АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нигоҳе ба ҳадафҳои сиёсӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф: Ашуров Ардамеҳр

Расм

Баъд аз дастёбӣ ба истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалии сиёсӣ ва иқтисодӣ самтҳои афзалиятноки минбаъдаи сиёсати хориҷии худро мустақилона муайян намуд. Боиси таъкид аст, ки яке аз ин авлавиятҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо маҳсуб меёбад.

  Агар сиёсати Иттиҳоди Аврупоро дар минтақаи Осиёи Марзакӣ ва ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор диҳем, ба чунин хулоса омадан мумкин, ки таваҷҷуҳи Иттиҳоди Аврупо ба самтҳои зерин равона гардидааст:

  • тарғиби забон ва фарҳанг;
  • коркард ва истифодаи захираҳои табиӣ;
  • кӯмаки иҷтимоӣ ва мусоидат ба ҳифзи саломатӣ;
  • тарғиб ва дастгирии фазои демократӣ;
  • густариши соҳаи сайёҳӣ;
  • сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок; (маориф, илм, фарҳанг, тиҷорат ва ғ);
  • омӯзиш ва тадқиқи арзишҳои таърихӣ ва сарчашмаҳои муҳими илмӣ;
  • ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи маводи мухаддир, маҳдудияти сулҳу суботи минтақавӣ;
  • рушди ҳамкориҳои энергетикӣ, дастрасӣ ба захираҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави интиқоли энергия ба Иттиҳоди Аврупо;
  • бахши муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист;
  • таҳияи мавзӯъҳои ҳассостарини муносибатҳои кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ, ба монанди эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, бунёди давлати ҳуқуқиву демократӣ;
  • ворид намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ дар системаи Болонӣ.

  Дар хусуси дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ метавон ишора кард, ки ин ҳамкориҳо вусъатёбанда буда, фарогири манфиатҳои ҳар ду ҷонибанд. Зарурати ҳамоиши ташаббусҳои роҳбарони кишварҳо самтҳои зеринро метавонад тақвият диҳад:

- муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои энергетика, туризм, нақлиёт, телекоммуникатсия, илм, маориф, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, саноати сабук ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳаи иқтисодиёт.

- ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак дар намуди коммисияи байниҳукуматӣ доир ба масоили ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ.

- барпо намудани бизнес-форум, мизҳои мудаввар ва намоишҳо, ки бештар фарогири соҳаҳои иқтисодӣ, хоҷагии қишлоқ ва сайёҳӣ бошанд.

- диққати бештар барои тақвияти ҳамкориҳо дар самти илм ва маориф равона шавад. Дар рушди ин соҳаҳои афзалиятнок пешниҳод карда мешавад, ки сафарҳои таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорон ва дошиҷӯёну олимон пешбинӣ гарданд.   Ҳамчунин дар таҳкими дигар соҳаҳо низ мутахассисони соҳибихисос ва варзида аз ҳар ду ҷониб барои омӯзонидани таҷрибаи соҳавияшон метавонанд даъват карда шаванд.

- мустаҳакам намудани ҳамкориҳои судманди тиҷоратии байни ду кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони нав, муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда барои тақвият дар соҳаҳои афзалиятнок.

- абзори таъсисёфтаи машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо имкон медиҳад, ки муколамаи доимӣ оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории ду кишвар роҳандозӣ шавад, инчунин мавқеи тарафҳо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳояшон дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг гардонида шавад.

- машваратҳои сиёсӣ платформаи мувофиқ ва муассири ҳал кардани душвориҳои мавҷуда, василаи муайянкунии самтҳои авлавиятнок ва истифодаи минбаъдаи иқтидори истифоданошудаи ҳамкориҳои ҳарду ҷониб мебошанд. 

- гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба ташаккули робитаҳои судманд миёни вакилони ҷонибҳо, инчунин миёни иштирокдорони ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷамъиятҳои ду давлат мусоидат мекунанд. 

- дар доираи ҳамкориҳои муштараки дуҷонибаи судманд дар бахши такмили тахасусӣ оид ба коркардҳо, тадҳиқотҳо ва таҳлилҳои илмӣ гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо дар самтҳои гуногун барои кормандони илмии Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ташкил карда шавад.

- баҳри омӯзиши услуб ва назари илмии донишмандони аврупоӣ дар самти омӯзиши масоили кишварҳо, ташкили курсҳои кутоҳмуддат дар заминаи Донишгоҳҳо, маркаҳои илмӣ-пажӯҳишии Иттиҳоди Аврупо ва мубодилаи таҷрибаи илмӣ бо ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шавад.

 - ҳамкориҳои судманд бо Иттиҳоди Аврупо ба рушди иқтисодии кишвар ва ҳалли масъалаҳои стратегӣ баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони кишвар мусоидат хоҳад намуд.

-  самтҳои ҳамкорӣ ва захираҳои истифоданашуда дар соҳаи тандурустӣ (аз ҷумла дорӯсозӣ), маориф, илм, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, туризм, сохтмони иншоот, таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва ғайра хеле зиёд аст, ки тарафҳо метавонанд роҳҳои густариши ин ҳамкориҳоро ҷустуҷӯ намуда ба манфитати ҳамдигар истифода намоянд.

  Ҳамин тариқ, дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои гуногунсамта миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи самти аврупоии сиёсати хориҷии худ тақвияти ҳамкориҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тақвият мебахшад. Илова бар ин, масъалаи муҳим дар низоми нави равобити байналхалқӣ масъалаи модернизатсия дар иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи кишварҳои аврупоӣ метавонанд ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намоянд. Дигар ин ки тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ барои амалигардонии Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 дар кишвар манфиатнок хоҳад буд. Бо ин назардошт, рушди ҳамкориҳо дар самти тиҷорат ва иқтисод дар солҳои оянда дар доираи муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо муҳим арзёбӣ мегардад.

 

Ардамеҳр Ашуров

ходими пешбари илмии

шуъбаи Осиёи анубӣ ва Шарқӣ 

 

БОЗГАШТ