АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

НАВРӮЗ ҶАШНЕ, КИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОНРО БА ҲАМ МЕПАЙВАНДАД

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

НАВРӮЗ ҶАШНЕ, КИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОНРО БА ҲАМ МЕПАЙВАНДАД

Покистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Боиси тазаккур аст, ки байни Тоҷикистону Покистон муштаракоти зиёде вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо маросими Ҷашни Наврӯз мебошад. Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 5-уми апрели соли 2018 аввалин бор дар таърих Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Покистон расман таҷлил гардид, ки он бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Исломобод ба вуқуъ пайваст.

Бояд гуфт, ки соли 2016 ЮНЕСКО бо қарори худ Покистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки Наврӯз дар онҳо ҷашн гирифта мешавад, илова намуд ва он дар ин кишвар ба номи «Новроз» ва ё «Ҷашни баҳорон» маъмул аст.

Иди Наврӯз дар маҳаллаҳои гуногуни Покистон бо шеваҳои мухталиф баргузор мешавад. Мардуми Покистон Наврӯзро хеле самимӣ ва шоён пешвоз мегиранд. Рӯзи аввали Наврӯзро «Олами рӯшноӣ» номида, бар он боваранд, ки бо омадани он олам мунаввар мегардад. 

Мардуми Покистон шаби Наврӯз дар хонаҳои худ маҳфили наъту ғазалсароӣ баргузор карда, барои боз ҳам хубу ҷолиб шудани он овозхонони машҳурро даъват мекунанд. 

Дар шаҳри Кувайта кулчаҳои махсус ва шириниҳои хос, ба монанди "Рас малоӣ", "Суҳон ҳалво" ва "Барфӣ", пухта, мардум якдигарро муборакбод менамоянд. Дар манотиқи шимолии Покистон, алалхусус Гилгет, Балтистон, Свот ва Чатрол, ба таври расмӣ Наврӯзро ҷашн гирифта, сокинон аз омадани фасли баҳор хурсандиҳо барпо мекунанд. Ҳадя додани тухмҳои рангин ба якдигар, боздид аз хонаводаҳои якдигар ва тамошои бозии чавгонро метавон расму русуми асосии мардуми ин ҷо шумурд.

Бештари мардуми вилояти Панҷоб бошад, онро "Ҷашни баҳорон" номида, дар шаҳри Лоҳур ҳар сол бо омадани баҳор маросиме бо номи "Рӯзи басант" ё "Ҷашнвораи парвози бодбодак" баргузор мекунанд. Дар ин айём мардум анвои гуногуни хӯрок таҳия карда, хурсандиҳо барпо мекунанд. Тибқи ривоятҳо, Басант дар асл Васанта мебошад, ки аз забони санскритӣ маънои баҳорро дорад. Нахустин маротиба бо ташаббуси маҳароҷа Ранҷит Сингҳ бодбодакбозӣ барои дилхушии мардум муаррифӣ шуд. Мардум бо матои хос ё коғазпораҳои рангкарда бодбодакҳои хурду калон сохта, зери садои мусиқиҳои классикии худ "ҳавопаймобозӣ" мекунанд. Ҳамин тавр, фестивали "Ҷашни Баҳорон" ҳамасола дар нимаи охири моҳи феврал оғоз шуда, то 23-юми март идома меёбад, ки дар он намоиши ҳунармандон, маҳоратҳои варзишӣ ва озмунҳои гуногун барпо мегарданд. 

Хулоса, Ҷашни Наврӯз дар Покистон бо зиндашавии табиат ва фарорасии фасли баҳор ҷашн гирифта мешуд, ки тавассути он мардум зебоиҳои муҳити оламро қадр карда, барои равнақу шукуфоии он дастаҷамъона барномаҳои хоси иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ташкил менамуданд, то тавонанд якдилона бо дили софу меҳри инсонӣ озоду орому обод умр ба сар баранд.

 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии 

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Бознашр аз сомонаи Ҷумҳурият: https://jumhuriyat.tj/bahsho/2904-navrz-ashne-ki-mardumi-toikistonu-pokistonro-ba-am-mepajvandad.html

БОЗГАШТ