АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

НАВРӮЗ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Наврӯз ҷашни ҷаҳонист. Наврӯз инъикосгари ҳама паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва моддии инсоният аст. Наврӯз ҷашнест - ҳамқадаму ҳамоҳанг ва тавъам бо рӯзгору пайкори инсоният.
  Таърихи ташаккул ва омилҳои неку мубораки инсонсози ин ҷашни фархундапайю некном гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии мардуми олам буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуиву самимият, хирадмандию ақлгароӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят менамояд.
  Наврӯз ҳамчун маъмултарин, машҳуртарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда, дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон ҷилваву тобишу нигоришу нақш ва мақоми вижаро дорост.
  Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикор ва саъю таваҷҷуҳу талошҳои созанда ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукуҳи тоза пайдо кард ва ба ҷаҳон шиносонида шуд. Аз ин рӯ, махсусан, баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи он ва нашри маводи наврӯзшиносӣ тадриҷан боло рафта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву пажӯҳишҳои илмӣ ба таври фаровон рӯи кор омаданд.
  Имрӯз Наврӯз мақоми байналмилалӣ дорад. Зеро ин ҷашни оламгиру оламафрӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохта шуда, таҷлили саросарии он дар манотиқи гуногуни сайёра пазируфта шудааст.
  Дар масъалаи нақши омилҳои фарҳангӣ дар сиёсати хориҷӣ ибрози ақида намоем, пас закри нуктае ба маврид аст, ки мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ фарҳангро ҳамчун рукни чаҳоруми сиёсати хориҷии давлат ба кор бурда, аксари муноқиша ва низоъҳоро дар се даҳсолаи охир тавассути дипломатияи фарҳангӣ баррасӣ месозанд. Пас, Наврӯз дар меҳвари дипломатияи фарҳангӣ қарор дорад. Ба ибораи дигар, Наврӯз яке аз ҷузъи асосии фарҳанги миллии тоҷикон аст, ки ин омили муҳимми ҳувиятсоз ҷиҳати барпо кардани ваҳдату ягонагӣ дар дохили кишвар ва устувор кардани мақому ҷойгоҳи давлат унсури калидӣ маънидод мегардад.
  Акнун ба он назар меандозем, ки Наврӯз дар ташаккули дипломати фарҳангӣ чӣ нақшу мақом дорад? Албатта, Наврӯз дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ механизму муҳаррики асосии дипломатияи фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дипломатияи фарҳангӣ барои Тоҷикистон имкон медиҳад, мо ҷашнҳои миллиамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври барҷаста муаррифӣ намоем. Масалан, имрӯзҳо дар аксари сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа ба ин муносибат мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони аҳли фарҳангу санъат ва чеҳраҳои саршиноси кишварҳои хориҷӣ доир шуда, дар он аксҳо ва асарҳое, ки доир ба таърихи маросиму ҷашнвораҳо ва ёдгории бостонии тоҷикон маълумот медиҳанд, ба маърази тамошо гузошта мешванд. Меҳмонон ба ин васила ба таърих, фарҳанг ва санъати тоҷикон ошноӣ пайдо менамоянд. Ин навъ муаррифӣ имкон медиҳад, ки намояндагони дигар халқу миллатҳо ба мероси маънавии тоҷикон шинос шаванд ва ин меросро қадр ва тарғиб намоянд.
  Аз ҷониби дигар, ҷаҳон дар пешорӯи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо қарор гирифтааст. Дар ҷараён ва густариши ин тамоюл фарҳанг ба қисми таркибии сиёсати байналмилалӣ ва “дипломатияи фарҳангӣ”-и давлатҳо ворид шуда, ҷиҳати таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат менамояд. Яъне, ҷаҳон имрӯз мувоҷеҳи хатару паёмадҳои номатлубу харобиовар аст. Аз тарафи дигар, низоъҳо дар сатҳи минтақаву ҷаҳон ба назар мерасанд, ки боиси хароб гардидани ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ шуда истодаанд. Пас, яке аз роҳҳои хомӯш кардану ба эътидол овардани ин низоъҳо ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ пешбурди дипломатияи фарҳангӣ ва истифодаи фаъол аз нерӯи нарм мебошад, ки дар ин замина ҷаҳонӣ будани Наврӯз манфиатовару мантиқист. Ба ибораи дигар, таҷлили ҷаҳонии Наврӯз дар таркиби дипломатияи фарҳангӣ амали неку шоиста буда, дар доираи ба инобат гирифтани умумияти давлату миллатҳо бидуни хушунату зуроварӣ роҳи расидан ба суботи сиёсӣ ва ваҳдати комилро наздик менамояд.
 
Ардамеҳр Ашурзода
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка

БОЗГАШТ