АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

НИЗОМИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОНГРЕССИ ВЕНА

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Дар солҳои 1814-1815 Конференсияи Вена баргузор гардид, ки яке аз низомҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ дар асри XIX ба ҳисоб меравад. Дар Конференсияи мазкур танҳо намояндагони Аврупо иштирок намуданд. Давлатҳои ғолиб барои пешгирии инқилобҳо дар ҳудудҳои худ байни империяҳо муттаҳид шуданд, ки омили асосии ташкили Конференсия гардид. Дар раванди он таҳияи созишномаҳо ва таъйини сарҳадҳои нави давлатҳои Аврупо бо раёсати дипломати австриягӣ граф Меттерних сурат гирифт. Пас аз пошхӯрии империяи Наполеон муносибатҳои байнидавлатӣ дар Конгресси Вена ба танзим дароварда шуд. Соли 1815 аввалин кодификатсияи ҳуқуқи дипломатӣ пешниҳод гардид. Дар асоси Конгресси Вена чунин масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд:

  • Соли 1856 дар шаҳри Париж яке аз масъалаҳои муҳим оид ба меъёрҳои қонуни ҷангҳои баҳрӣ тартиб дода шуд.
  • Соли 1899 дар конференсияи Гаага конвенсияҳо оид ба қоидаҳои ҷанг қабул гардид.
  • Солҳои 1905–1907 дар конференсияи дуюми Гаага, конвенсияҳои аввалин оид ба ҳуқуқи ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ бо роҳи дипломатӣ қабул карда шуданд.

Дар шаҳри Венаи Австрия аз сентябри соли 1814 то июни соли 1815 Конференсия оид ба тағйирот дар Аврупо, ки дар натиҷаи ҷангҳои Наполеон рух дода буд, ташкил карда шуд. Дар Конференсия намояндагон аз бисёр кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Британияи Кабир, Империяи Русия, Фаронса, Австрия ва Пруссия иштирок доштанд. Дар асоси санади ниҳоии Акти Конгрессии Вена ҳамаи қарорҳо ҷамъоварӣ шуданд. Бояд иброз кард, ки дар Конгресси Вена бо роҳи гуфтушинид ҳал намудани низоъҳо, оқибатҳои он ва нигоҳдории сулҳу субот, аввалин кодификатсияи ҳуқуқи дипломатӣ қабул гардид. Давлатҳои ғолиб қарор қабул карданд, ки минбаъд ҳамаи ихтилофҳо бо роҳи осоишта ҳаллу фасл карда шавад, ки дар нақши дипломатон асосӣ буд. Имрӯз ном ва таҷрибаи онҳо ҷовидон аст. Аз ин рӯ, дар Конгресси Вена дипломатони зерин иштирок карда буданд:

-Подшоҳии Руссия-Александр I, К. В. Несселроде, А. К. Разумовский, дар кори комиссияхои махсус Иоган фон Анстетт, Г. О. Штакелберг, Карл Осипович Потсо ди Борго ва И. Каподистрия;

-Британияи Кабир - Р.С.Кастлереа ва А.В.Веллингтон;

-Австрия - Франс I, К. Меттерних,

-Пруссия -К.А.Харденберг, В.Гумболдт, Фаронса-Шарл Морис де Таллейран-Перигор Португалия-Педро де Соуса Холштейн де Палмела;

-Шветсия - Граф Карл Аксел Лёвенхелм;

-Испания-Педро Гомес Лабрадор.

Конференсияи Венаро бо чунин натиҷаҳо тақсимбандӣ кардан мумкин аст:

  1. Дар Аврупо режими монархӣ барқарор шуда, бисёре аз сулолаҳои монархӣ ба сари қудрат бори дигар омаданд, масалан, Бурбонҳо дар Фаронса ва Габсбургҳо дар Австрия.
  2. Конфедератсияи Олмон таъсис дода шуд, ба истиснои Австрия тамоми ҳудудҳои забони олмонӣ ба як конфедератсия муттаҳид шуданд.
  3. Иттиҳоди муқаддаси Русия, Австрия ва Пруссия зери рамзи ваҳдати мазҳабӣ мустаҳкам шуданд. Ин кишварҳо дар мавриди масъалаҳои геополитикӣ дар Аврупо қувваи қариб ношинохта будани худро исбот карданд.
  4. Сарҳадҳои Аврупо аз нав тақсим карда шуда, бисёре аз давлатҳои азбайнрафта аз сари нав таъсис дода шуданд ва баъзеи онҳо байни давлатҳои ғолиб тақсим карда шуданд.
  5. Бар зидди Наполеон иттиҳоди Австрия, Пруссия, Британияи Кабир, Шветсия ва баъзе давлатҳои дигар иттиҳод таъсис доданд, ки номи "периметри Хурд"-ро гирифта, дар натиҷа Наполеонро шикаст доданд.

Конгресс тақсимоти нави қувваҳоро дар Аврупо муайян кард, ки дар охири ҷангҳои Наполеон ба вуҷуд омад ва муддати тӯлонӣ нақши пешбари кишварҳои ғолиб - Русия, Пруссия, Австрия ва Британияи Кабирро дар муносибатҳои байналмилалӣ нишон дод. Дар натиҷаи он низоми муносибатҳои байналмилалии Вена ташаккул ёфт ва иттиҳоди Муқаддаси давлатҳои аврупоӣ таъсис дода шуд, ки ҳадафи он таъмини пойдории монархияҳои аврупоӣ буд. Низоми Вена яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои асри XIX ба ҳисоб меравад ва он боиси тағйиротҳо дар Аврупо гардид, ки дар натиҷа ба Аврупо ва ҷаҳон таъсир расонид.

Соҳиби Баҳруло

ходими имлии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ