Нахустин Саммити Осиёи Марказӣ – Италия

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

(дар ҳошияи сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Остона,Қазоқистон)

Вақте ки мо ба оинаи таърих назар меандозем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 22.04.2024 ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафари расмӣ доштанд. 23 апрел дар шаҳри Рум дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия мулоқоту музокироти Тоҷикистону Италия баргузор шуд ва бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот карданд.

Ногуфта намонад, ки 15 майи соли 1992 муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Италия барқарор гардид. Аз рӯзҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Аврупо махсусан Италия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар баробари барқарории дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Италия, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба бо кишварҳои мухталифи аврупоӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Италия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок доранд. Аз ин ҳамкориҳо бармеояд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо дар асоси принсипи ҳамзистии осоишта ва эҳтирому эътирофи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Италия як абарқудрати фарҳангӣ бо захираҳои назарраси “нерӯи нарм” низ мебошад. Ҳамгироии сиёсат, иқтисодиёт, иқтидори илмиву бадеӣ ва таърихӣ ба мо он медиҳад, ки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам кунад. Сиёсати берунии Италия бевосита ба Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ(СААШ) такя мекунад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираҳои ғании табиии Тоҷикистон, иқтидорҳои бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ дар зимни вохӯрӣ ибрози ақида намуданд. Чунки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ махсусан Италия ворид намудани технологияи наву навтарин ҳавасманд аст.

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Италия” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистони Саммити роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Итолиё баргузор шуда истодааст. Гумон меравад, ки дар нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Итолиё ҳамкориҳои иқтисодию сиёсӣ байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Итолиё баррасӣ мешавад.

Дар ин Саммит Президентони Осиёи Марказӣ аз ҷумла Президенти Қазоқистон Содир Ҷабборов, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қирғизистон Қосимҷомарт Тоқаев, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ дидору гуфтугӯ хоҳанд кард.

Ҷорҷиа Мелонӣ нахуствазири Итолиё ба Остона аз шаҳри Самарқанд равона мешавад, ки он ҷо давоми рӯзҳои 28-29 майи 2025 бо Президент Мирзиёев ҳамкориҳо бо Узбекистонро баррасӣ карданд.

Ба иттилои хабаргузории итолиёии Agenza Nova, вазири корҳои хориҷии Итолиё Антонио Таянӣ дар остонаи ин сафар дар мулоқоте бо сафирони Осиёи Марказӣ дар Рум гуфтааст, ки ҳадаф аз ин ҳамкориҳо тақвияти равобитҳои Осиёи Марказӣ бо Италия дар масоили энергетикӣ, коммуникасия, инфрасохторҳо, масоили захираҳои об таҳлилу баррасӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки сафири Тоҷикистон дар Рум Ҷамолиддин Убайдулло ду ҳафта пеш қайд намуд, ки дар сурати сармоягузории Итолиё барои “рушди соҳаҳои мисли гидроэнергетика, металлургия, маъдан, саноати хурокворӣ ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамкориҳои муваффақ бо Итолиё ба роҳ монд”. Ӯ инчунин иброз намудааст, ки Саммити Остона метавонад барои эҷоди шарикии қавӣ мусоидат кунад.

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ Италия” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Воқеаи таърихи ин аст, ки ширкати «Салини Импреджило» (Salini Impregilo) дар барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ инчунин нерӯгоҳи обии барқии Роғун саҳми беназир дорад.

У       мед аст, ки Саммити Осиёи Марказӣ - Италия падидаи сифатан нави ҳамкорӣ буда дар таърихи муносибатҳои Осиёи Марказӣ бо Италия саҳифаи тозатарини ҳамкориҳои гуногунҷанбаро оғоз намуда, бахшҳои энергияи сабз, маориф, кишоварзӣ, илм ва фарҳанг “табаддулоти тоза” ба вуҷуд орад. Ин фоли нек аст, ки баъди ташаббусҳои ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва энергияи сабз “ҷаҳиши нави ҳамкорӣ” Тоҷикистон бо Италия амалӣ гардад.

 

Воҳидова Санавбарбону,

 доктори илмҳои таърих, профессор

мудири шуъбаи Аврупои Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.

БОЗГАШТ