АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Назаре ба Ваҳдати миллӣ ва анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф: Рамазон Файзов

Расм

Ба истиқболи ҷашни

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

 

Яке аз заминаҳои муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ ва ба амал баровардани рушду инкишофи ҷомеа ин таъмини Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва баррасии мафҳуми Ваҳдати миллӣ бо пайдоиши миллатҳо ва давлатҳои миллӣ алоқамандӣ дорад, зеро ин масъалаи ҳаётан муҳиме мебошад, ки ҳалли он, яъне ташаккули Ваҳдати миллӣ ва муттаҳид намудани аъзои ҷомеа кафили таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷумҳуриҳои дигари иттиҳод 9-сентябри соли 1991 истиқлолияти сиёсии хешро эълон намуд. Баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ ҳаёти ҷомеа ба маҷрои нав ворид гардид. Яке аз нишонаҳои барҷастаи он ташаккули андешаи миллӣ ҳамчун асолат ба бозгашти таърихӣ, эҳёи арзишҳои анъанавии миллӣ ва дар ин асос қувват гирифтани раванди худшиносии миллии тоҷикон мебошад Вале монеаи ҷиддӣ дар рушду нумӯи истиқлолияти Тоҷикистон cap задани ҷанги ҳамватанӣ буд. Он тадриҷан ташаккул меёфт. Вазъияти сиёсии баамаломада як навъ таҷассуми монеаҳои инкишофи кишвар, инкишофи инсонӣ ва ақлонию фарҳангии ҷомеа буд. Чаро дар Тоҷикистон моҷарои мусаллаҳона cap зад? Ҷавоби амиқу ҳамарофарогирандаеро дарёфт намудан ба ин савол чандон кори осон нест.

Раванди демократикунонии ҳаёти чамъиятӣ, ки дар охири солҳои 80-уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба пайдошавии ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло дар Тоҷикистон манъ аст), Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти мардумии «Растохез», Ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва дигар ҷамъиятҳои маҳаллӣ боис гардид. Зиддияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ муқобили Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар воқеаҳои 11-14 феврали соли 1990 дар Душанбе бо задухӯрди намоишчиён бо ҳукумат анҷомид. Ин муқовимати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (иборат аз аъзои Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон) бо ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ дар солҳои 1991 ва 1992 давом ёфта, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гашт.

Чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, сабаби ҳар гуна моҷароро таъсиррасонии мутақобилаи омилҳои мухталиф ташкил медиҳанд. Дар шароити инкишофи буҳронии ҷомеа омилҳо мақом ва нақши хоссаро ба худ мегиранд, махсусан, омилҳои сиёсӣ. Неруҳои гуногуни сиёсӣ мекӯшанд, ки дар таркиби сохторҳои идорӣ ва дар системаи сиёсии ҷомеа ё ташкилоти сиёсие амал намоянд. Мақсади фаъолияти онҳо низ ҳамин буд.

Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри XX дар ҷомеа неруҳои мухталифи сиёсӣ тадриҷан ташаккул меёфтанд. Ҳар яки онҳо тавре ба ҳокимият, ба раванди идораи ҷомеа наздик мегардиданд. Дар муносибатҳои ҷамъиятӣ манфиатҳои худро меҷустанд ва аз ҳокимият талаб доштанд, ки онҳоро низ ба эътибор гиранд. Дар як муддати кӯтоҳ шаклҳои мухталифи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташаккул ёфтанд. Дар чунин вазъияти сиёсатсозу ҳокимиятхоҳӣ дар аввали солҳои 90-ум Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ дар раванди сиёсатсозӣ ҷилва мекарданд. Дар қатори ҳизбҳои сиёсӣ ҷунбиши мардумии «Растохез», «Лаъли Бадахшон», иттиҳодияҳои халқии маҳаллии «Водии Ҳисор», «Меҳри Хатлон», «Ватан», «Ҳамдилон», «Зарафшон», созмонҳои «Ориёнои Бузург», «Наҷот», «Истаравшан» ва 13 ҷамъияти маданию миллии халқҳои ғайритаҳҷоӣ ва ақаллиятҳои миллӣ таъсис ёфта буданд.

Дарки ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби одамон, махсусан дар сатҳи омма амалест басо муҳим. Аммо одамон набояд дарки масъулиятро низ аз назар дур созанд. Андешаи зеринро фаъолияти давраи аввали иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, махсусан, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои оммавии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта тақвият мебахшиданд. Фаъолияти онҳо аз бисёр ҷиҳат хосияти мусбӣ дошт. Саҳми онҳо дар раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, плюрализми сиёсӣ, ошкорбаёнӣ, такомули маданияти сиёсии омма ва афзун гаштани сатҳи худшиносии миллӣ ва ҳолатҳои дигар бештар ҳис мегардид. Аммо чунин ҳолати фаъолиятро иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дер нигоҳ дошта натавонистанд. Бо гузашти муддате онҳо мақсадҳои барномавии худро фаромӯш намуда, рӯ ба амалҳои иртиҷоӣ оварданд, ки дар ниҳояти кор тамомияти арзӣ, амнияти саросарии кишвар ва ваҳдати миллии онро зери хатар гузошт.

Неруҳои сиёсии Тоҷикистон дар бисёр ҳолатҳо мавқеи канораро соҳиб мегаштанд. Бештар рӯ ба зӯроварӣ меоварданд. Аксар вақт шакли ғайриосоиштаи муборизаи сиёсиро интихоб менамуданд. Ҳатто дар амалҳои сиёсии осоишта, ба монанди гирдиҳамоӣ, роҳпаймоиҳо ва ғайраҳо бештар оҳанги маҷбурнамоӣ ва истифодаи зӯрӣ ҳис мегардид. Мардум низ сиёсатро чун зӯрӣ маънидод менамуданд. Шояд чунин муносибат ва дарки масъалаҳои сиёсӣ ба фаъолияти сиёсии одамон бештар таъсир расонидааст. На танҳо сиёсатфаҳмию сиёсатофаринӣ дар сатҳи омма, балки дар доираи элитаи сиёсӣ ва сарварони сиёсӣ низ аз комилият ва сатҳи зарурӣ хеле дур қарор ёфта буд. Сарварони сиёсӣ принсипҳо ва меъёрҳои муборизаи сиёсиро чандон ба эътибор намегирифтанд ё худ дарк карда наметавонистанд. Неруҳои оппозитсионӣ дар аввал танқиди фаъолияти мақомоти давлатӣ ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро пеша намуда, сипас ба амалҳои канора даст заданд. Дар сафҳои неруҳои оппозитсионӣ одамони касбу кори гуногун ҷамъ омада буданд. Аммо қисми асосии онҳо, ки манбаъ ва меҳвари вусъати мубориза ба ҳисоб мерафтанд, шартан ба 3 гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:

1.Неруҳои сиёсӣ ва одамони алоҳидаи ҳокимиятхоҳе, ки аз ҳокимият берун монда буданд.

2.Мансабдорони сатҳи гуногун, ки роҳи пешгирифтаи роҳбарияти кишварро напазируфта буданд. Яъне, замоне ки Тоҷикистон истиқлолиятро ба даст овард, роҳи инкишофи ҷомеаро дар раванди демократикунонӣ медид. Ва онҳое, ки роҳи пешгирифтаи ҳокимиятро қабул надоштанд, асосан, элитаи сиёсии маъмуриро ташкил медоданд.

3.Шахсоне, ки сарвати зиёд ҷамъ оварда, яъне соҳиби ҳокимияти иқтисодию молиявӣ буданд, вале аз ҳокимияти сиёсӣ бенасиб гашта буданд, ба он пайвастагии бевосита доштанд.

Дар ташаккули ҷанги ҳамватании Тоҷикистон омилҳои мухталиф таъсир расониданд. Баррасӣ ва таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи онҳо чандон кори осон нест. Масалан, маҳалгароӣ, ки яке аз тамоюлҳои иртиҷоии ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, дар охири солҳои 80-уми асри гузашта авҷ гирифт. Раванди мазкур дар ҳар давру замонҳо, дар ҳар макон зоҳир мегардад. Аммо дар шароити Тоҷикистон хосиятҳои нав ба навро пайдо менамуд. Он дар шакли бараҳнаю канора дар доираи васеъ амал менамуд. Хосияти асосии онро расмият пайдо намудан ва ҳамчун шакли фаъолияти сиёсии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва одамони соҳибмансаб баромад намудан ташкил медод.

Инчунин, дар пуршиддат гаштани авзои сиёсии Тоҷикистон тамоюли хосияти ҷинояткорона пайдо намудани сиёсат низ саҳм дорад. Тамоюли мазкур фақат хосси Тоҷикистон набуд. Он аз нимаи дуюми солҳои 80-ум дар кишвари Шӯравӣ, пештар аз ин дар олами мутамаддини Ғарб ташаккул ёфта, дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мақоми хосса пайдо намуда буд.

Раванди ба сиёсат ҳамроҳ гаштани ҷиноятпешаҳо, асосан аз воқеаҳои февралӣ (соли 1990) шурӯъ мегардад. Дар бетартибиҳои рӯзҳои даҳшат ҷинояткорон бештар саҳм гирифта буданд. Онҳо на танҳо дар ғоратгариҳо иштирок доштанд, балки пешоҳанги муборизаи зидди ҳокимият буданд. Онҳо истеҳсолоти ҷамъиятиро тадриҷан зери назорати хеш қарор медоданд. Дар гирдиҳамоиҳои дарозмуддати солҳои 1991- 1992 нақши асосӣ доштанд.

Дар қатори омилҳои дохилӣ дар ташаккулу инкишофи моҷарои сиёсии Тоҷикистон неруҳои сиёсии хориҷӣ низ нақши хешро пайдо намуда буданд. Вобаста ба муносибати давлатҳои хориҷӣ зиддиятҳо метавонанд ранги дигар гиранд. Давлатҳои муқтадир қодиранд муқовимати байни неруҳои сиёсии кишвари пурмоҷароро хомӯш намоянд, ё онҳоро ба сатҳи моҷарои мусаллаҳона расонанд. Дар давраи моҷароҳои сиёсӣ, дар шароити давлати тозаистиқлол нақши қӯшуни хориҷӣ барҷаста мегардад. Аз ҷумла, дар солҳои муқовимати сиёсӣ мақом ва нақши қӯшунҳои Русия дар Тоҷикистон андешаҳо ва пажӯҳиши махсусро талаб дорад. Дар давраи моҷарои мусаллаҳона қӯшунҳои Русия дар Тоҷикистон нақши муҳим доштанд. Онҳо объектҳои муҳими хоҷагии халқро муҳофизат менамуданд. Ёрии бошардӯстонаи кишварҳои дигарро ба муҳтоҷон мерасониданд. Ба қисме аз фирориён сарпаноҳ медоданд.

Ҳамин тариқ, ҷанги ҳамватанӣ дар Тоҷикистон, ки натиҷаи бевоситаи инкишофи номутаносиб, тезутунд гаштани масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеаанд, сар зад. Ҷанги ҳамватанӣ одамони осоишта ва мусаллаҳро зуд хаста менамояд. Одамон ба зуди пай мебаранд, ки ҷанги ҳамватанӣ ба ҷуз аз мағлубиятҳо ва азобу машаққатҳои зиёд чизи дигаре ба бор намеорад. Ҷанги ҳамватанӣ ғолиб ва қаҳрамон надорад. Он доғест дар рушди таърихии кишвар. Ҷанги ҳамватанӣ оқибатҳои вазнини иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Ҷанги ҳамватанӣ боиси талафоти бузурги ҷонӣ мегардад. Заррари моддие, ки дар соҳаҳои ҳаёти гуногуни ҷамъиятӣ ба амал омад, лозим ба ёдоварӣ нест. Ҷони нафарони зиёди бегуноҳро гирифтан ва ба нафарони боқимонда зарари маънавӣ расонидан пӯшида намемонад. Вале ҷанги шаҳрвандӣ дар таърихи миллати тоҷик чун доғе боқӣ мемонад. Ҷанги шаҳрвандӣ ё ҷанги ҳамватанӣ? Якеро истифона намоед.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали cap задани моҷарои мусаллаҳона неруҳо ва шахсоне буданд, ки мекӯшиданд муқовимати ҷонибҳои моҷарогарро хотима диҳанд. Дар баробари авҷи муқовимати неруҳои сиёсӣ пуштибонӣ аз сулҳу осоиш низ сурат мегирифт. Мутаассифона, амалҳои харобиовар зудтар инкишоф меёфтанд. Ақлу заковат, раҳму шавқат ва одамият дар назди неруҳои аҳриманӣ, бадию бадахлоқӣ, разилию кӯрдилӣ истодагарӣ карда натавонистанд. Хушбахтона, баъд аз ҳашт давраи гуфтушунид дар кишварҳои гуногуни олам Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ва ин созишнома тавонист, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад ва миллати парокандаи тоҷикро ба ҳам биоварад. Зеро бо баста шудани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пеши роҳи нооромиҳо қатъ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 20-уми солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки таҳлили ноҳамвор ва пурпечутоби сулҳи тоҷикон ва эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон суҳбати тӯлониро мехоҳад. Вале ман мехоҳам ду нуктаро махсус таъкид намоям. Аввалан, сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳматҳои самимонаи фарзандони бономуси халқи тоҷик, пирӯз шудани хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофарии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Дигар ин ки ҷиҳати ноил шудани мардуми тоҷик ба ин рӯзи саид кишварҳои ба мо дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ низ саҳми муносиб гузоштаанд.

Замоне ки рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид, хурсандии тоҷикистониён ҳадду канор надошт. Аз он меболиданд, ки ақли солим боло гирифт ва Ватан аз вартаи ҳалокат раҳо хоҳад ёфт. Созишномаи мазкур ҳуҷҷати муҳиму тақдирсозе гардид, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба куллӣ дигар намуд. Тадриҷан авзои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дигаргун гардид. Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи тоҷикистонӣ дар дарёфти ваҳдати миллӣ, роҳу воситаҳои ҳалли моҷарои мусаллаҳона ва таъмини сулҳи умум буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз ҳалли мушкилтарин масъала хотима бахшидани ҷанги ҳамватанӣ барояд. Аммо раванди мусолиҳаи миллӣ ва истиқрори сулҳ осон ба даст наомадааст. To ба рӯзи оштӣ ва ваҳдат расидан Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ рӯзҳо, чӣ ҳодисаҳо, чӣ қадар азобу кулфат, чӣ қадар мушкилию муҳтоҷиҳо ва чӣ қадар сархамиҳо дидааст.

Воқеан, барои ҳар як миллат новобаста аз тамаддун ва фарҳангаш ё новобаста аз миқдори аҳолиаш муяссар намегардад, ки истиқлолият ва давлати миллии худро соҳиб шавад. Маҳз тавассути ваҳдат худшиносии миллӣ бедор мегардад, фарҳанги миллӣ мустаҳкам мешавад, давлат сиёсати хориҷии худро ба роҳ мемонад, нуфузашро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо мекунад ва сатҳи зиндагии мардумро беҳтар мегардонад. Зеро ваҳдат каломи муқаддас, калиди заррини амалишавии нияту ормонҳои деринаи дилхоҳ миллат ба шумор меравад.

 

Рамазон Файзов,

номзади илмҳои сиёсӣ,

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб

 

БОЗГАШТ