АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Натиҷаҳои интихоби Президентӣ дар Кореяи Ҷанубӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Дар оғози  соли 2022 интихоботи президентӣ дар Кореяи Ҷанубӣ оғоз гардид. Ин интихобот тариқи раъйпурсӣ, шаффоф баргузор гардида, аз ҷониби халқ Президенти навбатӣ интихоб карда шуд. Қобили қайд аст, ки дар ин интихобот 12 номзад пешниҳод гардида, аз байни онҳо номзад Юн Сок Ёл бо 48, 56% дар ҷойи аввал ва Ли Ҷэ Мён бо 27,83% дар мақоми дуввум овоз гирифтанд, ки санаи 10 марти соли 2022 Юн Сок Ёл Президенти нави Кореяи Ҷанубӣ интихоб гардида, ба ҳаёти сиёсӣ қадамҳои худро гузошт.
  Президенти тозаинтихоб Юн Сок Ёл – собиқ пракурори кишвар буд. Вай дар муддати 5 соли оянда ба ҳайси президент кишварро идора хоҳад кард. Моҳи марти соли гузашта ӯ аз мақоми пракурори генералӣ истеъфо дод ва моҳи июни ҳамон сол оиди дархости худ ба мақоми президентиро эълон намуд, ки пас аз як моҳ ба Ҳизби асосии опозитсионии ҳокимияти халқӣ ворид гардид. Ӯ пас аз чор моҳ аз ҷониби ҳизб пешбариро ба даст овард ва 10-уми март 20-умин Президенти Корея интихоб шуд.[1]
  Рӯзномаи Washington Post ИМА дар санаи 9-уми март Юн Сок Ёлро “Чеҳраи сиёсии нав” номид, ки ба ҳайси прокурори генералӣ 27 сол фаъолият намудааст ва ҳамзамон рӯзномаи The Wall Street Journal чунин қайд мекунад, ки Юн Сок Ёл “чеҳраи сиёсии нав буда, ба ҳаёти сиёсӣ нав қадам монда истодааст” ва баъд аз рақобатҳои зиёд бо Ли Ҷэ Мён, ки Ҳизби Демократии Кореяро идора мекард, мақоми президентиро ба даст овард.[2]
  Номзад аз Ҳизби демократӣ “Тобуро” Ли Ҷэ Мён дар изҳороти худ мағлубияташро эътироф намуда, Президенти тозаинтихоб Юн Сок Ёлро бо ин мақомаш табрик намуд. Ли Ҷэ Мён чунин қайд кардааст: “Ман ҳамаи он талошҳое, ки метавонистам кардам, аммо рақиби ман пирӯзӣ ба даст овард. Тамоми масъулият барои ин бар дӯши ман аст. Ман номзадии Юн Сок Ёлро табрик мекунам, қайд карда шуд дар изҳороти Ли” Ҳангоми ҳисоб кардани овозҳо, аз 98% ҳамагӣ 48, 59% овозро Юн Сок Ёл дар муқобили 47,79% овозҳои либерал Ли Ҷэ Мён ба даст овардааст. [3]
  Як нишонаи омадагии ӯ барои иҷрои ваъдаҳои пеш аз интихоботии худ, ки дар рӯзи душанбе садо дода буд, ба бозори Намдэмун барои вохӯрӣ бо иттиҳодияи тиҷоратии худ рафт. Зимни сафари қаблии худ, ки дар моҳи ноябри соли гузашта баргузор гардида буд, ӯ чунин ваъда дода буд, ки дар сурати интихоб гардиданаш 100 триллион Вон (80, 5 миллиард доллар) маблағҳои наҷотдиҳии изтирорӣ барои кӯмак ба тоҷироне, ки аз таъсири пандемия иқтисоди онҳо осеб дидаанд, ҷудо хоҳад кард. Ӯ чунин қайд мекунад: “Ман он чизеро  ки соли гузашта дар ин ҷо гуфта будам, дар ёдам аст ва бигузор гурӯҳи гузариши президентии ман баробари ба кор даромадан, роҳҳои ташкил ва татбиқи фондҳоро ҳар чи зудтар муҳокима намоянд ”- гуфта шуд. Инчунин ӯ гуфт, ки ҳукуматаш барои таъмини зиндагии шоиста, дар сурати заҳматҳои зиёд кӯмакҳои молӣ хоҳад намуд. Аз замони интихоб шуданаш Юн ваъдаҳои пеш аз интихоботӣ додаи худро оиди бекор кардани Вазорати баробарии гендерӣ ва оилаҳои кишвар, инчунин кӯчонидани дафтари президентии кишвар аз ҷойи хилвати паси Қасри Кёнбок ба ҷойи кушод дар наздикии майдони Гвангвамунро қайд намуд. Юн Сок Ёл нишон дод, ки то чӣ андоза оштинопазир буда метавонад, бо вуҷуди он ки мухолифати шадид махсусан аз ҷониби занон пеш аз интихобот ва пас аз интихобот пайваста ба ин андеша эътироз мекарданд, ба ваъдаҳои додашудааш амал мекард.[4]
  Хулоса, аз таҳлилҳо чунин бармеояд, ки Президенти тозаинтихоби Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл дар баробари қадамҳои худро ба сиёсати кишвар гузоштан талошҳои худро равона намуда истодааст. Кореягиҳо бар он ақидаанд, ки шахсе, ки дар риштаи прокурорӣ фаъолият намудааст, метавонад, кишварро идора намояд.
 
Файзуллоева Нигора
ходими хурди илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
 [1] Кто такой избранный президент Юн? Прокурор стал начинающим политиком : Korea.net : Официальный сайт Республики Корея
[2] Президентом Южной Кореи избран оппозиционер Юн Сок Ёль | Новости | Известия | 09.03.2022 (iz.ru)
 [3] Президентом Южной Кореи избран оппозиционер Юн Сок Ёль | Новости | Известия | 09.03.2022 (iz.ru)
 [4] Избранный президент Юн продвигается вперед после выборов (koreatimes.co.kr)
 

БОЗГАШТ