АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Нигоҳи муқоисавӣ ба минтақаҳои сайёҳии Озорбойҷону Тоҷикистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

    Осиёи Миёна ва Қафқоз минтақаест, ки дорои фарҳанг ва тамаддуни бой аст. Он дар аксари навиштаҷот ва таълифоти муаррихони ғарбу шарқ зикр шудааст, ки то имрӯз дар санадҳои расмӣ маҳфуз аст. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон шомили ин минтақа буда, соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд. Ин имконият медиҳад, ки сайёҳон ва муаррихони ҷаҳон аз ин фарҳангу тамаддун боз ҳам бештару хубтар огоҳӣ пайдо кунанд. Барои бознигарӣ ва мурур аз ин осор ва ҳунарҳои мардумӣ таҳлили муқоисавие ба Тоҷикистон ва Озорбойҷон менамоем, то саҳифаи таърихро барои сайёҳон бозкӯшоӣ кунем.

    Тоҷикистон имрӯз дарвозаи тиҷоративу дипломатиашро бо тамоми кишварҳои дунё боз намудааст, то сайёҳони ин кишварҳо тавонанд аз таҷрибаву имкониятҳои тиҷоративу сайёҳатӣ баҳравар шаванд. Яке аз кишварҳое, ки бо мо дӯст ва ҳамфарҳанг аст, ин кишвари Озорбойҷон мебошад, ки бо мо равобит дорад. Он чун Тоҷикистон баъди солҳои 90-ум истиқлолиятро касб карда, чун давлати мустақил ба ҷаҳон шинохта шуд.

    Он дар ҷануб бо Эрон ва Туркия, дар шимол бо Россия, дар шимол-ғарб бо Гурҷистон ва дар ғарб бо Арманистон ҳамсарҳад буда, 86,6 ҳазор км мураббаъ масоҳат дорад. Кишвари Озорбойҷон таърихи қадима дошта, дорои захираҳои бойи нафту газ аст.

    Сайёҳон ин кишварро ба хотир 10 нукоти умда дидан менамоянад, ки инҳоянд:

    1. Дорои боду ҳавои субтропикии хос аст, ки касро ба ҳайрат меорад. Он дорои меваҳои гуногунранг, ба монанди апелсин, лимон, кивӣ ва дар қисматҳои ҷануб дарахти банана аст. Соҳил ва обшорҳои атроф дар ҳамаи фасли сол пур аз сайёҳ аст.

     2. Калонтарин баҳри шӯри дунё, яъне баҳри Каспий дар Озорбойҷон аст, ки масоҳаташ 371000 км мураббаъ ва чуқуриаш 1025 метрро ташкил медиҳад. Он қобили шиноварӣ ва моҳигирӣ аст ва мардуми зиёде ба инҷо омада истироҳат ва аз боду ҳавояш лаззат мебаранд. Истироҳатгоҳи Наброн яке аз машҳуртарин макони дамгирӣ аст.

    3. Маконҳои таърихӣ ба монанди Гобустон ва Ичери (шаҳри қадима) шомили номгӯи ҷойҳои таърихии ин кишвар аст, ки дар рӯйхати ЮНЕСКО шомил шудаанд.

    4. Истироҳатгоҳи Нафталон, ки дар 20 км шаҳри Ганҷа воқеъ аст, мардуми зиёдеро барои табобат ва истироҳат ба худ ҷалб кардааст.

    5. Дар ин кишвар вулқонҳои гилӣ ба амал меояд, ки солона ҳазорон сайёҳон барои дидани ин меоянд. Тибқи омор аз 800 вулқони дунё 300-тои он дар ин кишвар ба вуқуъ пайвастааст.

    6. Ғизоҳои миллии ин кишвар низ хело шуҳрат дошта, зиёдтар дорои растанӣ ва сабзавотанд, ки таъми хос ва дилкаш доранд. Заъфарони Озарбойҷон шуҳрати хос дорад, ки дар 50 навъ ғизо истифода мешавад.

    7. Ҷойгиршавии шаҳри Шекӣ дар гузаргоҳи Шоҳроҳи Абрешим, ки таърихи 2500 сола дорад, бо ҳунарҳои мардумӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Шаҳр бо биноҳои меъмории зебошакли худ мавриди таваҷҷуҳ аст.

    8. Сарзамини Оташ ё макони қадимаи оташпарастон, ки дар 30 км пойтахт қарор дорад, мавзеи тамошобоби сайёҳон ба ҳисоб меравад.

    9. Чорбоғи Боку низ дорои шакли ҷаззоб буда, атрофашро қаҳвахонаҳои зебо, парк, мағозаҳои бузург ва марказҳои истироҳатӣ ва тиҷоратии замонавӣ иҳота кардааст, ки зоирону сайёҳон аз онҳо кайфияти хос мебаранд.

    10. Боку ва биноҳои меъмории замонавӣ бо усули беназир яке аз дигар сабабҳоест, ки сайёҳонро ба ин кишвар ҷалб мекунад. Бурҷи шуъла ва Кристал Ҳол (Толори блурӣ) аз биноҳое мебошанд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.

    Зимнан, назаре ба Тоҷикистон меандозем, то мавзеҳои кашфнашудаи онро барои сайёҳон муаррифӣ кунем. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон низ мисли Озарбойҷон 9 сентябри соли 1991 истиқлилояти худро ба даст овард ва дар муддати кӯтоҳ ақли солим болои торикиҳо ғолиб омад ва мардум ба ҷаҳониён арзишманд будани истиқлолияту озодиро пайғом доданд.

    Тоҷикистон аз тарафи шимол бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон, дар ҷануб ва ҷанубу шарқ бо Афғонистон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад. Тоҷикистон низ яке аз кишварҳои Осиёи Миёна буда, дорои таърихи куҳан ва маданияти хос аст. Он дар муқоиса бо Озорбойҷон метавон бо чунин имкониятҳо барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ муррифӣ гардад:

    1. Мавҷуд будани қуллаи баландтарини дунё- Исмоили Сомонӣ (баландии зиёда аз 7000 метр), таллу теппаҳо, қаторкӯҳҳои осмонбӯс, ки ошиқони кӯҳ ва куҳнаварадиро ба худ ҷалб менамояд.

    2. Ганҷинаву осори шаҳри қадимаи Панҷакент ки таърихи 5000 сола дорад ва ба номгӯи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил шудааст.

    3. Табиати хоси меҳмондорӣ ва гиёҳҳои нодир, ки дар дунё беназир аст. Ба мисли Оши палов, ки ахиран ҳамчун мероси фарҳангӣ аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуд ва чойҳои табобатӣ чун зираву кораб, ки гиёҳҳои хосси табиӣ мебошанд.

    4. Истироҳатгоҳҳои кӯҳии Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Хоҷаобигарм ва Обигарм, ки обҳои он пур аз ганҷ буда, барои тақвияти ҷисму рӯҳӣ инсон манфиат дорад.

    5. Табобатгоҳҳои Исфараву Истаравшан, Хуҷанду Бадахшон низ аз ганҷинаҳои дигари Тоҷикистонанд, ки ҳар дармандеро давое мебахшанд.

    6. Зиёратгоҳи пирони хирад чун Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (дар Кӯлоб), Мавлоно Яъқуби Чархӣ (дар Душанбе) Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (дар шаҳри Панҷруд), Абулайси Самарқандӣ (яке аз муридони мавлоно Яъқуби Чархӣ дар маҳаллаи Теппаи Самақандӣ), Ҷунунӣ (дар ҷамоати Роҳатӣ), Абумусо Ашъарӣ (дар Кӯҳистони Масчоҳ) ва ғайра, ки мардуми дунё пазмони дидани осору оромгоҳи ин ошиқони маърифату хираданд.

    7. Бозори қадимаи Панҷшанбеи Хуҷанд, қалъаҳои таърихиву таълимии Ҳисору Ҳулбук, чойхонаву биноҳое ки бо санъатҳои меъморӣ ва ҳунари кандакории устодони чирадасти Исфараву Истаравшан яке аз дигар осори қадимаи Осиёи Миёна ба ҳисоб мераванд,  кисайёҳонро бо зебогиҳояшон мафтун мекунанд.

    8. Душанбеи ҷавон бо Қасри Миллату Сомон, Кохи Наврӯзу Боғи Рӯдакиву Айнӣ, бинои Китобхонаи пурҳашамати камназир ва Осорхонаи диданибобу замонавӣ бо доштани дуввумин калонтарин муҷассамаи Буддо, аз ҷойҳое ба шумор мераванд, ки дар маркази диққати сайёҳон аст.

    9. Атласи хуҷандӣ, куртаи чакани кулобӣ, ҷӯробу попӯшҳои бадахшонӣ, нонҳои хосси зарафшонӣ, қурутобу шакароб бо табақи махсуси тоҷикӣ аз ҳунару русуми мардумии тоҷик аст, ки сайёҳон ба онҳо таваҷҷуҳ доранд.

    10. Мавҷуд будани қисмати асосии Роҳи Абрешим, дарёҳо, обҳои тозаву мусаффо, чашмаҳову обшорҳои фаровон аз ганҷинаҳои кишваранд, ки имрӯз аксари мардуми сайёрарро барои истифода аз ин манобеъ ҷазб ва ҷалб кардааст.

    Хулоса, Тоҷикистону Озарбойҷон ду кишвар дӯст ва дорои фарҳангу русуми муштарак буда, метавонанд таҷрибаи якдигарро дар бахши фарҳанги сайёҳат ва дипломатияи мардумӣ омӯхта, равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмии худро боз хубтару беҳтар таҳким бахшанд.

Мирсаид РАҲМОНОВ

ходими илмии ИОМДОА

БОЗГАШТ