“Бани одам аъзои якдигаран, ки дар офариниш зи як гавҳаранд...” ,зимни суханронии сарвари Тоҷикистон аз фазои ин минбари бонуфуз бо забони асли эҷоди он-лаҳни ноби тоҷикӣ садо дод.
Ташабусси дигари Пешвои миллат роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об низ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, 20 декабри соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид тибқи қатъномае,ки дар ин асос қабул кард,соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” эълон намуд. Пешвои миллат бағоят муҳим будани ин масъаларо на танҳо ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”ҳамчун омили пешбаранда таъкид намуд,балки онро барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола низ омили ҳалкунанда шуморид.
Тибқи ташаббуси мазкур 20-21 августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Барои иштирок дар кори он беш аз 900 нафар меҳмонони воломақом ва мутахассисону коршиносони маъруф аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Шояд барои тасдиқи гуфтаҳои боло овардани сухане аз як мақоми СММ дар бораи Пешвои миллати мо ва ташаббусҳои ӯ кофӣ бошад. 20 сентябри соли 2010 дар Ню-Йорк дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Муовини Дабири Кулли СММ Ша Тсу Кан изҳор дошт: ”Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамони ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об мебошад”. Ин баҳои як мақоми аршади ҷаҳонӣ, як мутахассиси соҳа ва гузашта аз он,баҳои холисонаи як фарди ғайритоҷик ва ғайритоҷикистонӣ мебошад. Воқеан, Эмамалӣ Раҳмонро дар сатҳи ҷаҳон бо ташаббусҳои оламгир ва созандааш мешиносанд ва тавассути ӯ номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллиф панҷ ташаббуси бузургест, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ махсусан дар Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сарбаландона пазируфта шудааст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуд ва мешавад: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015”,“Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”” ва “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”.