АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Оид ба масъалаҳои сарҳадии Туркманистон бо ҳамсоякишварҳо

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар Осиёи Марказӣ масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни кишварҳои минтақа ба як қатор омилҳо вобастааст. Амнияти минтақавӣ, тиҷорат, этникӣ ва аз ҳама асосаш ин масъалаи сарҳадӣ мебошад, зеро ки, қариб миёни ҳамаи кишварҳои ОМ Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон низоъҳои сарҳадӣ мавҷуданд ва таъсири манфии худро ба вазъи сиёсию иқтисодии ин кишварҳо мерасонанд.
Ҷумҳурии Туркманистон сиёсати бетарафонаро пеш мебарад. Новобаста аз ин,  омилҳои мазкур ба ин кишвар бе таъсир намемонанд.

Озарбойҷон

Миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баъд аз пошхури Иттиҳоди Шӯравӣ баҳсҳои сарҳадӣ ба миён омаданд. Ин қитъаи баҳри Каспий, ки макони нафт мебошад сабаби баҳс гаштааст. Озарбойҷон онро Кяпаз ва Туркманистон бошад Сардор ном гузоштаанд.
Кони баҳсбарангез бори нахуст соли 1986 дар миёни ҳудуди баҳрии Озарбойҷон ва Туркманистон ҷойгир буда аз тарафи геологони Озари кашф карда шудааст ва ҳамон замон ин кони нафт Аралик ё (мобайн)  ном гирифт. Тибқи гуфтаи мутахассисон чуқурии он 250 метр буда нафт дар чуқурии 3,5 ҳазор метр таги баҳр ҷойгир аст ва захираи нафтӣ ба 60 млн тонна баробар мебошад (миқдори нафт рӯз аз руз коҳиш ёфта истодааст). Гази табиӣ бошад дар чуқурии 4 ҳазор метр ҷойгир аст. Баъд аз баҳсҳои тӯлонӣ, ҷонибҳо Меморандум оиди истихроҷи якҷояи нафтро ба имзо расониданд ва макони баҳс номи Достлук яъне, “Дӯстӣ”-ро гирифт[1].
Минбаъд фоидаи нафти истихроҷшуда баробар миёни ду кишвар тақсим карда мешавад. Меморандум аз тарафи вазирони корҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуд. Президентҳои Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Гурбонгули Бердимуҳаммедов дар фазои  маҷозӣ дар чорабинӣ ширкат карданд. Кони Дустӣ дар ҳудуди 140 км. дуртар аз сарҳадҳои ҳар ду кишвар ҷойгир мебошад [2].
Аммо, на ҳамаи масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд, чунки ба ғайр аз Кяпаз-Сардор ё “Достлук” боз конҳои Озарӣ ва Чироғ вуҷуд доранд, ки туркманҳо онро Умар ва Усмон меноманд.
Ҷониби Озарбойҷон барои далели даъвои ҳудуд харитаҳои даврони Шӯравиро меорад, ки аз тарафи нафтчиёни озарӣ коркард шудаанд. Туркманистон бошад бар он ақидааст, ки тибқи низоми байналмилалӣ бо сабаби ба соҳили Туркманистон наздик будан, он бояд ба ин кишвар тааллуқ дошта бошанд.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда, дар се макони Гюнешли+Озари-Ҷироғ, ки дар гурӯҳи конҳои нафтугазии акваторияи ҷанубии Озарбойҷону Туркманистон дар баҳри Каспий дар масоҳати 5х50 км мукааб ва ҷуқурии 1,4 километр, захираи нафту газ дар маҷмуъ беш аз 7 млрд барел  кашф гардид. Дар натиљаи коркарди минбаъда, имрӯз ҳаҷми онҳо коҳиш ёфта ба 5 млрд барел расидааст.  Дар соли 2010 аз маконҳо 823 100 барел дар як шабонарӯз нафт  истихрољ  гардид.
Айни ҳол истихроҷ ва коркарди нафт дар ин се кон идома дорад, зеро ки, тендер соли 1991 эълон шуда буд ва созишнома оиди коркард соли 1994 дар шаҳри Боку миёни Ҳукумати Озарбойҷон ва консорқиуми байналмилалӣ ба имзо расонида шуда буд. Муҳлати созишнома то соли 2024 эътибор дорад.
Ширкати давлатии нафти Озарбойҷон SOCAR, British Petrolium ва 9 ширкати  зерини хориҷӣ иштирокчиёни  ин лоиҳа гаштанд:
  • ChevronTexaco (10,2814 %)
    • SOCAR Azerbaijan (10 %)
    • INPEX (10 %)
    • Statoil(8,5633 %)
    • ExxonMobil (8,006 %)
    • TPAO (6,75 %)
    • Devon Energy (5,6262 %)
    • Itochu (3,9205 %)
    • Delta Hess (2,7213 %)
Бояд гуфт, ки низоъҳои сарҳадӣ ба муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар таъсири манфии худро  расонида, хеле муташанниҷ буданд. Танҳо  баъд аз марги собиқ роҳбарони ду кишвар Ҳайдар Алиев (соли 2003) ва Сафармурод Ниёзов (соли 2006)  ҷонибҳо ҳалли масъаларо бо роҳи музокирот ба роҳ монданд.
Туркманистон метавонад ба Озарбойҷон барои содироти газ тавассути лулаи Трансанатолия (TANAP) кумак расонад, зеро дар Озарбойҷон  60 млрд метри мукааб камбуди газ  эҳсос  мешавад. Аз ҳамин сабаб ҷонибҳо метавонанд дар ин самт ҳамкории судмандро ба роҳ монанд. Туркманистон аз рўйи захираи гази табиӣ дар ҷаҳон дар мақоми  чорумро ишғол менамояд.
Бандари баҳрии Туркманистону Озарбойҷон Туркманбоши-(ш.Туркманбошӣ)-базаи баҳрии минтақавии Каспий - (ш. Боку) мебошанд.

Сарҳади Туркманистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон

Дар натиҷаи демаркатсияи хати сарҳадӣ миёни Туркманистону Қазоқистон дарозии он  458, 263 километрро ташкил дод. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият ин ду кишвари  ҳавзаи Каспий масъалаҳои сарҳадиро бо роҳи музокирот ҳал намуданд. Гуфтушунид байни онҳо соли 2000 оғоз гардид ва моҳи июли соли 2001 кишварҳо созишнома оид ба муайян намудани хати сарҳадро ба имзо расониданд. Баъд аз як сол Созишнома қонунан ратификатсия шуд ва аз моҳи августи соли 2006 эътибори худро пайдо кард.
Созишномаи ниҳоӣ  оид ба сарҳад 18 апрели соли 2017 дар шаҳри Нурсултон (Остона) аз тарафи президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Г. Бердимуҳаммедов ба имзо расид ва 11 январи соли 2018 ратификатсия шуд.
Дар ҳоли ҳозир  байни  ду кишвар як гузаргоҳи мошингард  Қарабоғаз (Туркманистон) -Темир баба (Қазоқистон) ва роҳи оҳани байналмилалии Серхетяка (Туркманистон) - Болашак (Қазоқистон) фаъолият мекунад. Солҳои охир тарафайн кушиш ба харҷ медиҳанд, ки тиҷорати назди сарҳадиро  ба  роҳ   монанд[3].

Эрон

Дарозии хати сарҳади Туркманистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 1148 км ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ду кишвар сарҳадҳои баҳрӣ низ доранд. Муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро мақоми ҳамсоякишвар боз ҳам қавитар гардонидааст, зеро, ки гардиши мол миёни онҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Миёни ду кишвар хатҳои роҳи оҳани Теҷен – Серахс - Машҳад ва гузаргоҳи назоратии мошингард Сарахс – Гуадон – Боҷгарон - Лутфобод и Инҷе-Борун  фаъол   мебошад. Низоъҳои сарҳадӣ миёни ду кишвар вуҷуд надоранд [4].
Инчунин боз як лоиҳаи логистикии дигар се кишвари ҳавзаи Каспийро мепайвандад. Чунончи, Қазоқистон-Туркманистон-Эронро хатсайри роҳи оҳан ба ҳам васл месозад. Ин  роҳи  оҳан дар хатсайри зерин Жанаозен - Қизилзкая — Берекет — Этрек — Горган амал мекунад. Тибқи созишномаи баста шуда тарафайн  қисмҳои худро мустақилона сохтанд. Ҳиссаи Қазоқистон аз стансияи Жанаозен то Болашак 145 км., Туркманистон 441 км. ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 78,5 киллометрро ташкил дод. Сохтмон моҳи декабри соли 2014 ба анҷом расида, шоҳроҳи оҳани Шимол-Ҷунуб бо иштироки Президентҳои се кишвар ба истифода дода шуд. Арзиши ин лоиҳа барои Қазоқистон 430 млн дол., Туркманистон 371 млн дол. ва Эрон 106 миллион  долларро  ташкил  дод [5].

Россия

Федератсияи Россия ҳамсояи баҳрии Туркманистон буда ба ҳавзаи Каспий шомил аст. Сарҳади хушкӣ миёни онҳо вуҷуд надорад. Ду кишвар бештар дар соҳаи логистика барои содироти карбогидрат ҳамкорӣ доранд. Россия бо истифода аз имкониятҳои худ нафти Туркманистонро ба бозори ҷаҳонӣ  тавассути лӯлаи гази Осиёи Марказӣ- Марказ “САЦ”  мебарорад. Ҳамаи конҳои истихроҷи газу нафти Туркманистон тибқи созишномаи байнидавлатӣ аз тарафи ширкатҳои нафтии Россия “Газпром” ва “Итера”, «Татнефть» коркард мешаванд.
Ҳамасола беш аз 10 млрд куб гази табии ба Россия содир карда мешавад.
Ҳаҷми доду гирифт миёни ду кишвар дар соли 2020 зиёда аз 695 миллион долларро ташкил дод, ки 543 миллионаш ба воридот ва  беш аз 151 миллион ба содирот рост меояд. Асоси содироти Туркманистонро ба Федератсияи Россия карбогидратҳо ташкил медиҳанд.
Туркманистон аз Федератсияи Россия маҳсулоти хурока, нақлиёт, таҷҳизот,  масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулотҳои кимиёвӣ, чуб ва ғайраҳо ворид мекунад. Содироти Туркманистон  танҳо  сӯзишворӣ  мебошад [6].

Ӯзбекистон

Ҷумҳурии Туркманистон бо Ҷумҳурии Узбекистон 1621 км сарҳад дорад, ки ба вилоятҳои Дашогуз ва Лебапи Туркманистон рост меояд. Низоъ миёни ду кишвар канали обтаъминкунии Қаршӣ мебошад, ки дар ҳудуди Туркманистон ҷойгир буда, шохоби дарёи Талимерҷон мебошад. Ин об заминҳои Узбекистонро обёрӣ мекунад ва аз тарафи низомиёни Ӯзбекистон идора карда мешавад.[7] Ӯзбекистон танҳо иҷорапули барои истифодабарии об маблағ пардохт мекунад. Чуќурии канал 32 метр ва паҳмиаш 16 метр буда, оби он  заминҳои  вилояти  Қашқадарёро  таъмин мекунанд.
Баҳси дуюмин ин обанбори Туемубинск мебошад, ки дар шаҳри Газаҷак ҷойгир мебошад. Канали Шабат дар вилояти Дашогузи Туркманистон ва вилояти Қароқалпокистони  Ўзбекистон  ҷойгир  мебошад.
Ҳукумати ду кишвар барои ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ комиссияи байниҳукуматӣкишварро ташкил намудаанд. Вохӯрии  охирини комиссияи  тарафайн  апрел -  майи  соли 2019   доир  гардид  буд.
Нуқтаҳои убури сарҳад миёни ду кишвар Фароб (Туркманистон, в.Лебап)-Алат (Узбекистон, Бухоро), Дашогуз (Туркманистон)-Шават (Узбекистон, Хоразм), Қуния-Ургенч (Туркманистон, Дашогуз)-Хоҷали (Узбекистон, Қарақапоқистон)  мебошанд [8].

Афғонистон

Хати сарҳади Ҷумҳурии Туркманистон бо Ҷумҳурии Афғонистон 804 киллометрро ташкил медиҳад.  Миёни ду кишвар танҳо як гузаргоҳи мошингарди байналмилалии Сарҳадобод (в. Мари, Туркманистон) -Тургунди (в. Ҳирот, Афғонистон) вуҷуд дорад, ки тиҷорат ва рафтуои шаҳрвандони ду кишвар тавассути ин роҳ ба амал меояд. Миёни ду кишвар низоъҳои сарҳадӣ вуҷуд надоранд. Туркманистон ба мисли дигар ҳамсоякишварҳои  Афғонистон,  аз вазъи сиёсӣ – низомии  ва хатару таҳдидҳо ҳамсоякишвари худ  изҳори  нигаронӣ  дорад [9]
 
 Адабиёт 
 
[1] Туркменистан и Азербайджан подписали меморандум о взаимопонимании по месторождению «Достлук» 21.01.21 https://www.aa.com.tr/ru/мир/азербайджан-и-туркменистан-урегулировали-разногласия-на-каспии/2119192
[2] Президенты Азербайджана и Туркменистана обсудили совместную разработку месторождения «Достлуг» на Каспии.21.01.21. http://interfax.az/view/824935
[3] О ратификации Соглашения между Республикой Казахстан и Туркменистаном о демаркации казахстанско-туркменской государственной границы.11.01.18г.https://adilet.zan.kz/rus/docs/Z1800000136
[4] Мавод аз Википедия: https://ru.wikipedia.org/wiki/Ирано-туркменские_отношения
[5]Железная дорога «Казахстан - Туркменистан - Иран» способствует дальнейшему развитию международного сотрудничества. 5.09.2020г. https://www.trend.az/business/transport/3294681.html
[6] Межгосударственные отношения России и Туркмении 11.10.19https://ria.ru/20191011/1559641805.html
 
[8] Узбекистан и Туркменистан готовятся окончательно утвердить границы
06.10.2019 https://uz.sputniknews.ru/20191006/Uzbekistan-i-Turkmeniya-gotovyatsya-okonchatelno-utverdit-granitsy-12564237.html
[9] Мавод аз Википедия: https://ru.wikipedia.org/wiki/Афгано-туркменские_отношения

С
омон Ғафуров, ходими хурди илмии Институти Осиё ва Аврупо

БОЗГАШТ