АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТИ ИЛМИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Муаллиф: Маҷидзода Расул

Расм

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТИ ИЛМИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Дар ҳошияи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар,

Дар пешрафту рушди ҳар давлату миллат фарзандони барӯманду фарзонаашва шахсиятҳои мондагору муҳиме барои ояндаи миллатҳо нақши боризу калидиро мебозанд. Хушбахтона, Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсиятро дорад, ки дар сатҳи байналмилаливу минтақавӣ муаррификунандаи давлату миллати тоҷик мебошанд. Инро метавон дар суханронӣ ва мулоқотҳои Сарвари миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар эҳсос намуд. Воқеан ҳам, дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоии кишвар ҳар як суханронии Пешвои миллат ҳамчун чароғи фурӯзони пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама, мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳезӣ ва таҷассум намудааст. 30 майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот намуда, аҳли зиёи мамлакатро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш баҳри рушди кишвар даъвату ҳидоят намуданд.

Зимни мулоқот Пешвои миллат ба неруи илмии ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, чунин иброз доштанд: « Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем.Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод.

Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд ».

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо барои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат барои рушду нумуи насли наврасу ҷавони кишвар масъулият дарки бештари ватандориро аз ҳар як сокини кишвар тақозо менамояд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ, пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон зоҳир мегардад. Яке аз нуктаҳои Суханронӣ ин самти тарбияи насли наврас ва омода намудани олимону мутаххасисони ҷавон аст. Дар рафти мулоқот бо донишмандони кишвар Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд,ки “рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.”

Бо мақсади таҳкими зарфияти илмии миллат Сарвари давлат солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда буданд, ки ин иқдом ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон заминаи хуби илмиро фароҳам овардааст.

Вобаста ба масоили рушду илм дар кишвар, ки ба тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд, Раҳбари кишвар ишораҳои махсус намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд:“аз ин лиҳоз, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор карда мешаванд, ки номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмиро аз нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.”

Дар Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар тамоми масъалаҳои мубрам рушди илм дар диёри тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Яке аз хусусиятҳои хоси Суханрони навбатии Пешвои муаззами миллат дар он аст, ки аҳли илмро дар кишвар ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва коршиносӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд. Дар ҳамин асос, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳидояти Абармарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамзамон рушди илмҳои бунёдӣ дар амал тадбиқ гардида истодааст. Имрӯз тамоми шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост. Президенти кишвар барҳақ қайд мекунанд,ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Тавре дар паёми навбатӣ таъкид карда будам, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем.

Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”.

Соҳаи илму маориф низоми калидии пешрафту тараққиёти давлату миллат мебошад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳимахсус зоҳир намуда, ба рушди илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода, чораҳо меандешад. Маҳз бад-ин васила сатҳи донишу маърифатнокии аҳолӣ баланд ва мустаҳкам карда мешавад.

Дар чунин шароит ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бояд тамоми саъю талоши худро бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири пешгирӣ кардани пайомадҳои буҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, таъмин намудани пешрафту босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақому манзалати кишвар саҳмгузор бошанд.

Р.Маҷидзода, номзади илмҳои филология, ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бознашр:

https://amit.tj/tj/nakshi-peshvoi-millat-mukhtaram-emomali-rakhmon-dar-takhkimi-zarfiyati-ilmii-millati-tochik

БОЗГАШТ