АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Назаре ба романи Яшпал “Ҳақиқати қалбакӣ”

Муаллиф: Раҷабов Ҳабибулло

Расм

Дар соли 1947 ҳангоми ба ду давлат тақсим шудани Ҳиндустон, фоҷиаи касношуниди ба сари мардумони ин минтақа омадаро баробари таърихнигорон ва солноманависон боз адибоне, ки шоҳиди ин фоҷиаҳо буданд, онҳо ҳам хеле муфассал ба қалам додаанд. Агар даҳҳо садсолаҳо “Маҳабҳарата” ва “Рамаяна” барин шоҳасарҳо - ҳамосаҳои бузурги мардуми Ҳинд манбаи илҳоми ҳазорон адибон, рассомон, ҳайкалтарошон, мусиқидонҳо ва ғайраҳо шуда бошанд, пас воқеаҳои соли 1947 низ то андозае ҳамин монанд нақшро иҷро кардаанд. Лекин бояд шарҳ диҳем, ки воқеаҳои соли 1947 ба адибон мисли “Маҳабҳарата” ва “Рамаяна” нақши он гуна илҳомбахшӣ, ки некбинона ва рӯҳбахш бошад, надоштанд ва надоранд. Ин ҷо қимати дигар чиз намоён аст, яъне эҳсоси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва нисбат ба тақдири халқу ватан дилсӯзӣ доштан ва бетафовут набудан боло гирифтааст. Илова бар ин хавфи боз пораю боз ноором шудани Ҳиндустон низ аз байн нарафтааст. Инро низ набояд фаромӯш кард. Кофист, агар воқеаҳои дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар музофоти Панҷоб рӯй додаро ба ёд орем. Аз гумон дур нест, ки дар сари душманони Ҳиндустон фикри ҷудо кардани боз як қисмати ин мамлакат, бешак, чарх мезад ва имрӯзҳо низ чарх мезанад. Аз ин ҷо хулосае бар меояд, ки то он даме чунин хавф ҷой дорад, то он вақте душманони ягонагии Ҳиндустон тарки бадхоҳии худ накунанд, соати ором шудан барои адибони пешқадам, мисле ки худашон борҳо арз кардаанд, нахоҳад расид. Ҳадафи адибон дар навбати аввал ин аст, ки тариқи чунин асарҳои тасвиркунандаи ҳақиқат огоҳии мардум бештар шавад, онњо ақли солим ва фаҳмиши солимро ба кор баранд ва нагузоранд, ки барои пайдо шудани заминаҳои тақсим шудани чунин як давлати бузург ба якчанд давлатҳои хурд-хурд, заррае имкон фароҳам ояд. Ҳеҷ нагузоранд, ки боз бегонаҳо ба корҳои дохилии ин кишвар дахолат кунанд. Нависандаи маъруфи Ҳиндустон Яшпал (1903-1976) ба оқилӣ ва дурандешии мардуми Ҳинд боварӣ дошт ва дар романи машҳури худ “Ҳақиқати қалбакӣ” (“$hutha sach”) баробари тасвири фоҷиаҳо боз тасвири бо ҳам дӯстона зистани мардумони гуногунмазҳаби Ҳиндустонро кардааст.

Асарҳои ин гуна воқеаҳоро тасвир намуда кам нестанд. Оид ба ҳамаи онҳо дар андак вақт ва дар ҳаҷми хурд чизе гуфтан имконнопазир аст, барои ҳамин ҳам танҳо машҳуртаринашонро мухтасар мавриди тадқиқот қарор дододан мумкин аст. Чун сухан аз он меравад, ки кадоме аз адибони Ҳиндустон ин воқеаҳоро пурра ба ҳақиқат наздик тасвир намудааст, бешак, аввал номҳои Яшпал (1903-1976) [12], Бҳишма Саҳнӣ (1915-2003 [3], Хушвант Сингҳ (1915-2014) [8] ва Камлшвар (1932-2007) [5] гирифта мешавад. Яшпал то соли 1947 ҳам мактаби муборизаи сиёсиро гузашта буду ҳам вобаста ба ин муборизааш азоби зиндонро низ чашида буд. Илова бар ин ӯ аллакай ҳамчун нависандаи болаёқат мавқеи худро дар адабиёти ҳиндӣ ёфта, шуҳрат дошт. Бҳишма Саҳнӣ ва Хушвант Сингҳ низ дар ин вақт аллакай адибони навқалам набуданд. Фақат Камлешвар ҳанӯз хеле ҷавон, яъне ҳамагӣ 15 сол умр дошт, вале ҳамин синну сол ҳам кофӣ буд, ки ин ҷавони наврас андозаву оқибатҳои чунин задухурдҳоро бараъло тахмин кунад ва хулосаҳо барорад.

Агар ҳамин тавр намебуд, пас ӯ бо гузаштани чанд даҳсола бо андешаи он ки шояд боз задухӯрдҳо ва тақсимкунии давлатҳои ягона пеш оянд, “Чанд Покистон?” (“Кitne Pakistan”) барин ном асарро наменавишт. Дар пешлафзи ҳамин китоб адиб гӯшрас кардааст, ки чандин сол боз навиштани ин асарро дар назар дошта, ба нақша гирифта будаст, лекин бисёр корҳои дигар зудзуд пайдо мешуданду ин кор ба вақти дигар вогузор мешудаст [5,4].

Аз истисмори бераҳмонаи мустамликадорони англис дар Ҳиндустон на ҳиндувон раҳоӣ меёфтанду на мусулмонҳо, на ба сикҳҳо раҳм буду на ба ҷайнҳо, аз асорат на будпарастон озод буданду на масеиҳои ҳиндустонӣ.

Андешаи аз зулми мустамликадорӣ озод шудан ба воситаи далерона мубориза бурдану муқобилият нишон додан, ҳамбастагии ҳиндувону мусулмонҳо ва дигар мардумони Ҳиндустонро талаб мекард ва инро ҳар навъ дину мазҳабдорҳо хуб мефаҳмиданд. Ҳамин якдигарфаҳмӣ муборизаи озодихоҳонаи мардумони Ҳиндустонро дар охири асри XIX ва аввалин даҳсолаҳои асри XX хеле қавӣ карда буд. Вале, бадбахтона чун дар баробари талоши озодӣ ба даст даровардан боз масъалаи аз ҳисоби як қисми Ҳиндустон ташкил намудани давлати мустақили мусулмонӣ бо номи Покистон ба миён омад, ҳамбастагиву бародарии ҳиндувону мусулмонҳо дучори шикасти шадид гардид. Ҳиндустони бузург пора шуд, Тарафдорони бунёди давлати ҷудогонаи мусулмонӣ қаноатманд шуданд. Вале қаноатмандии мукаммалро онҳое эҳсос мекарданд, ки якпорчагии Ҳиндустонро намехостанд. Барои душманони бурунмарзии Ҳиндустон ин як воситаи заиф намудани ҳамбастагии ҳиндувону мусулмонҳо ва дар маҷмӯъ заиф намудани яке аз давлатҳои бузурги Осиё буд. Соҳибони ақли солим аз ҳар ду ҷониб хуб мефаҳмиданд, ки ин ҷудошавӣ ба манфиати кист ва чи гуна оқибатҳо дорад. Садҳо ҳазор одамон ошкору пинҳон андешаи ин ҷудошавиро маҳкум менамуданд, вале он вақт пеши селоби даҳшатовари амалҳои ҷудоихоҳонро касе гирифта наметавонист. Ҳатто Ҷавоҳирлол Неҳру (1889-1964), ки ҳеҷ гоҳ пора шудани Ҳиндусторо намехост, ба хулосае омада буд, ки ба ғайр аз розӣ шудан ба ҷудошавӣ дигар чорае нест, вагарна ин задухурдҳо боз шадидтар хоҳанд шуд ва андозаи оқибатҳои даҳшатоварашро тахмин кардан ҳам имкон надорад. Пас аз ҷудошавӣ ҳамин қадар монд, ки айёми хунини ҷудошавӣ чун даврони мудҳиш ва зиёновар дар ҷомеа дар сатҳҳои гуногун муҳокима шавад. Адибони пешқадам, онҳое, ки нисбат ба тақдири халқу ватан бетафовут набуданду нестанд, рӯйи коғаз овардани мушоҳидаҳову шунидаҳои худро дар асри гузашта ва асри ҷадид ҳатмӣ ва қарзи ватанхоҳии худ медонанд. Яке аз чунин адибон, тавре болотар ёдовар шудем, Яшпал (1903-1976) мебошад, ки бо романҳо, алалхусус романи “Ҳақиқати қалбакӣ” (“$hutha sach”) ва ҳикояҳои сершумораш дар Ҳиндустон ва берун аз он хеле машҳур гаштааст. Яшпал кай навиштани романи “Ҳақиқати қалбакӣ”-ро оғоз намудааст ба мо маълум нест, худ ҳам дар ягон ҷой махсус зикр накардааст, вале бо итминони комил гуфта метавонем, ки нияти муфассал баён кардани задухӯрдҳои мазҳабии мусулмонҳову ҳиндувонро адиб аз худи соли 1947, албатта, дар назар доштааст ва на як солу ду сол болои он бисёр ҷиддӣ кор кардааст. Инак, пас аз 12 соли озод шудани Ҳиндустон, яъне соли 1959 ҷилди аввали ин китоб бо номи “Ватан ва мамлакат” (“Vatan aur desh”) аз чоп баромад. Ҷилди дувуми асар “Ояндаи мамлакат” (“Desh ka bhavishya”) соли 1960 ба табъ расидааст.

Пеш аз он, ки ба ин асари дар садсолаи ХХ дар адабиёти ҳиндӣ дар қатори беҳтарин ва машҳуртарин романҳо буда, дурусттар шинос шавем, бояд ба саволи чи адибро водор ё маҷбур кардааст, ки чунин асари бузургҳаҷмеро офарад, ҷавобе бигӯем. Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ, ду ҷилди “Ҳақиқати қалбакӣ” бештар аз як ҳазору чорсад саҳифаро ташкил медиҳад. Ҳарчанд ҷавоб ба ин ва ин навъ саволҳо то андозае маълум мебошад, ба ҳар ҳол боз камтаре шарҳ додан аз манфиат холї нест. Сабаби асосӣ, албатта, ин аст, ки воқеаҳои фоҷиавии пора шудани Ҳиндустон дар соли 1947 ба ҳар як бошандаи дилсӯзи Ҳиндустон, аз ҷумла адибони пешқадам, ки ба инсон раҳму шафқат дошта ва ватандӯстиро пеша кардаанд, таъсири зиёд расонидааст. Адибоне, ки аллакай майдони сухангӯӣ ва хонандаҳои огоҳ доштанд, аз ҷумлаи аввалинҳо шуда масъулияти баён кардани андешаҳои худро оид ба ин бадбахтии бемисли халқ, ба душашон гирифтаанд. Сабаби дигар дар он аст, ки имкон дошт ҳам дар асри гузашта ва имрӯзҳо дар асри ҷадид ҳам имкон дорад боз ин задухӯрдҳо аз нав ба андозаи кас ношунид сар зананд. Ҳамин хавфро дар назар дошта шоири машҳури форсизабону урдузабони Ҳиндустон Муҳаммад Иқбол (1877-1938) ҳанӯз даҳсолае пеш аз озод шудану тақсим шудани Ҳиндустон дар боби “Ашке чанд дар ифтироқи ҳиндиён”-и маснавии худ “Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?” гуфта буд:

       
       Даргузашт аз ҳукми ин саҳро мубин,

       Кофире зи куфру диндоре зи дин.

       Ҳиндиён бо якдигар овехтанд,

       Фитнаҳои куҳна боз ангехтанд [6,829].


Албатта, Муҳаммад Иқбол худ ҷонибдори бунёди чунин як давлати мусулмонӣ дар як қисми Ҳиндустон буд, вале гумон аст тахмин карда бошад, ки он пайваста бо кадом бадбахтиҳо муяссар мешудаст. Барои ҳамин ҳам соҳибони ақли солимро амру хоҳиши дил ин буд, ки бо ҳар роҳ ва бо ҳар қимате ки бошад, ин хатари ҳоли табоҳоварро бояд пешгирӣ кунанд.

Адибони пешқадам, ки хоҳишу ҳавсалаи ин воқеаҳоро хубтар таҳлил кардан доштанд, огоҳ буданд, ки аз ин гуна майдонҳои набарди бемаънӣ, беҷо, ғалатҳадафу нанговар ва марговар барои ҳамбастагии мардумони Ҳиндустон чи гуна ҳосиле бардошта мешавад. Боз ин чиз ҳам барояшон маълум буд ва ҳоло ҳам равшан аст, ки бадхоҳони ягонагии Ҳиндустон ҳанӯз бедоранд ва нияти боз пора кардани ин мамлакати бузург аз сарашон дур нарафтааст. Аз ҳамаи ин ҳолатҳо ва пешомади маҳзун адибон, дар воқеъ сахт дар изтироб буданд. Адибони солҳои чилуми асри гузашта худашон на танҳо шоҳидони зиндаи задухӯрдҳои мазҳабӣ буданд, балки дар қатори ҷабрдидаҳо низ ҷой доштанд. Пас аз нашри романи машҳури Яшпал “Ҳақиқати қалбакӣ” таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ боз бештар шуд. Ҳам тавваҷӯҳи адибон ва ҳам тавваҷуҳи муҳаққиқону хонандагон. Яшпал бо навиштани ин роман боз як бори дигар ватандӯсти асил, ҳомии ваҳдат ва муборизи дар осудагӣ зистани қавмҳои гуногуни Ҳиндустон будани худро собит намуд. Роман бо сабаби мавзӯи ниҳоят муҳиму мубрамро дар бар гирифтанаш, кофӣ калонҳаҷм бошад ҳам, зуд мутолиа шуда аз даст ба даст мегузашт ва дар маҳфилҳои адабӣ бо таваҷҷуҳ ва шавқмандӣ муҳокима мешуд.То чи андоза ҷолиб будани ин романро академик Челишев бо овардани чунин далел хеле равшан баён кардааст: “Дар солҳои 1957-1958 ин роман (романи “Ҳақиқати қалбакӣ”. Ҳ.Р.) порча – порча дар маҷаллаи “Дҳармаюга” (“Асри тиллоӣ”) чоп мешуд. Пас бо ким-кадом сабабе шумораи навбатии маҷалла бе давоми роман чоп шуд. Онгоҳ Яшпал аз хонандагон зиёда аз ҳафтсад мактуб гирифт, ки чопи асарро нигоҳ надорад” [13,266]. Пас аз нашри аввалин дар солҳои 1958-1960 ин асар то имрӯз борҳо рӯи чопро дидааст, ки ин ҳам далели ниҳоят маҳбуб ва ниҳоят замонавӣ будани ин асар аст.

Азбаски Яшпал дар аксарияти асарҳояш бештар ба мавзӯҳои сиёсӣ эътибор додааст, муҳаққиқони ин паҳлӯи эҷодиёти адибро омӯхта низ кам нестанд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ олимони ҳиндшинос ба мисли Дяков А.М., Челишев Е. П., Богданов Ф. А., Бескровнҷй В. М., Балин В. И., Бекаева Д. К.. Рабинович И. С. ва дигарон ба асарҳои гуногуни Яшпал, хусусан ба он асарҳое, ки ба забони русӣ тарҷума мешуданд, диққат дода мақолаҳои тадқиқотӣ навиштаанд ва назари худро гуфтаанд. Соли 1978 Бекаева Д.К. асари ҷудогонае бахшида ба Яшпал навишта аз чоп баровард [2]. Ҳарчанд ин асар ҳаҷми он қадар калон надошта бошад ҳам (72 саҳ.), ин дар он солҳо ягона асари ҷудогона бахшида ба Яшпал буд, ки дар он як боб - боби севум иборат аз шонздаҳ саҳифа (саҳ. 50-65) ба романи Яшпал “Ҳақиқати қалбакӣ” бахшида шудааст. Муаллиф ба масъалаҳои мухталифи дар асар ҷой дошта, инчунин ба образҳои қаҳрамонҳои марказӣ, аз ҷумла Ҷайдев ва Тара чун муҳаққиқ нигоҳ карда, баҳо додааст ва дар охир ба хулосае омадааст, ки дар тасвири воқеаҳои даҳшатноки тақсим шудани Ҳиндустон кам адибони дигар бо Яшпал баробар шуда метавонанд: “Шумораи адибоне, ки ҳамчун Яшпал таъсири воқеаҳои тақсим шудани мамлакатро (Ҳиндустонро. Ҳ.Р.) ба ҳамасронаш ин қадар чуқур тасвир карда бошанд, зиёд нест. Адиб нишон медиҳад, ки чи тавр дар зери таъсири ҷудошавии мамлакат тағироти шуури одамон ба амал меояд ва аз нав баҳо додани ҷаҳонбиниву мавқеашон сурат мегирад” [2,65] Бояд зикр кард, ки Бекаева дар асари тадқиқотии худ бештар ба образҳои асар ва масъалаҳои иҷтимоӣ диққат додааст, ки дар натиҷа муҳимтарин масъала – задухӯрдҳои мазҳабӣ ва оқибатҳои зиёновари онҳо аз назар дур мондааст.

Пас аз нӯҳ соли дигар, соли 1987 китоби дигар ҳиндшиноси шуравӣ Эминова С. М. ”Анъана ва навоварӣ дар романи муосири ҳиндӣ” [10] аз чоп баромад, ки боби севуми он “Вайронкунӣ - Созандагӣ” (Яшпал)” ном дорад. Муаллиф анъанаи навовариро дар романҳои се адиби барҷастаи асри ХХ-и адабиёти ҳиндӣ: Сачитананд Ҳирананд Агей (1911-1977), Амритлал Нагар (1916-19) ва Яшпал (1903-1976) таҳқиқ намудааст. Маълум нест, ки чаро Яшпал, бо вуҷуди аз Агей ва Нагар, ҳам аз лиҳози синну сол ва ҳам аз лиҳози он нақше, ки дар инкишофи адабиёти ҳиндӣ гузоштааст, яъне бе баҳс бузургтар буданаш, дар ҷои севум омадааст, лекин ба ҳар ҳол тахмин мекунем, ки ҷо ба ҷо кардани адибон дар ин асар, дар айни ҳол на аз рӯи мавқеи дар адабиёт ишғол кардаи адибон сурат гирифтааст. Романи “Ҳақиқати қалбакӣ” дар ин ҷо муфассалтар таҳлил шудааст ва масъалаи тақсимшавӣ ва бадбахтиҳои он зиёдтар дарҷ шудаанд: “Романи “Ҳақиқати қалбакӣ” дар бораи фоҷиае, ки ба сари миллати ҳинду баробари озодшавӣ ва аз англисҳо мустақил зистан омада буд, қисса мекунад. Ин баёни фоҷиаи ба ду давлат ҷудо шудани Ҳиндустон аст. Ҷудошавиро ҳосили талхтаринаш - кушокушию хунрезии бераҳмона, тақдирҳои пуразоби одамон, шикастани муносибатҳои дӯстона, ҷудошавии умрбоди дӯстону наздикон, гум кардани волидайн кӯдакони худро, гум кардани кӯдакон волидайни худро ва мисли инҳо буд” [10,93].

Муҳаққиқони Ҳинд низ аз фаъолият ва осори адабии Яшпал сухан оғоз намуда, ҳикоянавис ва романнависи маъруф буданашро борҳо зикр кардаанд ва ҳар дафъа махсус ёдовар шудаанд, ки романи “Ҳақиқати қалбакӣ” дар адабиёти муосири ҳиндӣ бо дар бар гирифтани масъалаи бархӯрди мусулмонҳо ва ҳиндувон, ҳангоми тақсим шудани ин давлат, яке аз беҳтарин асарҳо буда, дар адабиёти замони нав мақоми шоистае дорад. Олими ҳинду Камала Прасад китобчаи ҷудогонае бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Яшпал навишта, оид ба романи “Ҳақиқати қалбакӣ” чунин гуфтааст: “Романи “Ҳақиқати қалбакӣ” дар таърихи адабиёти ҳиндӣ асари ниҳоят муҳим ва беҳамтост. Ин натиҷаи меҳнати сангин ва ақлу истеъдоди нависанда мебошад. Роман асарест, ки онро дар қатори шоҳасарҳои машҳури ҷаҳон гузоштан мумкин аст" [4,37]. Дигар муҳаққиқи адабиёти ҳиндӣ Бабу Гулабрай дар асари тадқиқотии худ “Таърихи оммафаҳми адабиёти ҳиндӣ” (“Hindi sahitya ka subodh itihas”), дар боби ҳафтум, ки “Инкишофи адабиёти насрии ҳиндӣ” (“Hindi katha-sahitya ka vikas”) ном дорад, роҷеъ ба насрнависони маъруфи асри ХХ маълумотҳои кӯтоҳ дода, аз Яшпал низ ёдовар шудааст. Номбурда Яшпалро миёни адибони пешқадами Ҳиндустон дар ҷои аввал гузошта бошад ҳам, мутаассифона, роҷеъ ба масъалаҳои романи “Ҳақиқати қалбакӣ”-и ӯ ҳеҷ гуна шарҳ ё баҳое надода, танҳо “романи калон” гуфтасту халос: “ Номи Яшпал дар миёни адибони пешқадам пеш аз ҳама гирифта мешавад. “Рафиқ Дада”, “Ватанфурӯш” ва дигар романҳои адиб асарҳое мебошанд, ки бо ҳизби коммунистӣ алоқаманданд. Романҳои “Симои инсон”, “Дувоздаҳ соат” мавзӯҳои иҷтимоиро дар бар мегиранд. Романҳои “Дивя”, “Амита” ва дигар чунин романҳо чун романҳои таърихӣ эҷод шудаанд. Романи ӯ “Ҳақиқати қалбакӣ”, ки ба ду ҷилд ҷудо карда шудааст, романи калонҳаҷм аст” [1,- с. 161]. Мисле ки мебинем, ин ҷо ҳадаф танҳо номбар кардани асарҳост, на таҳлил ё баҳо додан.

Яке аз адабиётшиносони варзидаи Ҳиндустон Мадҳуреш, ки муҳаррири китоби “Маҷмӯаи асарҳои Яшпал” (“Yashpal. Rachna sanchayan”) мебошад, дар пешлафзи ба ҳамин китоб навиштааш романи “Ҳақиқати қалбакӣ”-ро беҳтарин романи Яшпал гуфтааст: “Бе баҳс, романи “Ҳақиқати қалбакӣ” беҳтарин романи Яшпал мебошад. Фоҷиаи тақсим шудани мамлакат ва задухӯрдҳои кӯчокӯчро ҳамчун шоири рӯҳи бузург дошта тасвир намудааст” [11,14]. Ҳиндшиноси Шӯравӣ И.С. Рабинович дар “Яшпал” ном мақолааш, ки аслан ба романи “Ҳақиқати қалбакӣ” бахшида шудааст, ин романро ҳамчун “китоби калони тарҷумаи ҳоли халқи ҳинду” номидааст [7,326]. Ин ҷо низ ба яке аз мавзӯҳои асосии асар – задухӯрдҳои мазҳабӣ кофӣ эътибор дода нашудааст. Муаллиф фақат ҳамин қадар ишора кардаасту халос: “Фазои шаҳр торафт тезу тунд мешуд. Ҳоло дар ин ҷо, ҳоло дар ҷои дигар сухтор мешуд, хун мерехт. Ташкилотҳои динию ҷамоатӣ ба таблиғи миллатгароӣ машғул буданд. Сикҳо, мусулмонҳо ва ҳиндуҳо ба ҳамдигар чун ба душманон нигоҳ мекарданд. Ҳеҷ чиз пеши роҳи қатлу ғоратгариро гирифта наметавонист” [7,327]. Ҳамин тариқ, тадқиқотҳо оид ба Яшпал ва романи ӯ “Ҳақиқати қалбакӣ” кам нестанд ва ҳар кадомро арзиш як хел нест. Лекин оид ба масъалаи асосии асар, яъне задухӯрдҳои мазҳабӣ, сабабҳои ба вуҷуд омадани ин фоҷиа ва оқибатҳои он, ба андешаи мо таваҷҷуҳ кам зоҳир шудааст. Барои ҳамин ҳам мо ин ҷо маҳз сари ин масъала бештар истоданӣ ҳастем, зеро барои таҳлили баъзе масъалаҳои ба ном динӣ тааллуқ дошта инро аз манфиат орӣ намедонем. Фақат як нуқтаро месазад, ки махсус ёдовар шавем, ки Яшпалро асосан адиби коммунист, адиби марксист мегӯянд. Ин гуна ақида доштани ин ё он адиб дар Ҳиндустон ва маълум аст, ки на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар дигар мамлакатҳо низ аз тарафи муҳақиқону мунаққидон якранг пазируфта намешавад. Чанде ин гуна адибонро тарафдорӣ ва дастгирӣ мекунанду чанде аз дигарон на танҳо тарафдорӣ намекунанд, балки бадхоҳиашонро бе парда изҳор менамоянд. Дар романи “Ҳақиқати қалбакӣ” пӯшида намемонад, ки муаллиф пеш аз ҳама ба фаъолияти коммунистон диққати хонандаро равон карданӣ мешавад. Коммунистҳо бо хислатҳои накӯ ва фаъолияти барои ҷамъият манфиатовар фарқ доранд. Ин гуна образҳоро мо бофтаву дар асл дар воқеият ҷой надошта гуфта наметавонем. Онҳо дар асри ХХ дар индустон буданд ва имрӯзҳо низ ҳастанд, ки ба халқ хизмат кардан, манфиати дигаронро аз манфиати худ болотар донистан, муқобили амалҳои манфур ва барои беҳбудии ниёзмандон мубориза бурданро касб кардаанд. Муқобили ин гуна образҳои Яшпал офарида ва худи муаллиф чун як фарди ин гуна образҳо офаранда сухан гуфтан кӯшиши беҳуда ва ғаразнок аст. Барои ҳамин ҳам, бо вуҷуди ҳар навъ бадбинӣ, равшанбинҳо нисбат ба ин адиби коммунист, наметавонанд қимати баланд доштани романи “Ҳақиқати қалбакӣ”-и ӯро рад кунанд. Чи тавр будани назари муннақидону муҳаққиқон, албатта, муҳим аст, вале муҳимияти назари хонанда камтар нест. Вақте романи “Ҳақиқати қалбакӣ”-ро Ҷовед Бота ба забони панҷобӣ тарҷума карда онро дар шаҳри Лоҳур чоп намуд, он вақт аз ӯ сабаби тарҷума кардани романро пурсиданд. Дар ҷавоб Ҷовед Бота хотиррасон намудааст, ки воқеаҳои асосии асар ва ҳар навъ куштору несту нобуд ва харобазоркуниҳо маҳз дар Панҷоб рӯй додаанд. Барои ҳамин ҳам ба мардуми панҷобизабон ошно шудан бо ин асар бисёр муҳим ва ҷолиб аст.

Албатта, ҳар як роман, боз чунин романи бузургҳаҷм ба мисли романи “Ҳақиқати қалбакӣ” наметавонад бо дар бар гирифтани ду-се мавзӯъ ё дусе воқеаҳои хурд-хурд маҳдуд шавад. Дар роман адиб ба бисёр масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи ба воя расидани насли дигар, насли давраи озодӣ, дигаргун шудани андешаҳои шахсони ҷудогона ва дар маҷмӯъ андешаҳои тамоми ҷомеа, диққат додааст. Дар айни ҳол, диққати моро ҳамон бахши роман ҷалб намуд, ки он ҷо сухан аз зидиятҳои мазҳабӣ, аз кӯр-кӯрона амалҳои ҷоҳилонаву разил кардани кӯтоҳандешон, роҳгумкардаҳо ва фирефташудагону фиребхӯрдагон меравад. Таҳлили амиқ ва баёни назари солим ба ин гуна воқеаҳо ва бунёгарону мусоидаткунандагони ин навъ воқеаҳо имрӯзҳо, дар ҳамин нахустин даҳсолаҳои асри XXI, ки бо баҳонаҳои “дифои дин”, “покизагии дин” ва мисли инҳо ба корҳои пасту зиди инсонии осудагиро халалрасон даст мезананд, ниҳоят мубрам мебошад. Ҳол он, ки ҳар як дин бо ҳамон муқараот ва эътиборе, ки дорад метавонад худро ҳам дифо намояду ҳам покиза нигоҳ дорад.

Дар асари ин адиби мубориз, насрнависи маъруфи Ҳинд дар асри ХХ Яшпал “Ҳақиқати қалбакӣ” (“Jhutha sach”) мехонем: “Ба ёди Ҷайдев (қаҳрамони марказии асар. Ҳ.Р.) он моҳе, ки дар шаҳри Марӣ1 гузаронида буд, расид. Урмилаи пурэҳсос, шӯху боҷуръат ва бебок! Дирӯз вай арӯс буд, имрӯз – бевазан. Боз чӣ қадар бадбахтиҳо ин бадбинии ҳиндувону мусулмонҳо ба мардум меоварда бошанд? Чӣ қадар ғамангез аст дарду алам дар чашмоне, ки камтаре пештар бисёр пурҷило муҳаббатро ифода мекарданд” [11, -с.100]. Ин ҷо ишора ба он аст, ки то пайдо шудани андешаҳо оид ба бунёди давлати мусулмонии Покистон байни ҳиндувону мусулмонҳо бадбиние набуд ва агар ҷой ҳам медошт, онро андоза он қадаре набуд, ки ин қадар бадвоҳима ва 1. Шаҳри Марӣ дар дурии 70 км. аз тарафи шарқи Таксила (пойтахти гандҳарҳои Ҳиндустон дар замони қадим) дар сарҳади Кашмир ҷойгир аст ва чун шаҳри куррортӣ машҳур аст. фарогири тамоми мамлакат бошад. Ин фоҷиа бо ҳамин андозаву шакле, ки рӯй додааст, яку якбора сурат гирифтааст. Албатта, мо гуфта наметавонем, ки ҳиндувон истилогаронро, пайи ҳам ба ин сарзамин лашкар мекашиданд, хушҳолона бо нону намак пешвоз мегирифтанд. Онҳо бо ҳамон қудрате, ки доштанд сахт мубориза мебурданд, вале маълум аст, ки дар баробар набудани қувваҳо тарафи ба ҷанг омода набуда, фикри онро накарда ва кам неру дошта мағлуб мешавад. Муғулҳои Бузург нияти Ҳиндустонро тороҷ намуда ба ватани худ баргаштанӣ надоштанд. Баракс дар ин сарзамин монда чи қадаре метавонистанд аз паси ободӣ буданд. Барои ҳамин ҳам то андозае байни мусулмонҳо ва ҳиндувон мухолифате, ки вуҷуд дошт, оқибатҳои фоҷиавиаш ин қадар андозаи бузург мушоҳида нашуда буд. Ин ҷо, дар ин фоҷиа ба ҳамагон маълум аст, ки нақши мустамликадорон хеле калон аст. Ҳарчанд сабабҳои бародаркушӣ равшану возеҳ аст, боз ҳам саволҳо пайдо мешаванду ҷавоб додан маъмулан бештар ба души адибон меафтад. Барои ҳамин ҳам то имрӯз ҷустуҷӯ кардани сабабҳо ва гунаҳгорони шикасти ҳамбастагии мусулмонҳову ҳиндумазҳабон ва пора шудани Ҳиндустон аз манфиат орӣ нест. Ҳоло он осудагие, ки дар сарзамини Ҳиндустон нисбатан ҳукумфармост, зарфи ниҳоят нафиси осоншиканро мемонад ва бо андак беэҳтиётӣ имкон дорад, ки пора-пора шавад. Дар он сурат гумон аст, ки он пораҳоро илоҷи ширеш кардан бошад. Ин ҷо на танҳо таваҷҷуҳ ба фаъолияти онҳое бояд бошад, ки бунёди Покистонро мехостанду бо амалӣ гардидани ин ҳадаф куштору бехонумон шудани миллионҳо ҳиндувону мусулмонҳо ба вуҷуд оварданд, балки боз ба дахолати он бегонагоне бошад, ки онҳо низ дар порасозии давлатҳои орому боқудрат даст доранду имрӯзҳо ҳам ин кори зидиинсониро ривоҷ мебахшанд.

Пӯшида нест, ки мустамликадоронро одат ҳамеша оташи нафратро байни қавмҳои гуногун барангехтан буду аз он баҳра бурдан. Имрӯзҳо ин амал намудҳои дигар гирифта бошад ҳам моҳияти пешинаашро пурра нигоҳ доштааст. Моҳияти ин гуна амалҳо ва азму нақшаҳои созмондиҳандагони онҳоро равшан намудан бо манфиат мебошад. Ҳарчанд ин, тавре ишора кардем, кори он таърихшиносон аст, ки дар ин самт махсус тадқиқот мебаранд. Матлаби мо баробари муайян кардани сабабҳо ва оқибатҳои бародаркушӣ боз чанд сухане нисбат ба тарзи баён ва қимату аҳамияти асарҳои дар ин бобат навишташудаи адибони пешқадами Ҳинд гуфтан аст.

Асри ХХ бо бештар бедор шудани мардумони Ҳинд ва дар ҷабҳаи муборизаи озодихоҳӣ фаъолона амал кардани онҳо оғоз ёфт. Муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ дар ин кишвари бостонӣ баробари бештар сурат гирифтани зулму истисмор рӯз то рӯз авҷ мегирифт ва дар саросари Ҳиндустон паҳн мешуд. Он адибони Ҳиндустон, ки зодаи нимаи дуюми асри XIX ва даҳсолаҳои аввали асри ХХ буданд, худашон шоҳиди зиндаи ин муборизаҳо шуданд. Ҷонбозии ватандӯстонро на аз тариқи шунидан, балки аз тариқи дидани худашон тасвир менамуданд. Орзуи ватанро озод дидан онҳоро рӯҳбаланд менамуд ва онҳо аз ҳеҷ гуна таҳдиди зиндонӣ шудан ё маҳв шудан тарсе надоштанд. Солҳои сиюму чилуми асри ХХ муборизаи халқи ҷабрдида чун селоби пуртуғён идома меёфт, азми соҳиби воқеии мулки худ шудан, аз болои тарсида сар фаровардан ғалаба мекард, ҳарчанд ин азм ҳам бо талафоти ҷисмонву ҳам талафоти рӯҳӣ ҳар замон рӯ ба рӯ мешуд. Лекин ҳанӯз касе гумон надошт, ки чӣ фоҷиае, чи гуна даҳшати кас нодидаву ношунидае дар пеш, дар арафаи соҳибистиқлол шудан аст. Инак, аз рӯйи расму одат, анъанаҳои миллӣ ва динӣ Ҳиндустон ба ду давлати мустақил - Ҳиндустону Покистон тақсим шуд. Покистон аз Покистони Шарқиву Покистони Ғарбӣ[1] иборат буд. Акнун ҳиндумазҳабҳо дар Ҳиндустон ва мусулмонон дар Покистон бояд иқомат мекарданд. Ин новобаста ба он, ки қабл аз ин дар кадом минтақаи Ҳиндустони мустамликавӣ зиндагӣ ба сар мебурданд. Миллионҳо аз ҳар ду ҷониб бехонумон ва садҳо ҳазор ҷони худро аз даст доданд. Чунон бародаркушӣ ва ғорату манзилсӯзӣ ба амал омад, ки мислашро таърихи Ҳиндустон намедонист. Аз нимаи дуюми солҳои чилум, дақиқтараш, аз худи соли 1947 сар карда адибони пешқадам на танҳо дар баромадҳо, суҳбатҳо ва гирдиҳамоиҳо, балки бо тамоми ҷиддият дар асарҳои бадеияшон ба дарҷи мавзӯи задухӯрдҳои мазҳабӣ ва оқибатҳои даҳшатовари он дар Ҳинду Покистон эътибор медодагӣ шуданд. Шояд аз ҷумлаи адибони пешқадам, ки ҳамеша дар дифои оромиву дӯстона зистани қавмҳои гуногуни Ҳиндустон буданд, нафаре ёфт нашавад, ки назаре ба ин мавзуъ накарда бошад. Аз ҷумлаи он адибоне, ки худ мубориз буданду дар ин роҳ далерона ҷонсупорӣ менамуданд, дар адабиёти ҳиндӣ қабл аз ҳама Яшпалро (1903 - 1976) бояд номбар кард. Яшпал 3 декабри соли 1903 дар Фирӯзпур ном шаҳри Панҷоби Шарқӣ дар дар оилаи бараҳмани миёнаҳол таваллуд шудааст. Хотиррасон мекунем, ки Панҷоб яке аз марказҳои ин гуна задухӯрдҳои шадид буд. Яшпал маълумоти ибтидоиро дар мактаби динӣ, ки гуркул мегӯянд, гирифтааст. Пас ба шаҳри Лоҳур рафта ба коллеҷи миллии Панҷоб дохил мешавад.. Дар синни ҳаждаҳсолагӣ бо даъвати Маҳатма Гандӣ (1869-1948) таҳсилро дар коллеҷ тарк мекунад, вале баракси пешниҳоди Маҳатма Гандӣ, ки ба муборизаи ғайризуроварӣ ҳамроҳ шавад, якҷоя ба як гуруҳ ҷавонони дигар, ки ба ғолиб омадан аз тариқи муборизаи 2. Ҳоло Покистони Шарқӣ аз Покистони Ғарбӣ ҷудо шуда, бо номи Бангладеш чун давлати ҷудогона арзи вуҷуд дорад.  ғайризуроварӣ чандон боварӣ надоштанд, роҳи дигари муборизаро пеш мегирад, яъне аз тариқи террор аз байн бурдани ашадитарин душманони озодии Ҳиндустон. Вай ин муборизаро дар шаклҳои гуногун то он даме, ки Ҳиндустон озод шуд, идома додааст. Аз як ҷониб бо силоҳ мубориза бурда бошад, аз ҷониби дигар бо асарҳои пурқимати баландғояаш. Ҳамин ки ба таърихи адабиёти ҳиндӣ дар садаи ХХ менигарем (якчанд муҳаққиқ чунин асарҳо бо номи “Таърихи адабиёти ҳиндӣ” навиштаанд), новобаста ба он, ки муаллифи ин рисолаҳо киҳо ҳастанд, ҳатман чунин мазмунро дарёфт мекунем, ки Яшпалро ватандӯсти асил донистаанду романи ӯ “Ҳақиқати қалбакӣ” (“Jhutha sach”)-ро беҳтарин романе, ки воқеаҳои мудҳиши сол 1947-ро тасвир намудааст.

Роҷеъ ба Яшпал ва романи машҳури ӯ “Ҳақиқати қалбакӣ” (“Jhutha sach”) ҳам муҳаққиқони Ҳинд ва муҳаққиқони хориҷӣ борҳо андеша карда, ба он чун ба беҳтарин романи нимаи дувуми асри ХХ баҳои баланд додаанд. Ин боз дар ҳамон ҳолате, ки ба ормонҳои коммунистӣ зид будагон Яшпалро ҳамчун коммунист бештар бад медиданд, на балки дӯст медоштанд. Чунончи Шямчандр Капур дар китоби худ “Таърихи адабиёти ҳиндӣ” (“Hindi Sahitya ka Itihas”) ном дорад, дар боби 27-ум – “Роман ва ҳикояи ҳиндӣ” роҷеъ ба Яшпал маълумоти ниҳоят кӯтоҳ дода, ӯро насрнависи маъруф дар замони нав гуфтааст. Пас танҳо дар Фирӯзпур таваллуд шуданашро зикр кардаасту халос. Кай таваллуд шудааст, инро низ мадди назар кардааст. Ҳунари ҳикоянависӣ ва романнависии адиб таҳлил нашуда баҳо нагирифтааст. Роҷеъ ба романи “Ҳақиқати қалбакӣ” муҳаққиқ ҳамин қадар зикр кардаст: “Пас  аз озод шудани мамлакат Яшпал ҳамчун эҷодкори озод аст. Машҳуртарин романҳои ӯ “Дивя”, “Симои инсон” (“Маnushya ke rup”) ва “Ҳақиқати қалбакӣ” (“Jhutha sach”) мебошанд”[2].

Дигар муҳаққиқи адабиёти ҳиндӣ Моҳан Авастӣ низ дар китоби “Таърихи имрӯзаи адабиёти ҳиндӣ” (“Hindi Sahitya ka Adyatan Itihas”) танҳо бо номбар кардани асарҳои Яшпал маҳдуд шудаасту халос. Каме бештар маълумотҳо оид ба Яшпал дар китоби Виҷаендра Снатак “Таърихи адабиёти ҳиндӣ” (“Hindi Sahitya ka Itihas”) дида метавонем. Олими рус академик Челишев Евгений Петрович дар бисёр асарҳи тадқиқотиаш то андозае дар бораи Яшпал андешаҳои худро гуфтааст. Зиёдтар маълумот оид ба Яшпал дар “Адабиёти ҳиндӣ” ном асари Челишев дар боби “Яшпал ва “Ҳақиқати қалбакӣ”-и ӯ” дида мешавад. Номбурда ин асари Яшпалро бо “Дони ором”-и Михаил Шолохов ва “Сарсонию саргардонӣ”-и Алексей Толстой 3. Шямчандр Капур. “Таърихи адабиёти ҳиндӣ” (“Hindi Sahitya ka Itihas”). Деҳлӣ, 1999, с.321. баробар донистааст. Албатта, бахшида ба Яшпал, романҳои ӯ ва алалхусус романи “Ҳақиқати қалбакӣ” навиштаҳои пурарзиш кам нестанд. Сабаби зиёд будани ин навиштаҳоро Академик Челишев ин тавр эзоҳ додааст: “Дар атрофи асарҳои Яшпал имрӯзҳо низ баҳсҳои гарм идома дорад ва ин пурра табиӣ ва ва қонунист, чунки ӯ маҷбур мекунад аз болои бисёр масъалаҳое, ки ҷамъияти ҳиндустониро ба ташвиш овардааст, андешаронӣ кунем”.[3]  Мо ба онҳо дар мавриди зарурӣ назар хоҳем кард.

 Ҳамин тариқ, бузургтарин романи яке аз адибони барҷастаи Ҳиндустон Яшпал (1903-1976), ки “Ҳақиқати қалбакӣ” (“Jhutha sach”) ном дораду аз ду ҷилд иборат аст, тақрибан 15 соли зиндагии мардуми ҳиндро дар бар гирифтааст.

Дар роман даҳҳо масъалаҳои муҳимми солҳои чилуму панҷоҳуми асри ХХ, аз ҷумла масъалаҳои задухӯрди мазҳабӣ акси худро ёфтаанд. Ин асар маҳсули натиҷаи мушоҳидаи бевоситаи худи нависанда буда, далели равшани ноҷову беандеша ва ба зарари худ ва тамоми Ҳиндустон амали гумроҳона кардани ҳангомаҷӯён мебошад. Азбаски ин асар мавзӯи доғи рӯзро дар бар мегирифт ва ба ҳар як шаҳрванди Ҳинду Покистон дахл дошт, ҳанӯз ҳангоми порчапорча дар саҳифаҳои маҷаллаи ҳарҳафтаинаи “Дҳармаюга” (“Асри тиллоӣ”) чоп шуданаш диққати ҳазорҳо хонандагонро ба худ ҷалб намуд. Барои Яшпал барин нависандаи инсондӯст тасвири дарду ғам, тақдири имрӯзу фардои ватан ва дар як марҳилаи таърихӣ ба сӯи фоҷиаҳои касношунид гом задани ашхоси аз душманони берунӣ ва тангназари дохилӣ фиребхӯрдаҳо, осон набуд, вале зарурати рӯйи коғаз овардани онро адиб барало ҳис мекард. Ба нависанда ин кор барои он осон набуд, ки вай намехост танҳо баёнгари бетафовут бошад. Гузашта аз ин адиб хавф аз он дошт, ки мабодо боз гумроҳони дигар пайдо шаванду оташи бадбинӣ аз нав аланга зада, боз ҳазорҳо бегуноҳонро ба коми худ фурӯ бараду боз ҳазорҳо манзилҳо тӯъмаи оташ шаванд. Адиб худ ҳамчун яке аз муборизони фаъоли ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ ва муаллифи асарҳои сиёсӣ-таърихӣ, таърихи халқи худро хуб медонист. Яшпал аз ҷумлаи камтарин адибони солҳои мустамлика будани Ҳиндустон аст, ки бевосита силоҳ ба даст гирифта барои озодии Ҳиндустон шахсан мубориза бурдааст. Соли 1931 дар яке аз набардҳо ӯ то охирин тири дар камон доштааст муқобили политсияи мусаллаҳи мустамликадорон ҷангидааст ва сар нафаровардааст. Чун ӯро дастгир мекунанд зуд ҳукми қатлаш бароварда мешавад. Вале ба тудаҳои мардуми бархоста муяссар мешавад, ки сахт эътироз намуда, ҳукми қатлро бекор намоянд. Адиб ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ мешавад. Пас боз ҳам бо талаби мардум, ки “Маҳкумҳои сиёсӣ озод карда шаванд” мегуфтанд, соли 1938 Яшпал аз зиндон озод мешавад. Ояндаи зиндагии ӯ боз ҳам бо мубориза 4. Челышев Е. П. Литература хинди. М., 1968, с. 266-267. алоқаманд буд, ҳарчанд, ки он мубориза акнун шакли дигар дошт. Акнун бар ивази силоҳ дар дасти Яшпал қалам нақши асосиро мебозид. Пеш аз оғози роман дар аввалин саҳифаи он омадааст: “Дар романи “Ҳақиқати қалбакӣ” ман як порчаи хурди ҳақиқатро бо иловаи андешаҳои худ чун муаллиф тасвир намудам. Ҳоло ин асари худро мебахшам ба халқи худ, ба халқе, ки ӯро борҳо бераҳмона фиреб додаанд, ба халқе, ки ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, бисёр матин ҳақиқатро нигоҳ доштааст, барояш мубориза бурдааст ва ҳеҷ гоҳ дар ин мубориза мардонагиву шуҷоатро аз даст надодааст” [12,3].

Имрӯзҳо ҳазорҳо ҳиндувон ва на танҳо ҳиндувон, боз ҳамаи онҳое, ки дар ҷустуҷӯи фаҳмидани ҳамаи ҳақиқати задухӯрдҳои солҳои чилуми асри ХХ дар Ҳиндустон мебошанд, бештар на ба воқеаномҳои он солҳо, балки ба “Ҳақиқати қалбакӣ” барин асарҳои реалистии адибон рӯ меоранд. Яшпал бо тасвири муфассали воқеаҳои таърихии бародаркушиҳо маҳдуд нашуда, бемаънӣ, зиёновар ва зиёдтар аз ин аслан ба манфиати кӣ будани шикасти ягонагии мардумони Ҳиндустонро боварибахш нишон додааст, ки имрӯзҳо низ аҳамияти худро аз пештар бештар нигоҳ доштааст.

                                 
                                               Адабиёт

  1. Бабу Гулабрай. “Таърихи оммафаҳми адабиёти ҳиндӣ” (“Hindi sahitya ka subodh itihas”). Агра, 1992, - 278 с.
  2. Бекаева Д. К. Социально-политические романы Яшпала. Ташкент. 1978, - 72 с.
  3. Бҳишма Саҳни. Ҷаҳолат (Тамас). Деҳлӣ, - 310 с.
  4. Камала Прасад. Яшпал. Деҳлӣ, 2011, - 72 с.
  5. Камлешвар. Чанд Покистон (Kitne Pakistan). Деҳлӣ, 2004, - 361с .
  6. Муҳаммад Иқбол. Куллиёти форсӣ. Лоҳур, Ҳайдаробод, Карочӣ. 1981, -1300с.
  7. Рабинович И.С. Сорок веков индийской литературы. М. 1989, - 336 с.
  8. Хушвант Синх. Қатора ба сӯйи Покистон. (Pakistan mail). Деҳлӣ, 2016. – 208 с.
  9. Шямчандр Капур. “Таърихи адабиёти ҳиндӣ” (“Hindi Sahitya ka Itihas”). Деҳлӣ, 1999, - 348 с.
  10. Эминова С. М. Традиции и новарство в современном романе хинди. М., 1987, - 132 с.
  11. Яшпал. Маҷмӯаи асарҳо” (“Yashpal. Rachna sanchayan”), Деҳлӣ, 2012, - 368 с.
  12. Яшпал. Ҷҳутҳа сач. (Ҳақиқати қалбакӣ). Ҷилди якум. Оллоҳобод, 2016, - 418 с.
  13. Челышев Е. П. Литература хинди. М., 1968. – 328

Ҳабибулло Раҷабов,

д.и.ф., профессор

 

 

[1] Ҳоло Покистони Шарқӣ аз Покистони Ғарбӣ ҷудо шуда, бо номи Бангладеш чун давлати ҷудогона вуҷуд доранд.

[2] Шямчандр Капур. “Таърихи адабиёти ҳиндӣ” (Hindi Sahitya ka  Itihas). Деҳлӣ, 1999, с. 321

[3] Челышев Е.П. Литература хинди. М., 1968, с. 266-267.

БОЗГАШТ