Муаллиф: Шарифов Искандар
Дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти 25-уми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, ки бузургтарин нишаст дар таърихи ин созмон ба ҳисоб меравад. Дар нишасти мазкур беш аз 20 роҳбари кишварҳо ва намояндагони 11 ташкилоти байналмилалӣ ширкат намуданд. Нишасти 25-уми Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷини Чин ба маркази таваҷҷуҳи расонаҳои ҷаҳонӣ табдил ёфта, ки нисбат ба нишасти Трамп ва Путин дар Аляска, тобиши таърихӣ ва рамзии бештар пайдо кард. Дар пасманзари танишҳои афзояндаи геополитикӣ ва ҷангҳои тиҷоратии шаклгирифта аз сиёсати Доналд Трамп, буҳрони ҳуқуқи башар, дидори роҳбарони 26 кишвар — аз Португалия то Индонезия — рамзи ташаккули тартиботи нави ҷаҳонӣ гардид, ки дар натиҷа маркази вазнинӣ (гравитация) акнун ба сӯи Ҷануби Глобалӣ , на ба сӯи пойтахтҳои анъанавии Ғарб ҳаракат мекунанд.
Нишасти мазкур зери унвони “Пешбурди руҳияи Шанхай: Созмони ҳамкории Шанхай дар амал” баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки роҳбарияти созмонро дар соли 2025 Ҷумҳурии Мардумии Чин бар уҳда дошт, ки “Соли рушди Созмони Ҳамкории Шанхай” эълон карда буд. Дар нишасти мазкур сарони давлатҳои Чин, Русия, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, нахуствазири Покистон ва сарони кишварҳои шарик ва нозир аз ҷумла, Камбоджа, Миср, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Қатар, Қувайт, Индонезия, Малайзия, Ветнам, Мянма, Непал, Малдив ва ғайраҳо ширкат доштанд. Ҳамзамон тавре дар боло зикр кардем, роҳбарони бештар аз 11 созмони байналмилалӣ ҳузур доштанд, пеш аз ҳама Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гуттериш ва Дабири кулли созмони АСЕАН ширкат доштанд.
Мавзӯъ ва рӯзномаи асосии “Пешбурди руҳияи Шанхай: Созмони Ҳамкории Шанхай дар амал” тибқи изҳороти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И аз панҷ самти афзалиятнок иборат аст:
Нишасти СҲШ дар Тянҷин нишон дод, ки ин созмон нияти бозидани нақши калидӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ дорад, аммо муваффақият аз рафъи ихтилофҳо, хусусан миёни Ҳинду Покистон ва Ҳинду Чин, Эрону Исроил вобаста хоҳад буд. Аҳамияти геосиёсии нишасти мазкур хеле баланд арзёбии худро дарёфт пеш аз ҳама таҳлилгарон бар он нуқтаи назаранд, ки нишаст ҳамчун посух ба сиёсати иқтисодии ноадолатона ва ҷанги тиҷоратии даврони Трамп арзёбӣ мешавад. Тибқи андешаи Раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин ин нишастро ҳамчун намоиши “ҷаҳоне берун аз нуфузи Амрико” истифода бурдааст, ки яке аз ҳадафҳои аслии нишаст маҳсуб гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи нишасти мазкур саммити сегонаи Чин-Русия-Ҳинд баргузор гардид. Аз нуқтаи назари геосиёсии мавҷуда, ҳузури Нарендра Моди бо назардошти хунук шудани равобит бо ШМА ва талошҳои барқарории муносибатҳо бо Чин ва ҳамкории Деҳлии Нав бо Маскав аҳамияти хос пайдо кард. Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд, ки бори аввал дар ҳафт соли охир ба Чин сафар кард, зарурати таҳкими эътимод байни кишварҳои СҲШ, бахусус дар масъалаҳои марзиро таъкид кард. Ӯ ба беҳбуди муносибатҳо бо Чин баъди баҳсҳои марзӣ ишора намуда, даъват ба муборизаи ҷиддитар бо терроризм кард ва аз нодида гирифтани ҳамлаи террористӣ дар Пахалгам (22 апрели соли 2025, 26 кушта) дар изҳороти ниҳоии СҲШ изҳори нигаронӣ кард. Моди ҳамчунин масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқии обӣ аз ҷониби Чин дар рӯдхонаи Ярлунг Тсангпоро ба миён гузошт ва талаб намуд, ки ин раванд бо шаффофият сурат гирад, то амнияти обӣ дар минтақа таъмин шавад. Ҳамзамон дар пасманзари геосиёсӣ, ин ҳамоиш бузургтарин нишасти таърихии СҲШ аз лиҳози шумораи ширкаткунандагон ва ташкилотҳои байналмилалӣ буд. Он як қадами муҳим дар роҳи таҳкими нақши СҲШ ҳамчун як созмони бисёрҷонибаи таъсиргузор, ки метавонад дар ташаккули архитектураи нави идоракунии ҷаҳонӣ ва дар шароити ҷаҳони бисёрқутбӣ саҳми назаррас гузорад.
Ҳангоми таҳлили нутқи сарони давлатҳои аъзои СҲШ маълум мегардад, ки “Руҳияи Шанхай” то кадом дараҷа устувор ва самарабахш аст. Аз ҷумла, Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин, дар ифтитоҳи нишаст муҳиммияти “Рӯҳияи Шанхай” — принсипҳои эътимоди мутақобила, баробарӣ ва эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангиро таъкид карда, ӯ ташаббусҳоеро барои сохтани низоми одилонаи идоракунии ҷаҳонӣ пешниҳод кард, ки ба рушди технологияҳо, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ нигаронида шуда буданд. Си инчунин зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Як камарбанд — як роҳ”- ро таъкид намуда, дастгирии Чинро аз лоиҳаҳои иқтисодии СҲШ, аз ҷумла таъсиси Бонки Рушди СҲШ ва барномаҳои мубодилаи ҷавонон ва фарҳангӣ, эълон кард.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гуфт, ки СҲШ метавонад нақши пешсафро дар ташкили низоми одилонаи ҷаҳонӣ бозӣ кунад. Ӯ ба зарурати мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ва ҳамчунин таҳкими амнияти иттилоотиро дар рафти маърузааш ишора кард. Путин афзоиши таваҷҷуҳи кишварҳои дигарро ба СҲШ таъкид намуда, бо раҳбарони Чин, Туркия ва Эрон мулоқоти дуҷониба анҷом дод, ки дар он масоили ҷанги Украина ва барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ шуданд. Ӯ инчунин аҳамияти Роҳи Транскаспийро барои ҳамгироии иқтисодӣ қайд кард.
Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, аҳамияти СҲШ-ро барои муқобила бо таҳримҳои ғарбӣ ва таҳкими соҳибихтиёрии иқтисодӣ таъкид кард. Ӯ даъват намуд, ки равобити тиҷоратӣ байни кишварҳои СҲШ, бахусус дар бахши энергетика густариш ёбанд ва аз ташаббусҳои таъсиси механизмҳои молиявии ғайридолларӣ пуштибонӣ намуд. Пизишкиён ҳамчунин бо Путин масъалаи барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ карда, ба зарурати муколама бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кард.
Дар нишасти СҲШ, ки дар шаҳри Тянҷини Чин баргузор гардид, президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев изҳор дошт, ки Остона омода аст дар таъсиси Бонки рушди Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок кунад. Ин ташаббус қаблан дар рафти ҷаласа аз ҷониби раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин — Си Ҷинпин пешниҳод шуда буд. Ба гуфтаи Тоқаев, Қазоқистон ҳамчунин пешниҳод мекунад, ки дар Маркази молиявии байналмилалии “Остона” як дафтари намояндагии СҲШ таъсис дода шавад, ки ба ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ машғул гардад. Илова бар ин, Тоқаев зарурати дастгирии Афғонистонро таъкид намуда, хотиррасон кард, ки Қазоқистон аллакай сохтмони иншооти инфрасохториро оғоз намудааст, то кишвари мазкурро ба равандҳои минтақавии ҳамгироӣ ҷалб намояд. Ҳамчунин ташаббуси “Гуфтугӯи Трансалтай”-ро бо иштироки Қазоқистон, Русия, Чин ва Муғулистон ба муҳокима пешниҳод кард ва даъват ба рушди роҳҳои нақлиётӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ намуд. Дар баробари ин, президенти Қазоқистон ба самтҳои нави ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Ӯ аз пешниҳодоти Чин доир ба таъсиси созмони ҷаҳонии рушд дар соҳаи зеҳни сунъӣ (AI) пуштибонӣ намуда, пешниҳод кард, ки форуми коршиносони СҲШ оид ба AI таъсис дода шавад. Тоқаев изҳор дошт, ки Остона омода аст аввалин ҷаласаи ин форумро дар чаҳорчӯби форуми Digital Bridge баргузор намояд.
Содир Жапаров, президенти Қирғизистон, ба таҳкими амнияти минтақавӣ ва зарурати ислоҳоти сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ таъкид намуд. Ӯ рушди иқтисоди рақамиро муҳим дониста, ташаббуси Чинро оид ба ташкили платформаи ҳамкории технологӣ дастгирӣ кард. Жапаров ҳамчунин зарурати ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Осиёи Марказиро зикр намуда, аз шарикони рушд даъват ба амал овард.
Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи 31-уми август ва 1 - уми сенятбри соли ҷорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти 25 -уми Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷини Чин бо сафари корӣ ташриф оварданд. Зимни нишасти мазкур Пешвои миллат ба масъалаҳои амниятӣ таваҷҷуҳ намуда, даъват ба муборизаи муштарак бо ҷинояткории фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир карданд. Пешвои миллат аз ташаббусҳо барои рушди роҳҳои нақлиётӣ, аз ҷумла долони тиҷории Транскаспий, пуштибонӣ карданд ва пешниҳод намуданд, ки ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ тавсеа намуда шавад, то ки амнияти озуқаворӣ таъмин гардад. Ҳамзамон вобаста ба авзои сиёсии ҷаҳон, буҳрони Ғазза ибрози андеша намуданд.
Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон, ба нақши муҳими СҲШ барои рушди иқтисоди кишвараш ишора кард, бахусус тавассути лоиҳаҳои ташаббуси “Камарбанд ва Роҳ”. Ӯ аз таъсиси Бонки рушди СҲШ пуштибонӣ намуда, зарурати амиқтар кардани ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро, бо ишора ба ҳодисаҳои ахир дар минтақаи Балуҷистон таъкид кард.
Александр Лукашенко, президенти Беларус, ки кишвараш дар моҳи июли соли 2024 ба ҳайси узви нави СҲШ пазируфта шуд, ба мавқеи амалгароёнаи Минск дар ҳамкорӣ бо СҲШ ишора кард. Ӯ зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиро, бахусус дар соҳаҳои мошинсозӣ ва кишоварзӣ таъкид намуда, аз ташаббусҳои таъсиси механизмҳои молиявии мустақил пуштибонӣ кард. Лукашенко қайд намуд, ки СҲШ дар шароити бесуботии ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи ҳамбастагии Ҷануби Глобалӣ баромад мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як қатор ташаббусҳои муҳимро пешкаш намуд, ки ба таҳкими пояҳои сиёсӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва рушди равобити иқтисодӣ ва фарҳангию инсонӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, ӯ пешниҳод кард:
Яке аз натиҷаҳои муҳими саммит барои Ӯзбекистон – қабули қарори таъсиси Маркази универсалӣ оид ба муқовимат бо таҳдидҳо ва хатарҳо ба амнияти кишварҳои узви СҲШ мебошад, ки он бар асоси сохтори Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар шаҳри Тошканд ҷойгир мешавад ва фаъолияти доимӣ хоҳад дошт.
Иштирокчиёни нишасти 25 - уми Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тянҷин беш аз 20 ҳуҷҷати муштаракро дар самтҳои иқтисод, амният, технологияҳои иттилоотӣ ва мубодилаҳои фарҳангӣ ба имзо расониданд. Ҳуҷҷатҳои асосии имзошуда иборатанд аз:
Хулоса.
ШАРИФОВ Искандар
ходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёти истифодашуда