АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

НАҚШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
  Чун ҳамасола Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ нисбати ҷавонон ва қишри ҷавони ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид карданд, ки маҳз ҷавонон ва фаъолияти неки онҳо ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин месозад. “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаи ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад”.
  Дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё, махсусан ҷавонон ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудааст.
  Ҷавонони кишвари мо аз рӯзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои ватандӯстона нишон дода, барои ҳифзу якпорчагии Ватани маҳбуб ҷоннисориҳо карданд ва дар ҳаёти сиёсии кишвар иштироки фаъолона карда, ҳамеша ҷонибдори сулҳу амният ва оромиву осудагии давлату миллати хеш мебошанд.
  Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам пурсамар ба назар мерасад. Ҳар гуна тадбирҳое, ки дар кишвар андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
  Боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат баъд аз 70 рӯзи роҳбарӣ 2 феврали соли 1993 бо намояндагони ҷавонони кишвар вохӯрии судмандро анҷом доданд. Пешвои миллат, аз ҳамон лаҳза шуруъ карда, пайваста ба дастгирии ҷавонон эҳтимол варзида, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон дастгирӣ менамоянд ва шароити мусоиди кору фаъолиятро барои онҳо пайваста таъмин месозанд. Ба ҳамин мақсад Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”.
  Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои калидии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа дар сиёсати худ таваҷҷуҳи асосиро равона месозанд. 23 майи соли 1997 дар мулоқот бо ҷавонон Пешвои миллат қайд намуда буданд, ки “Ҷавонон, ки 70 фисади аҳолии ҷумҳурианд, неруи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз неруи азим чи тавр истифода бурда мешавад. Ин неру метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзандабоз ҳам” [6, с. 139].
  Дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 таъкид гардид, ки «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд» [4, с. 28].
  Дар шароити муосир сиёсати давлатии ҷавонон бо дарназардошти на танҳо вазъият ва равандҳои хоси дохили давлатӣ, балки дар заминаи омилҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад.
  Ҷавонон, ки қисми ҷудонопазири ҷомеа маҳсуб меёбанд, барои тақдири имрӯз ва ояндаи давлати худ масъуланд. Масъулияти насли ҷавон дар асоси аз худ намудан ва такмил додани низоми арзишу меъёрҳо ва истифодаи онҳо дар рафтору фаъолияти хеш, ки ба тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, амалӣ карда мешавад.
  Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи ХХ Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳанӯз гуфта буданд: «Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд, дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд».
  Маҳз сиёсати сулҳпарварона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллатамон буд, ки дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул ва самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расонида шуд, ки бо мурури замон қонуни мазкур дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 қабул гардид.
  Сиёсати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» инъикос гардидааст.
  Дар қонуни мазкур қайд шудаааст, ки «сиёсати давлатии ҷавонон бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқие иборат мебошад, ки онҳоро мақомоти давлатӣ бо мақсади фароҳам овардани шароиту имкониятҳо ва кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳарчӣ бештар амалӣ намудани нерӯи эҷодии онҳо барои манфиатҳои тамоми ҷомеа татбиқ менамоянд» [1, с. 3].
  Аз рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Дар ин муддати кӯтоҳ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла
  Барои дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра, аниқтараш 5 маротиба Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», 3 маротиба «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатиии ҷавонони Тоҷикистон», 2 маротиба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2013-2015 ва 2016-2018, «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардидаанд, ки дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва барои ба ҳадафҳои ниҳоии сиёсати давлатии ҷавонон расидан заминаи мусоидеро фароҳам оварданд.
  Омӯзиш ва таҳлили татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки онро ба якчанд марҳилаҳои таърихӣ ҷудо намоем. Замина ва меъёрҳои ҷудо намудан ба марҳилаҳо ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13 марти соли 1992), имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997), қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (15 июли соли 2004), таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19 июли соли 2015) ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» мебошанд.
  Марҳилаи якуми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон моҳи марти соли 1992 – моҳи июни соли 1997-ро дар бар мегирад. Ин марҳила бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» сарчашма гирифта ва бо имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хотима меёбад. Маҳз дар ҳамин марҳила Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» саҳифаи навро дар рушди ҳаракати ҷавонон оғоз намуд.
  Рушди минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавононро метавон пас аз Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намуд. 17 марти соли 1994 дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон иштирок намуда, ҷавононро аз хатогиҳои гузаштаи таърих дарси ибрат гирифтан, муттаҳид ва якҷоя амал намудан ва ба роҳи Ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ даъват намуда, қайд карданд, ки: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад» [5, с. 207]. Бешубҳа, ин вохӯрӣ дар ҳаёти ҷавонон ва умуман дар ҳаракати ҷавонони кишвар ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ворид гардид.
  Таърихи воқеан фаромӯшнашвандаи ҷумҳурӣ ин мулоқоти Пешвои миллат бо ҷавонон мебошад, ки 23 майи соли 1997 баргузор гардида буд. Ин вохӯрӣ дар арафаи ба даст овардани ризояти комили миллӣ рост меояд. Раванди нобоварӣ ва низоъ ба марҳилаи ҳамкорӣ дар роҳи бунёди давлатӣ демократӣ табдил ёфт.
  Бо мақсади татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро имзо намуданд, ки дар натиҷа 27 майи ҳамон сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи таъсис намудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид. Дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати сиёсати ҷавонон ба фаъолияти худ оғоз намуд. Таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин оғози як марҳилаи нав дар ҳаллу бартараф намудани масъалаҳои ҷойдоштаи сиёсати давлатии ҷавонон буд.
  Марҳилаи дуюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз давраи ба имзо расидаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияити миллӣ то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири навро фаро гирифт.
  Муҳимтарин нишонаи ин марҳила – таъйини ҷавонон ба мансабҳои гуногуни роҳбарикунанда дар мақомотҳои давлатии минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ буд. Тибқи қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» намояндагони қишри ҷавонон сазовори курсии вакилонро сазовор гаштанд.
  Бояд зикр намуд, ки маҳз дар ана ҳамин марҳилаи рушд бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май, ҳамчун «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда шуд.
  Марҳилаи сеюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав (июли соли 2004) оғоз меёбад ва то таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.
  Марҳилаи чоруми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19 июли соли 2015) оғоз меёбад.
  Ҳайати Шӯро аз ҳисоби роҳбарони ниҳодҳои сохтори алоқаманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон иборат буда, онро бевосита Пешвои миллат роҳбарӣ менамоянд.
  27 майи соли 2016 иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як саҳифаи навро дар таърихи ҳаракати ҷавонони кишвар кушод. Дар назди аъзои Шӯро, Пешвои миллат суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳадафи ин сохтор – баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба корҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ намудани усулҳои самараноки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷавонон мебошад.
  Дар рафти ҷаласаи мазкур Пешвои миллат ба масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ҷомеа, дуруст эҳсос намудани набзи ҷомеа, эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таъсири ҳама гуна омилҳо ва ақидаҳои носолим, инчунин тарғиби тарзи дурусту мақсадноки ҳаёти ҷавонон мавриди баррасӣ қарор доданд.
  Марҳилаи панҷуми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2016 баргузор гардида буд, оғоз ёфт ва то ин ҷониб идома дорад.
  Бояд тазаккур намуд, ки дар рафти ироаи Паёми худ Пешвои миллат зикр намуданд, ки: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад».
  Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» ин ифтихор ва сарбаландии тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва ин маънои онро дорад, ки ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори боварии Пешвои миллат гардидаанд.
  Дар баробари ин, ҷавононро зарур аст, ки ҳарчи бештар аз манфиатҳои сиёсии кишвар истифода намоянд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, донишҳои замонавӣ азбар намоянд ва саҳми худро дар рушду устувории кишвари азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоранд.
  Пешвои миллат дар паёми навбатии худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, борҳо таъкид намуданд, ки баҳри ҳимояи ватани хеш аз ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас натарсед, далер бошед, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоед. Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз он ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба баҳри пешравӣ ва таъмини амнияти марзу бум идома медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки аъзоёни ин созмонҳо баробари имзо гузоштан ва аъзо шудан уҳдадорӣ мегиранд, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдид ба амният ва марзу буми аъзои дигар кӯмаки саривақтии худро мерасонанд.
  Пешвои миллат, бо дарки он ки ҷавонон қувваи асосӣ ва ояндаи давлат мебошанд, дар ҳар як суханронӣ ва баромадашон такрор ба такрор зикр мекунанд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Президенти кишвар қайд намуданд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои гуногуни экстремистиву террористӣ ба вуҷуд омадааст, ки гаравидани ҷавонон ба онҳо хатари зиёд дорад. Бинобар ин, "Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" қабул карда шуд. Мо ҷавононро мебояд ватандӯст бошем ва баҳри ҳифзи марзу буми кишвар ҷони худро дареғ надорем.
  Хулоса, сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали бадаст овардани истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз такмил ёфта истодааст ва Ҳукумати кишвар баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастии ҷавонон, тақвият бахшидани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо дар замони ҷаҳонишавӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, паст кардани бегонапарастӣ миёни ҷавонон, ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи диёр, таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи комил ва муқаддас доштани арзишҳои миллӣ, ташаккули идрок, зеҳн, малака ва савияи дониши наврасону ҷавонон баҳри ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқат ва соҳибилму маърифат тамоми нерӯи худро равона намудааст.
  Имрӯз ҷавонони саодатманди миллат, пеш аз ҳама, бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд ва аз ташаббусҳои Пешвои миллат нисбати ҷавонон ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо бағоят миннатдор ҳастанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо ҷавононро мебояд, ки барои омӯзиши илму дониши муосир кӯшиш намуда, саҳми худро дар роҳи беҳбудӣ бахшидани ҳаёти ҷомеа ва рушди устувории кишвари азиз ба маротиб афзоем. Чуноне ки Пешвои миллат таъкид медоранд: “Шумо ҷавонон умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед”.

                                                                                                  АДАБИЁТ
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» // Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – - №9. – С.3
  2. Маҷмуаи мақолаҳои олимони ҷавон дар конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тарбияи ҷавонон дар ҷомеаи муосир: пешравиҳо, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо». Хуҷанд, ДДҲБСТ, 28 феврали соли 2017. 352 с.
  3. Набиев В. Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон / В. Набиев. – Хуҷанд: Меъроҷ, 2013. – 48 с.
  4. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш.Душанбе, 22 декабри соли – Душанбе: Шарқи озод, 2016. – 40 с.
  5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 12.2022 http://www.prezident.tj/node/29823
  6. Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат / Эмомалӣ Раҳмон. – Ҷилди аввал. – Душанбе: “Ирфон”, 2002, - 512 с.
  7. Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат / Эмомалӣ Раҳмон. – Ҷилди – Душанбе: “Ирфон”, 2002, - 512 с.
 
Раҳмонзода А.Ш.
н.и.т., муовини директор
оид ба илм ва таълими
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 

БОЗГАШТ