АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақши Тоҷикистон дар ташаккул ва таҳаввули Созмони Ҳамкории Шанхай

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Бахшида ба 20-солагии таъсиси
Созмони ҳамкории Шанхай
Таърихи куҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеоти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон, дастёбӣ ба истиқлолияти давлатист. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12 ғайринавбатии Шӯрои олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистонро эълон намуд.
Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ  дигаргун сохт.
Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон ба чандин ниҳодҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ шомил гардида, дар онҳо фаъолияти пурсамари судмандро ба роҳ андохтааст, ки яке аз онҳо Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.
Созмони Ҳамкории Шанхай бонуфузтарин ниҳоди байналмиллалии минтақавӣ аст, ки Тоҷикистон дар қатори Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон кишвари муассиси он буда, дар фаъолияти ин созмон нақши муассир мебозад.
СҲШ  имрӯз дар таҳкими субот ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ дар татбиқи барномаҳои бузурги иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, таъмини раванди густариши равобити байни халқҳо ва кишварҳо, мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, қочоқи маводи мухаддир нақши созанда мебозад.
СҲШ дар заминаи  иттиҳоди «Панҷгонаи Шанхай» таъсис ёфтааст, ки ба он Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, узвият доштанд ва соли 1996 дар Шанхай Созишнома дар бораи таҳкими боварӣ дар манотиқи сарҳадӣ ва 1997 дар Санкт-Петербург Созишнома дар бораи коҳиши неруҳои ҳарбӣ дар манотиқи сарҳадӣ ба имзо расид. Ин санадҳо ба паймони «Панҷгонаи Шанхай» ибтидо гузоштанд.
Дар таҳаввул ва ташаккули ниҳоди «Панҷгонаи Шанхай» саммити Душанбе нақши муҳим мебозад. Ҷаласаи панҷуми Шӯрои сарони давлатҳои узви гурӯҳи «Панҷгонаи Шанхай» 4-5 июли соли 2000  дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ҷаласа Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сзян Сземин, Президенти Руссия Владимир Путин, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Қирғизистон Аскар Оқоев, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бори нахустин ба сифати нозир Президенти Узбекистон Ислом Каримов  иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сухани ифтитоҳии худ ба сифати мизбон аввалан меҳмонҳои олиқадрро ба сарзамини офтобии тоҷикон хайра мақдам гуфтанд. Бо назардошти афзудани мақом ва эътибори баналмилалии гурӯҳи «Панҷгонаи Шанхай» ва иштироки Узбекистон дар ҷаласаи мазкур Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «Панҷгонаи Шанхай» ба «Форуми Шанхай» табдил дода шавад. Ҳама сарони давлатҳо бо як овоз пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пазируфтанд ва он «Форуми Шанхай» номгузорӣ гардид.
Дар форуми Душанбе аввалин маротиба аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод дар бораи ба сатҳи баланд бардоштани мақоми «Панҷгонаи Шанхай» ва дар ин замина таъсис додани созмони минтақавии байналмиллалӣ оид ба масъалаҳои амният, мудофиа, сиёсати хориҷӣ, иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг баён гардид. Яъне Тоҷикистон чун ташаббускори таъсисёбии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баромад намуд ва дар нишасти баъдина ин идея амалӣ гардид. Соли 2001 дар ҳамоиши кишварҳои узви «Панҷгонаи Шанхай» қарор дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай қабул карда шуд, ки ба он Ҷумҳурии Халқии Чин, Росиия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон шомил гардиданд. Соли 2004 Созмони ҳамкории Шанхай дар назди Созмони Миллали Муттаҳид номнавис гардид. Аз таъсиси ин ниҳоди байналмилалӣ имсол бист сол сипарӣ мегардад.мутобиқ ба оинномаи Созмони ҳамкории Шанхай органи олии он ҷаласаи шурои сарони давлатҳои аъзо мебошад, ки ҳар сол дар пойтахт ва ё яке аз шаҳрҳои кишварҳои аъзо доир мегардад. Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи сарони кишварҳои аъзо солҳои 2008, 2014 ва имсол моҳи сентябри соли 2021 доир мегардад. Дар ҳамоиши соли 2014, ки дар пойтахти кишварамон доир гардид, масъалаи тартиби қабули кишварҳои нав ба ҳайати СҲШ қабул гардид. Дар асоси ин ҳуҷҷат моҳи июни соли 2017 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон масъалаи ба узвияти созмон гирифтани Ҳиндустон ва Покистон барраси гардид, ки бо иттифоқи оро ин ду кишвар ба ин созмони бонуфуз қабул шуданд. Ва имруз ҳашт давлати қудратманди ҷаҳон Россия, Ҳитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон аъзо мебошанд. Чор давлат-Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Белорус, Эрон, Муғулистон ҳамчун кишварҳои нозир ва шаш давлат – Озорбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия, Шриланка мақоми шарикони мусоҳибавии СҲШ-ро доранд.
СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии кураи Заминро ташкил медиҳад.
Ҳадафҳои асосии СҲШ инҳоянд: таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо; мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист ва ғайра; таъмини якҷоя ва таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа; пешравӣ дар ташкили тартиботи демократӣ, одилона ва оқилонаи байналмилалӣ дар соҳаи сиёсӣ ва иқтисодӣ.
Дар давраи раёсати худ Тоҷикистон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад.
Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои бунёдгузорӣ ин Созмони бонуфуз талош кардааст, ки мақсаду маром ва тасмимҳои Созмон мутобиқ ба манфиатҳои миллии кишвар бо инобати эҳтироми мутақобилаи кишварҳои аъзо бошад. Узвияти Тоҷикистон дар ин Созмон ба кишварамон имкон медиҳад, ки имконияти иқтисодӣ, транзитӣ ва энергетикии хешро самараноктар ба кишварҳои минтақа муаррифӣ намояд ва аз ҳамкории судманд бо кишварҳои аъзои СҲШ баҳраманд гардад.
Умед аст, ки раёсати имсолаи Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай нуфуз ва эътибори ҷумҳурии моро дар сатҳи байналмилалӣ беш аз пеш боло хоҳад бурд.
 
Мирзоев Н.М.

БОЗГАШТ