АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Низоми сиёсии Кореяи Ҷанубӣ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

Ҷумҳурии Корея, аз 5-уми августи соли 1948 ҳамчун ҷумҳурии парлумонӣ эълон гардидааст. Дар давраи мавҷудият, Кореяи Ҷанубӣ шаш маротиба Конститутсия (солҳои 1948, 1960, 1962, 1972, 1980 ва 1988) қабул намудааст.

  Мувофиқи муқаррароти Конститутсия соли 1948, дар кишвар ҳокимияти пуриқтидори иҷроия ташкил карда шуд, ки дар сари қудрат Президент буда, ба муҳлати чор сол аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва ин раванд шурӯъ аз соли 1952 тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихоб карда мешавад. Вазифаи олии давлатиро (Президентиро) аз соли 1948 то соли 1960 Ли Сингман ишғол намуд. Соли 1960 дар Кореяи Ҷанубӣ идоракунии системаи парлумонӣ муайян гардид, ки дар доираи он мақомотҳои иҷроия зери роҳбарии Сарвазир муайян карда шуд, ки дар назди Маҷлиси миллӣ ҳамчун ҳисоботдиҳанда ба шумор меравад. Соли 1961 ба сари Ҳукумат роҳбари низомиён Пак Чонхи Президент интихоб шуд. Пак Чонхи дар интихоботҳои солҳои 1963, 1967, 1971, 1972 ва 1978 пирӯз гардид. Тибқи Конститутсияи соли 1972 ваколатҳои Президент фарохтар гардиданд. Паз аз кушта шудани Пак Чонхи соли 1979 дар кишвар мувақатан ҳолати фавқулода эълон карда шуд. Конститутсияи соли 1980 интихоб кардани Президентро коллегияи (ҳайати) махсус пешбинӣ карда буд. Парлумони якпалата (Маҷлиси миллӣ) бо вазифаҳои қонунгузорӣ бояд муддати чаҳор сол фаъолият мекард. Соли 1987 ҳукумат лоиҳаи шашуми Конститутсияро тартиб дод. Тибқи Конститутсияи нав дар назди Президент, ба муддати панҷ сол интихоб мешуд, ки бо иштироки ӯ Шӯрои давлатӣ ташкил карда мешавад. Ба он аъзоёни ҳукумат бо роҳбарии сарвазир (аз ҷониби Президент бо розигии аъзоёни парламент таъйин карда мешавад) ва Маҷлиси миллӣ, ки вакилони он тариқи овоздиҳӣ ба муддати чаҳор сол интихоб мегарданд, дохил мешаванд. Интихобот аз рӯи низоми мажоритарӣ ва намояндагии овоздиҳӣ баргузор мегардад.

  Ҳизбҳои сиёсӣ. То соли 1988 ҳизби ҳокими сиёсӣ мавқеи консервативиро пешбарӣ мекард, ки бевосита аз ҷониби Президент назорат карда мешуд. Дар замони Ли Сингман ин нақш ба ҳизби Либералӣ вогузор карда шуд ва дар замони Пак Чон Хи таҳкурсии режим Ҳизби ҷумҳурихоҳони демократӣ ба миён гузошта шуд.

  Дар соли 1967ду ҳизби мухолиф-Ҳизби халқӣ ва Ҳизби нави Корея муттаҳид гардида, Ҳизби демократии навин бо сардории Ким Дэҷун (Ким Тэ Ҷун), ташкил карда шуд, ки ин Ҳизб соли 1980 маҷбур гардид, ки худбарҳамдиҳӣ эълон кунад. Соли 1981 пас аз интихоботи умумии парламентӣ, ки дар ҳолати фавқулода баргузор гардид, қувваи асосии сиёсиро Ҳизби адолат ва демократия (ҲАД) ба даст оварда буд, ки онро Президенти нав Чон Духван роҳбарӣ мекард.

  Пас аз шӯришҳои умумимиллии донишҷӯёни солҳои 1984-1985 Ҳизби демократии Кореяи Нав (ҲДКН) таъсис дода шуд. Роҳбарони ҳизб Ким Дэҷун ва Ким Ёнсам аз ҳаёти сиёсӣ ва расмӣ берун монданд, аммо интихоботи Маҷлиси миллӣ, ки моҳи феврали соли 1985 баргузор гардид, (ҲДНК)-ро ба маркази мухолифини парлумонӣ табдил дод. Дар ҳодисаҳои соли 1987 қисми зиёди аъзоёни (ҲДНК) мавқеи роҳбарони худро дар Маҷлиси миллӣ барои муросо бо ҳукумат рад карданд. Моҳи майи соли 1987, вакте ки ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ким Дэҷун ва Ким Ёнсам барқарор гардид, қисми зиёди аъзоёни (ҲДНК) асосан ба ҳайати Ҳизби демократӣ барои муттаҳидшавӣ (ҲДМ) шомил шуданд. Ягонагӣ дар қатори ташкилотҳои нави сиёсӣ дер давом накард. Дар интихоботи президентии декабри соли 1987 ҳизби (ҲДМ) номзадии Ким Ён Самро пешниҳод намуданд. Дар натиҷа Ким Дэҷун дар рӯйхати номзад ба президентӣ аз ҷониби Ҳизби сулҳ ва демократия (ҲСД) ворид шуд. Ба мухолифони парокандашуда, роҳбари (ҲАД) Ро Дэ У, ки дар интихоботи президентӣ ғолиб шуда буд, муқобилият мекард. Моҳи апрели соли 1988 дар интихобот ба Маҷлиси миллӣ (ҲАД) пешсаф буд ва пас аз ӯ бошад, Ҳизби сулҳ ва демократия (ҲСД) ва Ҳизби демократия ва муттаҳидшавӣ (ҲДМ)  пайравӣ намуданд.

  Моҳи январи соли 1990 ҲДМ ба қароре омад, ки бо ҳизби ҳукмрон иттифоқ намояд, ки боиси ба вуҷуд омадани Ҳизби либералии демократӣ (ҲЛД) гардид. Аъзоёни (ҲДМ) бо ин иқдом зид буда, дар Ҳизби демократӣ муттаҳид шуданд. Охирин моҳи июни соли 1991 бо як ҳизби хурди дигар муттаҳид гардида, Ҳизби нави демократиро (ҲНД) таъсис доданд. Дар моҳи сентябри соли 1991 пас аз пайвастшавӣ бо Ҳизби демократӣ, сохтори нави сиёсӣ ба вуҷуд омад, ки номи Ҳизби демократиро нигоҳ дошт. Моҳи январи соли 1992 Ҷон Ҷуён асосгузори ширкати Hyundai Ҳизби ваҳдати миллиро таъсис дода, баъдан онро ба Ҳизби ваҳдати халқӣ (ҲВХ) табдили ном намуд.

  Дар интихоботи моҳи марти соли 1992 баргузоргардида, дар Маҷлиси миллӣ ба (ҲЛД) 149 курсии вакилиро дода, ба Ҳизби демократӣ-97 ҷой, (ҲВХ)-31 ҷой курсиҳои дигарро бошад номзадҳои мустақил гирифтанд.

Дар рафти омодагӣ ба интихоботи парлумонии соли 1996 ҳизбҳои пешбар чаҳор блоки асосии сиёсиро ташкил дод. Ҳизби Кореяи нав (собиқ ҲЛД) 139 мандатро ба даст овард, Конгресси миллӣ барои сиёсати нав (асос 1995)-79 ҷой, Иттиҳоди демократии либералӣ (амал аз 1995)-50 ва Ҳизби демократӣ-15 ва ғайр аз ин дар ҳайати Маҷлиси миллӣ 16 вакили мустақил ворид шуданд.

  Мақомоти судӣ. Дар мутобиқ бо канститутсияи соли 1988 Суди олӣ мақоми олии судиро дошта, он аз раиси суд ва 13 аъзо иборат буда, аз ҷониби Президент ба муддати шаш сол ба ин мақом таъйин ва аз вазифа барканор карда мешавад. Ба Суди оллӣ шикоятҳо барои ҳалли парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ аз чаҳор суди апилатсионии кишвар (Сеул, Тегу, Пусан ва Кванҷу) равона карда мешавад. Низоми судӣ ба судҳои маҳаллӣ ва ба суд оид ба корҳои оилавӣ (дар Сеул ҷойгир аст) такя мекунад.

  Низоми мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ. Ҷумҳурии Корея ба 9 вилояти маъмурӣ тақсим гардидааст. Мақоми вилоятро пойтахти кишвар Сеул дошта, Пусан, Тэгу, Инчхон, Тэҷон ва Кванҷу шаҳрҳои тобеъи мустақили марказ мебошад. Ҳамаи онҳо аз ҷониби губернаторҳои интихобшуда ва ҷониби шӯроҳои иҷроиявӣ идора мешаванд. Округ ва маҷмӯи асосии шаҳрҳо дар тобеъияти ҳокимияти вилоятӣ буда, аз ҷониби раисон ва шӯроҳои интихоботшуда, роҳбарӣ ва идора карда мешаванд.

  Қувваҳои мусаллаҳ, асосан бо техникаҳои ҳарбии амрикоӣ таъмин гардидааст, ки аз қушунҳои хушкигард такрибан 650 ҳазор нафар, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, киштиҳои муҳофизатии соҳилӣ ва кувваҳои хурди аскарони баҳриро дарбар мегирад, иборат мебошад. Ғайр аз ин беш аз 4 миллиони дигар захира мебошад. Дар кишвар гурӯҳи машваратчиёни ҳарбӣ аз ИМА доимо ҳозиранд, базаҳои амрикоӣ дар кишвар воқеъ гардидааст.

  Сиёсати берунаи Ҷумҳурии Корея дар асоси робитаҳои густурда бо Амрико таъсис дода шудааст. Тибқи шарномаи тарафайн, ки соли 1963 бо ИМА баста шудааст,муҳофизат аз хатарҳои берунаро Амрико кафолат медиҳад. Муносибатҳо бо Япония бошад, аз соли 1965 хуб ба роҳ монда шуд. Аз соли 1991 Ҷумҳурии Корея аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Мутаҳид мебошад.

  Сиёсати иқтисодӣ. Иқтисодиёти Корея дар асоси омилҳои фаъолияти соҳибкорони хусусӣ таъсис дода шудааст. Кишвар роҳи оҳан ва алоқа, ба миқдори зиёд энергетика, ангиштсанг, металургияи сиёҳ ва дигар захираҳо дорад, ки дар асоси конститутсия моликияти давлат ҳисобида мешавад. Ширкатҳои муштараке, ки бо иштироки давлат ва капиталҳои хориҷӣ таъсис ёфтааст, ба истеҳсоли маъдан ва маҳсулоти нефтӣ машғуланд. Инчунин ба давлат қисми зиёди бонкҳо, ки то солҳои 1980-ум ба таври оммавӣ хусусӣ гардидаанд, тааллуқ дорад.

  Дар солҳои 1960-1970-ум ба соҳибкорон имтиёзҳо ва маблағҳои бебозгашт вобаста ба ҳадафҳои 5 сола, ки барои ҳавасмандкунии соҳаҳои содиротӣ, пешбинӣ шуда буд, пешбинӣ гардид.

  Ҳукумат бо содиркунандагони калон дар қабули қарорҳо оид ба сармоягузориҳои нав, манбаъҳои маблағгузорӣ, квотаҳои содироти маҳсулот ба хориҷа ва нархҳо аз наздик ҳамкорӣ менамояд. Дар иқтисодиёти Кореяи Ҷанубӣ гурӯҳҳои миллии молиявию саноатӣ (чебола) нақши бениҳоят муҳим мебозад. Имрӯз аксари онҳо ба гурӯҳи бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон ба монанди “Samsung”, “Hyundai” , “Daewoo”, “LG” ворид гардидаанд.

  Дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлил чунин қайд намудан мумкин аст, ки Ҷумҳурии Корея тавонист бо ин низоми пешгирифта дар сиёсат ва иқтисодиёти кишвар пешрафт намояд. Имрӯз Ҷумҳурии Корея иқтисоди бо суръат рушдкунанда дошта, ба қатори кишварҳои даҳгонаи бабрҳо-яъне бабрҳои Осиёӣ дохил гардидааст. Маҳз тариқи Ҳизбҳои сиёсӣ ва сохторҳои давлатӣ Ҷумҳурии Корея тавонист кишварро идора намуда мақоми худро дар минтақа пайдо намояд. Ин низомро то ба ҳол бо муваффақият идома дода истодаанд.

Файзуллаева Нигора

ходими хурди илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

                                                         Адабиёт:

  1. Актуальные проблемы Корейского полуострова: Сб. ст. Вып.  М., 1996. Анализ российской исследовательской литературы по корейской тема­тике. Сеул, 1997.
  2. История Кореи: с древности до начала XXIв. — СПб.: Изд-во С.-Петерб. ун-та, 2009. — 680 с.
  3. Курбанов.История Кореи.Оглавление (narod.ru).
  4. Политические системы стран мира (school-collection.edu.ru).
  5. Манбаи интернетӣ - http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/11ea 82bb-e33e-47ed-966d de02b146e5d8/polit_system/source /Respublika_ Koredoc.
  6. «Корейское экономическое чудо» | Контент-платформа Pandia.ru.
  7. Экономика Республики Корея (Южной Кореи). Все об экономике Кореи (gecont.ru).
  8. Gleysteen W. Н. Jr. Маssive Еntanglement, Маrginal Influence. 

Саrter аnd Коrеа in Crisis. Washington, 1999.

БОЗГАШТ