АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Оқибатҳои таҳдиди коронавирус ба Тоҷикистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Имрӯзҳо зиёда аз 64 кишварро бемории ба ном “2019-nCoV” (номи пешина) ё ин ки SARS-CoV-2, яъне коронавирус фаро гирифтааст. Тавре собит шудааст, он дар шаҳри Ухани вилояти Хубейи Ҷумҳурии Халқии Хитой пайдо гардидааст. Аз ин хотир тамоми кишварҳо кӯшиш карда истодаанд, ки робитахои худро бо ин давлат қатъ кунанд. Аксари давлатҳои ҳамсарҳад ва зиёди ширкатҳои хориҷию муштарак новобаста аз зиёни иқтисодӣ корхонаҳои худро баста истодаанд. Ҳавопаймоҳои бонуфузи байналмилалӣ рейсҳои худро низ маҳдуд намуда, дар фурудгоҳҳо чораҳои ҷиддии санҷиши шаҳрвандонро андешида истодаанд.
Дар ин раванд, таҳдиди коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавҷуд мебошад, чун мо бо ин кишвар ҳамсарҳад мебошем. Аз ҷумла қисми шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор ва таҳсил дар шаҳри Ухан мебошад. Донишҷӯёни тоҷик аз тарафи ҳукумат ба ватан баргардонда шуда, тахти карантин карор доштанд. Хушбахтона ҳодисаи дучори короновирус дар байни онҳо муайян нагардид. Аммо нисбати муҳоҷироне, ки дар ҳар гуна шароит кору фаъолият мекунанд, чора андешидан мушкилтар мебошад.
Чун имрӯз коронавирус дар Россия низ пайдо шуд ва эҳтимоли гузаштан ба муҳоҷирони на танҳо Тоҷикистон, балки ба шаҳрвандони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пасошӯравӣ баланд аст. Гирифтор шудани як муҳоҷири меҳнатии минтақаи Осиёи Марказӣ, хатари ихроҷ кардани ҳазорҳо муҳоҷиронро дорад. Эҳтимоли маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирон дар Федератсияи Россия бошад, ба иқтисоди кишвар метавонад таъсири манфӣ расонад.
Умуман коронавирус таъсири худро аллакай дар самтҳои фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии давлатҳои дунё расонид ва 1 ё 2 сол лозим меояд, то ин ки муносибатҳои байналмилалӣ равиши худро аз нав барқарор кунанд.
Тавре медонем, солҳои қаблӣ пайдоиши бемории “полиомелит”, боиси ихроҷи муҳоҷирон аз тарафи мақомоти давлатии Россия шуда буд.
Нишонаҳои бемории коронавирус қисман ба бемории сил монанд мебошад, ба монандӣ: сулфа, шамолзании шушҳо, паст шудани иммунитети одам ва ғ. То имрӯз шумораи ҳалокшудагон рӯз аз рӯз афзуда, танҳо дар кишвари Хитой ба 3 ҳазор расидааст. Ба кишварҳои Эрону Афғонистон, Итолиё ва ғайра низ сироят кардааст. Дар Ҷумҳурии Эрон аъзои кобинаи ҳукуматӣ низ гирифтори ин беморӣ шудаанд, аз он ҷумла муовини вазири тандурустии Эрон, хонум-Эбтекор, ноиби президент оид ба кор бо занон ва чандин нафарони дигар дучори ин маризӣ шуданд.
Умуман теъдоди фавтидагон дар Эрон то имрӯз  ҳудуди 100 нафар расидааст. Шумораи фавтидагон дар кишвари Италия бошад, зиёда аз 110 нафарро ташкил мекунад, Кореяи Ҷанубӣ 35 нафар, Ҷопон-6 нафар, ИМА-11 нафар, Фаронса-4 ва ғайра. Ин рақамҳо новобаста аз кӯшишҳои пешгирикунанда рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Ба мақсади пешгирӣ кардани маризии мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои дахлдор андешида мешаванд. Чунончи тибқи супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли гипохлорит натрий оғоз намуд. Олимони Академия исбот карданд, ки моддаи мазкур метавонад бар зидди зуҳури ин маризӣ мавриди истифода қарор гирад. 
Ба мақсади пешгирӣ аз короновирус чунин пешниҳодҳо дода мешавад:
- таъмин намудани аҳолӣ, беморхонаҳо бо ниқоб, респиратор, халатҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ;
- ташкил намудани минтақаҳои карантинии ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ;
- гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути ВАО, шабакаҳои интернетӣ оид ба риоя намудани гигиена дар тамоми мақомоти давлативу хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои бачагон ва ғ.;
- пурзӯртар кардани ташхис дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан;
- андешидани чорабиниҳои дезинфексионии нақлиёти ҷамъиятӣ, манъ кардани чорабиниҳои дастаҷамъӣ;
- омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар ин самт ва ғайра.

Ғафуров Сомон,
ходими хурди илмии
Шуъбаи Осиёи Марказӣ
 

БОЗГАШТ