфт ва гуфт: “Ӯро озод кардам”. Халифа ба зоҳир амали ӯро ба хубӣ нишон дод, вале дар ботин кинаи ӯро ба дил гирифт”. [1, с. 117-118] Ин далел мантиқан ба ҳақиқат наздик аст, чун аз байни ин хонадон танҳо Ҷаъфар бераҳмона ба қатл расонида шудааст, вале наметавон гуфт, ки ин ягона сабаб ҳаст.
  Нуфӯзи бармакиҳо ҷунон боло рафта буд, ки душманони онҳо рӯз аз рӯз зиёд мешуданд. Назди халифа ҳаргуна номаҳо меомад, ки дар онҳо бар муқобили бармакиҳо дасисаҳо навишта шуда буд. Халифа Ҳорунаррашид ба монанди бобояш Мансур марди содда буд ва ба ин ҳама бовар кард. Ғайр аз ин, шоирони он давра чунон Бармакиҳоро дар шеърҳояшон мадҳ мекарданд, ки ҳатто халифаро накарда буданд. Онҳо ҳатто сарбозҳои худро доштанд. Албатта, ин ҳама далели нигаронии ӯ шуд ва фикр кард, ки баъди маргаш онҳо хилофатро ба дасти худ мегиранд.
  Хулоса, вақте Бармакиҳо ба сари қудрат омаданд, вазъи сиёсӣ ва иқтисодии давлати Аббосиҳо дар ҳолати буҳрон буд. Ин хонадон бо маҳорати давлатдории худ, тавонистанд, ки ин давлатро ба авҷи рушд расонанд. Онҳо на танҳо дар усули давлатдорӣ, балки дар рушди илму фарҳанги давлати Аббосиҳо нақши бузург доранд. Китобҳое, ки аз ҷониби онҳо тарҷума шуд, ба олимони аз Синзян то соҳили Атлантика таъсири калон расониданд. Ва дар ҳеҷ куҷо ин таъсир шадидтар аз худи Бағдод ва Осиёи Марказӣ набуд. Ин тарҷумаҳо заминае шуданд, ки баъдан мутафаккирони барҷаста ба монанди Ибни Сино, Форобӣ ва ғайра аз онҳо истифода намуданд.

                                                                Рӯйхати адабиёт
Бо забони тоҷикӣ:
  1. Абдурраҳмон Ибни Ҳалдун. Муқаддима. Ҷилди 1. Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Душанбе, 2019 -688 с.
  2. Ғафуров Б. Точикон: Таърихи кадимтарин, кадим, асри миёна ва давраи нав. - Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. - 976 с. 
  3. Муҳаммад Ҷарири Табарӣ. Таърихи-р- русул ва-л- мулук Ҷилди 3. Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Душанбе, 2014.
 
Бо забони русӣ:
  1. Бартольд В. В. // Бармакиды// Работы по истории Ислама и арабского халифата. 785 с.
  2. 5. Бартольд В.В. Сочинения. Том 1. Туркестан в эпоху монгольского нашествия 760 с.
  3. Мухаммад Наршахи. История Бухары. Пер. с перс. Н. Лыкошина, Ташкент,1897. – 128 с
  4. 7. Старр Ф. Утраченное Просвещение: Золотой век Центральной Азии от арабского завоевания до времен Тамерлана / Стивен Фредерик Старр. - Пер. с англ. - М.: Алпина Паблишер, 2017. - 574 с.     
  5. 8. Фильштинский. И. М. История арабов и Халифата (750-1517г) /. И. М. Фильштинский.- М.: АСТ:Восток-Запад, 2006.-349 с.
  6. Якубовский А. Ю. Восстание Муканны — движение людей в «белых одеждах». — Советское востоковедение, 1948. — Т. 5.
Бо забони англисӣ:
  1. 10. D.I. Evarnitsky, u,ht. b. Yazberdiev, “The Ancient Merv and Its Libraries,” Moscow: «Tsentrpoligraf» - 2017 - 403 р.
  2. 11. Dimitri Gutas. Greek Thought, Arabic Culture. Routledge: 1998 - 248 р.
  3. 12. Van Bladel, The Bactrian Background of the Barmakids,BRILL – 2011- 377 р.
Бо забони арабӣ:
  .13الخطيب البغدادي: تاريخ مدينة السلام (تاريخ بغداد) وذيله والمستفاد دار الغرب الإسلامي, ص 363 1422 - 2001 
Бо забони форсӣ:
   .14 زرين کوب. تاریخ ايران بعد از إسلام.  - تهران:  امير کبير ۱۳۶۲.۱۳۴۳. ۶۸۵ ص            
Сомонаҳои электронӣ:
  1. https://allinweb.ru/tarikhi-tojikon
Давлатова Фарида
ходими хурди илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ