НАБАРД БАРОИ “ҚАЛБИ АВРУОСИЁ” ВА ОҚИБАТҲОИ ОН БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Муаллиф: Судуров С.А.

Расм

        Ҳазорсолаҳост, ки сарзамини байни баҳри Хазар ва кӯҳҳои Помир – Осиёи Марказӣ – ҳамчун чорроҳаи тиҷорату фарҳанг барои башарият хизмат кардааст. Ин минтақа, ки ҷуғрофиёшиносон онро “Қалби Авруосиё” (Heartland) меноманд, акнун ба таври қатъӣ ба маркази таваҷҷӯҳи геополитикии асри XXI баргаштааст. Агар дар нимаи дуюми асри XIX “Бозии Бузург” байни Империяҳои Британия ва Русия ин сарзаминро ба объекти тақсимот табдил дода бошад, пас имрӯз, дар давраи Муқовимати Нави Авруосиёӣ, ин минтақа аз объекти пассив ба як субъекти дорои аҳамияти стратегӣ табдил ёфтааст, ки ба истиқлолияти тасмимгирии  худ талош меварзад.

        Далели возеҳи ин таҳаввулот Ҳамоиши дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар формати "С5+1"(ОМ+ИМА) бо Президенти ИМА мебошад, ки 6 ноябри соли 2025 дар пойтахти он, Вашингтон, баргузор гардид. Ин мулоқот на танҳо як муколамаи дипломатӣ, балки баёнияи возеҳи он аст, ки Вашингтон, пас аз солҳои тӯлонии таваҷҷӯҳи кам, Осиёи Марказиро ҳамчун як шарики стратегии дарозмуддат мешиносад. Ҳамоиши   мазкур бо иштироки Президенти ИМА на танҳо як чорабинии протоколӣ, балки авҷи аълои даҳсолаи шиддати геополитикӣ гардид.

        Осиёи Марказӣ ниҳоят ҳамчун гиреҳи калидии Авруосиё эътироф шуд, ки дар он манфиатҳои се маркази қудрати ҷаҳонӣ - ИМА, Русия ва Чин  -  ба таври шадидтарин ба ҳам бархӯрд мекунанд. Президент Трамп нияти Вашингтонро дар бораи таҳкими шарикии стратегӣ бо Осиёи Марказӣ эълон карда, ин вохӯриро “ҳодисаи таърихӣ” номид. Ӯ қайд кард, ки Осиёи Марказӣ - ин "Қалби Авруосиё" аст. Эъломияи Президент Трамп дар бораи нияти ИМА барои таҳкими шарикӣ ва пешниҳоди дастгирии мустақилияти энергетикӣ ва нақлиётӣ, минтақаро дар як чорроҳаи таърихӣ қарор дод. Аз ин пас, муносибатҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи нави муқоисаи манфиатҳо байни се маркази қудрати ҷаҳонӣ - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин - баромаданд.

        Набард барои “Қалби Авруосиё” баҳс дар сари ҳуқуқи минтақа барои интихоби шарик аст. Русия аз тариқи сохторҳои амниятӣ (СААД) ва иқтисодӣ (ИИАО) нуфузи анъанавии худро ҳифз мекунад. Чин бо лоиҳаҳои азими инфрасохторӣ ва қарзҳои бузург  ҷойгоҳи иқтисодии худро мустаҳкам месозад. ИМА акнун мехоҳад бо пешниҳоди алтернативаи шаффофият ва ислоҳот ба ин муодила дахолат кунад.  

        Ҳамоиши Вашингтон барои кишварҳои ОМ имконияти бесобиқаи диверсификатсияи сиёсат ва иқтисод аст. Аммо, муваффақияти минтақа аз иродаи сиёсии дохилӣ вобаста аст. Оё роҳбарони кишварҳои ОМ метавонанд ин фишори геополитикиро ба фишанги соҳибихтиёрии стратегӣ табдил диҳанд ё танҳо макони бархӯрди манфиатҳо боқӣ хоҳанд монд?

        Сиёсати мутавозини кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асл ба муқоисаи се модели ҳамкорӣ бо абарқудратҳо табдил ёфтааст, ки ҳар яке ба минтақа нақшаи рушд ва вобастагии хоси худро пешниҳод мекунад.

1. С5 + ИМА (Формати Вашингтон)

        Ҳадафи асосии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар формати “С5+1”, ки дар Вашингтон бори дигар таъкид гардид, ин таҳкими мустақилияти стратегии кишварҳои минтақа мебошад. Ин нукта бар хилофи шарикони дигар, ба ҷанбаи амнияти истиқлол ва диверсификатсияи иқтисодӣ такя мекунад. Вашингтон пешниҳод мекунад, ки Осиёи Марказӣ бояд аз як минтақаи транзитии танҳо барои Русия ва Чин буда, ба як пули пайвасткунандаи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Воситаҳои асосии ИМА на қарзҳои азим ба инфрасохтори давлатӣ, балки сармоягузории мустақим дар бахши хусусӣ, кӯмак ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва мубориза бо фасод мебошанд. Ин формат ба шаффофият ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ таъкид мекунад. Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон ҳамеша аз маҳдудияти таваҷҷӯҳи дарозмуддати ИМА ва талаботи қатъии демократӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки метавонад суръати ҳамкориро суст созад.

2. С5 + Русия (ИИАО ва СААД)

        Федератсияи Русия Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи афзалиятноки геостратегӣ ва ҳалқаи амниятӣ медонад. Ҳадафҳои аслӣ дар ин модел ҳифзи нуфузи таърихӣ-амниятӣ ва пешгирӣ аз густариши пойгоҳҳои низомии дигар қудратҳо мебошад. Воситаҳои асосии Маскав Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) мебошанд. ИИАО бозори меҳнатиро барои муҳоҷирони минтақа боз мегузорад, ки ин як фишанги азими иҷтимоӣ-иқтисодӣ аст, дар ҳоле ки СААД кафолати асосии амниятӣ ба ҳисоб меравад. Аммо, ин модел ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фишори доимиро барои якрангсозии сиёсати хориҷӣ ва маҳдуд кардани мустақилият дар муносибат бо Ғарб ва Чин таҳмил мекунад. Илова бар ин, Русия қобилияти маблағгузории лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро, ки Чин пешниҳод мекунад, надорад.

3. С5 + Чин (Ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ”)

         Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчун бузургтарин ҳамкори иқтисодии минтақа, асосан тавассути ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ”  амал мекунад. Ҳадафи Пекин амнияти дастрасӣ ба манобеи энергетикӣ (газ, нафт) ва бозорҳои Аврупо ва таъмини суботи минтақаҳои ҳаммарзи худ (Синзян) мебошад. Воситаи асосӣ қарзҳои азими давлатӣ барои бунёди роҳҳо, роҳи оҳан ва хатҳои интиқоли газ мебошад. Ин сармоягузориҳо ба таври бесобиқа инфрасохтори минтақаро тағйир доданд. Аммо, бузургтарин хатар дар ин модел вобастагии қарзии кишварҳои  ОМ ба Пекин аст, ки соҳибихтиёрии кишварҳоро зери суол мебарад. Афзалияти мутлақи Чин ба манфиатҳои иқтисодӣ ва нодида гирифтани масъалаҳои демократӣ, ин модели ҳамкориро аз назари Ғарб шубҳанок мегардонад.

          Таҳлили се модел нишон медиҳад, ки Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи маблағгузории азими Чин, кафолати амниятии Русия ва талаботи ислоҳот ва соҳибихтиёрии ИМА қарор дорад. Маҳорати роҳбарони минтақа дар он зоҳир мешавад, ки чӣ гуна аз ин фишорҳои рақобатӣ ба манфиати рушди миллии худ истифода баранд.       

         Ҳамоиши мазкури Вашингтон як “санги нороҳатӣ” дар ҳавзи геополитикии Авруосиё буд. Русия ва Чин, ки Осиёи Марказиро ба таври суннатӣ ба минтақаи нуфузи худ шомил медонанд, ба ин ташаббуси ИМА вокунишҳои мухталиф, вале эҳтиёткорона нишон доданд.

         Вокуниши Русия ба таври анъанавӣ манфӣ ва ташвишовар буд. Маскав ин формати “С5+1”-ро ҳамчун дахолати бевосита ба минтақаи амниятии стратегии худ арзёбӣ мекунад. Назари расмии Русия ин аст, ки талоши ИМА барои таҳкими ҳамкории низомӣ ва энергетикӣ бо  ОМ, кӯшиши “даромадан ба майдони нуфуз”-и Русия ва “кушодани дарҳо” барои қудрати берунӣ мебошад. Дар посух ба Вашингтон, эҳтимол аст, ки Русия фаъолияти СААД-ро дар самти сарҳади ҷанубӣ (махсусан Тоҷикистон) афзоиш диҳад, ҳамкории низомии дуҷонибаро тақвият бахшад ва ҳамзамон, имтиёзҳои муайянеро дар чаҳорчӯби ИИАО барои нигоҳ доштани кишварҳои минтақа дар мадори иқтисодии худ пешниҳод намояд.

         Вокуниши Чин эҳтиёткорона, вале мустақим буд. Пекин мехоҳад, ки формати Вашингтонро ҳамчун фишанги сиёсӣ ва идеологӣ муаррифӣ кунад, дар ҳоле ки ҳамкории худро  тавассути ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” холисан иқтисодӣ ва бетараф нишон диҳад.  Пекин ба кишварҳои ОМ нишон медиҳад, ки манфиатҳои воқеӣ ва дарозмуддати онҳо дар ҳамкорӣ бо Чин, ки қодир ба маблағгузории лоиҳаҳои миллиарддолларӣ аст, мебошад. Чин тавассути Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) талош мекунад, ки ҳамкории амниятии бештари минтақавиро бе иштироки Ғарб тақвият бахшад.

         Ташаббуси Вашингтон ба қудратҳои минтақавӣ низ имконият фароҳам меорад, ки нақши худро дар “Набард барои Қалби Авруосиё” тақвият бахшанд. Туркия, ки пешвои Созмони Давлатҳои Туркӣ (СДТ) аст, ҳамоиши С5+1-ро ҳамчун фишанге барои густариши ҳамгироии фарҳангӣ ва энергетикӣ бо кишварҳои туркзабон истифода хоҳад кард. Туркия кӯшиш мекунад, ки ҳамчун як шарики миёнарав байни Ғарб ва Осиёи Марказӣ нақш бозад. Эрон аҳамияти худро ҳамчун алтернативаи нақлиётии ҷанубӣ (Коридори Шимол-Ҷануб) барои пайваст кардани Осиёи Марказӣ ба бандарҳои баҳрӣ (Бандари Чабаҳор) дубора таъкид мекунад, то аҳамияти худро дар баробари роҳҳои  “Як камарбанд - як роҳ”- и   Чин ва лоиҳаҳои ИМА афзоиш диҳад.

          Бидуни шакку тардид мулоқоти Вашингтон тавозуни геополитикиро халалдор кард. Кишварҳои  ОМ дар ҳолати ба даст овардани имтиёзҳои бештар аз ҳамаи шарикон қарор доранд, вале дар айни замон, таҳти фишори бештар барои интихоби самти стратегӣ мебошанд. Ҳамоиши Вашингтон саҳифаи навро дар муносибатҳои байни Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон боз кард. Вале ин саҳифа ҳам пур аз фурсатҳои бесобиқа ва ҳам пур аз хатарҳои ниҳонӣ аст. Муваффақияти кишварҳои ОМ, аз ҷумла Тоҷикистон, аз он вобаста аст, ки чӣ гуна онҳо метавонанд ин рақобати геополитикиро ба як фишанги соҳибихтиёрии стратегӣ табдил диҳанд.

Пешниҳодҳои ИМА дар чаҳорчӯби “С5+1” ба кишварҳои минтақа, ки аз вобастагии якҷониба хаста шудаанд, имкониятҳои муҳим медиҳанд:

- Диверсификатсияи сармоягузорӣ: Ҳузури сармояи амрикоӣ ва ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ, ки ба шаффофият ва ҳифзи моликияти хусусӣ такя мекунад, барои бахши хусусӣ як алтернативаи муҳимро дар муқобили қарзҳои давлатии Чин фароҳам меорад. Барои Тоҷикистон, ки сахт ба қарзҳо вобаста аст, ин метавонад боиси ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои энергетикаи сабз ва коркарди захираҳо гардад.

- Истиқлолияти энергетикӣ ва нақлиётӣ: Дастгирии ИМА аз лоиҳаҳое, ки кишварҳои минтақаро ба самти ҷануб (Халиҷи Форсу Баҳри Араб) ва Ғарб пайваст мекунанд, аҳамияти нақлиётии Русияро коҳиш медиҳад. Ин, бахусус барои Тоҷикистон, ки кишвари хушкӣ аст, роҳи баромад ба бозорҳои ҷаҳониро осонтар месозад.

- Таҳкими амният дар марзи ҷанубӣ: Барои Тоҷикистон, ки хатти аввали муқовиматро бо бесуботии Афғонистон ҳифз мекунад, ҳамкории амниятӣ бо ИМА ва НАТО аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ин имкон медиҳад, ки таҷҳизоти замонавӣ, омӯзиш ва дастгирии молиявӣ барои ҳифзи марз дар баробари ҳамкории СААД таъмин карда шавад.

Ҳамзамон фишори абарқудратҳо дар баробари фурсатҳо, хатарҳои бузургеро низ эҷод мекунад:

- Хатари интихоб ва фишори геополитикӣ: Ҳар қадаре ки  ОМ бо Вашингтон ҳамкорӣ кунад, ҳамон қадар фишори геополитикӣ аз ҷониби Маскав ва Пекин зиёд мешавад. Ин фишор метавонад дар шакли маҳдуд кардани бозори меҳнат (аз ҷониби Русия) ё қатъи маблағгузории лоиҳаҳои  “Як камарбанд - як роҳ” (аз ҷониби Чин) зоҳир гардад.

- Вобастагии ислоҳот: Сармояи Ғарбӣ ва ИМА ба шартҳои қатъӣ вобаста аст: мубориза бо фасод, таъмини шаффофияти қабули қарорҳо ва ҳифзи ҳуқуқи инсон. Агар кишварҳои минтақа дар амалисозии ин ислоҳот сустӣ кунанд, метавонанд ҳамкории ИМА-ро аз даст диҳанд, аммо дар баробари он, фишори Маскав ва Пекинро ҳамчун натиҷаи ҳамоиши Вашингтон, дарёфт кунанд.

- Хатари дохилисозии муқовимат: Осиёи Марказӣ набояд ба майдони набардҳои прокси (ҷангҳои бавоситаи абарқудратҳо) табдил ёбад. Ба ҳеҷ сурат бояд имконият дода нашавад, ки рақобати геополитикии беруна ба тазодҳои дохилӣ ё ихтилофоти байни кишварҳои  ОМ оварда расонад.

         Ҳамоиши "С5+1" дар Вашингтон нуқтаи тасдиқкунандаи он буд, ки “Набард барои Қалби Авруосиё” ба марҳилаи гарм ва шадиди худ ворид шудааст. Вале ин ҳодиса танҳо имкониятро фароҳам овард, на ҳалли ниҳои қазияро. Ин на танҳо як вохӯрии навбатӣ, балки лаҳзаи гардиш аст, ки шаҳодат медиҳад, ки Осиёи Марказӣ аз мақоми “периферия” ба мақоми объекти рақобати геополитикии ҷаҳонӣ гузаштааст. Осиёи Марказӣ акнун дигар объект нест, балки субъекти “Бозии Бузург” аст.  Ҳамоиш заминаи институсионалиро барои ҳузури дарозмуддати ИМА дар Осиёи Марказӣ гузошт. Аммо натиҷаҳои воқеии он на танҳо бо изҳорот, балки бо татбиқи амалии ташаббусҳои эълоншуда ва ҳаҷми сармоягузориҳои хусусии ҷалбшуда чен карда мешаванд. Пешрафти воқеии Осиёи Марказӣ аз иродаи сиёсии дохилӣ вобаста аст. Кишварҳои минтақа бояд аз “сиёсати  мутавозин” ба сиёсати “соҳибихтиёрии стратегӣ” гузаранд. Ин маънои онро дорад, ки набояд танҳо байни се марказ (ИМА, Русия, Чин) тақсим шаванд, балки аз ҳар яке он чизеро гиранд, ки ба манфиати рушди миллии онҳост – амният аз Маскав, сармоягузорӣ аз Пекин ва ислоҳоту шаффофият аз Вашингтон.

         Муваффақияти кишварҳои ОМ ба қобилияти онҳо барои моҳирона манёвр кардан байни манфиатҳои Вашингтон, Маскав ва Пекин, истифодаи ҳар як формат барои таҳкими соҳибихтиёрии худ ва рушди инфрасохтори муҳим вобаста хоҳад буд, ки дар ин замина Тоҷикистон аллакай қадамҳои мақсаднок гузоштааст. Барои Тоҷикистон “С5+1” -  ин имконият на танҳо барои гирифтани кӯмаки молиявӣ ва техникӣ, балки барои тавозуни нигоҳ доштани муносибатҳои худ бо шарикони анъанавӣ (РФ, ҶМЧ) мебошад, ки ҳузури Амрикоро ҳамчун полиси суғурта дар нақшаи геополитикӣ истифода мебарад. Муваффақияти Тоҷикистон ва тамоми минтақа - ин на масъалаи интихоб байни Вашингтон, Маскав ё Пекин, балки масъалаи қобилияти онҳо барои моҳирона истифода бурдани ҳар се барои сохтмони Осиёи Марказии соҳибихтиёр ва шукуфони худ мебошад. Танҳо бо таҳкими давлатдории миллӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва ягонагии дохилӣ, Осиёи Марказӣ метавонад ба ин фишори сегона тоб оварда, аз ганҷидаи набард ба як бозигари муҳим ва соҳибихтиёр дар саҳнаи Авруосиё табдил ёбад.

 

Судуров С.А.

ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ – и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ