АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Наврӯз-ҷашни ниёгони ориёӣ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

Наврӯз-ҷашни ниёгони ориёӣ

Ҷашни “Наврӯз”-яке аз қадимтарин ҷашнҳои ниёгони мардуми ориёӣ буда, таърихи қадима дорад, ки то замони мо омада расидааст. Истиқбол ва суннатҳои қадимаи ҷашни Наврӯз то замони мо боқӣ монда, арзишҳои худро гум накардааст. Халқи тоҷик ҷашни Наврӯзро ҳамчун иди суннатӣ ва фарорасии соли нав дар тамоми қаламрави кишвар ҳамасола бошукуҳу хоса ҷашн мегиранд. Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, бартарафкунандаи кинаву озурдагӣ шинохта шудааст. Наврӯз –Иди баҳор ва Соли нави аҷдодӣ буда, инчунин ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми тоҷику эронинажод мебошад, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ, яъне 1-уми моҳи ҳамал ва ё ба 21-уми марти солшумории мелодӣ рост меояд. Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро “Иди сол” низ меноманд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо саъю талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгони тоҷик дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардид, ки мақоми байналмилалиро ба худ касб намудааст.

Қобили зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи ҳифзу гиромидошт ва пешниҳоду муаррифии ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи бонуфузи ҷаҳонӣ яке аз ташаббусҳои сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба шумор меравад. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои Тоҷикистонро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла ЮНЕСКО дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостонии миллати тоҷик зарур ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Инчунин таъкид доштаанд, ки «дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо» эҳё гардидаданд. Аз ин бармеояд, ки саҳми Пешвои миллат дар эҳё ва шиносонидани ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Аввалин шуда дар байни давлатҳои Шарқ ҳавзаи нави фарҳангии Наврӯзро созмон додаанд, ки мардумони ин ҳавза то ба имрӯз бо номи Наврӯз бо ҳам муттаҳид мешаванд ва амалҳои созандаву мондагореро анҷом медиҳанд, ки фарҳанги ягонаеро густариш дода, дар рушди маънавиёт ва маърифатнокии мардум нақши муҳим дорад. Пас, Наврӯз дар ҳавзаи фарҳангии худ метавонад муҳити нави таҳаммулпазириро ба вуҷуд оварад, ки ин на танҳо омилии муттаҳидии давлату миллатҳои минтақа, балки омили ваҳдатовар дар саросари ҷаҳон мебошад. Воқеан, ҷашни Наврӯз таҷассумгари расму оинҳои гузаштагони халқи тоҷик ва нигоҳдорандаи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувиятсозӣ мебошад.

Наврӯз - калимаи форсӣ буда, маънои «рӯзи нав»-ро ифода мекунад. Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и худ ишора мекунад, ки шоҳ Ҷамшед рӯзеро дарёфт, ки Офтоб баъди 365 шабонарӯз ба рубъи аввали Ҳамал боз бармегардад. Дар ин вақт рӯзи нав тавлид мешавад, ки онро Наврӯз ном ниҳоданд. Шоҳ Ҷамшед тақвими офтобӣ сохта, рӯзи нахустини бозгашти офтобро ҷашн гирифт. Наврӯз пас аз сармои зимистона саҳифаи наверо дар рӯзгори мардум эҳё намуда, ба онҳо аз фарорасии фасли баҳор соли навро муждагонӣ медиҳад:

Чу ояд ба сӯи ҳамал офтоб,

Ҷаҳонро шавад тоза аҳди шубоб.

Яке аз суннатҳои хоси Наврӯз - ин аз гуноҳҳои якдигар гузаштану кӯмак ба оилаҳои камбизоат, тоза кардани хонаю манзилҳо, шинондани гулҳову дарахтон ва кабудизор намудани манзилу кӯчаҳо мебошад. Дар ҷашни Наврӯз мардум хони идона “ҳафт-син ва ҳафт-шин” ороста, якчанд таомҳои миллӣ аз қабили оши бурида, суманак ва далда ва ё кашк омода менамоянд, ки ин ҳам яке аз суннатҳои неки Наврӯз мебошад. Инчунин дар ин рӯз хурду бузург рақсу хурсандӣ намуда ҷашни Наврӯзро истиқбол менамоянд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои хос ва таомҳои миллии он минтақа пешвоз мегиранд. 

Масалан, мувофиқи тадқиқотҳои солҳои охири олимон, бо истеъмоли сумалак (суманак), ки аз шираи гандум бо усули хоса тайёр карда мешавад, он заҳру хилтҳои зарароваре, ки дар давоми сол дар хуну узвҳои бадани одам ҷамъ мешаванд, ба таври табиӣ бароварда шуда, ба одамон болидагии рӯҳию равонӣ, қуввату нерӯи тозаи ҷисмонӣ мебахшад. Бинобар ин суманакро ҳар сол дар ҳамин айёми Наврӯзӣ, истеъмол мекунанд.

Фасли Баҳор, бартарафкунандаи сардиҳо буда, эҳёгари табиат мебошад ва зинда гардонидани набототу растаниҳо, инчунин тамоми мавҷудоти олам мебошад. Тухми умеду орзуҳои некро бо шарофати нафаси гарму ҷонбахши Баҳор дар қалби ҳар яки мо инсонҳо бедор месозад. Наврӯзи оламафрӯз ҳосили Баҳор буда, аз бедоршавии табиат, аз оғози фасли шукуфоӣ ва оғози кишту кор мужда медиҳад. Наврӯз - ифодакунандаи рамзи эҳёи табиат, чун оғози тоза ва нишони ҷовидонаи зиндагӣ, сарчашмаи хуррамӣ, покизагиву зебоӣ мебошад.

Фархунда баҳор омад, Наврӯз муборак бод,

Хандида нигор омад, Наврӯз муборак бод,

Сармои зимистон рафт бо барфу шаби ҳиҷрон,

Ошиқ бари ёр омад, Наврӯз муборак бод!

Хулоса метавон гуфт, ки ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи миллии тоҷикон мебошад, ки ҳамасола дар сарорари кишвар бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз хурду бузург хурсандӣ намуда, якдигарро мебахшанд ва рӯзи навро бо хурсандӣ ва дили пок истиқбол мегиранд. Аз ин рӯ дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон хони идона ороста, мардум бо ҳам муттаҳид шуда, дастаҷамъона ва хурсандона Наврӯзро ҷашн мегиранд, ки ин ҳам яке аз самараи пурарзиши соҳибистиқлолияти тоҷикон мебошад.  

Файзуллаева Н.

ходими илмӣ

БОЗГАШТ