АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Оқибатҳои буҳронии коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар ҳақиқат, пешгӯиҳои охирин оид ба таъсири пандемия аз таназзули воқеии иқтисодӣ пас аз буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои 2008-2009 якчанд маротиба зиёдтаранд. Л.Пархомчик коршиноси Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсат дар назди Фонди Нурсултон Назарбоев (ИМЭП) дар бораи таъсири буҳрони коронавирус ба ҷаҳон ва иқтисоди Қазоқистон қайд кард, ки таҳдиди паҳншавии мавҷи дуюми сирояти коронавирус барои барқарорсозии иқтисоди ҷаҳонӣ шароити фавқулодда фароҳам меорад.
Пешгӯии макроиқтисодии Fitch нишон медиҳад, ки дар семоҳаи дуюм маҷмӯи маҳсулоти дохила (ММД) дар ҷаҳон 8,9 фоиз коҳиш ёфтааст, дар ҳоле ки дар нимаи аввали соли 2020 коҳиш 10 % ташкил додааст.
Тибқи пешгӯиҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд, таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар пандемия имсол беш аз 4% хоҳад шуд. То охири соли 2020 тиҷорати ҷаҳонӣ тақрибан панҷяк коҳиш меёбад, ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ 40% ва интиқоли пулӣ беш аз 100 миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт.
Таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ ба он ақидаанд, ки коҳиши ММД ҷаҳонро дар соли 2020 аз 5 то 7,1 % интизор шудан мумкин аст. Чунин интизориҳоро Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд низ баён мекунад, ки сатҳи коҳиши ММД-и ҷаҳонро дар охири сол 6 % ва дар мавҷи дуюми коронавирус - 7,6 % арзёбӣ мекунад. Дар асл, пешгӯиҳои охирин оид ба таъсири пандемия аз таназзули воқеии иқтисодӣ пас аз буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои 2008-2009 якчанд маротиба зиёдтаранд.
Коршиносон ба он назаранд, ки коҳиши амиқи ҳаҷми истеҳсолот дар кишварҳои пешрафта ба амал хоҳад омад. Ҳамзамон, нишондиҳандаҳои коҳиши ММД бо рақамҳои дучанд ҳисоб карда мешаванд. Намунаи барҷастатарини ин масъала мисоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Мувофиқи маълумоти Бюрои таҳлили иқтисодии назди Вазорати савдои Амрико, маҷмӯи маҳсулоти дохилаи ИМА дар семоҳаи дуюми соли 2020 бо суръати солона 33 % коҳиш ёфт.
Тибқи суханони коршиноси ИМЭП ҳамзамон, кишварҳои аз ҷиҳати иқтисоди пуриктидори Аврупо - Олмон ва Фаронса дар семоҳаи дуюми соли 2020 мутаносибан 10,1 ва 13,8 % коҳиши ММД-ро мушоҳида карданд. Бо назардошти он, ки давлатҳои Аврупо бори дигар дар минтақаи бад шудани вазъи эпидемиологӣ қарор доранд, натиҷаҳои нимаи дуюми соли 2020 метавонанд аз нигоҳи суръати афзоиши ММД боз ҳам бадтар шаванд.
Ҳақиқати бӯҳрони корона бадшавии ҷиддии вазъи иҷтимоию иқтисодии кишварҳои рӯ ба тараққиро ба бор хоҳад овард. Маҳз кишварҳои ҷаҳони рушдёбанда бо афзоиши сатҳи камбизоатӣ ва амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Дар ин бобат кишварҳои Амрикои Лотинӣ дар ташвиш мондаанд.
Тибқи таҳлили коршиносони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) таъсири пандемияи COVID-19 то соли 2021 ба иқтисоди ҷаҳонӣ 7 триллион доллар зарар хоҳад овард. Агар дар бораи пешгӯии дарозмуддат сухан ронем, пас то соли 2025 зарари иқтисоди ҷаҳонӣ дар натиҷаи бӯҳрони коронавирус метавонад тақрибан 35 триллион долларро ташкил диҳад.
Коршиносон вазъи кунунии иқтисодиро арзёбӣ карда, пеш аз ҳама дар он фикр мебошанд, ки оё пандемия ба рукуди иқтисодии ҷаҳонӣ оварда мерасонад? Бояд қайд кард, ки гарчанде ки пешгӯиҳо барои соли 2021 афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар назар дошта бошанд ҳам, суръати барқарорсозӣ дар фаъолияти иқтисодӣ фавқулодда нахоҳад буд.
Фонди Байналмилалии Асъор дар он назар аст, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2021 - 5,4% афзоиш хоҳад ёфт, дар ҳоле ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) онро дар ҳаҷми 5% эълон кард. Аммо, дар сурати мавҷи дуюми коронавирус вазъ метавонад ба таври назаррас тағийр ёбад.
Барои баргаштан ба нишондиҳандаҳои давраи пеш аз пандемия, иқтисоди ҷаҳонӣ метавонад ҳадди аққал 5 солро дар бар гирад. Аммо, барқарорсозӣ нобаробар хоҳад буд, ки ин танҳо нобаробарии даромади ҷаҳонро шадидтар мекунад. Ҳамин тавр, таҳлилгарони Fitch пешгӯӣ мекунанд, ки дар сурати мавҷуд набудани карантинҳои нави саросари ММД дар ИМА то охири соли 2021 ва дар кишварҳои Аврупо то охири соли 2022, барқарор хоҳад шуд.
Чи тавре, ки коршинос кайд кард, оқибатҳои манфии хуруҷи COVID-19-ро иқтисоди Қазоқистон низ эҳсос хоҳад кард. Тибқи дурнамои Бонки миллӣ, дар соли 2020 ММД ҷумҳурӣ 2,0-2,3 % коҳиш ёфт. Агар вазъи эпидемиологӣ ба эътидол ояд ва муҳити беруна беҳтар гардад, суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2021 ба 3,5-3,8 % барқарор хоҳад шуд.
Афзоиши пешрафтаи иқтисодиёт дар солҳои 2021-2025 тибқи барномаи рушди фаъолияти иқтисодӣ дар кишвар, ки ҳукумати Қазоқистон таҳия кардааст, пешбинӣ шудааст. Ҳамин тариқ, афзоиши миёнаи солонаи ММД аз рӯи барномаи асоси 4,0 %, аз рӯи барномаи оптимистӣ 4,5 ва ҳолати критикӣ 3,0 % ташкил хоҳад дод.
Чунин пешгӯиҳо ба тамоюли давомдори афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо дар бахши воқеии иқтисод асос ёфтаанд. Сарфи назар аз он, ки дар моҳҳои январ-августи соли 2020 ММД Қазоқистон 3 % коҳиш ёфт, истеҳсоли маҳсулот 1,7 % зиёд шуд. Афзоиши бузургтарин дар соҳаи сохтмон (6,5 %), кишоварзӣ (4,9 %) ва саноат (3,3 %) ба қайд гирифта шуд.
Мувофики хулосаи Л.Пархомчик шубҳае нест, ки оқибатҳои пандемияи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири тӯлонӣ мерасонанд. Дар соли 2021 дар назди инсоният вазифа гузошта мешавад, ки мушкилоти таъсири пандемияи COVID-19 босуръаттар ҳал кунад. Дар акси ҳол, хатари ба депрессияи ҷаҳонӣ табдил ёфтани коронакризис вуҷуд дорад.
 
Тарҷумаи Саримсаков И.К.
 ходими калони илмии
ИОМОА АМИТ
 
 
Сарчашма: https://tengrinews.kz/economic/posledstviyah-koronakrizisa
 
 
 

БОЗГАШТ