АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нақши зан дар Ҷумҳурии Корея

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

Таърих шаҳодат аз он медиҳад, ки занон ҳамеша дар ҳар давру замон дар ҷомеа нақши муҳим мебозиданд. Дар замони муосир, фаъолияти занон дар ҳама гуна соҳаҳо ба назар мерасад. Дар ин маврид шоири озодихоҳ,сулҳсарой Мирзо Турсунзода чунин қайд кардааст:

        Ҳеч коре нест безан хуб шуд.

        Ифтихоре нест бе зан хуб шуб

        Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд.

        Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
 

Ҷумҳурии Корея як кишвари пешрафта ва демократӣ буда, дар минтақа нақши муҳим мебозад. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ин кишвар пеш аз ҳама занонро дар ҳама гуна соҳаҳо ҷалб намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Корея 7 июли  соли 1948 қабул гардид ва дар он оиди поймол накардани  ҳуқуқи занҳо ба кору фаъолият ва таҳсил дар тамоми муасисаҳо дарҷ гардидааст. Дар банди 1 моддаи 9-и Конститутсияи Кореяи Ҷанубӣ чунин омадааст: Ҳамаи шаҳрвандони Корея новобаста аз ҷинсу мазҳаб дар назди қонун баробаранд ва набояд дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ва ё мақоми иҷтимоӣ ҳуқуқвайронкуни вуҷуд дошта бошад.[1] Дар замони тозаистиқлолӣ  чун анъана дар сиёсати давлатӣ мардон бештар фаъолият менамуданд ва фаъолияти занҳо бошад, хеле кам ба назар мерасид. Ин гуна вазъият дар он давра ба таври оддӣ ба назар мерасид, чунки шумораи ками занҳо дар сиёсат вазифаҳои роҳбариро ишғол мекарданд. Ҳамин тариқ, дар кишвар усули хос, яъне баробарии гендериро ҷорӣ намуданд. Нақши гендерии занҳо дар кишвар бештар тавассути агентҳои иҷтимоӣ ба монанди оила, мактаб,  корхонаҳо дида мешуд. Дар таърихи сиёсии Кореяи Ҷанубӣ занҳое, ки дар парлумон интихоб мегардиданд шумораи ками намояндагиро ташкил медоданд. Аз соли 1948 то 2004 фаъолияти занон дар Маҷлиси миллии Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоби миёна 2,9%-ро ташкил медод. Ба истиснои солҳои 1973, 2000 ва 2004 занҳо дар Маҷлиси Миллӣ на камтар аз 5 дарсади ҷойҳои кориро ишғол намуданд. Дар давраи фаъолияти  Президен Ким Ён Сам соли 1993 се нафар зан, соли 1998 Президент Ким Де Ҷун ду нафар зан ва соли 2003 бошад, Президент Ро Му Хюн чаҳор нафар занро ба вазифаи вазир таъйин карда буданд.[2]

Дар соли 1997 ба вазифаи иҷрокунандаи Президент интихоб шудани Ким Де Ҷун дар баланд бардоштани ҳуқуқи занони Кореяи Ҷанубӣ марҳилаи нав оғоз шуд.  Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ, сиёсати Президент Ким Дэ Ҷун  барои занон ин буд, ки занон ҳуқуқи муайян намудани президентро доранд ва соли 1997 дар интихоботи президентӣ иштирок намуданд.  Дар маъракаи пеш аз интихоботӣ ӯ ба таври ошкоро таъкид намуд, ки президенти “нисбат ба занон меҳрубон” хоҳад шуд ва ваъда дод, ки 30 дарсади мансабҳои вазиронро аз ҳисоби занон таъмин мекунад. Дар паёми ифтитоҳии худ Президент Ким Дэ Ҷун чунин қайд карда буд: Ҳукумати халқӣ барои ҳимояи ҳуқуқи занон саъю кӯшиши беназир хоҳанд кард. Девори ҳуқуқ вайронкунии гендерӣ дар хонаҳо, дар ҷойи кор ва дар тамоми ҷомеа бояд бартараф карда шавад.[3] Президент Ким Де Ҷун дар давраи фаъолияти худ дар қавлаш содиқ монда, сиёсати аниқи баробарҳуқуқиро муайян намуд. Сиёсати баробарҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Корея аз кор, некӯаҳволӣ, беҳбудӣ, оила ва ҳуқуқи инсон иборат мебошад. Дар чорчӯбаи сиёсати гендерии Ким Де Ҷун чунин қисматҳо тақсимбандӣ гардидааст:

  1. 30 дарсади номзадии ин ҳизбро дар ҳамаи интихоботҳо занҳо ташкил хоҳад дод;
  2. 30 дарсади вазифаҳои кумитаву вазоратҳои идоракунии давлатиро занҳо ташкил медиҳанд;
  3. намояндагии занон дар ташкилотҳои ҳизбӣ то 30 фоиз афзоиш меёбад;
  4. то ҳадди имкон 4 нафар зан дар вазифаҳои вазирон таъйин карда шавад ва ин дар вазифаҳои муҳимми сиёсӣ  20 30%ро ташкил медиҳад;
  5. донишҷӯён на бояд дар имтиҳонҳои дохилшавии коллеҷҳои таъиноти махсус (ба монанди Коллеҷи роҳи оҳани хурд, Коллеҷи баҳисобгирӣ ва Коллеҷи хоҷагии деҳқонии хурд) ҳуқуқҳои онҳо поймол карда шавад;
  6. зиёд намудани шумораи занон дар даъват ба армия, ҳарбӣ-баҳрӣ ва академияи ҳарбӣ-ҳавоӣ. [4]

Махсусан дар асри XXI фаъолияти сиёсии  занон дар тамоми муассисаҳо мушоҳида мегардад. То ин рӯз дар ин кишвар ба вазифаи Президент зан интихоб нагардида буд. Декани Донишгоҳи Занҳои Ихва, ки чунин қайд намудааст: Ҷумҳурии Корея зери фишори афкори анъанавӣ ба монанди конфутсистӣ қарор дошд, ки воқеан эҳтироми занҳоро дар баробари мардон мушкил сохт. Арзиш ва нақши занон дар ҷомеа хеле паст гардид. Ҳатто агар ба тамоми ҷаҳон нигаред фаъолияти  занҳо дар вазифаи президент, роҳбарон ва ноиби президент хеле зиёданд, вале мо дар Корея чунин занҳоро надорем. Поймолнамоии ҳуқуқи занон мушкилиҳои зиёдро ба бор меорад.[5] Аз замони ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Корея аз соли 1948 то соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи Президенро танҳо мардҳо иҷро мекарданд ва фаъолияти занҳо дар ин вазифа дида намешуд. Дар таърихи давлатдории Ҷумҳурии Корея аввалин шуда, 25 феврали соли 2013 зани кореягӣ ба вазифаи Президент хонум Пак Кын Хе интихоб шуд ва ин навгонии бузург дар нақши занон дар сиёсати Ҷумҳурии Корея  гардид.

  Дар соли 2012 яке аз ширкатҳои бузурги Корея Samsung се нафар занро ба вазифаи роҳбарикунанда таъйин намуд, ки барои ин ширкат ба таври ғайриоддӣ буд. Ширкати Samsung инчунин таъкид кард, ки то ҳадди имкон 10%- и вазифаи роҳбариро аз ҳисоби занон таъйин хоҳад намуд. Дар соли 2013 хонум Кван Сон Ҷу аввалин зан-директори бонки Кореяи Ҷанубӣ ба ҳайси директори генералии Бонки саноатии Корея гардид. Тамоюли болоравии иштироки занон дар сиёсат дар сатҳи ташкили ҳукуматҳои марказӣ ва музофотӣ мушоҳида мегардад. Дар соли 2015 болоравии мунтазами шумораи занон дар кумитаҳои гуногуни ҳукуматӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки ин 34,1% ро  ташкил медод. Муваффақиятҳои бузурги занони кареягӣ дар соҳаи суд хеле таъсирбахш буд: аз соли 2000 то 2014 шумораи занони судя аз 7,4 то 27,3%, прокурорҳо аз 2,4 то 26,8% ва адвакатҳо бошад, аз 2,8 то 19, 9%-ро ташкил медод.[6]

Метавон гуфт, ки дар асри XXI сиёсати баробарҳуқуқӣ миёни зану мард нисбат ба асри гузашта бештар ба назар мерасад. Айни замон дар Ҷумҳурии Корея ҳатто дар оила низ ҳуқуқу озодиҳои зан муайян гардида, ҳифз карда мешаванд. Дар Ҷумҳурии Корея дар баробари мардҳо ҳар як зан дар ҷомеа дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият менамоянд. Як нуқтаи асосиро бояд зикр намуд, ки сиёсати гендерӣ (баробарҳуқуқӣ) ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфӣ додад. Албатта, Ҷумҳурии Корея ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҷиҳати мусбӣ бештар истифода гардад, вале мутассифона ҷиҳати манфӣ низ дар навбати худ дар ҷомеа таъсиргузор мебошад. Ҷиҳати  манфии сиёсати гендерӣ дар он аст, ки занон пайваста ҳуқуқу озодиҳои худро ҳифз намуда, ба оила ва фарзанддор шудан кам таваҷҷуҳ менамоянд. Камшавии аҳолӣ яъне камшудани насли ҷавон ба ин кишвар хатари ҷиддӣ эҷод менамояд ва боиси нигарониҳои зиёд гаштааст.

Хулоса, метавон гуфт, ки фаъолияти занон дар Ҷуиҳурии Корея дар  соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, ҳуқуқ, илм, фарҳанг, тиб ва ғайраҳо дида мешавад. Ҳукумати кишвар пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ширкатҳои бузург ва корхонаҳову муассисаҳои давлатӣ ба қадри имкон занҳоро таъйин намоянд. Зеро аз давраи  ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ин кишвар сиёсати баробарҳуқуқии зану мардро пеша намуда, то айни замон ин сиёсат идома дорад. Албатта, нишондодҳои дар боло зикргардида он қадар зиёд нестанд, вале дар оянда эҳтимоли болоравии фаъолияти занон дар сиёсати кишвар дар назар аст.
 

Адабиёт:

  1. Se-Jin Kim et al., Government and Politics of Korea.(Silverspring, Maryland: The Research Institute on Korean Affairs, 1972) p. 297

 

  1. ЫнЧжун Чой и Ребекка Мбух. «Аспекты статуса женщин в Корее и Камеруне». Азиатские женщины (том 20, лето 2005 года), 75.

 

  1. Ким Дэ Чжун. 21улВек и корейский народ: избранные речи Ким Дэ Чжуна, 1998-2004(Сеул, Корея: Hakgojae Publishing Company, 2004) стр.29

 

  1. Расширение прав и возможностей женщин в Южной Корее | JIA SIPA (columbia.edu)

Journal of  International Affairs

 

  1. Личное интервью с деканом Ын Ме Кимом из Высшей школы международных исследований Женского университета Эхва 17 января 2006 года, 15:45 в здании Высшей школы международных исследований, Женский университет Эхва, Сеул, Южная Корея.

 

  1. Эволюция социального положения женщин в Корее: от традиционного общества к современному – Корё Сарам (koryo-saram.ru)

             Иқтибосот

 

[1] Se-Jin Kim et al., Government and Politics of Korea. (Silverspring, Maryland: The Research Institute on Korean Affairs, 1972) p. 297

 

[2]  Ын Чжун Чой и Ребекка Мбух. «Аспекты статуса женщин в Корее и Камеруне». Азиатские женщины (том 20, лето 2005 года), 75.

 

[3] Ким Дэ Чжун. 21ул Век и корейский народ: избранные речи Ким Дэ Чжуна, 1998-2004 (Сеул, Корея: Hakgojae Publishing Company, 2004) стр.29

 

[4] Расширение прав и возможностей женщин в Южной Корее | JIA SIPA (columbia.edu)

Journal of  International Affairs

 

[5] Личное интервью с деканом Ын Ме Кимом из Высшей школы международных исследований Женского университета Эхва 17 января 2006 года, 15:45 в здании Высшей школы международных исследований, Женский университет Эхва, Сеул, Южная Корея.

 

[6] Эволюция социального положения женщин в Корее: от традиционного общества к современному – Корё Сарам (koryo-saram.ru)

 

Файзуллаева Нигора, ходими    хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

БОЗГАШТ