АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Қочоқи инсон чист?

Муаллиф: Садуллоев Озод Фарҳодович

Расм

Ҳар сол дар саросари ҷаҳон миллионҳо мардон, занон ва кӯдакон мавриди хариду фурӯши қочоқгарон қарор мегиранд. Қочоқи инсон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ, ғуломии ҷинсӣ ё истисмори шаҳвонии тиҷоратӣ рӯй мегирад.[1]

Қочоқчиён метавонанд барои ҷалби қурбониён ба ҳолатҳои хариду фурӯши одамон усулҳои зеринро истифода баранд: зӯроварӣ, ваъдаҳои бардурӯғ дар бораи ҷойҳои кори сердаромад, муносибатҳои романтикӣ ва ғайра. Қочоқи инсон метавонад дар дохили як кишвар ё дар тарзи фаромарзӣ рух диҳад. Он аз муҳоҷирати ғайриқонунии одамон, ки бо розигии шахси қочоқшаванда тавсиф мешавад, фарқ мекунад. Тибқи гузориши Идораи Созмони Миллали Маттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят [3] шакли маъмултарини қочоқи инсон (79%) истисмори ҷинсӣ мебошад. Қурбонии истисмори ҷинсӣ асосан занон ва духтарон мебошанд.

Шакли дувуми маъмултарини хариду фурӯши одамон меҳнати маҷбурӣ (18%) мебошад [4] Созмони Байналмилалии Муҳоҷират тахмин мезанад, ки 24,9 миллион нафар дар доми кори маҷбурӣ қарор доранд.[2]

Қочоқи меҳнат ҳолатҳои асорати қарзӣ, меҳнати маҷбурӣ ва меҳнати маҷбурии кӯдаконро дар бар мегирад. Корфармо зӯроварӣ, тахдид, дурӯғ ва дигар шаклҳои маҷбуркуниро ба кор бурда, одамонро ба муқобили хоҳиши худ дар бисёр соҳаҳои саноат ба кор кардан мачбур мекунанд.

Намудҳои маъмули қочоқи меҳнат одамонеро дар бар мегиранд, ки дар хонаҳо ба ҳайси хизматчиёни хонагӣ, коргарони кишоварзӣ ё коргарони корхонаҳо кор мекунанд ва дар шароити ғайриинсонӣ бо пардохти кам ё бе музд нигоҳ дошта мешаванд.

Аз сабаби зиёд будани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷа мавзӯи қочоқи инсон ба Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Қочоқи инсон як мавзӯи мураккаб ва нозук аст. Барои пешгирӣ кардани қоҷоқи инсон фош кардани роҳҳо ва воситаҳое, ки қочоқчиён истифода мебаранд ва равшан кардани воқеияти одамрабоӣ зарур аст. Дар бораи ин мавзӯъ ҳар як шахс бояд таълим ва огоҳии зиёд дошта бошад.

О. Саъдуллоев,

докторант PhD-и курси 1-ум

Сарчашмаҳо:

 

  1. Human trafficking//https://en.wikipedia.org/wiki/Human_trafficking
  2. Labor Trafficking//https://humantraffickinghotline.org/en/human-trafficking/lab or-trafficking
  3. UNODC report on human trafficking exposes modern form of slavery//https://www.unodc.org/unodc/en/human-trafficking/global-report-on-trafficking-in-persons.html
  4. What Is Human Trafficking?//https://www.dhs.gov/blue-campaign/what-human-trafficking

 

 

БОЗГАШТ