НАҚШИ ПАРЧАМ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Имрӯз мо дар остонаи як ҷашни пурифтихор — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин сана на танҳо рамзи давлатдории миллӣ, балки таҷассуми худшиносиву ифтихори ҳар як тоҷики соҳибватан аст.

         Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:«Ҷашни Рӯзи Парчам — эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат аст, ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост».

         Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози давраи нави таърихи Тоҷикистон, эҳтиёҷ ба рамзҳои давлатӣ — нишони истиқлол, ваҳдат ва иттиҳоди миллӣ — бештар эҳсос гардид. Дар ҳамин замина, соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва ин рӯйдод оғози марҳилаи нав дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва ташаккули рамзҳои давлатдорӣ гардид.

         Ҳанӯз аз солҳои 1990, дар раванди таҳияи рамзҳои давлатӣ, зиёда аз 250 нафар рассомону муҳаққиқон ширкат варзиданд. Бо роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ ва иштироки рассомони маъруф — Зуҳур Ҳабибуллоев, Лариса Додхудоева, Анатолий Заневский ва дигарон — лоиҳаи ниҳоии парчам таҳия гардид.

Парчами давлатии мо матои росткунҷаи се рахи уфуқидор аст: сурх, сафед ва сабз.

  • Ранги сурх рамзи шуҷоат, ҷасорат ва муборизаҳои таърихии халқи тоҷик мебошад;

  • Ранги сафед рамзи покиву адолат ва нияти софу оромист;

  • Ранги сабз ифодагари зиндагӣ, табиат ва орзӯи рушду пешрафт аст.

         Дар маркази парчам нақши тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дорад. Тоҷ — рамзи давлатдории тоҷикон аст; он аз решаҳои тамаддуни куҳанбунёди мо сарчашма мегирад. Ҳамон гуна ки тоҷикро дар тӯли асрҳо “миллати тоҷдор” номидаанд, ин нишона ифодаи ягонагии давлату миллат мебошад.

        Ҳафт ситора, ки дар болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой гирифтаанд, аз нигоҳи маънавӣ рақами муқаддас ва ифодагари бахту саодатанд. Дар фарҳанги миллӣ, рақами ҳафт рамзи комилият аст — ҳафт иқлим, ҳафт осмон, ҳафт арзиши зиндагӣ. Имрӯз бошад, ҳафт ситора маънои ҳафт минтақаи таърихию фарҳангии кишвари моро доранд: Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.

        Парчами давлатӣ на танҳо рамзи истиқлол, балки таҷассумгари ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва пайванди наслҳост. Он бо рангҳои дурахшони худ моро ба гузашта мепайвандад, ба имрӯз қувват мебахшад ва ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозад.

         Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлӯи парчамҳои дигар давлатҳои ҷаҳон бо ифтихор парафшон аст. Ҳар ҷо, ки парчами Тоҷикистон боло меравад — хоҳ дар майдони варзиш, хоҳ дар чорабинии илмӣ ё фарҳангӣ — садои шарафу ифтихори миллӣ баланд мегардад.

Парчам — ин нишон ва рамзи миллат аст, ин дирафши ваҳдат, ин паймони садоқат ба Ватан аст.
         Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд эҳтиром ба парчамро ҳамчун нишони эҳтиром ба Ватан, ба таърих, ба давлатдории миллии худ дар қалб парварад.

Дар поён, бо эҳсоси ифтихор мехоҳам бигӯям:

Бигузор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баланд бардошта шавад — рамзи сулҳу дӯстӣ, рамзи ваҳдат ва рамзи бақои миллати тоҷдору фарҳангсолори тоҷик бошад!

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!
Парчами ту аз ҳама болотар аст!

Парчами ту Парчами адл асту дод,
К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,
Бегазанду маҳкаму тобовар аст!

Аз миёни халқ гардида баланд,
З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!

Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,
Халқи моро ҷилваи болу пар аст!

 

 

Икромов Раҷабалӣ

ходими илмии Шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ


 

БОЗГАШТ