НАҚШИ ОЛИМОНИ АВРУПОӢ ДАР ОМӮЗИШ ВА ЭҲЁ НАМУДАНИ ТАЪРИХИ РОҲИ АБРЕШИМ

Муаллиф: Дороншоева Некбахт

Расм

        Роҳи Абрешим яке аз падидаҳои муҳими таърихии ҷаҳон мебошад, ки садсолаҳо на танҳо ҳамчун воситаи тиҷорат, балки ҳамчун роҳи мубодилаи фарҳанг, дин, илм ва санъат хизмат кардааст. Ин роҳ на танҳо Осиёро бо Аврупо пайваст мекард, балки тамаддунҳои гуногунро ба ҳам наздик сохта, ба тавсеаи равандҳои ҷаҳонишавии ибтидоӣ замина гузошт. Маҳз тавассути Роҳи Абрешим аврупоиён аз асри IV то милод оғоз ба шинохти Чин карданд. Таърихнигори юнонӣ қадим Ктесис (Ctesias) дар асари худ Geographica Historica Чинро ҳамчун сарзамини истеҳсоли абрешим бо номи “Seres”, зикр намудааст. Вожаи юнонии «ser» барои абрешим аз забони чинии қадим иқтибос ёфтааст, дар ҳоле ки «Seres» ибтидоан маънои «истеҳсолкунандагони абрешим»-ро дошт ва баъдан ба маънои «сарзамини абрешим» истифода гардид. Бо вуҷуди ин, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи Роҳи Абрешим алалхусус мукамалтар дар асрҳои XIX ва XX маҳз бо  талошҳои олимони аврупоӣ, шакли илмӣ гирифт.

        Саҳми олимони аврупоӣ дар эҳё ва омӯзиши таърихи Роҳи Абрешим аз чанд ҷиҳат муҳим аст: онҳо тадқиқоти мукаммали археологӣ ва этнографӣ анҷом доданд, манбаъҳои хаттиро тарҷума ва таҳлил намуданд, инчунин бо истифодаи усулҳои нави илмӣ роҳи Абрешимро ҳамчун падидаи глобалӣ тавсиф карданд.

        Аввалин таваҷҷуҳ ба Роҳи Абрешим дар Аврупо ба давраи Эҳё рост меояд, вақте ки сафарномаҳои мардуми Шарқ ба забонҳои аврупоӣ тарҷума мешуданд. Асари машҳури Марко Поло (асри XIII) дар Аврупо манбаи асосии иттилоъ дар бораи сарзаминҳои шарқӣ гардид. Ҳарчанд асари ӯ бештар хусусияти сафарнома дошт, он барои омӯзиши Шарқ заминаи асоси гузошт.

        Дар асрҳои минбаъда, бо пешрафти илмҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, тадқиқотҳои муфассал ба роҳ монда шуданд. Аврупоиён Роҳи Абрешимро на танҳо ҳамчун шоҳроҳи тиҷоратӣ, балки ҳамчун падидаи фарҳангӣ ва сиёсӣ баррасӣ намуданд.

        Аввалин бор соли 1838 олим ва ҷуғрофидони маъруфӣ олмонӣ Карл Риттер, ки ӯро “падари мафҳуми Роҳи Абрешим” низ меноманд, дар ҷилди дуюми асараш Geographie Allgemeine аввалин бор мафҳуми «Seidenstrasse» (Роҳи Абрешим)-ро пешниҳод намуд.  Ин истилоҳ ба ҷойи мафҳумҳои қаблан истифодашавандаи «Serica Road» ё «Seres Road» дар адабиёти классикии Ғарб ба кор бурда шуд. Роттер бо ин мафҳум масири тиҷоратиро, ки Чини таърихиро тавассути Осиёи Марказӣ ва Ғарби Осиё бо Аврупо  мепайваст, таъриф кард. Ин ақида ба зудӣ дар  муҳити илмӣ ва ҷамъиятии Олмон маъмул гашт ва ба рӯзномаҳо ва китобҳои дарсӣ ворид шуд.

        Соли 1870 ҷуғрофидони дигари олмонӣ Фердинанд фон Рихтгофен шакли ҷамъи «Seidenstrassen» (Роҳҳои Абрешим)-ро дар ҳисоботи чаҳоруми худ  ба унвони “Оиди вазъият дар Хэнан ва Шэнсӣ”, ки ба императори Олмон ирсол гардида буд, ба таври равшан шарҳ дод. Соли 1877  бар асоси ҳафт ҳисоботи экспедитсионии худ дар Чин, Рихтгофен асарашро бо номи “Чин” ба нашр расонд. Дар ин китоб ӯ масири савдо, ки Чинро бо минтақаҳои Аму Дарё ва Сирдарё дар Осиёи Марказӣ ва  инчунин бо Ҳинд мепайваст, «Роҳи Абрешим» номгузорӣ намуд. Вай тавассути лексияҳои сершумори илмӣ ин мафҳумро дар доираҳои академии Аврупо ба таври васеъ таблиғ кард ва дар натиҷи он ба муҳити илмии  англис ва фаронсавӣ низ ворид гардид.

        Асри XIX давраи тиллоии таҳқиқоти илмӣ оид ба Роҳи Абрешим ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин давра экспедитсияҳои сершумори аврупоӣ ба Осиёи Марказӣ ва Шарқии Чин сафарбар карда шуданд. Аз ҷумла:

  • Свен Хедин (Шветсия) яке аз маъруфтарин тадқиқотгарон буд, ки минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва биёбонҳои Такла-Маканро омӯхт. Ӯ на танҳо харитаҳои муфассали ҷуғрофиро таҳия кард, балки осори шаҳрҳои қадимиро низ ошкор намуд.

  • Аурел Стейн (Маҷористон–Англия) бо тадқиқоти археологӣ ва бозёфтҳои худ дар Дунхуан ва Турфан машҳур шуд. Вай дастнависҳои беназирро кашф кард, ки маълумоти фаровон дар бораи тамаддунҳои қадим ва нақши Роҳи Абрешим пешниҳод мекунанд.

  • Алберт фон Ле Кок (Олмон) дар омӯзиши осори буддоӣ ва санъати қадима саҳми калон гузошт.

        Олимони аврупоӣ тавассути ин тадқиқот на танҳо хазинаи маърифати ҷаҳониро ғанӣ гардониданд, балки омӯзиши Роҳи Абрешимро ҳамчун самти алоҳидаи илм муқаррар карданд.

        Бояд қайд кард, ки яке аз хизматҳои муҳими олимони аврупоӣ тарҷума ва таҳлили манбаъҳои хаттии марбут ба таърихи Роҳи Абрешим мебошад. Дар асрҳои XIX–XX бисёр забоншиносон ва шарқшиносони аврупоӣ дастнависҳои чинӣ, арабӣ, форсӣ ва санскритро ба забонҳои аврупоӣ тарҷума карданд.

        Ин иқдом ба ҷомеаи илмӣ имкон дод, ки аз маводи аслӣ истифода баранд ва таҳлили муқоисавӣ анҷом диҳанд. Масалан, тарҷумаи «Сафарнома»-и Сюанзан аз чинӣ ба забонҳои аврупоӣ имконият дод, ки олимон асарҳои қадимро дақиқтар муайян намоянд.

        Чи хеле, ки қайд карда будем саҳми олимони аврупоӣ на танҳо ба ҷиҳати илмӣ, балки ба эҳёи фарҳангии Роҳи Абрешим низ таъсир гузошт. Бозёфтҳои археологӣ, осори санъат ва дастнависҳои қадим ба осорхонаҳои Лондон, Берлин ва Париж интиқол дода шуданд. Ин амал, ҳарчанд баҳсбарангез аст, вале боис гардид, ки ҷаҳониён аз нав бо мероси ғании Роҳи Абрешим шинос шаванд.

        Ғайр аз он, тадқиқоти аврупоӣ ба ташаккули консепсияи нави «Роҳи Абрешим» ҳамчун падидаи ҷаҳонӣ замина гузошт. Ин консепсия имрӯз ҳам дар сиёсати байналмилалӣ ва дипломатияи фарҳангӣ истифода мешавад.

        Ин раванд нишон медиҳад, ки саҳми олимони аврупоӣ танҳо ба асрҳои гузашта маҳдуд намешавад, балки имрӯз ҳам аҳамияти бузург дорад.

        Дар анҷом бояд гуфт, ки саҳми олимони аврупоӣ дар омӯзиш ва эҳё намудани таърихи Роҳи Абрешим аз чанд ҷиҳат назаррас аст. Онҳо бо экспедитсияҳои илмӣ, бозёфтҳои археологӣ, тарҷумаи манбаъҳои хаттӣ ва таҳлилҳои муосир, омӯзиши ин падидаи таърихиро ба сатҳи ҷаҳонӣ муаррифи мекунанд.

 

ДОРОНШОЕВА Некбахт

ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳоидавлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои  сиёсӣ

БОЗГАШТ