НИГИНИ ТОҶИКИСТОН АСТ, ДУШАНБЕ

Муаллиф: Ширин Қурбонова

Расм

Ба истиқболи  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе

          Рӯзи 12-уми январи соли 2017 камина ба ҳайси вакили мардумӣ дар он ҷаласаи таърихӣ иштирок намудам. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода фармонро ҷиҳати таъин гардидани Рустами Эмомалӣ ба мақоми Раиси шаҳри Душанбе қироат намуд. Сипас, раиси навтаъиншуда сухани пурмуҳтавое кард.

          Камина аз овони хурдсолӣ ба худ суол медодам, ки чаро дар шаҳри Душанбе ғайр аз биноҳои се-чаҳорошёна иншоотҳои муосири меъмории сатҳи байналмилалӣ нестанд? Мо, ҷавонони давраи Шӯравӣ дар дил як орзу мепарваридем, ки шаҳрамон зебову назаррабо бошад. Аммо он солҳо яке аз бахшҳои асосии шаҳрсозӣ таҳияи биноҳои баландошёнаи замонавӣ буду аз Маскав дастур медоданд, ки бинобар маҳалли заминҷунбӣ қарор доштани минтақа дар шаҳри Душанбе аз сохтани иншооти серқаббата иктифоъ кунанд. Алҳол мебинем, ки дар нимҷазираи Арабистон новобаста аз иқлими он биноҳои баландошёнаро ҳатто дар соҳилҳо таҳия мекунанд ва асосан, дар ин маврид бештар ба сифати сохтмонҳо диққат медиҳанд. Дар замони Истиқлолият ба таҳия ва татбиқи иншоот таваҷҷуҳ бисёр шуд, аммо зиёни ҷанги таҳмилӣ имкон надода буд, ки ба шаҳрсозӣ бо нигоҳи нав баҳогузорӣ шуда, бо риояи меъёрҳои стандарти байналмилалӣ ин ормонҳо роҳандозӣ шаванд. Ба вижа, дар маркази шаҳр биноҳои баландошёнаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандартӣ қомат афрохтаанд ва коршиносон ба инчунин иншоотҳо аз нигоҳи мусбат баҳо додаанд.

          Бахши дувуми шаҳрсозӣ таҳиясозии гулгашту чаҳорбоғҳои муосир, ки он ҷо шаҳрвандону сайёҳон фароғат кунанд, маҳсуб мешавад. Рустами Эмомалӣ ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ҳамроҳ бо Президенти мамлакат дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ ширкат намуда, дар рӯҳияи ободкорӣ тарбия ёфтааст ва имрӯзҳо, ки Раиси шаҳр мебошад, ҳамин гуна ормонҳои судмандро дар амал татбиқ намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи пойтахт талош меварзад. Вақте ки аз пули Путовский (ҳоло Осорхонаи миллӣ) мегузаштам, ду-се дарахти зоҳиран дағалро медидам ва меандешидам дар ин бобат, ҳоло бошад бо дидани арчазор ва анбуҳи дарахтони дигар дар ин мавзеъ ҳаловат мебарам ва ба хидматҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсант мегӯям, чунки ширкати Президент дар ниҳолшинониҳо  даъвате буд барои дигарон, ки аз ин рафтори сарвари давлат ибрат гирифта, дар ободкории Ватан саҳми худро гузоранд.

         Ҳоло дар ҳар маҳалла боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуданд. Сокинони маҳаллаҳо шабҳангом дар ин боғҳо сайругашт намуда, ранҷи дар рӯз бардоштаро аз ниҳоди хеш ихроҷ менамоянд, лекин ҳадаф аз мавҷудияти чунин боғҳою гулгаштҳои дилангез дар ҳамаи мавзеъҳои пойтахт ба маънии ин нест, ки сокинон аз фаъолияти босамари раиси шаҳр воқиф бошанд, балки ҳамаи ин тасмимҳо иборат аз ин аст, ки одамон дар зиндагӣ ҳоҷат надошта бошанд ва ҳуқуқи ба фароғат доштаашон аз ҷониби Ҳукумати шаҳр таъмин гардад.

         Бинобар ин, таҳқиқоти мо шаҳодат медиҳад, ки сокинон дар солҳои ахир аз хизматрасониҳои гуногуни ниҳодҳои ҳукуматӣ қонеъ мебошанд ва дар сурати пайдо шудани мушкилиҳо ба Раиси шаҳри Душанбе муроҷиат менамоянд, чунки хоҳишҳои хаттии шаҳрвандон беҷавоб намемонад ва ба таври фаврӣ аз ҷониби Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор мегирад.

         Ҳукумати шаҳри Душанбе айни замон фаъол ҳастанд ва чун проблемаҳо пайдо шуданд, ҳатман бартараф мешаванд. Роҳҳои дохили шаҳрамон пас аз тармиму таҷдидшавӣ ҳамаи он шикоятҳоеро, ки қаблан аз роҳҳои фарсуда доштем, аз байн бурд. Имрӯз одамон ба таври оилавӣ дар мавзеъҳои гуногуни шаҳр сайругашт мекунанд ва аз шаҳрсозиҳои давраи ахир хушҳоланд. Метавон гуфт, ки шаҳрамон обод гардида, ба макони гулу ғунча табдил ёфтааст ва дар ин ҷода пеш аз ҳама нақши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бағоят бузург мебошад.

Рӯзи пойтахт ба Шумо ҳамшаҳриҳои азиз муборак бошад!

 

ҚУРБОНОВА Ширин

сарходими илмии Шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.

доктори илмҳои таърих

БОЗГАШТ