АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Наврӯзи Ҷамшедӣ – ҷашни ифтихорофаринии миллӣ (дар идомаи таҷлилоти Наврӯзӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

Наврӯзи Ҷамшедӣ – ҷашни ифтихорофаринии миллӣ

(дар идомаи таҷлилоти Наврӯзӣ)

Мусалламан, Наврӯзи оламафрӯз дар силсилаи ҷашну ойинҳо ва маросими мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон ҷойгоҳи асосӣ доштаву дорад. Мардуми мо  тайи таърихи мавҷудияти хеш вобаста ба замон ва шароит ҷашнҳои зиёдеро офарида, мавриди таҷлил қарор додааст, ки бо рангу тобишҳои гуногун дар фарҳангу тамаддунҳои дигар миллату ақвом ҷилва карда, барномарезиҳои ҷашнии ононро зебу зинат додаанд. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз руҳи зинда ва суннати зиндаро дар худ таҷассум намуда, миёни ҷашну суннат ва ойину маросимоти дигари миллӣ бостонитарину куҳантар ва густурдатар будааст. Афзун бар ин, Наврӯз пойдевори фаҳмиши илмии замонӣ ва тақвимӣ дар қаламрави фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки густараи бузурги ҷуғрофиёиро фаро гирифта, на танҳо ба  як қавму миллату нажод мутааллиқ аст, балки ба кулли мардуми инсондӯсту хирадпарасти сайёра иртибот гирифтааст. Беҳуда нест, ки:

Ки Наврӯз эътидол асту тавозун,

Бурузи раму ойину таъовун.

Ба ош шӯру шукӯҳи ҷовидонӣ

Расида то ба сатҳи як тамаддун. 

Гузашта аз ин, бо Наврӯз ва китоби Наврӯзӣ мо маърифатомӯзиро шуруъ кардаем ва қадами аввалини бедориро ном Наврӯз ниҳодаем. Ба ин маънӣ:

Ин ки номи зиндагӣ Наврӯз шуд,

Зинда бар нозиндагӣ пирӯз шуд.

Бо китобу дафтари Наврӯзи худ

Миллати мо маърифатомӯз шуд.

Ба таври куллӣ, яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои Ориёӣ, алалхусус мардуми форсизабон Наврӯзи бостонист. Агар мо даъвӣ пеш оварем, ки “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”, ҳеҷ гоҳ иштибоҳ нахоҳем кард, чаро ки маҳз дар ин ҷуғрофиё ва густураи таърихӣ аз қадимтарин замонҳо ойину суннат ва фарҳангу маросимоти Наврӯзӣ ба ҷилва даромада, боиси хушҳолию болидахотирии мардум гардиданд. Аз ин гузашта, талошу кӯшишҳои мардуми фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик тайи таърихи тулонӣ умри ҷашнҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи Ҷамшедиро дароз карда, миллати куҳанбунёди моро дар арсаи байналмилалӣ ба таври бояду шояд муаррифӣ кардаанд. Аз тариқи Наврӯз, суннату ойин ва маросимоти Наврӯзӣ мардуми мо ба ҷаҳониён, пеш аз ҳама, шодию сурур, базму бозӣ, нишоту хушҳолӣ ва хираду фарҳанг овардааст. Ин аст, ки Наврӯз пирӯзӣ бар ҷаҳлу нодонӣ ва тантанаи қудрати фарҳанг мебошад:

Хушо, Наврӯз созу чанг овард,

Навою савту нав оҳанг овард.

Ба мо бар рағми ҷаҳлу нотавонӣ

Тавону қудрати фарҳанг овард!

Вақте ки дар бораи Наврӯз сухан меравад, бешубҳа, номи шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихии эронитаборон Ҷамшеди Пешдодӣ пеши назар ҷилвагар мешавад. Ба сухани дигар, Наврӯзро бе Ҷамшед ва мутаносибан, Ҷамшедро бидуни Наврӯз тасаввур кардан имкопазир нест ва ӯ симои марказӣ дар ташкили бошукӯҳтарин таҷлилоти Наврӯзӣ маҳсуб меёбад. Мунтаҳо, Ҷамшеди Пешдодӣ давраи тиллоии фарҳангу сиёсат ва салтанати ориёиро асос гузошта, табақоти иҷтимоиро бар мабнои ақлу хирад ва ҳунару маҳорати одамон ба вуҷуд овардааст. Ба ривояти Фирдавсӣ, Ҷамшед дар имтидоди салтанати хеш сохтану мавриди истифода қарор додани силоҳу зиреҳу ҷавшану хафтонро марсум карда, аз катону абрешим, пашму касабу дебо риштану тофтану бофтан ва дӯхтану шустанро ба мардум омӯхт. Дар замони ӯ мардум аз хишту сангу гаҷ сохтани хонаву дар, кохҳо, гармобаҳо ва амсоли инҳоро ёд гирифтанд. Мушк, кофур, уд, анбар, пизишкӣ, киштӣ ва киштиронӣ дар замони Ҷамшед ихтироъ шудаанд. Тавре ки ишора рафт, Ҷамшеди Пешдодӣ мардумро ба табақаҳо -- руҳониён, сипоҳиён, кишоварзон, ҳунармандон (косибон) тақсим намуда, табақоти иҷтимоиро ба вуҷуд овард. Аз сӯйи дигар, офаридан, кашф кардан ва сохтан аз тадобири Ҷамшед ва сиёсати фарҳангии Ҷамшедӣ маншаъ гирифтааст. Ба ин маънӣ, Наврӯз ҷашни орамидан (ромишу суруру шодию нишотварзӣ), рафйиқу дӯст гузидан (интихоби дӯсту рафиқи самимию содиқ), тарки куҳнагию куҳнаандешӣ ва офаридани навию навандешӣ будааст:

Наврӯз, ки ҷашни орамидан бошад,

Расму раҳи дӯстӣ гузидан бошад.

Бар рағми куҳанбоварию куҳнагарӣ

Навдоварию нав офаридан бошад.

Ба назари муҳаққиқону устурашиносон, Ҷамшеди Пешдодӣ аз зумраи нахустин ва умдатарин шаҳриёри фарҳангу сиёсати эронитаборон аст, ки бо шахсияти вежаи худ ба майдони сиёсату фарҳанги ҷаҳонӣ гом мебардорад ва дар тарозуи ақлу хирад сохтани ҷаҳони навро барои насли инсонӣ шуруъ мекунад. Ҷамшед, ба қавли муҳаққиқон, нахустин инсон ва аввалин шаҳриёри донишманди ориёист, ки мушкилоти рӯзафзуни зиндагиро дар тарозуи хирад баркашида, дар ҳалли масоили муҳиму мубрам аз ақлу хирад мадад ҷустааст. Ин шаҳриёри миллӣ танҳо бо хираду фарҳанг дигаргун кардани ҷомеаи инсониро имконпазир медонист. Ҷамшед ба хотири хушбахт намудани мардум ва аз ҷаҳлу залолат наҷот додани инсоният саъю талош мекард. Ин инсони ормонии ориёӣ бо ақлу хирад тасмими сохтани биҳиштро дар замин гирифта, рӯзи ба итмом расонидани ин нияти некаш – сохтмони хулди барин (биҳишти рӯйи замин) - ро Наврӯз меномад. Аз ин ҷост, ки Наврӯз маҳсули талош, пайкор, сохтусоз, ибтикор, заҳмат ва эҷоду бозофаринии Ҷамшед аст ва ҳар гоҳ, ки Наврӯз ва маросимоти наврӯзӣ мегӯем, пеш аз ҳама, фарҳанги ҷамшедӣ пеши назар меояд.

Ба ин тартиб, дар фарҳанги Ҷамшедӣ ҳар кӯшише, ки бо хирадварзӣ робита дошт ва алорағми ҷаҳлу залолат равона шуда буд, ба пирӯзӣ расида, он пирӯзиро Наврӯз мегуфтанд ва ҳамагон бо шодию сурур таҷлил мекарданд. Дар мушкилтарин вазъият, ки ҷаҳолат бар хирад ва разолат бар адолат чангол задан мехост, Ҷамшед падид меомад ва торикӣ (ҷаҳолат)-ро бо рӯшноӣ (хирад) рафъ мекард. Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ба устураи Ҷамшед таваҷҷуҳ намуда, аз тахти бо неруи хирад сохтаи он шаҳриёри овозадор чунин ёдоварӣ мекунад:

 

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,

Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андарнишохт.

Ки чун хостӣ дев бардоштӣ,

Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,

Нишаста бад-ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,

Шигифтӣ фурӯ монда аз бахти ӯ…

Мардум Ҷамшедро, ки бо нури меҳру хирад партовафшонӣ менамуд, таҳсин карданд ва бо шодмонӣ он рӯзро Наврӯз эълом дошта, ҷашн гирифтанд. Фирдавсӣ ин лаҳзаи муҳимро, ки дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик бо хатҳои заррин навишта шудааст, бо иштиёқи тамом ба тасвир мекашад:

 

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,

Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Ба мо монд аз он хусравон ёдгор...

Дар ҳазораи Ҷамшед, ки Наврӯз бо он даврон тавъам аст, дарду газанд, хорию забунӣ, ҷаҳлу ҷалолат, сардию хунукӣ, беморию марг ва бадбахтию беадолатӣ аз авроқи зиндагии инсонӣ барканда шуданд ва ин нуктаро дар китоби динии “Минуи хирад” таври зайл мехонем: “Аз Ҷамшеди хубрамма писари Вивангаҳон ин судҳо буд, ки шашсад сол барои ҳамаи офарандагони Урмузд бемаргӣ фароҳам овард ва ононро орӣ аз дарду пирӣ ва офат кард”. Маҳз Ҷамшеди Пешдодӣ тавонист, ки бо меҳр, хирад ва дод мардумро ба хештаншиносӣ ва ҳувиятсозӣ мутамоил созад.  Ба қавли донишмандон, дар даврони Ҷамшед ва айёми Наврӯзӣ мардум ба шукуфоии иқтисодӣ ва рифоҳи молӣ мерасанд, хонаҳои бошукӯҳ барпо мекунанд, гармобаҳо месозанд, ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор мебаранд ва саранҷом дар нозу неъмат ғарқ мешаванд.  Ҷомеаи давраи Ҷамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоҳу осоиши маънавию моддӣ ғарқ мешаванд, ки ранҷу дард, зулму бадӣ, заъфу нотавонӣ, пирию беморӣ ва маргу нестиро аз ёд мебароранд ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебаранд. Фирдавсӣ он давраи пуршукӯҳро тайи 3 байт хеле муассир инъикос кардааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.

Вожаи Наврӯз дар забони паҳлавӣ ба сурати “нук”(NOKROCH) омадааст, аз ду бахш таркиб ёфтааст: бахши аввал “НУК”, ба маънии наву ҷадиду тоза ва бахши дуюм ба маънии рӯз аст. Ин вожа, дар маҷмуъ, маънои рӯзи наву тозаи зиндагиро ифода мекунад, Ба сухани дигар, ҳама зебоиву таровиш аз баҳору Наврӯзи зиндагӣ маншаъ мегирад. Аз ойин ва маросимоти Наврӯзӣ, ки асрҳо боз ҳамчунон идома доранд, мушоҳида кардан мумкин аст, ки Наврӯз ҷашни эстетика, зебоӣ ва ба истилоҳ, тамошои вуҷуд  мебошад. Маросимоти Наврӯзӣ, аз ҷумла: тариқаи оростани суфраю хонҳои ҷашнӣ, тарзи либоспӯшии идона, шеваи муносибату муоширати самимӣ, баҳамойӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ, танини суруду овозхониҳои ҳамагонӣ, азкиягӯйиву зарофатпардозӣ, фолгирию раққосӣ, шеърхонию нағмагарӣ ва амсоли инҳо дар маҷмӯъ, воқеияти зебоиписандӣ ва зебоиофарии инсониро, новобаста аз тааллуқоти динию мазҳабӣ, сиёсию идеологӣ, нажодию миллӣ ва синфию табақотӣ ба намоиш мегузорад. Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашнест, ки ба динияту сиёсат ва мавқеъгириҳои мафкуравӣ коре надорад ва асрҳост, мардумро ба оғуши гарми худ мехонад ва онҳоро худшиносу зебоипараст мекунад. Ин аст, ки Наврӯз фарҳанги худшиносӣ ва зебоипарастию ҳамбастагист. Ба ин маънӣ ишораи манзуми ҷолибе ҳаст:

Наврӯз, ки ҷашни ҳамсипосӣ бошад,

Дар силсилаи русум асосӣ бошад,

Ҷашне, ки на динӣ, на сиёсӣ бошад,

Дар сархатти ҷадвали қиёсӣ бошад,

Чун зубдаи осори ҳамосӣ бошад,

Фарҳанги шукӯҳу худшиносӣ бошад.

Аз тарафи дигар, ба кору пайкори созанда даъват кардани мардум ва омодагӣ ба тасмимоту ташаббусоти ҷиддӣ дар меҳвари ҷашну маросимоти Наврӯзӣ қарор дорад. Эҳдои хушҳолӣ ва суруру шодмонӣ барои тамоми мардум ҷанбаи отифӣ ва иҷтимоии ин ҷашни бузурги аҷдодиро муҷассамтар нишон медиҳад. Ба ин далел, Наврӯз ва маросимоти Наврӯзӣ бо шукӯҳу зебоӣ ҳамасола мардумро “аз ҳар миллату оташкада” гирди ҳам меоварад ва сари суфраи идона сарҷамъ месозад. Хушҳолӣ намудан ва бар илова, хӯрдану ошомидан, ки аз талаботи муқаррарии иҷтимоист, дар Наврӯз ҷойгоҳи асосӣ дорад, вале ин ҳаргиз ба маънои хӯрдану нӯшидани аз ҳад зиёд ва шикампарварию таносоӣ нест. Баръакс, тавассути омода кардани анвои гуногуни ғизои наврӯзӣ, гирди суфраи идона ҷамъ овардани табақаҳои ҷамъиятӣ, барпо кардани базму тараби ҷашнӣ ҳамзистии мусолиматомези аҳолӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Ба ин маънӣ, ободкорӣ, созандагӣ, ҳамоғушӣ бо табиати зиндаву бедор, бахшидани ҳамдигар, дур кардани кинаву адоват ва дар як ҳалқаи наврӯзӣ ҷамъ омадан аз ҷумлаи суннатҳои дерпойи Наврӯзи бостонӣ аст. Аз ҳама муҳим, Наврӯзи Ҷамшедӣ дар ҳамаи давру замон мояи ифтихорофаринии мо будаву ҳаст ва хосса, дар шароити имрӯзи бархурдҳои шадиди сиёсиву тамаддунӣ беш аз пеш ба Наврӯз ва ойину маросимоти Наврӯзӣ ниёз дорем, чаро ки ҳар як расму одати ин ҷашни куҳанбунёду хирадмеҳвари миллӣ мушаххасоти ҳувиятиро мепарварад ва аз соле ба соле, аз насле ба насле, аз давре ба давре ва аз марҳилае ба марҳилае мунтақил мекунад. Ин аст, ки мо, воқеан, бо Наврӯзи Ҷамшедӣ ифтихор мекунем ва онро ҳамчун пружа-барномаи стратегии ифтихорофаринии миллӣ дар амал татбиқ хоҳем кард. Агар мо имрӯз Наврӯзро минҳайси пружа-барномаи стратегии илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва маданӣ роҳандозӣ накунем, фардо дар назди наслҳои оянда ҷавобгар хоҳем буд. Бинобар ин, дар роҳи муаррифии шоиставу боистаи Наврӯзи Ҷамшедӣ, ки аз ҷумлаи пружаҳои ҷиддии ифтихорофаринӣ дар шароити муосири бархурдҳои тамаддунӣ маҳсуб мешавад, бояд иқдомоти шоиста рӯйи даст бигирем ва собит намоем, ки меросбарони воқеии фарҳанги бузурги Наврӯзием.

Нозим Нурзода

пажуҳишгар

БОЗГАШТ