Шакли ташкил ва баргузории конференсияҳои байналмилалиро метавон ба дуҷониба ё бисёрҷониба ҷудо кард, ки масъалаҳои махсус ва доимиро баррасӣ мекунанд.
Вобаста ба вазифаи иштирокчиёни конференсияҳои байналмилалӣ метавонанд дараҷаи олӣ (сардорони давлатҳо), сатҳи баланд (сардорони ҳукумат ва вазирони корҳои хориҷӣ) ва миёна (масъулини вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва коршиносон) бошанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устуворе гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро пурқувваттар намуд ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортаре дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.