АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Назаре ба геополитикаи Тоҷикистон ва дастовардҳои он

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 (Дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё)
  Минтақаи Осиё макони таърихиест, дорои кишварҳои гуногун, ки ҳар яке он пур аз манобеъ ва сарватҳои табии мебошанд. Осиё ба қавли Муҳаммад Иқбол "як пайкар  обу гил" аст, ки ҳамаи кишварҳои аъзои он метавонанд, аз дороиҳои он хуб истифода кунанд ва минтақаро заминаи фарохе барои рушду тавсиаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва амн табдил диҳанд. Ҳар узви минтақаи Осиё бояд барои таҳким ва суботи он кушиш намояд ва талош кунад, то ҳамгироии минтақавии он таҳким ёбад.
  Тоҷикистон низ дар Осиё мавқеи хос дорад ва он дар бисёре аз барномаҳои ҷаҳонӣ ташаббускор буда, дар ҳоли ҳозир мизбони саммити кишварҳои Созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  (МҲТБО) мебошад. Он баъди ба даст овардани истиқлолият марҳалаҳои фарозу нишеберо тай намуда, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи фарзандони бо нангу номуси худ, алалхусус  бо роҳнамонии  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, на танҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо эҷод ва доштани равиши хосси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, чун як кишвари дорои аҳамияти стратегӣ ва таъсиргузор дар ҳалли масоили минтақа ва ҷаҳон шинохта шавад. Эҷод ва барқарорсозии равобити хориҷии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлолият буд. Ин аст, ки Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли  1993  зимни баромади хеш дар ҷаласаи Созмони Милалаи Муттаҳид ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти  ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ошно намуданд.
   Бо чунин ҳадафу мақсад Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррасе ноил шуд, ки рушд ва тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳон бо нигоҳ доштани манофеи миллӣ ва риояи манфиати шариконро низ шомил мебошад. Ин обрӯ ва нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ӯ бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафҳои олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз  манфиатҳои дигар боло гузошта, эътимод ва боварии халқро соҳиб шуд. Тасмимҳои саривақтӣ ва барномаву корҳое, ки анҷом доданд, боис шуд, ки дар мамлакат тамоми халқ, алалхусус донишмандону равшанфикрон ва зиёиён ба тасмиму нақшаҳои ояндаи эшон бо боварӣ ва  умед бингаранд ва пайрави карда, онҳоро амалӣ намоянд.
   Таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони басо душвор ва печидаи  истиқлол, Тоҷикистон тавонист дар ташаккули сиёсати хориҷии худ, эҷоди тамосу равобит бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии кишвару миллат дар ақсои олам нақши созанда нишон диҳад. Ин сабаб шуд, ки даҳҳо кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар намояндагиҳои худро боз намуда, ҳамзамон Тоҷикистон низ тавонист дар манотиқи гуногуни ҷаҳон аз ҷумла Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулиашро ба хотири таҳкиму густариши ҳамкориҳо муваффақона ифтитоҳ кунад. Чунин иқдому ташаббусҳо буданд, ки давлати тоҷикон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва Президенти он ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он пешниҳодоту тавсияиҳоро ба самъи ҷаҳониён расониданд.
    Тоҷикистон бо  чор ташаббуси бузургаш, ки аз  «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иборатанд, дар байни кишварҳои олам шинохта шудааст. Илова аз он Тоҷикистон бо доштани сиёсати "дарҳои боз" ҳамеша барои эҷоди ҳамгироӣ ва таҳкими амният ва субот дар минтақа ва хусусан Афғонистон таъкид менамояд. Бояд гуфт, ҳамаи ин ташаббусҳо барои таҳкими ҳамкориҳо ва ҳифзи муносибатҳо нигаронида шуда, ки ҳадафи он истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоангез мебошад.  
   Амният ва субот ду шайи пурарзиш ва қиматбаҳое мебошанд, ки бештаре аз кишварҳои ҷаҳон аз онҳо маҳрум буда, дучори низоу кашмакашиҳо мебошанд. Аксари ин кишварҳо талош доранд, то суботу оромиро ба даст оваранд, аммо бо ин ё он омили дохиливу беруна наметавонад, ба натиҷае бирасанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи кишвари мо дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба як сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. . Ин сабаб шудааст, ки аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҷрибаи мо дар самти таъмини сулҳ истифода карда, барои баргардонидани зиёда аз як миллион гуреза ба ватан ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ байни онҳо кумак ва мадад мерасонанд. 
   Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ташаккулёбӣ ва тараққиёти давлати соҳибистиқлол худро ҳамчун  шахси дурандеш ва дорои ақидаи устувор нишон дода, бевосита худ ба гӯшаҳои дурдастарини кишвар рафта, бо вазъият шахсан ошно мегардиданду бо мардуми  ҷафокашида аз наздик мулоқот мегузаронданд. Зеро он кас худ аз халқ буданд ва бинобар ин ҳамаи мушкилоти зиндагӣ ва ҳиссиёти халқи оддиро ба хубӣ дарк мекарданд.
 Ин ҳама хираду заковати мардуми фарҳангпарвар буд, ки пешниҳод ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боъэтимод баҳри инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии эътимоднок бо кишварҳои шарик, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳим ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ кард.
   Ҳамаи ин аз заковату шарофати мардум буд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазодди сиёсӣ  миллат манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонист ва зери роҳнамоии Пешвои худ ҳамдилона баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳад. Зеро раванди ташаккули низоми ҷаҳон имрӯза ба марҳилаи наве расидааст, ки хусусияти барҷастаи он - рақобат ва танишҳои ду майлони асосӣ яъне ҷаҳони якқутбӣ ва ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳарчи бештар ошкортар ва шадидтар мегардад. Дар ҳоли ҳозир мардуми ҷафокашидаи  Осиё хусусан Афғонистон, Ироқ, Сурия, Яман ва Африқои Шимолӣ барои бозигарони асосии саҳнаи сиёсии ҷаҳон на танҳо майдони мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, балки ҳамчун як майдони талошҳо барои роҳ ёфтан ба минтақа, назорат ва ишғол кардани манобеи энергетикӣ ва нуфузи бештари геополитикию геостратегӣ табдил дода шудаанд.
  Дар чунин ҷаҳони пуртазоду  пурталотум сиёсати берунаи  мустақил, дуруст ва озод, ки зери роҳнамоии Роҳбари  миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар ҳоли ҳозир  бо тамоми  кишварҳо, марказҳои муҳими стратегӣ ва бозигарони асосии ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад.   Кишвар   бо гузаштан аз марҳалаи аввали  даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод ва бо қабул ва эъломи «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиашро баҳри шиносоии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушду бозсозии кишвар оғоз намуд, ки то имрӯз бомуваффақият идома дорад. Дар ҳоли ҳозир мо самараи чунин робитаи гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталиф мебинем. Чунин раванд ва тасмимгирии  сиёсӣ боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ хубтару беҳтар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Имрӯз Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии мардум ва роҳбарияти он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари фаъолу ташаббускор эътироф шудааст.
  Кишвар  бо истифода аз сиёсати «дарҳои боз» ва раванди бисёрсамтӣ робитаашро  бо тамоми кишварҳои дунё аз ҷумла  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои араб ва ғайра густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносиби марбут ба имрӯзу фардо ба манфиатҳои миллии хеш хирадмандона ва мунсифона истифода мекунад.
   Мавриди зикр аст, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон тасмими санҷидашуда, дуруст ва воқеъбинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои  байналмилалӣ ва  эҳтиром ба шарикони стратегии худ, ҳимоя ва риояи  манфиатҳои миллиро дар тамоми самтҳо ва фаъолиятҳои дипломатӣ дар мадди аввал нигоҳ ва ҳифз менамояд. Ҳоло Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, аз ҷониби зиёда аз 161 давлати дунё расман эътироф шудааст. Кишвари мо  узвият дар ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ намуда, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин ё он масоил озодона ба миён мегузорад.
  Кишвари мо  дар даврони истиқлолият равобит ва ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар тамоми олам алалхусус Осиё дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони ҷаҳон ва  минтақа мебошад. Мақсаду ҳадафҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, аз зарурати рушду таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарӣ бар пояи дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории судманд, аз ҷумла дар арсаи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт иборатанд мебошанд. Кишвар  бо такя ба ин усул тавонист ҳамкориҳояшро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, якҷо бар зидди таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва глобалии муосир  муқовимат ва истодагарӣ намояд.
  Ин ҳамкорӣ ва ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати ҳамаи давлату халқҳои олам аз ҷумла Осиё мебошад, ки Тоҷикистон рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро бо ҳамаи кишварҳо ва хусусан кишварҳои ҳамсоя муҳим арзёбӣ намуда, ҷонибдори ташаккули бештари фазои муносибу мусоиди хубе бо онҳо мебошад.Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои калидӣ ва  кишварҳои Осиё хусусияти шарикӣ пайдо карда истодааст, ки далели равшани ҳадафҳои созанда ба шумор меравад, ки  минбаъд низ ҳамкориро дар чунин фазои дӯстӣ ва рӯҳияи созанда беғаразу мунсифона бо ҳамаи кишварҳои Осиё идома хоҳад дод.
     Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимои Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) ворид гардида, дар ниҳодҳои дигари СММ монанди Комиссияи маводи мухаддир ва Комиссия мақоми зан низ узвият дорад, ки обрӯю эътибори ватанро нишондиҳӣ мекунад. Ҳоло  Тоҷикистон дар зиёда аз  57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон чун як кишвари озоду мустақил нақш мегузорад
   Ба шарофат  ва заковату  хирадмандона ва эҷоди сиёсати "дарҳои боз" Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам сохт. Ин падидаи хубе буд,ки то имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ва чандинҷониба ба имзо расонид, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд.
  Бештари  ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифатҳо бо истифода аз тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва минтақа, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта, дастгирӣ пайдо намудаанд.
   Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаҳои осори фарҳангию таърихӣ ноил шуд, ки бешак, ин навъи нигариш роҳро барои барқарории равобити созанда бо кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ ва нақшофарии мамлакати мо дар арсаи ҷаҳон барои имрӯзу фардо  ҳамвор месозад. Боиси ифтихор аст,ки  имрӯз Тоҷикистон ба яке аз оромтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил ёфта, бо азму иродаи қавӣ ба сӯи ояндаи дурахшону шукуфон роҳ мепаймояд.
  Чунин иродаи матин буд, ки Тоҷикистон бо тавсияи кишварҳои минтақа раёсати  Созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё , ки ҳамчун як анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфтааст, тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2020 вогузор шуд. Мавриди зикр аст, ки Дафтари марказии МҲТБО дар Казоқистон воқеъ буда, 27 кишвар бо шумули Афғонистон, Озарбойҷон, Баҳрайн, Бангладеш, Камбодҷа, Чин, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Исроил, Урдун, Казоқистон, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Қатар, Россия, Шриланка, Тоҷикистон, Тайланд, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Узбекистон, Ветнам чун узви доимӣ ва Белорус, Индонезия, Япония, Лаус, Малайзия, Филлипин, Украина ва ИМА ҳамчун кишварҳои нозир шомиланд. Илова аз ин дар МҲТБО Созмони ҷаҳонии Муҳоҷират, Лигаи кишварҳои арабӣ, САҲА, Кишварҳои туркзабон ва СММ ба ҳайси созмонҳои байналмилалии нозир узвият доранд. 
   Хулоса, боварӣ дорем, ки нишасти кишварҳои МҲТБО дар Тоҷикистон роҳҳо ва заминаҳое наверо дар эҷоди ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо пайдо намуд, то ҳамаи кишварҳо муштаракан тавонанд минтақа ва ҷаҳонро аз паёмадҳои номатлуб ҷилавгирӣ намоянд.
 
Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии  Институт

БОЗГАШТ