НИГОҲДОШТИ ХОТИРАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Достиева Дилафруз

Расм

Хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар дилу зеҳни наслҳои зиёд ҷойгоҳи махсус дорад. Ин давра, ки аз соли 1941 то 1945-ро дар бар мегирифт, барои мардуми шӯравӣ озмоиши воқеӣ буд, ки онҳоро дар мубориза бар зидди таҷовузи фашистӣ муттаҳид кард. Ҳар рӯзи ҷанг саҳифаи корнамоии қаҳрамонона, фидокории беназир ва талафоти бениҳоят аст.

Аҳамияти асосии хотираи ҷанг дар вазифаи тарбиявии он аст. Насли калонсоле, ки ин солҳои вазнинро аз сар гузаронидааст, ба фарзандон ва наберагонаш на танҳо таърих, балки дарсҳои ҷасорат, истодагарӣ ва ватандӯстиро низ мегузаронад. Ёдгориҳо,  осорхонаҳо ва китобҳои сершумор аз корнамоиҳои сарбозони шӯравӣ ёдовар шуда, моро даъват мекунанд, ки онҳоеро, ки ҷони худро барои сулҳ дар рӯи замин қурбон кардаанд, фаромӯш накунем.

Бузургон гуфтаанд: "Мардумро бе эҳтироми ниёгонашон дӯст доштан мумкин нест". Воқеан ҳам дуруст аст, зеро дӯст доштани кишвари худ ва эҳтиром накардани таърихи он ғайриимкон аст. Ҳифзи хотираи ҳодисаҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз самтҳои сиёсати дохилии ҳар як кишвари иштирокчӣ мебошад.

Ҳифзи хотираи таърихӣ дар бораи рӯйдодҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ захираи пурқуввати тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷавонони муосир мебошад. Наслҳои оянда бояд донанд, ки мардуми мо барои озодӣ ба хотири ояндаи дурахшон чӣ нарх пардохт кардаанд.

Имрӯз барои нигоҳ доштани хотираи ҳодисаҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ китобҳои таърихӣ ва бадеӣ навишта мешаванд, филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта мешаванд, муҷассамаҳои иштирокчиёни ҷанг сохта шуда, чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Бояд гуфт, ки таърихи ҷанги Бузурги Ватанӣ дар барномаи мактабӣ алоҳида аст.

Беҳтарин асарҳо аз нахустин рӯзҳои оғози ҷанг аз ҷониби нависандагони тоҷик: Лоҳутӣ, Айнӣ, Деҳотӣ, Турсунзода, Раҳимӣ, Юсуфӣ, Миршакар, Бобо Юнус, Ҷалол Икромӣ, Суҳайлӣ, Шанбезода, Обидӣ, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Аминзода  таълиф шудааст, имрӯз бо хондани он воқеаҳои ҷанг пеши назар падид меоянд.   

Ҳамчунин барои нигоҳдошти хотироти Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Душанбе боғе бо номи “Ғалаба” бунёд шудааст, ки сайёҳони хориҷиву дохилиро ҷалб менамояд. Тамошобинон бо зинапоя аз Майдони андӯҳ гузашта, ба майдончаи назоратӣ мерасанд, ки аз он ҷо Гулгашти қаҳрамонон (60 Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ) ибтидо меёбад. Аз хатти намо қад-қади майдонча ва зинапоя тахтасангҳои болои қабр бо нақшҳои зебо ороста шудаанд. Болотар аз он майдончаи меҳмонон воқеъ аст, ки дар девори мармариаш ба шарафи ҷанговарон ба ҳарфҳои зарҳалӣ «Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш нашудааст» навишта шудааст. Дар маҷмаа маводи ороишӣ — сангҳои табиии гуногунҷинс, мармар, тахтаҳои оҳану бетонӣ, филизз ва ғ. истифода шудаанд. Маҷмааи Боғи Ғалаба бо зебоии меъморӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст ва дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳми арзанда дорад.

9 – уми Май имрӯз ҳамчун рӯзи ғалаба бар фашизм ҷашн гирифта шуда, кишварҳои собиқ Итттиҳоди Шӯравиро  дар атрофи арзишҳои абадии сулҳ, ватандӯстӣ ва ваҳдат муттаҳид мекунад.

Имрӯз мо ба ҳамаи қаҳрамонони фавтидаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ арҷгузорӣ ва эҳтиром гузошта, сари худро дар назди ҳар як иштирокчии он таъзим мекунем. Аз фурсати муносиб истифода намуда,  ба муносибати 80-умин соли Ғалаба ҳамаро табрик менамоям ва таманнои онро дорам, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамеша сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо бошад.

 

Одинаева Тахмина

Магистранти курси 1- уми

 Институти омӯзиши масъалаҳои

 давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

Достиева Дилафрӯз,

лаборанти калони шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои

 давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ