Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид
(Дар ҳошияи Рӯзи истиқлолияти Малдив 26 июл ва робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Малдив)
Халқу кишварҳо аз зери султа ё мустамликаи ин ё он давлату миллат озод шуда, бо қабули қонун қоидаҳои милливу мадании худ давлати миллии худро бунёд мекунанд. Ин буд, ки санаи 26 июл кишвари Малдив аз зери мустамликаи англисҳо озодӣ дарёфт намуда, соҳиби Истиқлол гардид.
Малдив аз кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Он дар ҷанубу ғарби Ҳинд ҷойгир буда, шаҳри Мола пойтахт ин кишвар ҳаст. Тибқи маълумотҳо Мола дар забони санскритӣ ба маънои «хонаи мо» ё «қасри подшоҳ» омадааст. Шаҳри Мола дар худ як симо зебо гирифта, кӯчаҳо бо рангҳои парчам бо рангҳои сурх, сабз ва сафед равшан карда шуда, кӯдакон либоси анъанавӣ мепӯшанд.
Аҳолии ин кишвар беш аз 402 071 буда, воҳиди пули он руфия аст. Забони мардуми он дивеҳӣ аст, ки монанд ба забони синҳолӣ мебошад. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ мардуми ин кишвар тобеияти Шриланка ва Ҳиндустонро дошта, қавмиятҳои арабӣ низ дар онҳо вуҷуд дорад. Малдив ҳам аз нигоҳи аҳолӣ ва ҳам масоҳат хурдтарин кишвари қораи Осиё мебошад, ки санаи 26-уми июли 1965 аз Британия озод шуда, истиқлолияти давлатии худро расман эълон кард. Ин кишвар бо даст овардани озодӣ имконият пайдо кард, то иқтисодиётро ба танзим дароварда, пешравӣ ҳосил кунад.
Тибқи дарёфтҳо ин кишвар дар тӯли солҳо ё дақиқтар дар асри XIX зери мустамликадорони Португалия ва Англия қарор дошт. Аз соли 1887 то соли 1965 англисҳо онро идора мекарданд. Хотимаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ заминаи истиқлолияти ду мустамликаи собиқи Бритониё яъне Ҳиндустон ва Шриланка шуд. Малдив низ аз озодии ин кишварҳо таъсирпазир шуда, барои дарёфти соҳибистиқлолӣ талош кард ва дар ниҳоят муваффақ шуд.
Дар даврони мустамлика бисёре аз сокинони Малдив чунин эҳсос мекарданд, ки ҳеҷ як бегона воқеан дарк намекунад, ки бо мавҷҳо зиндагӣ кардан чӣ маъно дорад: ҳам баракат ва ҳам таҳдид. Ба назари онҳо бо вуҷуди он, ки бегонагон, аз ҷумла бритониёӣ, португалӣ ё фаронсавӣ кӯшиш карданд, ки назоратро ба даст оранд, ин мардум аз фарҳанг, забон ва дини худро ҳифз мекарданд, ки ин аз шарафу ифтихори онҳост. Ба андешаи онҳо истиқлолияти онҳо сирф сиёсӣ набуда, балки талошу таҳаффузи шахсӣ онҳо низ ҳаст.
Дар давоми ду моҳи истиқлолият ин кишвар узви Созмони Милали Муттаҳид шуда, санаи 12 октябри соли 1965 парчами миллиашро дар СММ барафрохт.
Ҳукумати англисҳо то соли 1965 дар ин кишвар идома ёфт, ки мардуми он як муддат зери шоҳигарии султонӣ умр ба сар мебурданд. Дертар англисҳо низоми монархияи қонунии худро ҷорӣ карданд. Аслан мардуми Малдив кӣ бошанду аз куҷо пайдо шуданд, саволест, ки дар зеҳни мову шумо чарх мегардад. Ин ҷо бояд қайд кард, ки гуногунии этникӣ дар ин кишвар аҷибу ғариб аст, зеро ин мардум аслан аз фарҳанг ва арзишҳои мардумони бумии Осиёи Ҷанубӣ, Арабистон ва Африқоро мерос гирифта, забон, ғизо сохтори муштаракаи онҳост.
Сарфи назар аз ин гуногунии пайдоиш, мардуми Малдив худро ҳамчун як халқ меҳисобанд. Ҳамин тавр, Султон Маҷид Дидӣ аз соли 1944 то 1952 ҳукмронии Малдивро ба дӯш дошт ва баъди вафоти вай ин мансаб ба зиммаи Муҳаммад Амин Дидӣ гузашт. Дертар бо машварати порлумони ин кишвар вайро ба ҳайси аввалин раиси ҷумҳури мунтахаб қабул карданд, ки тавассути ӯ қавонини собиқаи салтанатиро бекор кард ва дар қонуни кишвар ислоҳот ворид намуд. Ҳамзамон, дар инҷо кудатҳо сурат гирифт ва аз тариқи овоздиҳӣ мардум дубора низоми салтанатиро қабул карданд, ки дар натиҷа, соли 1954 Муҳаммад Фарид Дидӣ чун султон дар инҷо пазируфта шуд. Солҳои 1968 то 1978 Иброҳим Носир собиқ сарвазири ин кишвар ба ҳайси раиси ҷумҳур дар инҷо ифои вазифа кард. Баъд аз тағйирот ва ислоҳоти зиёд дар кишвар Иброҳим Носир зимоми қудратро ба устоди донишгоҳ ва сафири ин кишвар дар СММ Маъмун Абдуқаюм вогузор кард, ки аз 1978 то 2008 умури давлатдории ин кишварро сарварӣ кард. Аз соли 2008 то 2012 раёсати умури ин кишварро Муҳаммад Нашид идора кард. Соли 2013 сарварии ин кишварро Абдулло Ямин Абдуқаюм ба уҳда дошт, ки тибқи сарчашмаҳо бародари Маъмун Абдуқаюм мебошад. Президенти кишвар Муҳаммад Муиззу интихоб шудааст.
ибқи баъзе маълумотҳо ин кишвар дорои ҷазираҳои зиёде буда, макони хубе барои шиноварон ва сайёҳон аст. Дар он танҳо 9 ҷазира бо масоҳати аз 2 км мураббаъ калонтар мавҷуд аст. 200 ҷазираи он маскунӣ буда, 88 дигар дорои иқоматгоҳҳои сайёҳатӣ мебошанд.
Мола бузургтарин шаҳр ва маркази тиҷоратии он аст, ки бо кишвари Шриланка сарҳади обӣ дорад. Ҳавои он муътадил буда, дорои ду фасл яъне хушкӣ ва боронӣ мебошад.Низоми давлатдорӣ ҷумҳуриявӣ буда, бо аксари кишварҳои дунё равобити хуб дорад. Ин кишвар аз ташаббускорони эҷоди созмони минтақавӣ (SAARC) ҳаст, ки ҳадафи асоси он рушди фарҳанг, адаб, тиҷорат ва сайёҳатӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ мебошад.
Аз истиқлолият Малдив 60 сол гузаштасту ҷазираҳои инҷо муттаҳиду мунсаҷим боқӣ мебошанд. Воқеият ин аст, ки новобаста аз он ки ҷазираҳо аз ҳамдигар дур ҷойгир бошанд ҳам, аммо ҳама бо як забон, яъне Дивеҳӣ ҳарф мезананду дар ободии кишвар саҳм мегузоранд.Ин ҳама рукнҳои асосии ҳувияти мардуми Малдив мебошад, ки шахс сарфи назар аз он ки километрҳо аз ҳамдигар дур бошанд, онро эҳсос мекунанд. Гарчанде ки ҷазираҳо дар урфу одатҳо ва лаҳҷаҳо фарқ мекунанд, эътиқод ва забони муштараки онҳо ҳамчун пуле амал карда, онҳоро муттаҳид ва мустаҳкам нигоҳ медорад.
Бояд қайд кард, ки иқтисоди асосии ин кишвар ба сайёҳат, моҳигирӣ ва шиноварӣ устувор аст. Дар ин ҷо кишти донаи арзан, картошкаи ширин ва меваҷот низ роҳандозӣ шуда, санъати киштисозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле равнақ ёфтааст, ки Тоҷикистон низ метавонад аз он истифода намояд. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдив шашуми октябри 1993 барқарор шуд. Ҳар ду кишвар узви фаъол дар СММ ва дигар форуму созмонҳо, аз ҷумла, СҲИ, МҲТБО ва ғайра буда, барои ҳамкориҳои бештар талошҳо меварзанд. Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдив як созишномаи байниҳукуматиро имзо карданд, ки низоми раводид байни кишварҳоро лағв мекунад. Ҳамакнун шаҳрвандони ҳар як тараф барои вуруд, хуруҷ, транзит ва будубоши муваққатӣ дар қаламрави тарафи дигар аз раводид озод карда мешаванд. Шарти ин муҳлати будубош аст, ки набояд аз 30 рӯз зиёд бошад. Ин шартнома ба муҳлати номуайян баста мешавад.
Тибқи вазорати хориҷаи Тоҷикистон санаи 23 июни соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Малдив (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода эътимодномаи хешро ба Президенти Малдив Муҳаммад Муиззу супорид. Зимни маросими супоридани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Малдив расонид. Ҳар ду ҷониб ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар соҳаҳои туризм, маорифу илм, тиҷорату сармоягузорӣ, варзиш ва дигар ибрози назар намуда, изҳори умеду боварӣ карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад. Рақибони даста мунтахабҳои Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ хоҳанд буд, ки замина хубест дар таҳкими дипломатияи варзишӣ миёни ин кишварҳо.
Сайёҳӣ дар Молдив на танҳо як рукни иқтисодӣ инҷо ҳаст, балки он муаррифгари ҳувияти миллӣ аст, ки ба ҷаҳон барои сипос ва лаззат бурдани онҳо бунёд шудааст. Маконҳои сайёҳӣ дар Молдив бешубҳа пуршукуҳ буда, таҷрибаҳоеро пешкаш мекунад, ки фақат дар чанд ҷой дар рӯи замин муносибу мувофиқат мекунанд.
Ин кишвар дар санъати сайёҳат ва гардишгарӣ таҷриба хуб дошта, дорои меҳмонхонаҳои хос барои сайёҳон аст, ки меҳмонон мустақиман аз фурудгоҳ ба онҷо бидуни тарсу ҳарос ворид мешаванд. Тибқи сарчашмаҳо 80 фоизи иқтисоди онро вуруди сайёҳон ташкил медиҳад ва то соли 2013 ба ин кишвар 1 миллион 200 ҳазор сайёҳ ворид шудааст, ки аксари он аз Чин буда, ба нафъи иқтисоди ин кишвар тамом мешавад.
Ин ҷо яке аз кишварҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ парокандатарин дар ҷаҳон буда, дар галаҷазираҳо беш аз 1190 ҷазираи марҷон дорад. Ин ҷазираҳо дар масоҳати тақрибан 90000 километри мураббаъ паҳн шудаанд.Факат 1 фоизи мамлакатро замин ташкил дода, он яке аз кишвари поёнтарин (камиртифоъ) дар ҷаҳон аст, ки баландии миёнаи он 1,5 метр аз сатҳи баҳр ва баландтарин нуқтаи он 2,4 метр мебошад.
Барои огоҳӣ аз тағирёбии иқлим, Малдив аввалин кишваре дар ҷаҳон шуд, ки ҷаласаи кобинаи зери обро баргузор кард, ки дар он Президент ва 13 мансабдори дигари давлатӣ, ҳама бо либосҳои аквалангӣ ва дар атрофи мизҳои ғарқшуда нишаста буданд.
Ҳар як ҷазира ҳарфи рамзӣ ва номи худро дорад, ки сайёҳонро ба иштибоҳ меорад, аммо эътироф кардани ҷазираҳо бо ҳамон номҳо муфид аст. Масалан, дар атоллҳои гуногун се ҷазира бо номи Funadhoo мавҷуданд, аз ин рӯ ҳарфи рамзӣ дар муайян кардан кӯмак мекунад.
Хулоса, кишвари Малдив дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ҷойгир буда, бо доштани ҷазираи зебову санъати хуби сайёҳӣ метавонад бо кишварҳои Осиёи Миёна ба хусус Тоҷикистон баҳри рушди геотуризму геоиқтисод бештару беҳтар ҳамкорӣ намояд.
РАҲМОНОВ Мирсаид
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ
ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ