АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

НБО «Роғун» барои электриконидани роҳи оҳан ва истифодаи васеи мошинҳои бо барқ ҳаракаткунанда имконият фароҳам меорад

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 «Бунёди НБО «Роғун» на танҳо ба халқи тоҷик рӯшноӣ медиҳад, балки барои беҳтар шудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад. Бо ба истифода додани чархаҳои он дар Тоҷикистон имкониятҳои васеъ, аз ҷумла   ворид гардидани  сармояи азими хориҷӣ, бунёди корхонаҳои бузурги коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ, роҳандозии корхонаҳои ҳозиразамони коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва дар ин замина бунёди ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди соҳаи комплекси агросаноатӣ, равнақу ривоҷ ёфтани шаҳрсозӣ ва туризми байналмилалӣ, электриконидани роҳи оҳан ва истифодаи васеи мошинҳои бо барқ ҳаракаткунанда фароҳам омада, даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ муҳайё мешаванд»,-изҳор дошт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Маҳмадамин ОЙМАҲМАДОВ. Матни пурраи суханони ӯ дар зер оварда мешавад.

    Бунёди ин иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат таҳти роҳнамоӣ ва назорати бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.

   Неруи пурраи барқии НБО-и «Роғун» дар як сол  17,1 миллиард киловатт- соат барқро ташкил дода, Тоҷикистонро ба рӯйхати яке аз давлатҳои содиркунандаи бузурги барқ дохил менамояд.

   Бо мақсади анҷоми корҳои сохтмонии зеризаминӣ, сохтмончиёни НБО-и «Роғун» дар тӯли даҳ соли охир зиёда аз 80 километр нақби ёрирасонро ба истифода доданд, ки он бо дарозии худ дар маҷмӯъ аз нақби метрои шаҳри Алмато (11,3 км), нақби метрои шаҳри Тошканд (36,2 км), нақби метрои Ереван (12,1 км) ва нақби метрои шаҳри Тифлис (36,2 км)  дарозтар мебошад.

   Бо ба анҷом расонидани сохтмони НБО  «Роғун» шароити захира намудани 13,3 километри кубӣ оби дар лаҳзаҳои муҳим барои кишоварзони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон зарурӣ фароҳам меояд.

   Умед аст, ки бо самаранок истифода бурдани оби захирашудаи НБО-и «Роғун», «Норак», «Сангтӯда–1» ва «Сангтӯда- 2» ва «Бойғозӣ»  имконияти  васеи анҷом додани корҳои ирригатсионии заминҳои зиёди беобхобидаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ муҳайё мегардад.

   Аз таҷрибаи НБО «Норак» маълум аст, ки баъд аз панҷ соли истифодаи пурраи қудрати азими агрегатҳои баландшиддати НБО «Роғун» баргашти  маблағҳои сарфшудаи корҳои сохтмонии анҷомдода барқарор шуда, он садсолаҳо барои аҳолии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя хидмат менамояд.

 Бознашр аз АМИТ "Ховар"

БОЗГАШТ