АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

“НЕРӮИ НАРМ” – И ҲИНДУСТОН ВА ТАТБИҚИ ОН ДАР РАВОБИТ БО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Ҳамидова Сарвиноз

Расм

Бо пайдо шудани мафҳумҳои “нерӯи нарм” ва “дипломатияи фарҳангӣ” дар муносибатҳои байни давлатҳо мавқеи фарҳанг боз ҳам устувор гардида, давлатҳо кӯшиш доранд, ки ҳамкориҳои фарҳангию адабиро рушд дода, робитаҳои судмандро миёни халқҳо ва кишварҳо устувор гардонанд. Имрӯзҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ давлатҳои хурду бузург аз “нерӯи нарм” барои расидан ба манфиатҳои миллӣ ва геополитикии худ ба таври густурда истифода менамоянд.

Бо рушд намудани раванди ҷаҳонишавӣ ва зиёд гардидани таъсири фарҳанг дар муносибатҳои байни давлатҳо, фарҳанг ба қисми таркибии сиёсати байналмилалӣ ва “дипломатияи фарҳангӣ” — и давлатҳо ворид шуда, ҷиҳати таҳкими равобити дӯстона мусоидат менамояд. Дар чаҳорчӯби дипломатияи фарҳангӣ ва “нерӯи нарм” метавон аз санъат, театр, кино, мусиқӣ, рақс, санъати тасвирӣ, намоишҳо, барномаҳои маърифатӣ, илмӣ таҳсилотӣ, адабиёт, таъсиси марказҳо, пахши ахбор ва барномаҳои фарҳангӣ дар хориҷа бо забони худ истифода намуд.

Ҳамзамон барои таҳкими “нерӯи нарм” ва дипломатияи фарҳангӣ метавон аз таъсиси грантҳо, стипендияҳо, табодули академӣ, баргузории тренингу конференсияҳо барои роҳ ёфтан ба шабакаҳои иттилоотӣ ва ғ. истифода намуд. Бо ин роҳ робитаҳои фарҳангӣ метавонад воситаи судманди дипломатияи мардуми давлатҳо гардад ва дар ташаккули мавқеъ ва имеҷи онҳо дар арсаи байналмилалӣ нақши назаррас бозад.

Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ки соли 1947 шинохта шуд ва дар тӯли 70 соли истиқлолияти худ якчанд маротиба консепсияи сиёсати хориҷаи худро тағйир додааст. Бояд қайд намуд, ки истифодаи “нерӯи нарм” ва дипломатияи фарҳангӣ дар сиёсати хориҷии Ҳиндустон бо ташкили он ҳамчун ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

Дар маҷмуъ “нерӯи нарм”-и Ҳиндустон се марҳалаи рушдро тай намудааст: Марҳалаи якум аз соли 1947 оғоз гардид, бо марги нахуствазири Ҳиндустон Ҷаваҳарлал Неру ва дар соли 1964 анҷом ёфт, ки дар ин давра “нерӯи нарм” дар сиёсати хориҷии Ҳиндустон шакл гирифта буд; Марҳалаи дуюм аз соли 1964 то соли 1998 давом кард, дар ин давра муносибатҳо байни Ҳиндустону Покистон тезутунд гардида, ҷанги дуюми Ҳиндустону Покистон соли 1965 ва ҷанги сеюми Ҳиндустону Покистон соли 1971 ба вуқуъ пайвастанд, ки боиси рӯ овардани Ҳиндустон аз “нерӯи нарм” ба “нерӯи сахт” гардид; Марҳилаи сеюм аз соли 1998 то имрӯз идомад дорад, ки дар ин давра роҳбарони Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сиёсати хориҷиашон "нерӯи оқилона" – ро ворид намуданд, ки ин боиси пурра шакл гирифтани “нерӯи нарм”-и Ҳиндустон ва ташаккули он гардидааст [8. С. 291].

Дар айни замон Ҳиндустон ҳамчун яке аз давлатҳои пешсафи минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дар сиёсати хориҷии худ аз “нерӯи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ” ба таври васеъ истифода мебарад. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани давлатҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Ҳиндустон бо давлатҳои минтақа аз соли 1992 муносибатҳои дипломатиро барқарор намуда, ва дар як муддати кӯтоҳ муносибатҳо дар ҳама соҳаҳо ба роҳ монда шуданд. Дар айни замон Ҷумҳурии Ҳиндустон дар панҷ давлати Осиёи Марказӣ дорои сафоратхона буда, ки барои рушди муносибатҳои ҳамаҷониба лоиҳаҳои гуногунро пеш мебаранд. Ҳиндустон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ умумиятҳои таърихии зиёд дошта, маҳз ҳамин умумиятҳо ба равнақ ва густариш ёфтани муносибатҳо дар сатҳи нав ва соҳаҳои гуногун мусоидат намуданд.

Ҳамзамон соли 1994 Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе фаъолияташро оғоз намуд. Сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон барои рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни давлатҳо таъсири хоса дорад. Ҳамасола бо ташабуси сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Инчунин дар Тоҷикистон марказҳои илмӣ – фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон низ фаъолият мекунад.

Аввалин маркази асосии ҳиндшиносӣ дар Тоҷикистон ин кафедраи филологияи Ҳинду Покистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кафедраи филологияи Ҳинду Покистон соли 1983 таъсис ёфтааст ва то имрӯз дар ҷумҳурӣ маркази асосии тайёр кардани кадрҳои шарқшиносии маҳаллӣ доир ба забону адабиёти Ҳинду Покистон мебошад. Кафердраи мазкур аз ҷониби сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон пурра дастгирӣ гардида, ҳамасола бо ташаббуси сафоратхона устодони кафедра ба курсҳои бозомӯзиву таҳқиқотӣ ва конференсияҳои илмии Ҳиндустон ҷалб карда мешаванд. Инчунин бо дастгирии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон устодони кафедра аз ҷумла, Ҳ. Раҷабов, Ҳ. Қурбонов, С. Ёрова, ва А. Латифов ба курсҳои таҷрибаомӯзӣ ба Ҳиндустон фиристода шудаанд. Ҳамчунин, ҳар сол якчанд нафар донишҷуёни беҳтарини курсҳои болоӣ барои таҷрибаомӯзии забони ҳиндӣ ба муддати 10 моҳ ба донишгоҳҳои олии Ҳиндустон, ва ба Маркази омӯзиши забони ҳиндӣ ба шаҳри Агра фиристода мешаванд.

Тибқи шартномаи дутарафа байни ДМТ ва сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2019 то моҳи июни соли 2021 устоди донишгоҳи шаҳри Алигарҳи Ҷумҳурии Ҳиндустон, доктор Рафиуддин барои гурӯҳҳои ҳиндӣ ва урду ба таври факултативӣ дарс гузаштанд ва бар ивази он аз моҳи сентябри соли 2021 то имрӯз устоди дигари ҳамин донишгоҳ доктор Муштоқ Аҳмад ба шогирдон ба таври факултативӣ дарс гузашта истодаанд.

Сарварии кафедраро аз соли 1983 то соли 2006 профессор Раҷабов Ҳабибулло, аз соли 2006 то соли 2008 муаллими калон Усмонов Мумтоз, аз соли 2008 то соли 2012 дотсент Нурова Майрамбӣ ва аз соли 2013 то соли 2018 дотсент Раҳматуллоева Зарина бар уҳда доштанд. Аз соли 2018 то ҳол кафедраи мазкурро дотсент Қурбонов Ҳайдар сарварӣ мекунанд [5]. Мавриди зикр аст, ки кафедраи мазкур аз соли 1993 инҷониб барои тарбияи насли нави олимону мутахассисони ин соҳа саҳми арзанда гузошта, дар пояи он соли 2017 «Маркази омӯзиши Ҳиндустон» ифтитоҳ шудааст, ки устодони кафедраи мазкур дар ҳамин марказ ҳамзамон ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ машғуланд.

Маркази дигари фарҳангии ба номи адиб ва тарҷумони маъруфи ҳинд Раҳул Санкритяян бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ҳиндустон соли 2018 аз тарафи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ гардида аст [12].

Сабаби дар Академияи миллии илмҳои Тоыикистон ифтитоҳ ёфтани гӯшаи мазкур хизматҳои шоистаи Раҳул Санкритяян дар тарғибу ташвиқи таъриху адабиёти тоҷикон дар Ҳиндустон аст. Номбурда, замоне ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафари корӣ дошт ва бо таъриху тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон шиносоӣ пайдо намуд ва дар ин росто, бо бузургони илму адаби тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуда, минбаъд дар муаррифиву шиносондани осори адабиву таърихии халқи тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.

Маркази мазкур имрӯз ҳамчун маркази тадқиқотӣ ва омӯзиши масъалаҳои гуногуни адабиёт, таърих, иқтисод ва сиёсати Ҳиндустон фаъолият мекунад. Кормандони ин марказ Мирсаид Раҳмонов ва Турсунмурод Турсунов ва дигарон дар соҳаи ҳиндшиносӣ тадқиқотҳо анҷом дода ба дастовардҳои илмии назаррас ноил гардидаанд. Маводҳои илмӣ ва мақолаҳои пешниҳодгардидаи устодон на танҳо дар маҷаллаҳои Ватанӣ балки дар хориҷи кишвар, бахусус Ҳиндустон низ нашр гардидаанд.

Бо дастгирии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаии 17-уми апрели соли 2018 аз тарафи кормандони институти номбурда силсилаи лексияҳо доир ба робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва адабӣ баргузор гардид. Ин лексияҳо дар шакли маҷмӯа бо номи “Ҳиндустон ва Тоҷикистон - 25 соли дӯстӣ” бо дастгирии сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба нашр расид [1].

Инчунин дар Институт бахшида ба 25 – солагии муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Ҳиндустон намоиши “Ҳунари рассомии Ҳиндустон ва Тоҷикистон” доир гардид, ки дар он мусаввараҳои рассомони тоҷик ба намоиш гузошта шуд.

Кафедраи филологияи ҳиндӣ дар Донишгоҳи байналмиллалии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода низ аз соли 2018 фаъолияти худро ба роҳ мондааст, ки ҳамасола донишҷӯёни зиёде ин Донишгоҳро хатм мекунанд. Устодони ин кафедра дар баробари омӯзондани забону адабиёти ҳиндӣ ба донишҷӯён, боз ба навиштани китобҳои дарсӣ ва тарҷумаи баъзе китобҳои ҳиндӣ машғул мебошанд. Бо дастгирии сафорати Ҳиндустон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар донишкадаҳои омӯзгории шаҳри Панҷакент, Конибодом ва Хоруғ низ гӯшаҳои омӯзишии Ҳиндустон таъсис ёфта, фаъолият мекунанд [4].

Маркази дигари илмӣ-фарҳангии Ҳиндустон ба номи Свами Вивекананда дар назди сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондааст, ки дар марказ дарсҳои рақси катҳак (рақси классикии ҳиндӣ 40 нафар), табла барои (30 нафар), йога (зиёда аз 150 нафар), забони ҳиндӣ ва санскрит аз ҷониби устодони ботаҷрибаи ҳиндустонӣ бо таври ройгон гузаронида мешаванд [3]. Даспарварони маркази мазкур дар барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, ки аз тарафи сафоратхона гузаронида мешавад, иштироки фаъолона доранд. Курсҳои шашмоҳаи омӯзиши забони ҳиндӣ якчанд гурӯҳҳоро дар бар мегиранд, аз ҷумла гурӯҳи русӣ, тоҷикӣ ва гурӯҳи пешрафта, ки дар як ҳафта се маротиба забони ҳиндиро меомӯзанд. Аз ҷониби ICCR (Indian Council for Cultural Relations) устодони ҳиндӣ барои омӯзондани забон ва санъати ҳиндӣ ба ин марказ ҷалб мегарданд. Инчунин ҳамасола бо ташаббусу сарпарастии сафоратхонаи Ҳиндустон дар Душанбе “рӯзи йога” ҷашн гирифта мешавад, ки дар он шахсони ба ин намуди варзиш шавқу рағбат дошта иштирок менамоянд. Санаи 21 июни соли 2022 дар марказ 8 – умин рӯзи йога ба ташаббус ва сарпарасти сафоратхона баргузор гардид, ки дар он шаҳрвандони аз 7 то 77 сола иштирок доштанд. Инчунин дар ҷашни мазкур Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ иштирок ва суханрони намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо ин рӯз табрик гуфта, қайд намуданд, ки ин намуди варзиш яке аз варзишҳои хоси мардуми ҳинд буда, ин ҷашнро дар Тоҷикистон ва бо шаҳрвандони ин кишвар ҷашн гирифтан рамзи хуби дӯстӣ байни халқҳои мо мешаванд [9]. Ин рӯзро дар маркази фарҳангии Панҷакент низ ҷашн мегиранд. Мавриди зикр аст, ки маркази мазкур дар тӯли фаъолияти худ ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст ва яке аз фаъолтарин марказ ба ҳисоб меравад, ки ба ташвиқу паҳн намудани фарҳанги ҳиндӣ дар миёни ҷавонон ва насли навраси мамлакат машғул аст.

Шӯрои Ҳиндустон оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR) як созмони худмухтори Ҳукумати Ҳиндустон аст, ки ба равобити фарҳангии хориҷии Ҳиндустон тавассути табодули фарҳангӣ бо дигар кишварҳо ва халқҳои онҳо машғул аст. Ин шӯро санаи 9 – уми апрели соли 1950 аз ҷониби Мавлоно Абул Қалам Озод, аввалин вазири маорифи Ҷумҳурии Ҳиндустони мустақил таъсис ёфтааст. Ҳадафҳои асосии он иштироки фаъолона дар таҳия ва татбиқи сиёсати “нерӯи нарм” ва барномаҳои марбут ба робитаҳои фарҳангии берунии Ҳиндустон, инчунин инкишоф додан ва мустаҳкам намудани муносибатҳои маданӣ ва фарҳангӣ байни Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳо, мубодилаи фарҳангиро бо дигар мамлакатҳо ва халқҳо ривоҷ дода, муносибатҳоро бо давлатҳо инкишоф медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин созмон аз соли аввали кушодашавии сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ҳамасола тибқи Шӯрои Ҳиндустон оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR) 25-30 нафар илмомӯзони ҷавони тоҷикро барои гирифтани дараҷаҳои бакалавр, магистрӣ ва докторӣ ба Ҳиндустон мефиристанд, ки онҳо дар штатҳои мухталифи Ҳиндустон таҳсил намуда, соҳиби унвонҳои илмӣ ва гирандаи стипендияи ICCR мегарданд [6].

Мавриди зикр аст, ки Шӯрои Ҳиндустон оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR) чорабиниҳои фарҳангиро паиҳам аз соли 2006 то инҷониб ташкил намуда истодааст ва гурӯҳҳои санъаткорони тоҷик аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон интихоб шуда, дар Фестивали байналхалқии Сураҷкунд иштирок менамоянд, ва гуррӯҳои санъаткорони Ҳиндустон низ дар ҷорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аввалин маротиба дар соли 2006, ҳаваскорони гурӯҳи “Рухшона” дар ҳайати 60 нафар таҳти барномаи Шӯрои Ҳиндустон оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR) ба Ҳиндустон сафар карданд ва дар фестивали байналхалқӣ иштирок намуданд. Аз Ҳиндустон бошад, гурӯҳҳои санъаткорон дар Фестивали мусиқии “Садои дилҳо”, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2005 ташкил шуд, иштирок карданд. Дар моҳи августи соли 2006 гурӯҳи эҷодии мусиқии сӯфӣ дар Душанбе ва ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд. Гурӯҳи санъаткорони “Манипурӣ мартиал” моҳи августи соли 2007 дар Душанбе ва Хуҷанд санъаташонро пешкаши ҳаводорони санъату мусиқӣ намуданд [4].

Санъаткорони рақси “кучипудӣ” ва ҳофизони вокалӣ аз кишвари Ҳиндустон дар ҳайати 10 нафар, 29 марти соли 2009 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ карданд. Гурӯҳи эҷодии “Қавалӣ” дар ҳайати 8 нафар аз 8-ум то 12-уми октябри соли 2009 дар Тоҷикистон дар Фестивали байналхалқии фалак иштирок карданд ва 10 - уми октябри ҳамон сол дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ (Душанбе) бо дастгирии Фонди Оғохон як барномаро пешкаши ҳаводорони мусиқӣ намуданд. Ин гурӯҳ инчунин 12 октябр дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои тобеи марказ баромад кард. Гурӯҳҳои санъаткорони “Бҳангра” ва “Гидда” аз Ҳиндустон дар маҷмӯаи консертии Коҳи Борбад 8 сентябри соли 2009 дар ҷашнгирии 18 - умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, ки дар он Президенти Ҳиндустон иштирок дошт, барномаи эҷодиро пешкаши тамошобинон гардониданд [2].

Гурӯҳи рақсии “Ҷаҳоноро”, ки аз 17 нафар ҳофизону раққосон ва 5 нафар намояндагони ҳунарҳои мардумӣ иборат буданд, аз 1-ум то 15-уми феврали соли 2010 дар фестивали ҳунарии Сураҷкунд дар шаҳри Деҳлӣ, ки аз тарафи Ҳаряна Туризм дар Ҳиндустон ташкил шуда буд, иштирок карданд. Ин гурӯҳро собиқ муовини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Азизӣ Фароғат роҳбарӣ намудааст. Ин аввалин маротиба буд, ки Тоҷикистон ҳамчун "кишвари шарик" дар фестивали Сураҷкунд иштирок кард. Гурӯҳи рақсии “Чаманоро”, иборат аз 24 нафар ва 5 нафар донишҷӯи Маркази фарҳангии Ҳиндустон дар фестивали ҳунарии Сураҷкунд аз 1-ум то 15-феврали соли 2011 дар шаҳри Деҳлӣ иштирок карданд.

Ҳайати гурӯҳи санъаткорон иборат аз 15 нафар, ки аз тарафи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон интихоб шуданд, аз 1-ум то 15 – уми феврали соли 2012 дар фестивали ҳунарии Сураҷкунд иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Ҳайати гурӯҳи санъаткорон иборат аз 15 нафар, ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон интихоб шуданд ва 5 нафарашон аз Маркази фарҳангии Ҳиндустон буданд дар фестивали ҳунарии Сураҷкунд, ки аз тарафи Ҳаряна Туризм аз 1 то 15 феврали соли 2013 ташкил шуда буд, иштирок карданд. Ҳайати гурӯҳи санъаткорон иборат аз 15 нафар, ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон интихоб шуданд ва 5 нафарашон аз Маркази фарҳангии Ҳиндустон буданд дар фестивали ҳунарии Сураҷкунд, ки аз тарафи Ҳаряна Туризм аз 14 феврали соли 2014 ташкил шуда буд, иштирок карданд [4].

Дар ҷашнгирии рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумхурии Ҳиндустон “Салом Ҳиндустон" моҳи апрели соли 2016 ҳайати гурӯҳи санъаткорон аз Ҳиндустон иштирок карданд. Ин гурӯҳҳои санъаткорон дар Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ ҳунарнамоӣ карданд.

Ҳамкориҳои техникию иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) барномаи дигаре мебошад, ки ҳамасола курсҳои омӯзиширо барои такмили ихтисоси кормандони давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ташкил мекунад. Ҳар сол тибқи ин барнома садҳо кормандони вазорату муассисаҳои давлатӣ ба Ҳиндустон мераванд ва доир ба ихтисосашон дар курсҳои махсус таҳсил мекунанд. Инчунин мувофиқи барномаи мазкур барои кормандони давлатӣ курсҳои омӯзишии забони англисӣ ва компютерӣ ташкил дода шудааст. Барномаи ҳамкориҳои техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) соли 1964 ҳамчун барномаи кӯмаки Ҳукумати Ҳиндустон барои дигар кишварҳо ташкил карда шудааст. Ҳоло барномаи мазкур дар доираи худ доираи васеи фаъолиятҳоро дар бар мегирад, ки омӯзиш дар Ҳиндустонро ба номзадҳо аз кишварҳои шарики ITEC, иҷрои лоиҳаҳо ва фаъолиятҳои марбут ба лоиҳа ба монанди омӯзиши техникӣ-иқтисодӣ ва хизматрасонии машваратӣ, вобастагии коршиносони Ҳиндустон дар хориҷа дар фаъолиятҳои рушд, гузаронидани турҳои омӯзишии коршиносони кишварҳои шарик ба муассисаҳои муҳим, марказҳои омӯзишӣ ва дигар ҷойҳои ҷолиби Ҳиндустон, тақдим кардани тӯҳфаҳо, тақдими таҷҳизот бо дархости кишварҳои шарики ITEC ва расонидани кӯмак барои рафъи офатҳои табииро дар бар мегирад.

Дар доираи ITEC барномаҳои махсус барои ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ таҳрезӣ гардидааст (АСЕАН, MGC, BIMSTEC, АС, ААРДО, ВТО, КАРИКОМ, IOR-ARC), ва 161 давлатҳои Осиё, Африқо, Аврупои Шарқӣ, Амрикои Лотинӣ, Ҳавзаи укқёнуси Ором ва давлатҳои хурди ҷазиравӣ барои ҳамкорӣ бо барномаи ITEC даъват карда шудаанд [13].

Дар масъалаи таҳсил дар Ҳиндустон бошад, тибқи ин барнома, Ҳиндустон имрӯз беш аз 12000 стипендияро баррасӣ мекунад, ки 47 муассисаи таълимиро фаро мегирад. Тоҷикистон аз соли 1996 шарики ITEC-и Ҳиндустон мебошад. Аз он вақт инҷониб зиёда аз 1400 нафар олимони Тоҷикистон барои иштирок дар барномаи таълимӣ ба Ҳиндустон сафар намудаанд [10]. Санаи 7 – уми октябри соли 2022 58-умин Рӯзи ITEC бо ширкати беш аз 200 хатмкардаи ин баронома дар Тоҷикистон таҷлил гардид, ки дар ин чорабинӣ Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ ширкат варзида, бо ҳатмкунандагон ҳамсуҳбат шуд. Хатмкардагони ITEC аз таҷрибаи гирифтаи худ нақл карда, барои рушди малакаҳои гирфтаи худ изҳори сипос карданд [11].

Дар баробари марказҳо ва барномаҳои дар боло зикр гардида дар Тоҷикистон инчунин “Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон - Ҳиндустон” низ фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро Ҳабибулло Раҷабов – доктори илмҳои филология, профессори кафедраи филологияи Ҳинду Покистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон сарходими шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба уҳда доранд [14].

Маркази мазкур низ дар тӯли фаолияти худ барои татбиқи “нерӯи нарм” – и Ҳиндустон дар Тоҷикистон таъсири назаррас дорад ва боиси боз ҳам тақвият додани муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон ва наздик намудани мардумони ду кишвар мебошад.

Ҳамзамон ҳамасола бо сарпарастии сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо аз қабили: 1.    Рӯзи Ҷумҳурӣ (26 январ); 2. Ҳоли / Рӯзи байналхалқии занон (08 март); 3. Иди байналмилалии Наврӯз (21 март); 4. Махавир Ҷаянти       (04 апрел); 5. Ид-ул-Фитр; 6. Будда Пурнима (05 май); 7. Ид-ул-Зуха (Бакрид) (29 июн); 8. Мухаррам (29 июл); 9. Рӯзи истиқлолият (15 август); 10. Джанмаштами (вайшнав) (07 сентябр); 11. Милад-ун-Наби или Ид-э-Милад (28 сентябр); 12. Рӯзи мавлуди Маҳатма Ганди (02 октябр); 13. Душера (24 октябр); 14. Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (06 ноябр); 15. Дивали (Дипавали) (12 ноябр); 16. Рӯзи мавлуди Гуру Нанака (27 ноябр); 7. Мавлуди Исо (25 декабр) ҷашн гирифта мешаванд.

Бо ташаббуси сафоратхонаи Ҳиндустон дар Душанбе нашри маҷаллаи “Оинаи Ҳинд” дар забони тоҷикӣ дар назди сафорати мазкур ба роҳ монда шудааст, ки дар он хабарҳо, мақолаҳо ва маъмулот дар бораи ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҳиндустон, чорабиниҳои дар сафоратхона гузаронидашуда ва дигар матлабҳо ба чоп расонида мешаванд. Маҷаллаи мазкур ҳар ду моҳ як маротиба бо теъдоди 500 адад нашр гардида, ба марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои дорои кафедраи забони ҳиндӣ ба таври ройгон дасрас гардонида мешавад.

Инчунин ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ҳиндустон мегузарад, ки дар он ҳайатҳои гурӯҳи санъаткорон аз Ҳиндустон иштирок мекунанд. Ин гурӯҳҳои санъаткорон дар Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳунарнамоӣ карда, мардуми тоҷикро бо фарҳангу тамаддуни Ҳиндустон шинос менамоянд. Дар якҷоягӣ, бо рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиши колоҳои ҳиндӣ низ гузаронида мешавад. Ёдовар мешавем, ки нахустин намоишгоҳи колоҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2015 баргузор шуда буд ва боздидкунандагони бисёре дошт. Аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ва зиёд будани талабот ба колоҳои ҳиндӣ дар Тоҷикистон, баргузоркунандагон тасмим гирифтаанд, ки намоишро дар се шаҳр - Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар барпо кунанд.

Ба муносибати 30 – солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон аз 3 то 6 май дар шаҳри Душанбе Фестивали кинои ҳиндӣ бо ташаббуси сафоратҳонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо “Тоҷикфилм ” ва ҷаъмияти филмии Сатяҷита Рая гузаронида шуд, ки дар он филмҳои ҳиндии жанрҳои гуногун ва бо тарҷумаи тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд [7].

Фестивали мазкур дар Кинотеатри “Ватан” гузашта, дар он намояндагони фарҳанги Ҳиндустон ва сафоратхона иштирок доштанд. Дар фестивали мазкур барои дӯстдорони филмҳои ҳиндӣ филмҳои нави Боливуд бо ситораҳои машҳури он аз қабили Амитабх Баччан, Карин Капур Хан, Арҷун Капур, Ҷая Бхадури, Раҷит Капур ва ғ. ба таври ройгон ба намоиш гузошта шуданд. Мавриди зикр аст, ки мардуми тоҷик ба тамошои филмҳои ҳиндӣ шавқу рағбати хоса доранд. Ва Болливуд механизми тарғиби арзишҳои Ҳиндустонӣ (ватандӯстӣ, қаҳрамонӣ, парастиши оилавӣ, падарпарастӣ, фидокорӣ, муваффақият, зебоии ҷисмонӣ, ҷавонӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ) ва амалигардонии сиёсати фарҳангии он – “нерӯи нарм” гардидааст. Дар айни замон синамо дар баробари йога, таомҳои ҳиндӣ, мусиқӣ дар эҷоди симои ҷолиби Ҳиндустон дар ҷаҳон нақши пешбарро мебозад. Расмҳо аксар вақт арзишҳоро бештар аз калимаҳо ифода мекунанд ва Болливуд бузургтарин тарғибкунанда ва содиркунандаи рамзҳои визуалӣ дар ҷаҳон аст. Болливуд яке аз роҳҳои ташвиқу тарғиби фарҳангӣ Ҳиндустон ва амалигардонии сиёсати “нерӯи нарм”-и он дар муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ “нерӯи нарм” дар сиёсати хориҷии Ҳиндустон мавқеи хоса дошта, Ҳиндустон барои расидан ба манфиатҳои миллӣ ва геополитикии худ аз он ба таври густурда истифода менамояд. Бо дарназордоши муносибатҳои хуби фарҳангӣ дар гузашта ва замони истиқлолият метавон гуфт, ки нерӯи нарми Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба воститаи рушди муносибатҳои фарҳангӣ, ва дар заминаи ба роҳ мондани омӯзиши забони ҳиндӣ ва тарғиби расму оини ҳиндӣ, амалӣ мегардад. Дар паҳн намудани фарҳанг, таммадун ва забони ҳиндӣ дар Тоҷикистон сафоратхона ва марказҳои назди он нақши калидӣ доранд. Чи тавре ки дар боло зикр намудем бо ташаббуси сафоратхонаи Ҳиндустон дар назди як қатор муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон марказҳои ҳиндӣ таъсис дода шудаанд, ки дар ин марказҳо ба хоҳишмандон забони ҳиндӣ, дарсҳои рақси катҳак, табла ва йога аз ҷониби устодони ботаҷрибаи ҳиндустонӣ бо таври ройгон дарс дода мешавад. Инчунин барои татбиқи “нерӯи нарм” – и Ҳиндустон дар Тоҷикистон барномаҳои ITEC ва ICCR – низ таъсири назаррас дорад. Махсусан барномаи ITEC, ки ба воситаи он кормандони давлатӣ барои такмили ихтисос ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб мегарданд, ки ин бевосита нишонаи “нерӯи нарм” – и Ҳиндустон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар 161 давлати дунё аст. Дар оҳир бояд қайд намоем, ки ҳамасола шумораи зиёди ҷавонон ва кормандони соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳашон ба забони ҳиндӣ, фарҳанги ҳинд, тамаддуни ҳинд ва идомаи таҳсил дар Ҳиндустон зиёд гардида истодааст.

Истифодаи сиёсати “нерӯи нарм” дар муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон дуруст ба роҳ мода шудааст ва дар ин самт тарафҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, тарафҳоро зарур аст, ки дар сиёсати хориҷии худ бештар аз ин сиёсат истифода баранд ва бо дарназардошти вазъи ҳасосе, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ дида мешавад истифодаи “нерӯи нарм” ба манфиати тарафайн ва самарабахш аст. Давлатҳоро зарур аст, ки дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ аз сиёсати “нерӯи сахт” даст кашида, бештар аз барномаҳои сиёсати “нерӯи нарм” истифода баранд, зеро дар меҳвари сиёсати “нерӯи нарм” ҳамзистии осоишта ва риояи принсипҳои он дар назар аст ва тавассути он дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ метавон аз хушунат ва зӯровариҳо ҷилавгирӣ намуд.

 

АДАБИЁТ

1. Айнишиносӣ дар Ҳиндустон // Сомонаи расмии ИОМДОА https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/konfirensiyaho/item/470-ajnishinos-dar-induston (дата обращения: 22.11.2022).

2. Баргузории ҳамоиш оид ба равобити фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон URL: https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/konfirensiyaho/item/499-barguzorii-amoish-oid-ba-ravobiti-far-ang-bajni-to-ikiston-va-induston (дата обращения: 11.03.2023)

3. Деятельность Культурного центра Свами Вивекананды (SVCC) URL: https://www.eoidushanbe.gov.in/page/iccr-activities (дата обращения: 13.03.2023)

4. Душанбиева Нигина. Сотрудничество Индии и Таджикистана в области науки и культуры // Азия и Европы - Душанбе-2021. №3 (7), с. 20-26

5. Кафедраи филологияи Ҳинд URL: https:// https://zoa.tnu.tj/tj/kafedrai-filologijai-indu-pokiston/ (дата обращения: 13.03.2023)

6. Культурный обмен URL: https://www.eoidushanbe.gov.in/page/cultural-exchange/ URL: (дата обращения: 25.12.2022)

7. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон URL: http://www.ktr.tj/?q=node/3 (дата обращения: 22. 02.2023)

8. Наумов А.О. «Мягкая сила» Индии как суверенного государства: история и современность // БРИКС: государственное управление, политика, экономика. Москва, 2018. №70. С. 291-292

9. Посол Его Превосходительство г-н Вирадж Сингх обращается к участникам празднования Дня йоги 21 июня 2022 г. URL: https://www.eoidushanbe.gov.in/event_detail/?eventid=327 (дата обращения: 22.11.2022)

10. Программа ITEC – движущая сила внешней политики Индии URL: https://avesta.tj/2021/01/26/programma-itec-dvizhushhaya-sila-vneshnej-politiki-indii/ (дата обращения: 15.03.2023)

11. Программы обучения ITEC – URL: https://www.eoidushanbe.gov.in/page/itec-training-programmes/ (дата обращения: 22.11.2022)

12. Раҳул Санкритяян – сафири фарҳангӣ тоҷикон дар Ҳиндустон URL: https://osiyoavrupo.tj/index.php/component/k2/item/554-ra-ul-sankrityayan-safiri-far-angi-to-ikon-dar-induston (дата обращения: 11.03.2023)

13. Стипендия ICCR для таджиков – URL: https://www.eoidushanbe.gov.in/page/iccr-scholarship-for-tajiks/ (дата обращения: 25.12.2022)

14. 58-й День ITEC был отмечен с участием более 200 выпускников в Таджикистане. Посол г-н Вирадж Сингх обратился к собравшимся. Выпускники ITEC поделились опытом и поблагодарили Индию за предоставленную возможность развития навыков. Культурная программа студентов ICCR в Таджикистане последовала URL: https://www.eoidushanbe.gov.in/event_detail/?eventid=361 (дата обращения: 22. 02.2023)

Ҳамидова Сарвиноз Фарруховна

ходими хурди илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

БОЗГАШТ