АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Оғози корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” оғоз бахшиданд. Дар ин бора торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст.
 
Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар, аз ҷумла 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.
 
Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳо ва ғайра иборат мебошад.
 
Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.
 
Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.
 
Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат медиҳад.
 
Рафти бунёди Майдони “Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
 
Аз ин ру Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб намуданд.
 
Дар ҳудуди майдон зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешсабз, буттаҳои сабз, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.
 
Ёдовар мешавем, ки  26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд.
 
Озмуни мазкур 11 марти соли 2020 аз ҷониби аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид.
 
Дар маҷмӯъ дар озмуни кушод 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд.
 
Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардид, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум шуд.
 
Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардид.
 
Ҳангоми тартиб додани Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ” лоиҳакашон ҳамчун асос ба рамзи “Дарахти ҳаёт” такя намуданд, ки он ғояву мазмуни васеъро ифода ва таҷассум менамояд.
 
Лавҳаҳо ба шакли барелеф мусавварӣ гашта, дар  паҳлӯҳо деворҳои асосии муҷассама ва даромадгоҳҳои он ҷой дода шуда, дар онҳо давраҳои рушду инкишофи  давлатдории тоҷикон  аз замони Зардушт  то имрӯз бо анъанаҳои миллӣ ва корнамоиҳои мардуми мо инъикос мегарданд. Ин давраҳои таърихӣ дар осорхонае, ки дар дохили муҷассама пешбинӣ шудааст, пурра дар шакли электронӣ тасвир мегарданд.

БОЗГАШТ