АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Назарзода Носир: «Ҷанги шаҳрвандӣ ва Ваҳдати миллӣ»

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Мусоҳибаи рӯзноманигор-ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Умед Пудинаев дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, бо сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назарзода Носир Ҷобир перомуни масоили мубрами сулҳофаринӣ ва ваҳдат дар Тоҷикистон.

-
Муҳтарам Назарзода Носир! Мо дар арафаи ҷашни бузурги миллатамон «Рӯзи ваҳдати миллӣ» қарор дорем. Мегуфтед, ки ба назари Шумо масъалаи сулҳу ваҳдат барои Тоҷикистон кай пайдо шуд ва ин мафҳум чӣ тавр таърихи худро дорад?

- То шикасти ниҳоии ИҶШС тақрибан аз соли 1986 шурӯъ намуда, ҷумҳуриҳои шуравӣ барои расидан ба истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ талош намуданд. Ҷанбаи афзалиятнок дар равандҳои манотиқ ба амал омада, пеш аз ҳама ҷанбаи ғайримутамарказсозии ҳокимияти давлатӣ буд.
Роҳбарияти давлати Шуравӣ ба ҷойи коркард ва амалисозии сиёсати нави давлатӣ ва минтақавӣ тактикаи муқобилиятнишондиҳии ошкороро пеш гирифт, ки ин ҳол боиси аз даст додани фурсати муносиб барои нигоҳдории назорати давлатӣ ва дигаргунсозии ҷомеа ба самти зарурӣ гашт. Ҳамзамон фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ раванди воқеъии аз ҳам ҷудосозии як замон фазои ягонаи иқтисодиро, ки ба табодули молу коло миёни ҷумҳуриҳо ва ҳамзамон пӯшида барои кишварҳои хориҷӣ асос ёфта буд, оварда расонид.
Ҳанӯз соли 1992 олимони рус Т. Яригина ва Г.Марченко қайд карда буданд, ки: «Кишварҳои на он қадар тараққикардаи аграрии Закавказя, Осиёи Марказӣ ва Молдова, ки мубталои бархӯрдҳои иҷтимоӣ ва этникӣ гардида, ин ҳол иқтисодиёти онҳоро қариб ба нобудӣ мувоҷеҳ месозад, гумон аст, ки дар ояндаи наздик сиёсати иқтисодии мустақили худро ба роҳ монанд ва вобастаи кишварҳои муваффақи минтақа хоҳанд гардид». Ин пешомадҳои ояндаи олимон дар муддати хеле кӯтоҳ ба сари мардуми тоҷик омад. Дар асл пошхӯрии давлати ягонаи иттифоқӣ аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум ба баъд ба ивазшавии ташвишовари вазъи геополитикӣ ва ҳолати макроиқтисодӣ оварда расонид. Вазъи ноороми сиёсии солҳои 90-ум инчунин ба мушкилоти бенизомии муносибатҳои байнидавлатӣ ва миллӣ – марзӣ вобастагии амиқ дошт.
Дар маҷмӯъ дар оғози солҳои 90-ум таъмини амнияти ҷамъиятӣ, минбаъд пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама ҷиноятҳои мутташаккил, таъмини тартибот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, баландбардории сифати кор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо, ошкор ва таҳқиқи ҷиноятҳо, ба хусус ҷиноятҳои вазнин, мубориза алайҳи маводи мухаддир ва амсоли он дар кишвари мо ба мушкилиҳои ҷиддӣ дучор шуда буд.
Агар дар арафаи ҷанги шаҳрвандӣ ҷиноятҳои вазнин қариб аз чор як ҳисса кам гардида, шумораи кушторҳои бадқасдона, зуроварӣ ба номус, дуздӣ ва авбошӣ, қонунвайронкунӣ дар кӯчаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба маротиб кам ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, лекин миқдори дуздӣ бо суръат афзоиш ёфта, фаъолияти ҷиноӣ ва қонуншикании шахсони доғи судӣ дошта ва ноболиғон зиёд гардид.
 
Акнун атрофи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот чанд ҳарфе мезадед...

- Аз таърихи башарият баръало маълум аст, ки дар ҳолатҳои ҷараёни дурусти рушду инкишофи ҳар як давлату миллат ин мафҳум ба забон ҳам гирифта намешавад, зеро, ҳоҷат ба он нест. Танҳо дар сурати ноустувории сиёсӣ, ки садҳо мушкилиҳоро ба миён мегузорад ва ҳолу аҳволи сокинон, давлат, ҳукумат ва мақомотҳои он, ки ба монеаҳои ҷиддӣ бармехӯранд, проблемаи ҳастӣ ва тақдири минбаъдаи давлат ва миллат мубрам гашта, маҳз масъалаи сулҳу ваҳдат ба миён меояд. Яъне ба ақидаи то шамол нашавад, дарахт намеҷунбад баробар аст. Ҳама вақт дар шароити пайдо гаштани таҳдиди ҷанг, задухӯрду низоъҳо, масъалаи муҳофизати амну суббот ба вуҷуд меояд. Ҳаллу фасли масоили сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ низ яку якбора ба даст намеояд ва ин раванд аз вақт, мӯҳлат, давраҳо иборат аст.
 
- Агар боз ҳам кутоҳтар баён кунем…

- Биёед ба тарзи дигар фаҳмонам. Дар оила миёни зану мард ҷангу ҷидол, муноқиша ва ё низоъ ба вуҷуд меояд ва дар натиҷа метавонад ба нест шудани ин оила барад. Дар баробари сар задании ин ҷанҷолҳои оилавӣ аллакай аз ҷониби 3 гурӯҳ даву тоз оғоз меёбад. Гурӯҳи якум волидайни марду зан. Гурӯҳи дуюм дӯстон ва ҳамсояҳо. Ва ниҳоят, гуруҳи сеюм, созишдиҳанда, ки дар он одамони танҳо таҷрибадор муттаҳид гашта бо овардани арқоми зиёд, панду насиҳатҳо, мисолҳо, намунаҳо тарафҳоро ба мусолиҳа ва ваҳдат талқин намуда ва билохира сулҳу ваҳдат миёни ду тараф барқарор мегардад ва ҳаёти хуррамона боз идома меёбад. Лекин ин ҷангу ҷидоли шуда гузашта, таъсири худро боз давраи муайян боқӣ мегузорад. Ҷанги шаҳрвандиро дар маҷмуъ ҳамин тавр низ шарҳ додан мумкин аст.
 
- Дар оғози саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳаёти сиёсӣ, маънавӣ ва равонии одамон кадом буҳроне ворид шуда буд?

- Бале, дар зминаи он тамоми ҳаёти ҷомеаро буҳрони ҷиддие фаро гирифт. Дар раванди мураккаб гардидани вазъият дар ҷумҳурӣ, як қатор кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат дар фаъолияти худ ба беиродагӣ ва бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои худ роҳ дода, мавқеи бетарафӣ ва назораткунандаро интихоб намуданд, ҳодисаҳои дурӯягӣ ва хиёнати кормандон қайд гардида буданд. Илова бар ин, як қатор шӯъбаҳои ин мақомотҳо қисман, як қисми дигар пурра дар ҷойҳои муташанниҷ худро бо ошӯбгарон ва ифротиён таслим намуданд. Бӯҳрони амиқ тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифта, рӯз аз рӯз шиддат мегирифт. Чунин вазъият наметавонист ба рӯҳу равон ва фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсир нарасонад. Роҳбарияти олӣ низ фалаҷ гардида буд. Фалаҷ гардидани ҳокимият дар соли 1992 боиси қурбонии зиёд гардида, вазъият аз таҳти назорати мақомоти дахлдор берун баромад.
 
- Ҷанги шаҳрвандӣ кай ва чи тавр оғоз гардид?

- Гирдиҳамоиҳои пай дар пай ва шабонарӯзии солҳои 1991-1992 билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, ки алангаи он тамоми кишварро фаро гирифт. 5 маи соли 1992 дар пойтахти ҷумҳурӣ бетартибиҳои оммавӣ, гирифтани гаравгонҳо ва дуздӣ шурӯъ шуданд, ки ин ҳол ба бесарусомонӣ ва фалаҷгардии ҳокимият овард. Ҷанги шаҳрвандии оғозгардида тобистон ва тирамоҳи соли 1992 ба бадбахтиҳои беандоза, марги шахсони бисёри бегуноҳ ва инчунин ба аз байн бурдани миқдори зиёди неъматҳои моддӣ бурд. Вазъият чунин сурат гирифт, ки ҳукумати марказӣ дар асл вуҷуд надошт ва сохторҳои қудратӣ бошанд аз рӯзҳои авали муқобилиятҳо бетарафӣ эълон намуданд.
 
- Ҷанги оғозгардидаро чи натиҷаҳо интизор буд?

- Ҷанги шаҳрвандии оғозгардида Тоҷикистонро ба пастравии иқтисодиёт, афзудани сафи бекорон, муҳтоҷӣ ва бадбахтии аксари кулли аҳолӣ овард. Ҷанги бародаркушӣ, ки тобистон ва тирамоҳи соли 1992 вусъати бештар пайдо намуд, шумораи фирориён, муҳоҷирони иҷборӣ, бачагони бесаробону бесарпарастро, ки аз тарафи ҷинояткорони ашадӣ ба корҳои ҷиноӣ ҷалб карда мешуданд, ба маротиб афзуд. Шикасти суннатҳои ҷомеа албатта наметавонист оромона сурат бигирад, зеро вай манфиати ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дарбар гирифта, мавқеи сиёсӣ ва иқтисодии онҳоро иваз менамуд. Камшавии истеҳсолот, пайдошавии бекорӣ, саривақт пардохт нагардидани нафақапулӣ, кумакпӯлӣ ва маош ба қашоқашавии аҳолӣ, фалаҷи ҳокимият оварда ва дар бисёр мавридҳо одамонро ба ҷиноят тела медод.
 
                                 

- Дар
ҳаёти сиёсии кишвар чи корҳо ҷараён мегирифтанд?

- Дар моҳи декабри соли 1992 дар Хуҷанд Сессияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти кори он роҳбарияти нави Шӯрои Олӣ бо сарварии Э.Ш.Раҳмонов интихоб гардид. Дар чунин лаҳзаи басо душвори кишвар қумандонҳои тарафҳои даргир бо тавоқуфи оташбас расиданд, ки он заминаи хуби мусоидро барои оғози оромӣ дар кишвар фароҳам овард. Дар моҳи декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ба соволҳои рӯзноманигори рӯзномаи «Известия» чунин гуфт: «Парламент тавонист аз ҳолати рӯҳафтодагӣ баромада тавонад. Ҳолате фаро расид, ки бӯҳрон ба ҳадди ниҳоии худ расид ва ба ҳамагон маълум гардид, ки бархурдҳои минбаъда сабабгори бадбахтии умумӣ мегарданд. Шӯрои Олӣ сохтори ягонае боқӣ монд, ки аз тарафи ҳамаи тарафҳои даргир мавриди эътироф қарор дошт, ки метавонад масъулияти пурраро барои тақдири халқ ба души худ бигирад».
 
- Ташаккур! Хеле возеҳ. Акнун, лутфан бигӯед, ки нақши мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар Тоҷикистони ноором чӣ тавр буд?

- Ҳанӯз аз оғози рӯзҳои пуртаҳлука ва пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо мардуми Тоҷикистон ҳамтақдир гардид, гармию сардии онро якҷоя эҳсос карда, ғамшарики якдигар гашта буданд. Аз нахустин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дар он лаҳзаҳои тақдирсозе, ки буду набуди давлат ҳал мегардиду ҳастии миллати тоҷик зери хатар монда буд, ҳазорҳо нафар кормандони ин мақомотҳо ба меҳану савганди касбии худ содиқ, баҳри ҳифзи давлат, таъмини амнияти шаҳрвандон, барпо намудани сохти конститутсионӣ ва қонуният сина сипар намуда, ба олами ҷиноят дар набард шуданд. Маҳз, бо ивази ҷонбозиҳо, далерию мардонагӣ, садоқату заҳматҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳазорҳо ҷиноятҳо пешгирӣ, ҳокимияти қонунӣ барқарор, тинҷиву амнияти шаҳрвандон, ризоияти миллӣ, сулҳу субот ва осудагӣ дар саросари кишвар таъмин гардид.
 
- Мегуфтанд, ки ВКД ва КДАМ худро нейтрали эълон карда буданд, ин рост аст?

- Бояд иброз намуд, ки дар моҳҳои авали ин ҷанги бародаркуш дар фаъолияти ин мақомотҳо бесарусомониҳо ба вуҷуд омад: аввалан, ин ки маблағгузориҳо то ин муддат аз Маскав ҷараён мегирифт ва бо сар шудани бенизомиҳо дар кишвар ва ба давлати соҳибистиқлол табдил ёфтани он маблағгузориҳо тамоман қатъ гардид; дуввум ин, ки ҳанӯз аз оғози солҳои 90-ум мутахассисони таҷрибадори МҲҲ ҳудуди Тоҷикистонро тарк карда буданд ва дар ин рузҳои мушкил дар фаъолияти онҳо низ мушкилиҳо ба вуҷуд омад; сеюм, дар сурати мавҷудияти фалаҷи ҳокимият, ки вазъияти баамаломадаро таҳти назорати худ қарор дода натавонист, ин мақомотҳо низ дар ҳолати карахтӣ, беамалӣ қарор доштанд; чаҳорум, дар оғоз мақомотҳои амнияти давлатӣ ва вазорати корҳои дохилӣ бетарафии худро дар ҳодисаҳои бавуқуъ пайваста эълон карданд, ки ин амал ғайричашмдошт буд; панҷум, мақомотҳои суд ва прокуратура бошанд, бинобар авҷ гирифтани ҷинояткорӣ, аз маҳбасҳо баромадани маҳбусон ва ҳодисаҳои дигари ба он алоқаманд буда, муддати чанд вақт аз фаъолияти бонизом дур шуданд. Дар баъзе манотиқ дарвозаҳои онҳоро қулф зада буданд ва биноҳояшон аз ҷониби кормандони милитсия муҳофизат карда мешуданд.
 
-  Яъне, ин ҳолатҳо муваққатӣ буданд?

- Бале, чи тавре, ки баён кардам баъд аз ташкилёбии давлати соҳибихтёр ва мустақили Тоҷикистон, гузаронидани Иҷлосияи ХУ1-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд, фаъолу муназзам гаштани Ҳукумат ва Давлат дар зери роҳбарии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба вуҷуд омадани монеаву мушкилиҳое, ки барои ҳалли онҳо давлат ва ҳукумат чораҳои таъхирнопазир андешидааст. Аз ҷумла, яке аз он масоил таҳким бахшидани мавқеъ ва мақоми сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар буданд, ки давра ба давра мустаҳкам карда шуда қобилияти ҷангӣ ва техникии онҳо пурзӯр ва мунтазам бо кадрҳои талаби замон таъмин карда мешуданд.
 
- Шумо, ки солҳои тулонӣ дар самти фаъолияти милитсияи Тоҷикистон тадқиқотҳои ҷиддиро гузаронида китобу монографияҳои гуногунмазмун ба табъ расонидед, мегуфтед, ки нақши МКД Тоҷикистон дар ин раванд чи тавр буд?

- Дар ин ҷо боз як чизи дигарро таъкид карданиам. Дар қиёс миёни дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат нақши МКД Тоҷикистон ва хусусан кормандони милитсия дар пешгирию муборизаи зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун, таҳкими давлатдории навини тоҷикон хеле назаррас ва калон мебошад. Дар зарфи 29-соли истиқлолият мақомоти корҳои дохилӣ аз чандин имтиҳонҳои ҷиддию озмоишҳои сахту сангини ватанхоҳона бошарафона гузашта, ба як нерӯи пуриқтидору шикастнопазир мубаддал гардид. Ҳамкориҳои он бо ҳамтоёни хориҷиашон низ густариш ёфта, қавитар гашт.
Тӯли ин муддат милитсияи кишвар дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳазорҳо ҷинояткорони хавфнок ва садҳо гурӯҳҳои муташаккили яроқнок, ду кушиши мусаллаҳонаи табаддулоти давлатӣ, чандин амалҳои террористиро безарар гардониданд. Бахусус, якчанд амалиётҳои муваффақонаи онҳо бар зидди дастаҳои муташаккили ҷинояткор воқеан шоистаи таҳсин аст.
 
- Дар бораи талафоти ҷонии кормандони ин мақомот чӣ гуфта метавонед?

- Дар роҳи ҳифзи сохти конститусионӣ ва мубориза бар зидди дастаҳои силоҳбадасти ҷинояткор то ба имрӯз қариб 2,5 ҳазор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳалок гашта, қариб 4 ҳазор фарзандони онҳо ятим монданд.Ватан ва миллати тоҷик ҷонбозиҳои чунин фарзандони баору номус ва далеру шуҷоъи хешро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
 
- Барои чӣ маҳз кормандони милитсия бештар талаф ёфтанд?

- Воқеан, аз заҳмату бедорхобиҳои кормандони милитсия баҳри тинҷиву осудагии кишвар, муборизаи оштинопазири ин родмардон ба муқобили олами чиноӣ, ҷоннисориҳои онҳо баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва тантанаи адолат на ҳама ҷомеа огоҳии хуб доранд.        
Ман таъкид карданиам, ки шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявии ВКД ва Раёсатҳои вилоятии ВКД дар тамоми ҷумҳурӣ тартиботро шабу рӯз таъмин менамоянд. Ба замми он, шуъбаҳои хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва шуъбаҳои Сарраёсати оташнишонӣ ва бехатарии сӯхтори ВКД омодаи хизмат ҳастанд ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ қувваҳои бузурганд. Иловатан, Раёсати Қушӯнҳои дохилии ВКД ҳаст, ки ҷузъу томҳои он дар баъзе маркази шаҳру ноҳияҳо ҷойгир кунонидашуда дар таъмину муҳофизати тартибот ҳиссаи худро мегузоранд ва полку баталёнҳои он бо техникаҳои ҳарбӣ, таҷҳизотҳои махсус муҷаҳҳазанд ва онро бо лафзи дигар «вазорати хурди мудофиа» ном мебаранд. Ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҳудуди гуногуни кишвар сурат мегирад. Дар ҳама ҷое, ки ҳодисаи мушаххас сурат гирад, қабл аз ҳама бо ин қувваҳо рӯбарӯ мешаванд. Барои ҳамин талафоти кормандони МКД Тоҷикистон нисбат ба дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат зиёд аст!
Маҳз бо туфайли заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони ми­литсия осудагию суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, садҳо ҷиноятҳо пешгирӣ, ошкор ва ҷинояткорон дастгир ва дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.
 
- Боз ягон самтҳои дигаре ҳастанд, ки кормандон ҷалб шаванд ва талафотҳои ҷонӣ аз эҳтимол дур набошад?

- Бале, албатта ҳаст. Масалан, дар офатҳои табиӣ – обхезиҳо, заминларзаҳо, сухторҳо, лағжиши кӯҳпораҳо ва дигар ҳодисаҳо, баҳри наҷот додани ҳаёти мардум, ҳимояи молу амволи онҳо, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, таъмин намудани бехатарии аҳолӣ кор­мандони ин соҳа дар канор наистода, дар чунин ҳолатҳо низ нақши асосиро иҷро менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар замонаи осоишта низ мақомоти корҳои дохилӣ талафоти ҷонӣ медиҳад.
 
                                                                                                                            

- Яъне дар о
ғози ҷанги шаҳрвандӣ милитсия дар сангари авали мубориза қарор дошт?

- Комилан дуруст. Дар солҳои аввали истиқлолият ва хусусан, давраи ҷанги шаҳрвандӣ, мавҷудият ва тақдири ояндаи давлатдории тоҷикон зери хатари чиддӣ монда, тақдири ояндаи миллат ҳал мегардид. Табиист, ки дар чунин шароит унсурҳои чиноятпеша хеле фаъол гашта, ҷинояткорӣ афзуд. Соли 1992 сатҳи ҷинояткорӣ якбора боло рафта, шумораи ҷиноятҳо ба 25294 расид. Дар навбати худ дараҷаи кушодашавии ҷиноятҳо низ хеле паст фаромада, 32,3%-ро ташкил медод. Дар солҳои фалокатбори ҷанги шахрвандӣ ҳазорҳо кормандони ба халқу Ватан ва савганди касбӣ содиқи милитсия барои тинҷиву осудагии кишвар, баҳри ҳимояи мардум ва таъмини қонуният сина сипар намуда, бо олами ҷиноӣ дар набард шуданд. Садҳо нафар кормандони он дар ин роҳ ҷони худро қурбон намуда, садҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. 6-уми феврали соли 2000 Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати саҳми милитсия дар ҷомеа андешаҳои хешро чунин иброз намуда буд: «Дар шароити мураккаби ҳозира милитсия дар қатори аввали муборизони оштинопазири зидди ҷинояткорӣ буда, риояи қонуният ва амнияти шахсии шаҳрвандонро таъмин мекунад». Дар ин ҷо бояд таъкид кард, ки кормандони милитсия дар вазъияти мураккаби сиёсӣ-иҷтимоӣ, болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, ҳолатҳои хатарноку даҳшатзо, пуршиддату вазнини руҳию ҷисмонӣ, таъминоти ночизи моддӣ-техникӣ вазифаҳои хизматиашонро сарбаландона адо мекарданд.
 
- Созишномаи сулҳ кай ва дар куҷо ба имзо расид?

- Бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеши ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуд ва 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, миллати тоҷик боз бо ҳам омаду раванди таҳкими ҳаёти осоишта оғоз ёфт.
 
- Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар баробари масъалаи муҳоҷирони иҷборӣ боз кадом намуди ҷиноятҳо бартарӣ доштанд?

 - Ҳарчанд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуду муҳоҷирони иҷборӣ бо машаққат ба Ватан баргардонида шуданд, вале ҳанӯз ҳам як қатор гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадасту унсурҳои ҷиноятпеша тинҷиву осудагии кишварро нахоста, бедодгарию амалҳои ҷинояткоронаи худро идома медоданд. Ин буд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам зиёд буд. Илова ба талафоти зиёди ҷонию молӣ дар Тоҷикистон падидаҳои нави ҷинояткорӣ - терроризм, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, экстремизми динӣ, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа, воситаҳои нашъадор ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Дар чунин шароит махсусан ба кормандони милитсияи тоҷик лозим омад, ки шаклу усулҳои нави муборизаро вобаста ба ин тағйироти олами ҷиноӣ эҷод намояд ва онро дар мубориза бар зидди онҳо истифода барад.
 
- Баъди ба имзо расидани шартномаи сулҳ вазъияти криминогенӣ дар кадом ҳолат қарор дошт?

- Сулҳи деринтизор ба имзо расида шуда бошад ҳам, пояҳои он ҳанӯз мустаҳкам набуд. Тинҷиву осудагии кишвар ҳаргиз ба манфиати гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ ва олами ҷиноӣ набуд ва онҳо ҳар лаҳза метавонистанд ба пойдевори нозуки сулҳ халал ворид намоянд. Дар ҷумҳурӣ даҳҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва беш аз сад гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ба амалҳои террористӣ, куштор, ғоратгарию гаравгонгирии одамон машғул буданд. Хусусан дастаҳои яроқноку муташаккил бо сардории Сангинов Раҳмон («Раҳмон-Гитлер») Муаккалов Мансӯр («Шайх») ва Тағоев Сафар («Подабон»), ки дар Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он бедодгарӣ мекарданд, вазъ­ияти сиёсию криминогении пойтахтро ноорому мураккаб намуда, дар дили шаҳрвандон воҳима андохта бу­данд. Бинобар ин, ба муқобили чунин гурӯҳҳо чораҳои таъхирнопазир андешида шуда, ин гурӯҳҳои зиёновар яке пайи ҳам бо гузаронидани амалиётҳои махсус пурра безарар гардонида шуданд.
 
- Вазъияти криминогенӣ дар ҷумҳурӣ ва авҷ гирифтани ҷинояткорӣ зарурияти андешидани чораҳои амалӣ ва қабули дигар санадҳои қонунгузориро ба миён овард. Лутфан мегуфтед, ки кадом санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ин солҳо коркард ва ба тасвиб расонида шуда буданд?

- Шумо саволи дуруст додед. Дар ҳақиқат дар ин рӯзҳои мушкили ҷумҳурӣ як теъдод қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард ва ба тасвиб расиданд, ки татбиқи онҳо пайваста ҳолатро дар ҷумҳурӣ ба беҳбудӣ такон дод. Дар ин рӯзҳои пурҳассос аз ҷониби Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон як қатор фармонҳо, ба монанди: «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2-уми декабри соли 1994, «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири пурзур намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор» аз 12-уми апрели со­ли 1996, «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оиди устувории ҳолати ҳарбӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 13-уми августи соли 1997, «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм» аз 21-уми апрели соли 1997 ва ғайраҳо ба имзо расиданд, ки амалисозии он ба воҳидҳои мақомоти дахлдори давлатӣ, пеш аз ҳама, мақомоти милитсия имкон дод, ки сатҳи ҷинояткориро паст намуда, ба устувории вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ноил гарданд. Дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор саркӯб карда шуда, пеши роҳи афзоиши босуръати ҷинояткорӣ гирифта шуд.
 
- Маҳз ҷанги шаҳрвандӣ як намуди нави ҷинояту ҷинояткориро дар самти нашъамандӣ ва интиқоли маводи мухаддир ба вуҷуд оварда буд. Дар ин самт атрофи пешгирии он чи корҳо сурат гирифт?

- Барои пешгирии паҳн гардидани нашъамандӣ ва интиқоли маводи мухаддир аз тариқи хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Э.Раҳмон 12 апрели соли 1996 фармонро «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳолати назорати прокуратура аз болои иҷрои онҳо»-ро ба имзо расонид. Шӯрои танзими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шуд, ки дар маҷлисҳои худ рафти иҷрои фармонҳо, қарорҳо ва супоришҳои дигари Президент ва Ҳукумати Ҷумҳуриро оид ба ин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор медод.
 
- Ҷанги шаҳвандӣ чи гуна талафот гузошт?

- Бар асари он беш аз як миллион нафар одамон ба муҳоҷирони иҷборӣ табдил ёфта, ба миқдори 150 ҳазор нафар ҳайёти одамонро рабурд ва зарари моддӣ беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
 
- Таҳлили фишурдаи тамоми маводи дар боло қайдшуда ва хулосаҳои Шумо атрофии ин масъала!

- Дар ҳақиқат баъди соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ миллати мо ба гирдоби амиқи задухӯрдҳо кашида шуд, ки бароямон номатлуб буд. Аксари кули собиқ ҷамоҳири шуравӣ ҳамту, бе талафот соҳибистиқлол гаштанд, барои мардуми тоҷик ин соҳибихтиёрӣ хеле гарон афтод. Дар маҷмӯъ якчанд хулосаҳоро ироа кардан мумкин аст:
  1. Дар солҳои ҷанги бародаркуш низоъ дар ҷумҳурӣ на танҳо ба ҷанги ҳаҷман калон табдил ёфт, балки асосҳои мувозинати иҷтимоӣ – иқтисодӣ халалдор, арзишҳо ва самтҳои афзалиятнок вайрон ва ба тағйиротҳои ҷиддӣ дучор гардиданд. Вазъи ба вуҷудомада фаъолияти кормандони МҲҲ ва сохторҳои қудратиро мураккаб гардонид. Маҳз ба души онҳо тамоми вазнинии озмоиш ва масъулият дар самти таъмини ҳуқуқ ва ҳаёти сокинони ҷумҳурӣ гузошта шуд. Вале ба ҳар ҳол онҳо намунаи олии садоқат нишон дода, устуворӣ ва қарзи бошарафонаи худро исбот карданд.
  2. Хусусиятҳои Тоҷикистон дар ин давра ба фикри мо дар он зоҳир меёфт, ки шароити номӯътадили иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва таҳаввулоти иқтисодиёт, ки роҳи ба расмият даровардани сармояи ғайриқонуниро эҳё намуд ба фаъолнокии гурӯҳҳои ҷинояткор ба ҳаёти хоҷагии кишвар мусоидат намуд. Ҳамин тариқ, аксари ташкилотҳо ва корхонаҳои ҷумҳурӣ дар муддатҳои муайян ба зери назорат ва таъсири ташкилотҳои ҷинояткор афтода буданд, ки вазъро боз ҳам пурпечутоб гардонид.
  3. Воқеаҳои солҳои 1990–1992 дар Тоҷикистон камбудию норасоиҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ҷумҳурӣ бараъло нишон дод. Таҳлили амалҳо, аз ҷумла МКД, махсусан ҳангоми пешгирӣ намудани бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар маҳаллаҳо нишон дод, ки аз тарафи роҳбарони ҷузъу томҳо дарсу таҷрибаи талхи дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон ва Закавказия таҳлил нашуда дуруст низ омӯхта нашуд. Гарчанде, ки вазъият дар ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мешуд, вазъият на танҳо назорат карда нашуд, балки ба таври ҷиддӣ омӯхта низ намешуд ва чорабиниҳои саривақтӣ нисбати нест кардани унсурҳои зиддиҷамъиятӣ дида нашуда, хаҷми доираи хатари афзудаистода муайян нашуд. Воҳидҳои милитсияи пойтахт ва дигар шаҳрҳо, ки барои бурдани хизмат ба пойтахт омада буданд, дар иҷрои вазифаҳои мушаххас омода набуданд, системаи идоракунии қувва ва воситаҳо, ҳуҷҷат кардани иштирокчиён ва ташкилкунандагони бетартибиҳо, кашида гирифтани яроқ, ки ба ҷумҳурӣ аз ҳудуди Афғонистон, Эрон, Покистон ва дигар кишварҳо ворид мешуд, ба дараҷаи ба талаботҳо номувофиқ дар он рӯзҳо гузаронида мешуд.
  1. Дар ибтидои солҳои 90-ум дар ташкили фаъолиятҳои оперативӣ – хизматӣ, кадрии ШКД-и маҳаллӣ, норасоиҳои ҷиддӣ ба чашм расида, дараҷаи пасти таҳлил ва дурнамои инкишоф аз тарафи хадамотҳои мутасадии ВКД ба назар мерасид. Дар баробари ин рафти ҳодисаҳо дар Тоҷикистон камбудиҳои кори арсаи тарбиявиро бо ҳайати шахсӣ нишон дод, ки дар раванди мураккабшавии вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонид. Дар чунин вазъият бисёре аз кормандони милитсия сустиродагӣ, бемасъулиятӣ, бетарафӣ нисбати иҷрои вазифаҳо ва қарзи хизматӣ нишон дода, мавқеи мушоҳидакориро ишғол намуданд ва ҳамзамон далелҳои дурӯягӣ, хиёнати кормандон ба назар расид. Ба ғайр аз ин баъзе шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳиявӣ нисфашон ва дар баъзе манотиқи дигар ба таври пурра бе нишон додани ягон муқобилият ба душманони давлат таслим мешуданд.
  2. Бӯҳрони амиқ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт рӯз ба рӯз вазнин мегашт. Чунин ҳолат наметавонист, ки ба таври манфӣ ба рӯҳу равон ва фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бетаъсир монад. Ҳокимияти болоӣ низ бефаъолиятӣ зоҳир менамуд. Фалаҷ гаштани ҳокимият дар соли 1992 ба қурбониҳои зиёди одамон оварда расонид, вазъият аз таҳти назорати мақомоти ҳокимияти марбута берун гашт. Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин рӯзҳои ҳассоси тақдирсоз, гарчанд, вазифаҳои хизматии худро иҷро менамуданд, вале мутаассифона роҳбарии дурусти мақомотҳо дар маҳаллаҳо мавҷуд набуд.
  3. Коркарди мунтазами санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии ҷумҳурии ҷавони соҳибихтиёр ҳамчун воситаи муҳими ба танзим дароварандаи масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба ҳисоб мерафт. Хусусиятҳои хоси ин санадҳо дар он инъикос меёфт, ки:
аввалан, нашри қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ идоракунии зарури мутобиқи талабот ва сулҳу суботро дар кишвар таъмин менамуд;
дуввум, санадҳои ҳуқуқӣ баҳисобгирӣ ва назорати иҷрои ӯҳдадориҳои ба ӯҳдаи мақомотҳои корҳои дохилӣ гузошташударо таъмин менамуд.
саввум, санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқӣ тартиби фаъолият ва масъулияти моддии кормандонро ба танзим медароварданд;
чаҳорум, қонунҳои мазкур ва дигар санадҳо миқёсу дараҷаи масъулиятҳои моддӣ, интизомӣ, ҷиноятии сокинонро муқаррар ва ҷорӣ менамуданд.
  1. Вале набояд имрӯз як чизро фаромӯш кард, ки ҷинояткории замони муосир домани фарох ва густурда дошта, тамоилҳои нав пайдо карда истодааст. Аз ин лиҳоз, набояд бепарвою фориғбол гашта, ба хотирҷамъӣ роҳ дода шавад. Баръакс, вазъияти мураккаби сиёсӣ-геополитикии минтақа, даҳшати воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ки аз лавҳи хотири сокинон фаромӯш нагаштааст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта ҳӯшёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, бо дарки баланди масъулияти касбӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ ба олами ҷиноӣ оштинопазир бошанд.

БОЗГАШТ