АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақши Назруллоҳи Назар дар густариши равобити адабии тоҷику араб

Муаллиф: Каримова Шоҳона

Расм

Дар замони мо муколамаи фарҳангҳову тамаддунҳову адабиёти миллӣ бузургтарин роҳи бозкарди уқдаҳои иҷтимоӣ ва тариқи даррасидан ба маърифати мафҳумҳову арзишҳои муштаракест, ки ақвоми башарро иттиҳод мебахшад. Хосса, фарҳангҳое, ки дар гузашта низ собиқаи мадиди ошноиву иртиботу ҳамбастагӣ доштанд ва ҳамеша аз файзу футӯҳи ҳамдигар истиқбол менамуданд, дар рӯзгори кунунӣ низ бо ҳам пайванд ҳастанд. Таъсири мутақобилаи адабиёти тоҷик ва адабиёти араб дар ҳамин шумор аст, зеро адибону шоирони тоҷику араб тӯли қарнҳо даст ба дасту дӯш ба дӯш ҷодаи рушд мепаймуданд ва аз таровишҳои маънавии ҳамдигар шодоб мегаштанд. Ин равобити адабӣ дар айёми истиқлоли кишвари тоҷик низ тоза ба тоза рӯнамо мешавад.

Ба василаи хидматҳои арҷманди чанд тан арабшиносони номвари тоҷик, ки ҳамеша армуғонҳои рӯҳонии шеъру адаби моро барои мардуми араб эҳдо мекунанд ва ҳамзамон офаридаҳои беҳини назму насри арабро барои тоҷикон тақдим менамоянд, ин силсилаи заррини дӯстиву ошноӣ ба таъбири Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ “Силсилату-л-заҳаб» ҳолиё низ поянда аст. Дар миёни ин адибону тарҷумонону ҳофизони муждарасон ба монанди устодон Тоҷиддин Нуриддин Мардонӣ, Саидраҳмон Сулаймонӣ, Абдушукури Абдусаттор, Низомиддин Зоҳидӣ, Умеда Ғаффорова, Нурулло Ғиёсов, Фахриддини Насриддин, Умриддин Юсуфӣ ва дигарон номи фархундаи яке аз мумтозтарин донандагони адабиёти араб, сафиру дабири муҳаббати ин ду миллат - Назруллоҳи Назар тулӯи тобанда дорад.

Чун ба зиндагиномаи ин ховаршинос менигарем, бароямон равшан мегардад, ки ӯ барои пайванди фарҳанги арабу тоҷик бисёр хидматҳои шоиста анҷом додааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки тарҷумони осори бадеӣ бояд он гуна забони аслро ба забони мақсад баргардон намояд, ки хонанда ҳангоми мутолиаи он мавод тарҷума будани онро дарк накунад. Қобили тазаккур аст, ки тарҷумаи шеър низ яке аз мушкилтарин намуди тарҷума маҳсуб меёбад. Ҳангоми тарҷумаи шеър мутарҷим бояд кӯшиш намояд, ки санъатҳои бадеӣ, авзону қавоид, савти он зебову дилнишин барояд ва ғояи шеър ҳифз гардад. Ҳамчунин, фарҳанг, дин, забон, мавқеи ҷуғрофӣ, расму ойин, хусусиятҳои миллии матни асл ба матни мабдаъ низ дар вақти тарҷума намудан бояд ба назар гирифта шавад.

Нависандаи машҳури рус Александр Иванович Куприн чунин зикр кардааст: “Барои тарҷума аз забони хориҷӣ танҳо донистани хуби забон кифоя нест, балки ба умқи маънавии ҳар калима, ба пайванди муъҷази ҳар яки онҳо ворид шудан лозим аст”. Танҳо он мутарҷиме метавонад муваффақ шавад, ки кори ӯ дар доираи талаботи фавқ анҷом ёфта бошад.

Як байти шоирро даҳ мутарҷим метавонад даҳ хел тарҷума намояд, аммо ҳамоне пирӯз хоҳад шуд, ки бидуни ҳазф шеърро баргардон кунад, бо он ки ғояи шеър коста нагардад. Олими англис Беннет дар мавриди тарҷума чунин иброз менамояд: “Тарҷумаи шеър монанди косаи обест, ки ҳангоми аз зарф ба болои миз гузоштан метавонад қисми зиёдаш ба замин резад”. Вале дар мавриди тарҷумаҳои Н. Назар бо боварии комил метавон гуфт, ки “об аз коса нарехтаааст”, яъне, воқеан, устод Назруллоҳи Назар мутарҷими моҳирест, ки ҳини тарҷума тавонистааст ғояи муаллифро ҳифз намояд. Китобҳои тарҷуманамудаи ӯро ба якчанд гурӯҳ метавон ҷудо намуд:

1. Тарҷумаи бадеии ашъори шоирони тоҷик ба забони арабӣ

2. Тарҷумаи бадеии ашъори шоирони араб ба забони тоҷикӣ

3. Тарҷумаи осори бадеии мансур (аз тоҷикӣ ба арабӣ ва аз арабӣ ба тоҷикӣ)

 4. Тарҷумаи осори илмӣ (аз тоҷикӣ ба арабӣ)

5. Тарҷумаи китобҳои динӣ (аз арабӣ ба тоҷикӣ)

6. Тарҷумаи рисолаҳо аз забони русӣ ба арабӣ

7. Луғатҳо (тоҷикӣ ба арабӣ ва арабӣ ба тоҷикӣ).

Шоистаи таъкид аст, ки тарҷумаҳои Н.Назар дар маҷаллаву рӯзномаҳои чандин кишварҳои Араб ба монанди Кувайт, Миср, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Лубнон, Яман, Сурия, Фаластин ва ғайра мунташир гардидаанд. Ҳамчунин, нашриётҳои бонуфузи кишварҳои хориҷа, махсусан мамолики Араб маҷмӯаи шеърҳои шоирони муосири тоҷикро дар тарҷумаи Н. Назар ба табъ расонидаанд. Масалан, китоби “Парокандабаргҳо”,“أوراق متفرقة” соли 2017 бо забони арабӣ дар нашриёти “Шамс”-и Қоҳира дар теъдоди 1000 нусха мунташир шуд, ки дар ҷодаи пайвандҳои адабии тоҷику араб беҳтарин падида маҳсуб меёбад.

“Парокандабаргҳо” (“أوراق متفرقة”) маҷмӯаест, ки қасидаву шеър ва байтҳои арабиро дар бар гирифтааст. Қисмати аввали китоб фарогири шеърҳоест, ки Н.Назар дар солҳои гунонуни зиндагиаш таълиф намудааст. Махсусан, шеърҳои нахустини ӯ, ки дар давраи донишҷӯияш эҷод шудаанд, дар ин маҷмӯа ҷамъоварӣ шудаанд. Бояд гуфт, ки муаллиф китоби мазкурро бо шеъри ба шоири муборизи Фаластинӣ Маҳмуд Дарвеш бахшидааш оғоз намудааст. Шеъри дигари ӯ низ, ки ба унвони дипломати Кувайт Башшор Абдуллоҳ ал-Мувайзарӣ - дӯсти Назруллоҳи Назар нигошта шудааст, хеле самимист. Ҳамчунин шеъри ба амири Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Рашид бин Халифа ал-Мактум навиштаи ӯ низ нишонаи иродати бепоёни Н.Назар нисбат ба шахсиятҳои намоёни Шарқи Араб аст. Далелҳои фавқ баёнгари онанд, ки Н.Назар ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ дӯстдори фарҳангу адабиёти на танҳо форсу тоҷик, балки Шарқи араб низ буд. Аз ин ҷост, ки ӯ аз шоирони араб таъсири бисёр бардоштааст ва ин донишу таҷрибаи ӯ дар тарҷумаҳояш низ таҷассум ёфтаанд.

Қисмати дигари маҷмӯа шеърҳои Назруллоҳи Назар роҷеъ ба Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва зодгоҳаш Дарғро дар бар гирифтааст. Мутарҷим инчунин ашъори 20 нафар шоирони давраи шӯравӣ ва муосири тоҷик устод Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Қутбӣ Киром, Мавҷуда Ҳакимова, Ҳадиса, Меҳриннисо, Зулфия Атоӣ, Камол Насруллоҳ, Раҳмат Назрӣ, Доро Наҷот, Исфандиёр ва Бӯрӣ Каримовро ба забони арабӣ тарҷума намудааст. Илова ба ин, тарҷумаи арабии осори шоирони кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, шеърҳои Расул Ҳамзатов аз Доғистон, Максим Танк аз Беларуссиё, Зулфия аз Ӯзбекистон, Ато Атоҷонов аз Туркманистон ва дигарон, ки аз ҷониби Н. Назар сурат гирифтаанд, дар китоби мазкур дарҷ гардидаанд.

Шеърҳои шоирони бузурги араб аз қабили Муҳаммад Солеҳ Баҳрулулум (Ироқ), Муин Бсису (Фаластин), Ҳасан Иброҳими Наққош (Ироқ) ва дигарон, ки дар васфи Тоҷикистон эъҷод намудаанд, дар қисмати охири китоб ҷойгузин аст.

“Парокандабаргҳо” яке аз намунаҳои беҳтарини тарҷумаи шеърҳои шоирони тоҷик ба забони арабӣ маҳсуб меёбад. Мураттиб ва мутарҷим китоби мазкурро ба рӯҳи устодаш Ҳасан Иброҳими Наққош, ки аз Ироқ буд ва дар факултаи шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фанни забони арабӣ дарс мегуфт, бахшидааст.

Шеърҳои Н. Назар воқеан дилпазиранд. Шояд яке аз сабабҳои муваффақ гардидани тарҷумаҳои ӯ дар он бошад, ки Н. Назар завқи баланди шоирӣ дорад. Яъне, танҳо шахси соҳибзавқ метавонад шеъри як шоири дигарро эҳсос намояд ва бо ороишоти лафзӣ, шеваи ширини баён онро аз забони асл ба забони мақсад тарҷума намояд. Назруллоҳи Назар бо тахаллуси “Низор” ё “Назруллоҳи Низор” шеър менависад. Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки ӯ худ зодаи Тоҷикистон буда, тоҷики асил аст, вале шеърҳои худро комилан бо забони арабӣ эҷод намудааст.

Китоби дигаре, ки ашъори шоирони тоҷикро дар тарҷумаи арабии Н. Назар фаро гирифтааст, “Зи рахшанда кавокиб ёздаҳ” (“أحد عشر كوكباً”) мебошад, ки соли 1992 дар нашриёти “Шарқи Озод”- и шаҳри Душанбе ба зевари табъ ороста гардидааст. Китоби мазкур гузидаи ашъори арабии шоирони тоҷик устод Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Гулрухсор, Гулназар, Аскар Ҳаким, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло ва Н. Назар мебошад. Мураттиб кӯшиш ба харҷ додааст, то шеърҳои шоирони фавқуззикрро бо акс ва шарҳи ҳоли онҳо пешкаши хонандаи араб намояд.

Н. Назар аз эҷодиёти Мирсаид Миршакар низ якчанд шеърҳои кӯдаконаро интихоб намуда, аз забони тоҷикӣ ба забони арабӣ тарҷума намудааст. Китоб зери унвони “Табассуми ғунчаҳо” (“بسمة البراعم”) соли 1998 дар нашриёти “Шарқи озод”- и шаҳри Душанбе ба табъ расидааст.

Афзун ба ин, ӯ мутарҷими маҷмӯаи шеърҳои Гулназар “Диёрам Тоҷикистон” (“طاجيكستان وطناً”) аст, ки соли 1997 бо забони арабӣ дар Душанбе мунташир гардид.

Тарҷумаи арабии маҷмӯаи ашъори шоири тоҷик Доро Наҷот таҳти унвони “Хаёлвораи шеър” низ, ки соли 2019 дар Кувайт нашр гардид, низ аз сӯи Н. Назар сурат гирифтааст. Дар китоби мазкур суханҳои сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт доктор Зубайдулло Зубайдзода роҷеъ ба нашри ин маҷмӯа омадааст: “Рӯзномаи “Қабас” на як бору ду бор, балки чандин маротиба барои чопи намунаҳои ашъори шоирони муосири тоҷик сабқат кардааст. Соли 2006 бо ташаббуси ин нашриёт маҷмӯаи ашъори шоирони бузурги тоҷик Гулрухсор ва Гулназар таҳти унвони “Гули рухсор ва гули назар” «وردة في الخد وأخرى في النظر»  нашр гардид, ки бо туфайли ин китоб хонандаи Кувайт ва дигар мамлакатҳои Араб бо шеъри зебои тоҷикӣ ошно гардид. Шӯрои Миллии Фарҳанг, Санъат ва Адабиёти Кувайт як иқдоми дигаре гирифтааст, ки маҷмӯаи шеъри шоири тоҷик Доро Наҷотро ба табъ расонидааст. Муҳим он аст, ки ин падидаи нек дар доираи омодагӣ ба таъсиси рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Тоҷикистон мувофиқ омадааст...” Яъне, падидаи мазкур дар чаҳорчӯби омодагӣ ба рӯзҳои мубодилаи фарҳангии ду кишвар-Кувайт ва Тоҷикистон ба амал омад. Муҳаррири адабии рӯзномаи  “Ал-Қабас” (“Ахгар”), шоираи кувайтӣ Саъдия Муфарреҳ мебошад, ки аз эҷодиёти ӯ низ чандин шеърҳояш аз ҷониби Н. Назар ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, дар рӯзномаву маҷаллаҳои мухталиф ба табъ расидаанд.

Ҳамчунин, китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Э.Раҳмон Тоҷикон дар оинаи таърих” бо тарҷумаи арабӣ дар чор муҷаллад зери таҳрири Нарзуллоҳи Назар ду маротиба дар Нашриёти “Дору-л-фикри-л-арабӣ”-и Қоҳира ба табъ расид: бори нахуст соли 2009 ва бори дувум соли 2011. Қисми чоруми китоб соли 2013 дар нашриёти фавқуззикри Қоҳира интишор шуд.

Маросими муаррифии рисолаи “Тоҷикон дар оинаи таърих” бори аввал дар шаҳри Шарму-ш-Шейхи Миср дар таърихи 15-уми июли соли 2015 бо иштироки сарвари давлат муҳтарам Э. Раҳмон гузашт. Ҷилди аввали “Тоҷикон дар оинаи таърих” аз ҷониби муҳаққиқи Мисри араб, профессори донишгоҳи Айну-ш-Шамс доктор Макарим Ал-Ғамро ва ҷилди дувуму севум аз сӯи профессори донишгоҳи Қоҳира Абдулваҳҳоб Аллуб ба забони  арабӣ тарҷума шуд. Тарҷумаи арабии ҷилди чоруми китоб ба қалами сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ мутаалиқ аст.

Нашр гардидан ва ба забонҳои мухталиф, махсусан ба забони арабӣ тарҷума шудани ин таҳқиқот барои шинохти таъриху фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон беҳтарин ибтикор маҳсуб меёбад.

Илова бар ин, маҷмӯаи мақолаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Э.Раҳмон таҳти унвони "Назаре ба мероси Имоми Аъзам Абуҳанифаи Нуъмон" соли 2009 дар тарҷумаи арабии адабиётшиноси араб доктор Абдулваҳҳоб Аллуб ва зери назари Нарзуллоҳи Назар, Акрам Карим ва Салоҳиддин Насриддин дар нашриёти “Доруттайиба”-и шаҳри Риёз нашр гардид. Китоб аз 90 саҳифа иборат буда, фарогири чор мақолаи сарвари давлат муҳтарам Э. Раҳмон аст. Чопи китоби "Назаре ба мероси Имоми Аъзам Абуҳанифаи Нуъмон" дар арафаи эълон намудани соли 2009–соли бузургдошти Имоми Аъзам ба табъ расидааст.

Маҳз ба василаи тарҷумаҳои ӯ шеъри муосири тоҷик дар мамолики араб ҷойгоҳи хешро пайдо намуда истодааст.

Ӯ ба ҷуз аз муаррифии осори шоирони муосири тоҷик дар шарқи Араб маҷмӯаи ашъори чандин шоирони арабро бо ҳамроҳии шоирони машҳури тоҷик устод Қутбӣ Киром, Гулназар Келдӣ ва Ато Мирхоҷа ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, ба хонандаи тоҷик пешниҳод намудааст, ки аз китобҳои зайл иборатанд:

  1.  “Хаймаи қудсии сухан”.  Китоби мазкур маҷмӯаи шеърҳои шоираи машҳури кувайтӣ Суод Муҳаммад ас-Сабоҳро дар тарҷумаи тоҷикии Назруллоҳи Назар ва Гулназар Келдӣ дар бар гирифта ду маротиба: соли 1999 дар Душанбе (нашриёти “Сурушан”) ва худи ҳамон сол дар Маскав (нашр. “Трансдорнаука”) ба табъ расидааст.  “Хаймаи қудсии сухан”  ҳам нусхаи арабӣ ва ҳам варианти тоҷикии шеърҳоро дар бар гирифта, матни асл ва тарҷума дар саҳифаҳои рӯ ба рӯ тарҳрезӣ гардидаанд. 

Суод Муҳаммад ас-Сабоҳ яке аз шоирони шуҳратманди ҷаҳони Араб ба шумор меравад, ки соли 1942 дар оилаи амирони Кувайт ба дунё омадааст. Мавсуф доктори улуми иқтисод буда, муаллифи девонҳои ашъори зиёде бо номи “Дурахши бармаҳал”(1962), “Лаҳзаҳои умр”(1964), “Ормон” (1971), “Ба фарзандам” (1982), “Пораҳои зан” (1986), “Сароғози ҳама зан буд” (1988), “Гуфтугӯи гул ва тӯфон”(1989), “Барқияҳои таъҷилӣ ба ватанам” (1991), “Ашъори ошиқона” (1992), “Зани бесоҳил” (1992) ва “Маро ба марзи хуршед бибар!” (1997) мебошад.

  1. “Овози дард” - Китоби мазкур маҷмӯаи шеърҳои ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи шоири камназири Сурияи Араб - Низор Қаббониро (1923- 1998)  фарогир аст. Мутарҷимони ашъори ин маҷмӯа Нарзуллоҳи Назар, Гулназар ва Қутбӣ Киром мебошанд. “Овози дард” соли 2000-ум дар нашриёти “Сурушан”-и шаҳри Душанбе ба табъ расид.

Ба қалами Низор Қаббонӣ маҷмӯаи шеърҳои “Кӯдакии сина”, “Ту моли манӣ”, “Нигориш бо сухан”, “Дӯстат дорам, дӯстат дорам”, “Ашъори шӯрангез”, “Туро месароям”, “Байрут”, “Ишқнома”, “Ашъори сиёсӣ”, “На!”, “Достони зани шӯрида” мутааллиқанд. Асарҳои мунтахаби ӯ зери унвони “Девони комил” дар се муҷаллад чандин маротиба мунташир шудаанд.

Аксари шоирони араб дар мактаби шеъри Низор Қаббонӣ таълими эҷодӣ гирифтаанд ва ӯро дар ин ҷода устоди хеш меҳисобанд. Мунаққидони араб Низор Қаббониро амирушшуаро ва сипаҳсолори ишқ номидаанд, зеро ӯ дорои сабку услуб ва нигориши хосе буд, ки бо содагиву оммафаҳмӣ ва зебоии шеваи шеърҳояш ҷаҳони назми арабро такон дода буд.

Н.Назар низ ба вижагиҳои хутути Н. Қаббонӣ баҳои баланд дода, дар ҳаққи ӯ чунин суханҳоро муносиб донистааст: “Дар назми муосири араб шоиреро наметавон пайдо кард, ки мисли шодравон Низор Қаббонӣ бо маҳорати баланди эҷодкорӣ шеъри пурдарду алам, пурсӯзу гудоз ва саршор аз меҳру муҳаббат нисбати Ватану миллат ва маҳбубааш гуфта бошад” .

  1. “Ҷоми ашк”. Китоб фарогири маҷмӯаи ашъори шоири нотакрори араб Абдулазиз Ал-Мақолеҳ (1937) мебошад, ки Гулназар ва Н.Назар  ба забони тоҷикӣ тарҷума намудани шеъри ӯ камари ҳиммат бастаанд ва маҷмӯаи мазкур соли 1990 дар шаҳри Душанбе (нашриёти “Адиб”) ба чоп расидааст.

Шоир баъди шунидани хабари нашри китобаш бо забони тоҷикӣ бисёр изҳори шодмонӣ намуда, чунин навиштааст: “Дӯстони шоирам дар Ҷумҳурии Советии Тоҷикистон ба мо намунае аз ин сурудаҳоро райъ кардаанд, то ба забони ширини модариашон баргардонанд. Ва ман хушбахтам, ки суханони бо ҷунбишу такони ҳаррӯзаи эҳсосот гуфтаам имрӯз азми сафар ба иқлими навин доранд, роҳ ба шаҳри Душанбе ва қисматҳои дигари кишвари орзуҳо мепӯянд”.

Абдулазиз Ал-Мақолеҳ шаҳри Санъои Яман ба дунё омадааст. Ӯ ходими намоёни давлатӣ буда, сарвари ҷамъияти илмӣ - лингвистии Яман ба ҳисоб меравад. Ба ҷуз шоирӣ ӯ нависандаи забардаст ва мунаққиди хуб, доктори илми филология буда, соҳиби ҷоизаи “Нилуфар” (“Лотос”) шудааст.

Устод Гулназар перомуни Ал-Мақолеҳ чунин гуфтааст: “Дар назари ман Абдулазиз Ал-Мақолеҳ як пораи замини Яман аст, замине, ки вулқонаш ба дунё овардааст. Ҳини сӯҳбати мо дар Санъо - бародаршаҳри Душанбе - ӯ бисёр ором, бурдбор ва батамкин ба мушоҳидаам омад. Аммо оҳиста-оҳиста дарёфтам, ки ботинаш саропо тӯфон аст”.

4. Шеърҳои Холид ал – Файсал. Ал – Файсал шоири забардасти Арабистони Саудӣ буда, соли 1940 дар сулолаи шоҳони Саудӣ ба дунё омадааст. Ӯ писари сеюмин шоҳи Арабистони Саудӣ Файсал ибни Абдулазиз Оли Сауд мебошад. Мавсуф солҳои 2013 -2015 ба ҳайси вазири маорифи ин кишвар кор кардааст. Аз соли 1971 то с. 2007 вазифаи амирии Асираро дар дӯш дошт ва ҳамзамон аъзои коллегияи интихобии Арабистони Саудӣ мебошад. Ӯ солҳои 2007-2013, ҳамчунин аз соли  2015 инҷониб губернатори Макка ба шумор меравад.

Тарҷумаи тоҷикии шеърҳои Холид ал - Файсал баъди таъсиси маркази тарҷума дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва фаъолияти бахши арабӣ ба амал омадааст. Назруллоҳи Назар бо ҳамроҳии Ато Мирхоҷа аз ашъори Холид ал – Файсал сад ғазалро интихоб намуда, тасмим гирифтаанд, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума намоянд. Китоб ҳоло мунташир нашудааст, вале намунаҳои тарҷумаи тоҷикии ин ашъор дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” (№5(2028), соли 2020) нашр гардидаанд.

Дар маҷмӯъ,  метавон ба чунин хулосаҳо расид:

  1.   Ашъори шоирони муосири тоҷик аз сӯи Назруллоҳи Назар ба забони арабӣ хеле амиқ ва ҷолиб тарҷума шуда, дар хориҷи кишвар, хосса, дар шарқи Араб низ ба табъ расидаанд.
  2.   Назруллоҳи Назар бо ҳамроҳии шоирони номвари тоҷик Гулназар Келдӣ, Қутбӣ Киром ва дигарон маҷмӯаи ашъори шуарои муосири арабро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, манзури хонандаи тоҷик гардонидаанд ва бад ин васила дар таърихи муносибатҳои адабии тоҷику араб саҳифаи нави номакшуферо боз намудаанд.
  3. Осори мансури адибони тоҷику араб низ аз ҷониби адабиётшиносони араб ва арабшиносони тоҷик, махсуса аз сӯи устод Н. Назар ба забони арабӣ нашр гардида, дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, хусусан дар мамолики Араб ба табъ расидаанд, ки боиси сарфарозии ин миллатҳост.
  4. Тарҷумаҳои устод Н. Назар хеле ҷолибу муассир буда, озод сурат гирифтаанд. Хидматҳои устод дар раванди тарҷума хеле назаррас буда, Назруллоҳи Назар дар таҳким ва рушди равобити адабии тоҷику араб саҳми арзандае гузошта, дар ин росто ҷойгоҳу мақоми хосеро дорад.

 

Каримова Шоҳона, н.и.ф,

ходими калони илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Авупои АМИТ

 

БОЗГАШТ