АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нигоҳе ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Миср

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Ҳамкории иқтисодӣ, ки гардиши мол, хизматрасонӣ, сармоягузорӣ, интиқоли таҷриба, натиҷаҳои тадқиқот, ихтироот ва кашфиётҳои навро миёни кишварҳо танзим мекунад, ба давлатҳо барои ноил шудан бо суръати баланд ва муттасили рушди иқтисодӣ дар асоси манфиатҳои мутақобила мусоидат мекунад. Бояд қайд намуд, ки тараққиёти иқтисодӣ мақсади аввалиндараҷаи ҳамаи кишварҳо мебошад. Ва барои ноил шудан ба ин мақсад саъйю кушиши гуногунро пеша гирифта, баъзе ин тараққиёт дар доираи сиёсати иқтисодии дохилӣ ва баъзеи дигар дар доираи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, тавассути пешкаш намудани маҳсулоти миллии худ дар бозорҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад. Кишварҳо аз роҳи мақсадноки сиёсати иктисодии миллӣ барои баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқи худ кӯшиш мекунанд. Ин амал ба хидмати амнияти иқтисодӣ ва манфиатҳои стратегии кишвар оварда мерасонад.
  Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои ҷаҳон дар ҳоли муназзам ба роҳ монда шудааст ва барои ноил шудан ба рушди иқтисодӣ тавассути ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои араб, махсусан Ҷумҳурии Арабии Миср хело муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро яке аз ҳадафҳои пешбинишудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар дар самти истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии кишвар як силсила тадбирҳо амалӣ гардидаанд[1]. Дар ин асно ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда амалӣ мегардад. Бо назардошти чунин ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ба маҳсулоти Тоҷикистон ва Миср бозорҳои нав ба вуҷуд меорад ва равобити иқтисодӣ ва сиёсиро миёни ҳар ду кишвар мустаҳкамтар мегардонад.
  Агар ба ҳаҷми муомилоти тиҷоратии байни Миср ва баъзе ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба монанди (Тоҷикистон, Туркманистон, Кирғизистон) назар кунем, ноустувории мубодилаи тиҷоратии байни ду тарафро мулоҳиза намудан мумкин аст. Ҳамзамон содироти Миср ба ин кишварҳо хеле маҳдуд мебошад[5].
  Аз ҳама пасттарин арзиши содироти Миср дар соли 2008 ба Қирғизистон наздики 30 ҳазор фунти мисрӣ (тақрибан 5,5 ҳазор доллар) буд, пеш аз ин арзиши содироти Миср ба Тоҷикистон дар соли 2005 ҳудуди 10 миллион фунти мисрӣ (тақрибан 1,7 млн доллар)-ро ташкил медод, дар ҳоле ки воридоти он кишварҳо ба Миср низ маҳдуд буд. Инчунин ноустувории мубодилаи тиҷоратиро дар ҳолати пасттарини он, тақрибан 0,06% фоизи соли 1997 ташкил мекард, ин дар ҳолест, ки афзоиши ҳаҷми табодул ба ҳадди ниҳоии худ дар соли 2010 тақрибан ба 148 миллион фунт (тақрибан 27 млн доллар) афзудааст, расид[5].
  Шояд коҳиши равобити иқтисодӣ ба сабаби дурии ҷуғрофӣ ё набудани роҳҳои обии муштараки ин кишварҳо бошад, ки мубодилаи тиҷоратиро тавассути ҳавопаймоҳо ё тавассути убур намудани масофаҳо аз заминҳои ҳамсояҳои ҷуғрофии худ, ба мисли Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Зеро баромадани Тоҷикистон ба бандарҳои Русия ва Украина, ки бо баҳри Сиёҳ ҳамсарҳад аст, вобаста аст. Пас ин боиси афзоиши қимати табодули тиҷорат бо ин кишварҳо ва худдории тоҷирон аз муомила бо онҳо мешавад. Ҳамзамон боиси худдории тоҷирони мисрӣ ба бозорҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мегардад[7].
  Аз ин лиҳоз, дар соли 2015, Хусрав Нозирӣ - сафири Тоҷикистон дар Қоҳира аз ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар бино ба омори Тоҷикистон 34 ҳазор долларро ташкил додааст, ки мизони равобити дипломатии Миср ва Тоҷикистонро нишон намедиҳад, изҳори норозигӣ карда буд. Ҷаноби сафир омили заъфи табодулро, ба дурии ду кишвар рабт дода буд. Зеро Тоҷикистон як кишвари маҳдудест, ки аз бандарҳои обӣ дур мебошад, ҳамзамон Миср дар солҳои гузашта пас аз инқилобҳои Баҳори араб дар моҳи январи соли 2011 шоҳиди бесуботӣ гардида буд[8].
  Ҷаноби Нозирӣ тавзеҳ дод, ки дар Тоҷикистон як қатор ширкатҳои мисрӣ сармоягузорӣ мекунанд, аз ҷумла ширкати "Делта Фарма Био" барои истеҳсоли доруворӣ, ки ба таъсиси нахустин озмоишгоҳи муштараки тавлиди дору барои бозори маҳаллӣ ва минтақа муваффақ шудааст. Инчунин як ширкати дигари мисрӣ дар соҳаи сохтмонӣ низ кору фаъолият мекунад. Дар ҳоле ки сармоягузории Тоҷикистон дар Миср вуҷуд надорад[8].
  Ӯ инчунин истиқболи Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Миср "ба самти Шарқ"-ро изҳор кард, ки дар он талоши густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои шарқӣ, назири Русия, Чин ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки Тоҷикистон узви он аст, мебошад. Ва таъкид кард, ки Тоҷикистон аз равобити дӯстона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, ки ҳадафи амнияту субот ва шукуфоиро пеш гирифтаанд, ҷонибдорӣ мекунад[8].
  Бо дарназардошти тақвият бахшидани муносибатҳои неки дӯстӣ ва дурнамои уфуқҳои нави ҳамкорӣ, миёни Тоҷикистону Миср, 9-уми марти соли 2022, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ворид шуд[6].
  Ба мақсади тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ: Президентҳои ду кишвар роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодии тарафайнро, бахусус дар бахшҳои истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, захираҳои об, сайёҳӣ ва беҳдошт, ба ҳадди баланд расонидани истифодаи нерӯи обӣ ва тавлиди дорусозӣ, ки бахши аъзами содироти Миср ба Тоҷикистонро ташкил медиҳад, баррасӣ карданд[2].
  Инчунин президентҳои ду кишвар шоҳиди имзои як қатор созишномаҳои ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, ҷавонон ва варзиш, таҳсилоти олӣ, созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Вилояти Сайнои Ҷанубӣ ва минтақаи «Хатлон»-и Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳум байни Сарраёсати Китобхонаи миллӣ, бойгонӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардиданд[2].
  Рӯзномаҳои мисрӣ аз боздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Миср дар рӯзи 10-уми марти соли 2022, ошкоро будани сиёсати берунии Миср ба ҳама мамлакатҳои ҷаҳон, инкишоф додани умумиятҳои муштарак, мубодилаи таҷриба дар тамоми соҳаҳо, барои ноил шудан ба манфиатҳои миллӣ дар навбати аввал мебошад, истиқбол карданд. Зеро ин сафар ба 30-солагии оғози муносибатҳои сиёсии ду кишвар рост меояд. Дар ин замина, президентҳо Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо дар бахшҳои истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, захираҳои об, гидроэнергетика, сайёҳӣ, тандурустӣ, истеҳсоли дорусозӣ, таҳсилоти олӣ, ҷавонон ва варзишро баррасӣ карданд[9].
  Рӯзи 10-уми марти соли 2022, дар Ҷумҳурии Арабии Миср фаъолияти Форуми соҳибкорони Мисру Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар он имзои 11 ёддошти ҳусни тафоҳум байни мақомоти Миср ва ширкатҳои Миср ва ҳамтоёни онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Идораи Сармоягузориҳо ва Минтақаҳои озод, теъдоди зиёди сармоягузорон аз ҳарду кишвар ширкат карданд, баргузор шуд[10].
  Ёддоштҳои тафоҳум, ки дар ҷараёни фаъолияти форум ба имзо расидаанд, аз инҳо иборатанд: Ёддошти тафоҳум байни Иттиҳодияи умумии палатаҳои савдо ва Палатаи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон, барои мубодилаи таҷриба оид ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва ташкили конфронсҳои таблиғотӣ дар ду кишвар ба имзо расиданд. Илова ба ёддоштҳои тафоҳум миёни теъдоде аз ширкатҳои мисрӣ ва тоҷикӣ дар бахшҳои тиб, гардишгарӣ, сохтмон ва нассоҷӣ, низ ба имзо расид[10].
  Дар зимни пазироии раисиҷумҳур Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар қасри Иттиҳодия, сухангӯи расмии раёсати ҷумҳурӣ, Бассом Розӣ изҳор дошт, ки президент Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ аз сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Миср истиқбол карда, ба робитаҳои муштараки фарҳангӣ ва таърихӣ ва муштаракоти байни ду кишварро ситоиш намуд. Инчунин аз ҳавасмандии Миср ба густариши равобити дуҷониба бо Тоҷикистон ва табодули таҷриба бо он дар бахшҳои мухталиф барои расидан ба манофеи муштараки ду кишвар таъкид кард. Президентҳои ду кишвар муҳимтарин таҳаввулоти вазъияти ба манфиатҳои муштарак дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд[4].
  Шояд натиҷаи чунин талошҳо бошад, ки ҳаҷми умумии табодули коло миёни Тоҷикистон ва Миср дар соли 2021 ба 773,4 ҳазор доллар баробар шуда, дар муқоиса бо соли 2020 гардиши мол миёни кишварҳо 25,5% афзоиш ёфта буд. Содирот 18 ҳазор доллар ва воридот 755,4 ҳазор долларро ташкил додааст[3]. Қобили зикр аст, ки дар вохӯрии ахири мисрӣ, 45 ширкати сармоягузори тоҷикистонӣ хоҳони сармоягузорӣ ба Миср ҳамроҳ буданд[2], ки дар оянда ин раванди ҳамкории иқтисодӣ, инчунин гардиши дигар соҳаҳои муҳимро низ миёни тарафҳо рӯз ба рӯз зиёд мегардонад.
  Метавон бо итминон гуфт, ки сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср таккони ҷиддӣ дар ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ, омили ташаккул ва рушди муносибатҳои мутақобилаи миёни ҳар ду кишвар хоҳад гардид.
 
Таҳияи Одинаев Абдуҳалим,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
 
                                                                                                              Сарчашмаҳо:
  1. Гардиши савдои хориҷӣ. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 10.02.2021. (https://www.medt.tj/images/10-02-2021-7.pdf)
  2. Доктор Муна Сулаймон. Иттифоқномаи Мисру Тоҷикистон ва марҳалаи нав дар равобити Миср ва Осиёи Марказӣ.. Уфуқ ва паёмадҳо. 13.03.2022. (http://www.siyassa.org.eg) توافق مصري طاجيكي ومرحلة جديدة للعلاقات بين مصر وآسيا الوسطى .. الأبعاد والدلالات. د. منى سليمان
  3. Мазҳаб Ҷумъа. Эмомалӣ Раҳмон ба Миср расид. Ҷузъиёти сафар ҳанӯз маълум нест. Гурӯҳи расонаҳои «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон). 09.03.2022. (www.asiaplustj.info/tj/)
  4. Миср ва Тоҷикистон дар мавриди густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва табодули тиҷорат ба мувофиқа расиданд. Агентии иттилоотии Шарқи Наздик. 10.03.2022. (https://www.mena.org.eg) مصر وطاجيكستان تتفقان على تعزيز التعاون الاقتصادي والتبادل التجاري بينهما. وكالة انباء الشرق الاوسط
  5. Нивин ал-Аёдӣ. Миср ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ.. Доираи муҳим ва таваҷҷӯҳи гумшуда. 13.06.2013. Рӯзномаи «ал-Масри ал-явм». (www.almasryalyoum.com)مصر وجمهوريات آسيا الوسطى.. دائرة مهمة واهتمام مفقود. نيفين العيادي
  6. Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср. 09.03.2022 (http://www.president.tj/node/27870).
  7. Робеъа Нуриддин Вазир. Дурнамои равобити Мисру Осиё: шарики даҳсолаҳо. Маркази “Шоф” оид ба омӯзиши оянда ва таҳлили бӯҳронҳо ва низоъҳо (Шарқи Наздик ва Африқо). Таърихи гифташуда 05.10.2022. (https://shafcenter.org/) آفاق العلاقات المصرية الآسيوية: شراكة امتدت لعقود. رابعة نور الدين وزير. مركز شاف للدراسات المستقبلية وتحليل الأزمات والصراعات (الشرق الأوسط وأفريقيا
  8. Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира: Афзалиятҳои сиёсати хориҷии мо рушд ва пуштибонии равобит бо Миср аст. А.Ш.А. Рӯзномаи ал-Билод ниюз. 15.02.2015. (https://www.elbalad.news/) سفير طاجيكستان بالقاهرة: أولويات سياستنا الخارجية تطوير ودعم العلاقات مع مصر
  9. Тақвияти равобити Мисру Тоҷикистон. Рӯзномаи ал-Аҳроми мисрӣ, шумораи 146, рақами 49405. 13.03.2022. (https://gate.ahram.org.eg)تعزيز العلاقات المصرية ـ الطاجيكية. رأى الأهرام
  10. Ҳишом Умар Абдулҳалим. Имзои 11 ёддошти тафоҳум миёни иттоҳодот ва ширкатҳои Миср ва ҳамтои онҳо дар Тоҷикистон. 10. 03.2022. (https://www.almasryalyoum.com)توقيع 11 مذكرة تفاهم بين الجهات والشركات المصرية ونظيرتها بطاجيكستان. هشام عمر عبد الحليم
 

БОЗГАШТ