Дар замони муосир, забони давлатӣ ва ҳувияти миллӣ ин ду ҷузъи асосии ташаккули ҷомеаи башарӣ дар муносибатҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Инқилоби иттилоотӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ дар чанд даҳсолаи охир, ки марзҳои забон ва ҳувиятро убур кардааст, бештар ба ин ду ҷанбаи калидии миллӣ, забон ва ҳувият таъсир расондааст.
Адабиётшинос Муҳаммадҷон Шакурӣ дар сарсухани китоби худ «Забони мо-ҳастии мост» қайд намудааст, ки «инсон бояд аз худ бехабар намонад. Ҷамъият бояд ҳамеша аз ҳоли худ огоҳ бошад. Худшиносӣ яке аз шартҳои асосии зиндагии одамвор аст: агар ба монанди одам зиндагӣ кардан хоҳем, бояд лаҳзае аз худҷуиву худрасӣ намонем, бояд ҳамеша худогоҳиро такмил диҳем».
Дар ин асри ҷаҳонишавӣ ҳувият нақши вижае дар таъмини амнияти на танҳо сиёсӣ, балки фарҳанг, забон, расму оин ва дигар унсурҳои миллӣ мегузорад. Мутаасифона, инқилоби иттилоотӣ ва технологияи муосир бо як суръати баланд рушд карда, давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ пешрафта кӯшиш мекунанд, ки мардумони давлатҳои хурд ва ақибмондаро мағзшуӣ карда, дар зери салтанати худ қарор диҳанд. Бо дарки ин масъалаи хеле муҳим барои миллат ва давлати мо, ҳануз бо касби истиқлолият, Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои муҳим ва саривақтиро ба роҳ монданд.