АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Намояндаи толибон гуфт, ки ин ҳаракат бо Чин, Русия муносибати хуб ва нияти рушди равобит бо ҳама кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро дорад

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҳаракати радикалии «Толибон», ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст (як созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд кишварҳои дигар мамнӯъ аст), бо Чин ва Русия муносибатҳои хуб дорад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 24 август дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Al Mayadeen аз Бейрут намояндаи дафтари сиёсии радикалҳои Қатар Муҳаммад Наим сухан гуфт.
«Чин- барои мо кишвари ҳамсоя аст. Мо бо ӯ муносибати хуб дорем. Ҳамин чиз ба Русия низ дахл дорад»,-гуфт Наим ва илова кард, ки толибон «ҳадафи рушд додани муносибат бо ҳама кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро доранд».
18 август намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя ба хабарнигорон гуфт, ки Москва ба «Толибон» аз рӯи амалҳояш баҳо медиҳад. Тавре ӯ зикр намуд, барои баҳодиҳӣ ба вазъи Афғонистон вақт лозим аст. Дар ҳамин ҳол, Президенти Русия Владимир Путин 20 август таъкид кард, ки ҳоло бисёр муҳим аст ба баромадани террористон аз Афғонистон, аз ҷумла зери ниқоби паноҳандагон ва рафтани онҳо ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя роҳ надод.
Дар навбати худ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунин 19 август хабар дод, ки Чин бо «Толибон» робита дорад ва роҳбарияти кунунии онро нисбат ба пештара оқилтар мешуморад.

БОЗГАШТ