АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақши радио дар ҷомеаи имрӯза

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Бояд иброз намуд, ки имрӯз нақши радио дар сиёсат, илму фарҳанг, иқтисодиёти мамлакат ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Гарчанде дар замони ҷаҳонишавӣ илму техника, шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол ҳастанд, новобаста аз ин радио ҷой ва мавқеи худро аз даст надодааст. Радиоро метавон дар тамоми ҳолатҳо шунид, аз тамоми масоили мубрами рӯз дар ҷаҳони муосир хабардор гардид. Дар гузашта нақши радио дар сиёсати кишвар беҳамто буда, дар ҳар як хонадон, дар ҳар як утоқи кории кормандони муассисаҳои давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳот радио насб гардида буд.
  Радио ягона навъи ВАО аст, ки дар Тоҷикистон аз ибтидо то имрӯз ҳамеша дар рушду такомул аст. Воқеан, радиои тоҷик махсусан дар солҳои Истиқлолият мазмун ва муҳтавои худро на танҳо такомули бештар бахшид, балки аз нигоҳи соддаву равон ва дастрас буданаш ба ҳар як шунаванда ба муваффақиятҳои зиёд ноил гаштааст. Инро ҳамчун падидаи мусбат ва гуворо метавон арзёбӣ кард. Имрӯз радиои тоҷик, аз қабили Радиои “Тоҷикистон”, “Пойтахт”, “Садои мардум”, “Ватан”, “Ховар”, “Азия Плюс” ва ғайра дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтаанд. Масъалаҳои муҳими рӯзгор ҳамарӯза ва бо лаҳну сабки хуб ба шунавандагон пешкаш карда мешаванд. Радио аз ин нуқтаи назар ба ташвиқгари забони ноби тоҷикӣ ва анъанаву суннатҳои арзишманди ниёгонамон низ мубаддал гаштааст.
  Як назархоҳии Маркази назарсанҷии “Зеркало” нишон дод, ки дар байни шунавандаҳои тоҷик бештар аз ҳама радиои “Садои Душанбе” маҳбубият доштааст. 910 нафари пурсидашуда дар ин назархоҳӣ ҳамчунин шабакаҳои радиоии “Тироз” дар Хуҷанд ва “Имрӯз”-у “Ватан дар пойтахти Тоҷикистонро дар ҷумлаи радиоҳои маҳбуби худ ном бурдаанд. Дар ин назарсанҷӣ мардум аз радиоҳои “Авис-Плюс”, “Азия-ФМ”, “Ховар”, “Тоҷикистон-1” ва “Азия- Плюс” низ тавсиф кардаанд.[1]
  Дар охир қайд карданиям, ки фаъолияти радио бо рушди рӯзафзуни интернет тағйир ёфтааст, Вале ин ба нафъи радио комилан таъсири мусбати худро расонидааст. Дар замони глобалӣ интернет ва радио робитаи зич дошта барқарор намудаанд.
  Ҳоло бошад пахши радио пас аз интернет мавқеи аввалро ишғол мекунад, аммо ин ба маънои рақиб будан нест, балки бо пайдоиши интернет дастрасӣ ба ахбори оҷилӣ осонтар ва роҳҳои нави иртибот бо аудитория дар қатори дигар ВАО-и барои радио ҳам мусоид менамояд.
  Ҳоло тамоми сомонаҳои Радиоҳои «Тоҷикистон» дар интернет фаъол ҳастанд ва ба нафъи ҷомеа кору фаъолият бурда истодаанд.
 
Дороншоева Некбахт,
мудири шуъбаи Осиёи Марказӣ
 
[1]Мизи гирди Озодӣ: Нақши радио дар Тоҷикистон//https://www.ozodi.org/a/24915017.html

БОЗГАШТ